logo

суханрониҳо

ФАРЗАНДОНИ АЗИЗ, ОРЗУ ДОРАМ ШАХСИ БОЭҲТИРОМ ГАРДЕД

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар мулоқот бо тарбиятгирандагони мактаб – интернати № 1- и шаҳри Душанбе барои кӯдакони ятиму бепарастор ва фарзандони оилаҳои камбизоат, шаҳри Душанбе, 27 декабри соли 2013

Устодон ва тарбиятгирандагони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз хеле хушнуд ҳастам, ки дар остонаи Соли нави мелодӣ бори дигар бо шумо дидору мулоқот карда, дар чеҳраҳои ҳар яки шумо муҳаббати гарму самимонаро мушоҳида мекунам.
Бо истифода аз фурсат ҳамаи шумо - фарзандони азиз ва кулли тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳои мамлакатро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2014 табрик гуфта, ба ҳар яки шумо сиҳатмандиву хушбахтӣ, таҳсили хубу аъло ва ахлоқи намунавӣ орзу менамоям.
Тавре ки ҳар яки шумо мушоҳида мекунед, таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат сол аз сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Марҳала ба марҳала таҳким бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон имкон дод, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбия дар онҳо беҳтар гардида, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхории давлату Ҳукумати кишвар қарор дода шаванд ва дар оянда ҳамчун шахсони фаъолу комилҳуқуқи ҷомеа ба камол расанд.
Маҳз дар натиҷаи талошҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои таълимии навъи мактаб-интернат ва хона-интернатҳо 50 фоиз ва ҷалби кӯдакон ба онҳо беш аз 60 фоиз афзоиш ёфт. Яъне бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ шумораи муассисаҳои махсусгардонидашуда барои кӯдакони ятиму бепарастор ва кӯдакони имконияти маҳдуди ҷисмониву равонидошта ба маротиб зиёд карда шуд.
Инчунин бо супориши Роҳбари давлат ҷиҳати дар муҳити оила тарбия кардани кӯдакони ятиму бепарастор ва таҳсили минбаъдаи онҳо дар мактабҳои умумӣ ва олии касбӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, доир ба сода гардондани низоми фарзандхонӣ ҳамаи чораҳо андешида мешаванд.
Давлат дар доираи консепсия ва барномаҳои давлатӣ ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтан ва таъмин намудани шароити мусоиди зист ба ятимону бепарасторон аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, аз соли 2008 инҷониб механизми расондани кумакҳоро ба мактаб-интернатҳо таҳти назорати доимӣ қарор додааст.
Имсол 124 нафар ятимон ва онҳое, ки ё падар ва ё модар надоранду мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва мактаб-интернатҳоро хатм карданд, ба мактабҳои олии хориҷи кишвар дохил шуда, пурра таҳти ғамхории давлат қарор дода шуданд.
Ҳамасола дар рӯзҳои иду ҷашнҳои милливу давлатӣ аз ҷониби сохтору мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ, соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша ба ятимону бепарасторон кумакҳои моддӣ расонда мешаванд.
Дар муассисаи таълимие, ки имрӯз мову шумо дар он қарор дорем, айни ҳол 558 нафар кӯдакон бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 24 нафари онҳо ятимони кулл мебошанд. Бинои таълимии муассисаи мазкур бо ҳамаи шароити зарурӣ таъмин буда, дар се ошёнаи он 32 синфхонаи фаннии барҳаво, 18 ҳуҷра бо 355 кати хоб ва дигар инфрасохтори зарурӣ ҷойгир карда шудааст. Тарбиятгирандагон ҳамчунин имкон доранд, ки технологияи компютерӣ ва забонҳои хориҷиро дар сатҳи зарурӣ аз худ намуда, аз озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ ва толори фарҳангӣ ба таври васеъ истифода намоянд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки шогирдони мактаб - интернати мазкур дорои донишҳои хуби техникиву технологӣ мебошанд.
Корҳои ободонӣ дар муассиса идома дошта, имрӯз мо дар маросими мавриди истифода қарор додани ошхонаи нави муассиса, ки барои 200 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, ширкат намудем. Маҳз дар натиҷаи заҳмати софдилонаи устодони ин боргоҳи маърифат ва шароити мусоиди будубошу таҳсили тарбиятгирандагон буд, ки тайи солҳои 2012-2013-ум 6 нафар хатмкунанда дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар, 5 нафар ба Донишгоҳи тиббии мамлакат ва 3 нафар ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дохил шуданд. Бо истифода аз фурсат ба устодон, мураббияҳо ва ҳайати хизматрасони муассисаи таълимӣ барои заҳмати шабонарӯзиашон дар таълиму тарбияи насли ояндасози кишвар миннатдории Ҳукумати мамлакатро баён менамоям.
Мо минбаъд низ ба ятимони кулл, кӯдакони бепарастор ва фарзандони оилаҳои камбизоат ҳамаи имконияту шароити заруриро фароҳам хоҳем овард. Дар баробари ин, шумо, фарзандони азиз, бояд аз имкониятҳои мусоиди барои таҳсил фароҳамсохтаи давлат самаранок истифода намуда, вақти қимати худро ба донишандӯзӣ сарф намоед. Зеро дар ҷаҳони муосир миллату давлатро аз рӯи дараҷаи донишу ахлоқи ҷавононаш баҳогузорӣ мекунанд ва танҳо насли солиму босавод ва дорои маърифати баланд метавонад кафолати рушди давлат бошад.
Дар ҳама давру замон тарбиятгирандагони мактаб - интернатҳо ҳамчун шахсони ботамкину босавод ба камол расида, дар иҷрои вазифаҳои хизмативу ҷамъиятӣ содиқона хизмат мекарданд ва бо хислатҳои некашон ба боварии мардум сазовор мешуданд. Бовар дорам, ки шумо низ ин рисолати неки инсониро идома дода, ба халқу давлати худ хизмати содиқона менамоед.
Бо чунин орзуҳои нек ва бо умеди фардои дурахшони шумо - фарзандони азиз, ҳамаатонро бори дигар ба ифтихори Соли нави мелодӣ табрик гуфта, орзу менамоям, ки сиҳату саломат ба воя расед, шахси боэҳтиром гардед ва ҳамеша ифтихори миллати сарбаланди тоҷик бошед.
Ҳамеша саломату сарбаланд ва хушбахту пирӯз бошед, фарзандони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.01.2014    №: 3    Мутолиа карданд: 620

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед