logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 505; с. 2003, №12, мод. 683; с. 2004. №7, мод. 455; с. 2005, №3, мод. 127; с. 2008, №3, мод. 190; №12, қ. 1, мод. 987; с. 2010, №7, мод. 552; №12, қ. 1, мод. 810; с. 2011, №6, мод. 443; с. 2012, №4, мод. 255; №7, мод. 716; №12, қ. 1, мод. 1018; с. 2013, №7, мод. 507), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба ном ва матни моддаи 76  пеш аз калимаи «изолятори» калимаҳои «муассисаи муолиҷавӣ,» илова карда шаванд.
2. Ба қисми 1 моддаи 83 пеш аз калимаи «таҳсил» калимаҳои «муолиҷаи тиббӣ,» илова карда шаванд.
3. Дар қисми 1 моддаи 91 калимаҳои «бо давомнокии се шабонарӯз» ба калимаҳои «вобаста ба рафтори маҳкумшуда бо давомнокии то се шабонарӯз» иваз карда шуда, ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад: «Пешниҳоди мулоқот дар муассисаҳои муолиҷавӣ бо тавсияи духтур танҳо ба намуди кӯтоҳмуддати давомнокиаш то 2 соат мувофиқи тартиби адои ҷазо муқаррар карда мешавад.».
4. Ба қисми 1 моддаи 99 пеш аз калимаи «изолятори» калимаҳои «муассисаи муолиҷавӣ,» илова карда шаванд.
5. Дар қисми 1 моддаи 110 калимаи «ҳашт» ба калимаи «шонздаҳ» иваз карда шавад.
6. Ба моддаи 126 қисми 5 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«5. Тартиби дар асоси шартнома берун аз қаламрави колонияи ислоҳии сукунат ба меҳнат ҷалб намудани маҳкумшуда, андозаи маблағи пардохташаванда ва манзили зисти онҳо аз ҷониби вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.».
7. Дар қисми 5 моддаи 1341:
- дар сархати дуюми банди 1) калимаҳои «ду баста», «ду фириста» ва «як мулоқоти» мувофиқан ба калимаҳои «чор баста», «чор фириста» ва «ду мулоқоти» иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюми банди 2) калимаҳои «се баста», «се фириста» ва «ду мулоқоти» мувофиқан ба калимаҳои «шаш баста», «шаш фириста» ва «се мулоқоти» иваз карда шаванд.
8. Ба ном ва матни моддаи 137 пеш аз калимаи «изоляторҳои» калимаҳои «муассисаи муолиҷавӣ,» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2013, № 1036


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 10 октябри соли 2013, № 1264

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2013, № 591


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.01.2014    №: 4    Мутолиа карданд: 635

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед