logo

маориф

Таҳсилоти фарогир, яъне чӣ?

Ҷалби кӯдакони маъюб ба таълим


Дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалӣ бахшида ба масъалаҳои рушди таҳсилоти фарогир дарТоҷикистон баргузор гардид. Онро Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Академияи таҳсилотиТоҷикистон ва шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти Ҷамъияти кушодаи «Бунёди мадад» дар Тоҷикистон, дастгирӣ намуданд. Дар конфронс раванди татбиқи "Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015" мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокдорон оид ба масъалаҳои  ҷалби  кӯдакони маъюб ба таҳсил ва роҳҳои ҳалли он, таҳсилоти фарогир табодули таҷриба намуда, принсипҳои сиёсати маорифро ҷиҳати  пешниҳоди имкониятҳои баробар барои ба даст овардани таҳсилоти босифат ва роҳҳои инкишофи қобилияти кӯдакон дар сатҳи байналмилалӣ изҳори андеша намуданд. 
Маҳз таълим усули асосии иҷтимоигардонии шахсият аст  ва таҷрибаҳо собит сохтанд, ки як қисми кӯдакон ба низоми сангини  таълим тоб наоварда, онро тарк менамоянд. Яъне онҳо дар таҳсил ба муваффақият ноил шуда наметавонанд. Чунки ин низом ба қонеъ гардонидани талаботи инфиродии таълимии чунин кӯдакон ҷавобгӯ  нест. 
Таҳсилоти фарогир ба ҳамаи кӯдакон барои дастрасӣ пайдо намудан ба таълим имкониятҳои баробар медиҳад. Ин дар навбати худ  кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуддоштаро  ба зиндагии фаъолона ва идомаи таҳсил ҳавасманд месозад, - зикр гардид дар конфронс. Аз ҷумла, Ҳамза Давлатов, сармутахассиси Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, таъкид кард, ки ҳоло дар кишвар зиёда аз 25 ҳазор нафар кӯдак маъюб аст, вале  дар  баъзе оилаҳо кӯдакони маъюбро  пинҳон медоранду барояшон ҳуҷҷатҳои маъюбӣ таҳия намекунанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар кишвар  5026 нафар кӯдаки  маъюб  ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки 1927 нафари онҳо духтаронанд. Аз онҳо 197 нафар нобино, 1673 нафар бо биноии суст, 485 нафар кару гунг, 1321 нафар аз ҷиҳати ақлонӣ заиф, 576 нафар фалаҷи сутунмуҳра ва 2051 нафар дигар навъ маъюбонанд.
Таҳти мафҳуми "фарогир" на танҳо имкониятҳои баробар барои ҳама, балки стратегияҳо ва тартиботи кафолатдиҳандаи таҳсилоти муваффақ барои тамоми хонандагон низ фаҳмида мешавад.
Таҳсилоти фарогир - системаи хадамоти таълимие мебошад, ки ба принсипҳои таъмини ҳаққи бунёдии кӯдак ба таҳсилот, ҳаққи таҳсил кардан дар ҷойи истиқомат асос ёфтааст ва таҳсилро дар шароитҳои мактабҳои таҳсилоти  миёна пешбинӣ менамояд. Ба мақсади фароҳам сохтани дастрасии баробар ба таҳсилоти босифат, муассисаҳои таълимии фарогир бояд барнома ва нақшаҳои таълимӣ, усулҳо ва шаклҳои таълим, захираҳои маҳаллии мавҷударо барои қонеъ намудани талаботи инфиродии кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсуси таҳсилӣ мутобиқ гардонанд. Муассисаҳои таълимии фарогир доираи хадамоти махсуси иҷтимоиро мувофиқи талаботи кӯдакон таъмин менамоянд.

Нигинаи РАҲМОН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.13    №: 165    Мутолиа карданд: 711

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд

Тоҷикистон. Барои табобати Осия Зулфонова аз Олмон табиб оварданд

То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Беларус ба бозор мебарояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед