logo

сиёсат

МУФТИИ НАТО

Дар дунёи муосир барқарор кардани робитаҳо дар сатҳи болоии давлатӣ, доираи миёнаи ҳизбию ҷамъиятӣ ва ҳам байни афроди алоҳида эҳтиёти хосаро тақозо мекунад. Зеро пазириши арзишҳо ва хислати инсонҳо билкулл тағйир ёфта, дар пояи онҳо бозиҳои хурду бузурги минтақавию геополитикӣ роҳандозӣ мешаванд. Яъне, ҳама ҷо зери косаҳо нимкосаҳо ниҳонанду каломи баён  якесту дар мағз андешаю ниятҳои дигар давр мезананд. Бо чунин шева асосан онҳое  мавриди истифода қарор мегиранд, ки  дар ҷомеа нуфузи хоса доранду ба фазосозӣ қодиранд.
Солҳои охир дар доираҳои исломӣ номи шайх Юсуфи Қарзовӣ хеле расонаист ва рӯҳонияти тоҷик низ аксаран   мубоҳисаҳои шариатӣ ба фатвою дастурҳои ӯро   чун ҳақиқати мутлақ мепазиранд.

Шайх Юсуфи Қарзовӣ кист?
Юсуфи Қарзовӣ соли 1926 дар як деҳаи хурди қисмати ғарбии Миср таваллуд шудааст. Дар муҳити динӣ ба воя расида, баъди таҳсили сатҳи миёна  дар Донишкадаи диншиносии шаҳри Танто таълим гирифтааст, сипас факултаи асосҳои дини Донишгоҳи ал-Азҳарро хатм кардааст. Ҳанӯз овони донишгоҳӣ  ҷонибдори ақоиди исломи сиёсӣ буд ва бо ҳаракати "Ихвонулмуслимин" ("Бародарони мусулмон") алоқамандӣ дошт. Барои ҳамин, як дафъа дар давраи салтанати шоҳ Форуқ ва се дафъа дар замони президентии Камол Абдулносир ба ҳабс гирифта шудааст. Соли 1961 Мисрро тарк намуда, ба Қатар меравад ва ин кишварро ҷойи зисти доимӣ ихтиёр карда, шаҳрванди ин давлат мегардад. Табиист ки дигар кишварҳои исломиро нею маҳз Қатарро интихоб мекунад. Ин кишвар ҳамеша дар тӯли фаъолияташ созмони "Ихвонулмуслимин"- ро маблағгузорӣ мекарду мекунад. Хусусан баъди инқилоби 25 январи соли 2011 барои пирӯзии ихвониҳо дар интихоботи парламентӣ ва президентӣ ба хазинаи ихвониҳо маблағҳои ҳангуфте рехта шуд, ки сухан аз   миллионҳо  меравад.
Қарзовӣ солиёни дароз дар Донишкадаи динии Доҳа ва Донишгоҳи Қатар ҳамчун омӯзгор ва декани факулта фаъолият намудааст. Дар мавзӯи "Нақши закот дар ҳалли масоили иҷтимоӣ" рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.  Роҳбари Шӯрои илмии Донишгоҳи исломӣ ва маълумоти олии Алҷазоир, роҳбари Шӯрои аврупоӣ оид ба фатво ва таҳқиқ будааст. Ҳоло сарвари Маркази сунна дар Донишгоҳи Қатар ва Раиси Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмон мебошад. Китобҳои илмӣ ва рисолаҳои зиёде доир ба дини ислом таълиф кардааст. Вале дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шахсияти ӯ на ҳамчун олими ислом, балки ҳамчун ходими сиёсии исломӣ ва пешвои маънавии ҳаракати террористӣ ("Ихвонулмуслимин") таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Худи Қарзовӣ бар он аст, ки "Ислом бидуни сиёсат ислом нест: агар исломро аз сиёсат ҷудо созем, аллакай ин ислом не, дигар дин аст". Ҳамин пойбандӣ бар сиёсат аст, ки Қарзовиро пешвои маънавии "Ихвонулмуслимин" ва ё "муфтии Ихвонулмуслимин" меноманд. Ӯро ду дафъа ба симмати сарвари ҳаракат пешниҳод карданд, вале ҷавоби рад дод ва пинҳон низ надоштааст, ки мартабаи пешвои диниро авлотар мешуморад.
Баъди пирӯзии Муҳаммад Мурсӣ Қарзовӣ ба Миср баргашт ва ба узвияти ҳайати кибори уламои Донишгоҳи ал-Азҳар пазируфта шуд. Интизор мерафт, ки сарварии донишгоҳ аз ҷониби Ҳукумати Мурсӣ дар ихтиёри ӯ вогузор мегардад. Вале инқилоби 30-юми июни соли 2013 ихвониҳоро бе тахт гардонид. Қарзовӣ низ чун медонист, ки бидуни ихвониҳо тамоми роҳҳо дар Миср барояш бастаанд, оҷилан ба Қатар баргашт, инқилоби зидди Мурсиро "табаддулоти низомӣ" номид, Донишгоҳи ал-Азҳар ва имоми акбари он доктор Аҳмад ат-Тайибро дар дастгирии ин инқилоб гунаҳгор намуда, бо номаи истеъфо аз узвияташ дар садорати илмии ал-Азҳар баромад кард. Вале роҳбарияти илмии донишгоҳ ҳанӯз истеъфои Қарзовӣ садо надода ӯро аз узвият дар Ҳайати олии илмӣ хориҷ карда буданд.  Профессор Аҳмад Қурайба изҳор дошт, ки "Қарзовӣ террорист ва пешвои ташкилоти террористӣ мебошад" ва аз вазири умури дохилаи Миср тақозо кард, ки ӯро аз шахрвандии кишвар маҳрум созад. Узви Академияи улуми исломии ал-Азҳар доктор Абдуллоҳ  Наҷҷор  бошад, эълом дошт, ки "истеъфои Қарзовӣ барои мо арзише надорад, ин шахс дар байни уламои ал-Азҳар мавриди эътибор нест, зеро ӯ на ҳамчун олими ислом, балки ҳамчун олими ихвон баромад кардааст".

"Муфтии ихвон" маълум,
вале "муфтии НАТО" чаро?
Баъзе давлатҳои ғарбӣ, аз ҷумла Фаронса ва Британия, ақидаҳои шайх Қарзовиро тундравона ва экстремистӣ меҳисобанд ва дар додани раводид барояш истиҳола мекунанд. Вале бо вуҷуди ин, аксари афроди шинохтаи кишварҳои арабӣ, коршиносони масоили исломӣ бо далелҳои таҳлилӣ ба хулосе омадаанд, ки Юсуфи Қарзовӣ ба арзишҳои исломӣ содиқ нест, гумоштаи Ғарбу Исроил мебошад ва Исломро ҳамчун ниқоб баҳри пиёда кардани ниятҳои худ ва вазифаҳои дар наздаш гузошташуда истифода мебарад. Омӯзиши фатво ва назарҳои ӯ ба воқеаҳои минтақа собит месозанд, ки шайх дар тамоми масъалаҳо ҷонибдори сиёсати амрикоист.
Пешвои ҷамъияти суннимазҳабони Ироқ Аҳмад Самадӣ рӯирост Қарзовиро гумоштаи Исроилу Амрико эълон мекунад. Номбурда мегӯяд, ки "Амалҳои Қарзовӣ ба барангезиши мухолифатҳои душманонаи қавмӣ миёни халқҳои минтақа равона карда шудаанд. Вафодории Қарзовӣ ба Вашингтону Телавив аз садоқаташ ба Ислому арабҳо пурқувваттар аст". Самадӣ илова мекунад, ки Қарзовӣ шиамазҳабҳоро бародар мехонад, вале Сурияро дар поймолкунии қавмӣ гунаҳгор медонад. Зеро назари Амрико ҳамин гуна мебошад.
Замоне, ки Муаммар Қаззофӣ бо Ғарб мушкиле надошт, Қарзовӣ ӯро "Сайфуллоҳ" ("Шамшери Худованд") меномид, аммо ҳамин ки аз ҷониби Ғарб душман эълон шуду мухолифини полковникро бар зидди ӯ мусаллаҳ гардониданд, Қарзовӣ тавассути шабакаи телевизионии "ал-Ҷазира" Қаззофиро девона хонд ва  фатво дод, ки ҳар касе худро мусалмон мешуморад, ӯро бояд бикушад. Баъди куштори ваҳшиёнаи Қаззофӣ аз ҷониби гурӯҳе "мусалмон", ҷонибдоронаш савганд ёд кардаанд, ки қасоси ӯро аз Қарзовӣ мегиранд.
Қарзовӣ тазоҳуроти мардумии Баҳрайнро алайҳи ҳукумати дастнишондаи Ғарб фитна ва норозигии як қавми кӯчак хонд, ҳол он ки 80 дар сади мардуми ин кишвар дар намоиш иштирок дошт. Сабабаш боз ҳамин буд, ки Ғарб зархаридони ҳукуматиро дастгирӣ мекард.
Шайх Маскаву Теҳронро дашманони рақами яки дини Ислом эълон кард, зеро ин ду кишвар Башор Асадро пуштибонӣ мекунанд. Дар ин қазия Амрикою кишварҳои аврупоӣ қувваҳои махлут аз ҷангиҳои созмонҳои террористии "ал-Қойида", ихвониҳо ва дигар неруҳои кирояшударо бо яроқу аслиҳа таъмин мекунанд ва маоши "ҳаққи ҷиҳод" медиҳанд. Қарзовӣ ба нест кардани Асад фатво додаву афсарони артиши Сурияро даъват дорад, ки ба сафи ҷангиёни аз тарафи Ғарб сарпарастидошта бипайванданд. Аз тамоми кишварҳои арабӣ ва мусалмонони ҷаҳон талаб кардааст, то бар зидди Русия ва Эрон таҳримҳои иқтисодӣ ва дипломатӣ эълон намояд.
Албатта, гуфтаи дигаронро нисбати шайх Қарзовӣ метавон тӯҳмат гуфтаю ботил баровард, аммо вақте ҳамсари худаш ӯро муздури Амрикою Исроил ва пуштибони сиёсати онҳо дар минтақа меномад, дигар шаке дар ин мавзӯъ боқӣ намемонад.
Юсуф Қарзовӣ агарчанде хешро сарвари тамоми уламои олами исломӣ меҳисобад, ҳаргиз нисбати Ғарб, иқдомоти саҳюнистӣ дар муқобили Ислом, дастдарозиҳои ИМА ва Иттиҳоди Аврупо дар ҳодисаҳои "баҳори арабӣ", таҳримоти шадид алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, қатлу кушторҳои мусалмонони бегуноҳ дар Ироқу Афғонистон, дар муқобили кӯшишҳои низоъбарангезонаи Арабистони Саудӣ дар минтақа ва монанди инҳо садо баланд накардааст.
Барои тамоми коршиносон мисли об рӯшан аст, ки Муҳаммад Мурсӣ ва ихвониҳоро дар Миср ИМА ба рӯйи тахт овард. Зеро Мурсӣ таҳсилдидаи ин кишвар буд ва фарзандонаш шаҳрвандии Амрикоро доранд. Ва оне  ки маблағҳои "Ихвонулмуслимин" ба воситаи Қатар ва дахолати пешвои маънавии созмон Юсуф Қарзовӣ интиқол меёфтанду меёбанд, баёнгари онанд, ки чаро шайхро "Муфтии НАТО" меномидаанд.
Маҳз барои диди ғарбгароёнааш шайх Юсуф Қарзовӣ  дар баъзе кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Араб чеҳраи номатлуб эълон шудааст.  Пулиси шаҳри Дубай бошад, барои паҳн кардани ақидаҳои террористӣ ва барангехтани низои миллӣ,  соли 2011 нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, баҳри боздошташ ба Интерпол дархост фиристодааст.

Қарзовиро бо ҲНИТ чӣ рабтест?
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз паҳнкунандагони асосии ақидаҳои Қарзовию ихвонӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Ҳизб тибқи гуфтаҳои муассисаш - марҳум Саид Абдуллои Нурӣ дар яке аз мусоҳибаҳояш ва таъкиди раиси кунунии он Муҳиддин Кабирӣ, худро бо ташкилоти "Ихвонулмуслимин" ҳамфикру ҳамақида мешуморад. Аммо наҳзатиҳо қоил шуданӣ нестанд, ки дар созмондеҳии ҳизб ва роҳандозии фаъолияти он, пуштибонии маблағии ихвониҳо назаррас, ё дақиқтараш аз ҳама бештар аст. Сафарҳои пайвастаи роҳбарони ҳизб низ ба кишварҳои арабӣ (он ҷое ки дафтарҳои ташкилот фаъоланд) аз ҳамин зовия сарчашма мегиранд. Муддати мадиде тай нашудааст аз он рӯзе, ки Мурсӣ дар интихоботи президентӣ ғалаба кард ва Муҳиддин Кабирӣ бидуни даъвате барои табрик озими Миср шуд. Баъди бозгашташ бонги изтиробро бардошт, ки "Ихвонулмуслимин" дар Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ сабти ном шудааст ва дар доираи робитаҳои байнидавлатӣ  роҳбарияти олии Миср чӣ гуна метавонад вориди Тоҷикистон гардад? Аммо Мурсиро дидори Ватани мо рӯзӣ накард ва аз курсии президентӣ мустақиман пушти зиндон рафт. Дақиқтараш ақидаҳои ихвонӣ ба мардуми Миср хуш наомаданду аз тахт сарозераш карданд.
Агар ақоиди ихвонӣ ва фатвоҳои "Муфтии НАТО" дар кишвари худашон - Миср қабул намешаванд, оё зарур аст, ки мо онҳоро дар ивази чанд пайсаи пуче ба Тоҷикистони худамон интиқол диҳем? 

Валиҷони КАМОЛ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.13    №: 165    Мутолиа карданд: 670

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед