logo

илм

АРМУҒОН

«Таърихи фалсафаи тоҷик» беҳтарин китоби илмӣ дар ҷаҳон

Имрӯз илми тоҷик, адабиёт ва фалсафаи он ҳамон тавре ки пештар буд, бояд ба таври шоиста манзури ҷаҳониён гардад.
Эмомалӣ Раҳмон

Ба устувории тамаддуни хеш такя задан, аз кашфиётҳои муҳими ақлию нақлӣ ва зеҳнӣ бархурдор шудан, сабабҳо ва омилҳои пешбарандаву боздорандаи афкори маънавиро арзёбӣ намудан, сатҳи худогоҳиро ба мисли пешиниёни созанда боло бурдан вазифаи ҳар як халқу миллати соҳибфарҳанг мебошад. Бахши азиме аз мероси тамаддуни пешазисломӣ дар сарзамини Шарқи Миёна ва Наздик, ки «фалсафа» ё худ «ҳикмат» номида мешавад, таърихи куҳани чандинҳазорсола дорад, ки дар аҳди қадим (асрҳои 25-22 пеш аз милод) барзҳои он дар хоки маънавии Шарқи куҳан кошта шуда, дар тӯли таърих танаву шоху барг бароварданд ва самараи шаҳдборе ба ҷаҳониён арза намуданд. Дар қатори дигар халқу миллатҳои Шарқ ниёгони ориёии мо низ дар хазинаи тамаддуни башарӣ, чи дар аҳди қадим ва чи дар асрҳои миёна, дастовардҳое дар соҳаи фарҳангу адаб, маънавиёт, хусусан дар бахши афкори фалсафию ҷаҳоншиносӣ ба ҷой гузоштаанд, ки аз дурандешиву шукуфоии фикрию зеҳнӣ ва булуғи маънавии онҳо шаҳодат медиҳанд.
Суннати таърихнависии фалсафа ва улуми ақлӣ анъанаи деринест, ки решаҳои он ба аҳди қадим рафта мерасад. Шояд аввалин шахсе, ки ба ин кор даст зада, афкору орои мутафаккирони пешинро дар шакли китоб ҷамъоварӣ намуда буд, шогирди Арасту - Теофраст бошад, зеро мувофиқи маълумоти маъхазҳои аҳди бостон, ӯ бори аввал китобе ба унвони «Орои табииён» таълиф намуда, назари олимону файласуфони қабл аз худро ҷамъоварӣ намуда буд. Ин асари ӯ таъсири зиёде ба таърихнигории улуми ақлӣ дар асрҳои баъд гузоштааст. Пас аз ӯ муаррихи фалсафаи машҳури юнонӣ Диогени Лаэртӣ дар асри 3 мелодӣ китобе бо номи «Орои файласуфони бузург» иншо намуд, ки муҳимтарин манбаъ ва маъхази боқимонда аз давраи «ҳеллинизм» ба шумор меравад.
Дар асрҳои миёна ғарбиён ба ин масъала чандон таваҷҷуҳ зоҳир накарданд ва ташаббуси таърихнигории фалсафаро мутафаккирони ислом ба дасти худ гирифтанд. Китобҳое чун «Сивон-ул-ҳикма»-и Абусулаймони Мантиқӣ, «Табақот-ул-атиббоъ ва-л-ҳукамо»-и Ибни Ҷалҷал, «Ахбор-ул-уламо би ахбор-ил-ҳукамо»-и Ибни Қифтӣ, «Уюн-ул-анбоъ фӣ табақот-ул-атиббоъ»-и Ибни Аби Усайбиа, «Қувват-ул-қулуб»-и Ашкурӣ, «Нузҳат-ул-арвоҳ ва равзат-ул-афроҳ»-и Маҳмуди Шаҳрзурӣ ва дигар асарҳои ба  инҳо монанд пайдо шуданд. Китоби охирин номбаршудаи Шамсуддин Муҳаммад ибни Маҳмуди Шаҳрзуриро дар адабиёти фалсафӣ «Таърих-ул-ҳукамо» низ меноманд, ки он аз Ҳазрати Одам сар карда роҷеъ ба 38 ҳакиму файласуфи аҳди қадими Шарқу Ғарб ва беш аз 90 нафар аҳли илму фалсафаи давраи исломӣ то Шайхи Ишроқ Шаҳобуддини Суҳравардӣ маълумоти муфидеро ҷамъоварӣ намудааст.
Дар Ғарб бузургтарин таҳаввул дар суннати  таърихнигории фалсафа дар асри 18 ба вуҷуд омад. Г. В. Гегел ба фалсафа ба унвони як ҳақиқати воҳид нигарист, ки дар тӯли таърих марҳилаҳои камолотро тай карда, мактабҳои мухталифу фирқаҳо ва  наҳлаҳои гуногунро ҷабҳаю мазҳарҳои гуногуни он ҳақиқати воҳид пиндошта буд, ки гӯё танҳо ба фалсафаи Ғарб ихтисос дошта буданд. Ин ақидаи Г. В. Гегел ба ҳамаи муаррихони фалсафа таъсир гузошт ва даҳҳо китоб ба забонҳои мухталифи аврупоӣ дар бораи «Таърихи фалсафаи Ғарб» ва  «Сайри ҳикмат дар Урупо» навишта шуданд, ки охирини он китоби Бертран Рассел «Таърихи фалсафаи Ғарб» дар асри 20 мебошад.
Дар ин китобҳо фалсафаи ғайриаврупоӣ, аз ҷумла таърихи фалсафаи исломӣ марҳилае аз мароҳили тафаккури фалсафии асрҳои миёнаи Ғарб арзёбӣ шудаанд. Вале тадриҷан масъалаи таърихнигории фалсафа густариш ёфт ва олимони Ғарб ба навиштани китобҳои мустақилона, мисли «Таърихи фалсафа дар ислом»-и де Бур дар Амстердам, «Таърихи фалсафа дар ҷаҳони ислом»-и Ҳано ал-Фахурӣ ва Халил ал-Ҷар, «Таърихи фалсафаи исломӣ»-и Ҳенри Корбен нигошта шуданд ва асари беҳтарин дар ин боб «Таърихи фалсафа дар ислом» бо кӯшиши Миён  Муҳаммад Шариф мебошад, ки он ба қалами беш аз 50 тан аз олимону файласуфони муосир дар чаҳор ҷилд аз чоп баромад. Ин китоб ба забони форсӣ тавассути «Маркази нашри донишгоҳӣ» дар Теҳрон тарҷума ва ба чоп расидааст.
Институти фалсафа, сиёсат-шиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасмим гирифт, ки таҳқиқотҳои чандинсолаи анҷомшударо дар шакли «Таърихи фалсафаи тоҷик аз аҳди бостон то асри XV»-ро ба забони русӣ дар се ҷилд ва «Таърихи фалсафаи тоҷик аз аҳди бостон то асри XX»-ро ба забони тоҷикӣ дар панҷ ҷилд аз чоп барорад. Инак, се ҷилди он ба забони русӣ бо иштироки олимони институти мазкур бо ҷалби баъзе олимони соҳавӣ аз берун манзури хонандагон гардид. Боиси хурсандист, ки Ассотсиатсияи байналмилалии  Академияи илмҳо, шӯрои табъу нашри китоб дар Озмуни байналмилалии дар шаҳри Маскав барпогардида барои Лоиҳаи беҳтарини илмию интишории «Китоби илмӣ» се ҷилди «Таърихи фалсафаи тоҷик»-ба забони русиро беҳтарин асари илмӣ арзёбӣ намуда, онҳоро бо «Дипломи ғолиб» дар бахши илмҳои ҷамъиятшиносӣ сарфароз гардондааст.
Ҳамчунин ба унвони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А. М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои ҷумҳурӣ аз номи файласуфон ва мутахассисони илмҳои ҷамъиятшиносӣ ба муносибати чоп шудани асари сеҷилдаи «Таърихи фалсафаи тоҷик» (ба забони русӣ) фикру мулоҳизаҳо ва табрикоту шодбошҳо расида истодаанд. Масалан, яке аз профессорон бо номи Фредерик Старр аз Амрико фикри худро дар бораи ин асари  сеҷилда чунин иброз доштааст: «Таърихи фалсафаи тоҷик» ба хонанда иттилооти тозаю амиқ ва мутавозинро аз дидгоҳу андешаи файласуфони тоҷик ҳам дар бораи масоили фалсафии тоисломӣ ва ҳам фалсафаи аҳди ислом ироа медиҳад. Ҷилдҳо орои шахсиятҳои муҳими калидиро дар бар гирифта, на дилгиркунанда, балки хонданӣ ва ҷолиби таваҷҷуҳанд. Дар саҳифаҳои ин маҷаллот бархӯрду муборизаи инсонҳои воқеӣ ва чолишҳои даврони онҳо ба хубӣ тасвир шудаанд. Аз мавзӯъҳои матраҳшуда, хоҳ дар бораи Бузургмеҳр бошад ва хоҳ Ғазолӣ, хонанда афкори тозаю ғаниро касб карда метавонад. Ҳам мутахассисон ва ҳам хонандагони одӣ барои муаллифон ва дастандаркорони ҷилдҳо ҷиҳати муаррифии яке аз бузургтарин суннатҳои андешаи ҷаҳонӣ сипосгузор хоҳанд буд». 
Ҷилди якуми «Таърихи фалсафаи тоҷик» ба забони русӣ соли 2010 ба муносибати 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва 60 - солагии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А. М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои ҷумҳурӣ аз чоп баромада буд. Он масъалаҳои динӣ, асотирӣ, фалсафӣ, эстетикӣ, ахлоқӣ ва дигар матолиби марбут ба афкори маънавии ниёгони ориёии моро дар бар мегирад. Таълифи ин ҷилд кӯшиши нахустин дар тамоми сарзамини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад, ки таърихи фарҳанги пурғановати сарзамини «Airana vaejah»(дар «Вандидон» «Айрана ваеҷа» 16 сарзамини ориёӣ ё худ эронӣ, мисли Суғд, Марв, Балх, Нисо, Ҳирот, Кобул, Ҳарируд, Ҳилманд (Сиистон), Гургон, Рай, Чахра, Гелон, Ҳафтҳинд, Қандаҳор ва Рангхеро дар бар мегирифт, ки Эроншаҳр ё худ Эрони бузург низ меномиданд), дар он инъикос ёфтааст.
Муқаддимаи ин ҷилд ба қалами ноиб - президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, доктори илми фалсафа, узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Кароматулло Олимов мансуб аст. Мавсуф саъй намудааст, ки фикри номатлуби ҳанӯз ҳам дар адабиёти фалсафӣ ҷойдоштаи баъзе олимони Ғарб дар бораи он ки «фалсафа ва тафаккури фалсафӣ дар мамолики Шарқ вуҷуд надорад»-ро мардуд эълон намуда, зимни таҳлилу баррасии афкори маънавию ҷаҳоншиносии аҳди бостон ва асрҳои миёнаи ниёгонамон раванди ташаккули афкори фалсафӣ ва ба вуҷуд омадани назми ҷаҳониро дар мисоли ба вуҷуд омадани силсилаи маротиби вуҷуд дар оини зардуштӣ ва акси садои он дар таълимоти иҷтимоию сиёсӣ ва ахлоқии дини мазкур, ҳамчунин инкишофи матолиби мазкур дар асрҳои миёнаро дар назари хонанда ҷилвагар созад.

Дар воқеъ, Саидҳусейни Наср дар ҳамин бора дар асараш «Дин ва низоми табиат» комилан дуруст қайд мекунад, ки «ҳақиқати кулл дар каёни адёни мухталиф замоне дар шакли устураӣ ва замоне дар шакли яктопарастии муҷаррад таҷаллӣ мекунад». Бо назардошти ҳамин нукта метавон гуфт, ки оини зардуштӣ хулосаи адёни давраи ибтидоии Шарқи бостон бо тамоми устураву ҳамосаҳои қаҳрамониву корномаҳои паҳлавонӣ, ниёпарастиву ноҳидпарастӣ, дидгоҳи муғони модиву назари ҳикмати хусравонӣ ва меҳрпарастию зурвонияро дар худ таҷассум намуд ва аз динҳои бисёрхудоӣ (политеистӣ)-и аҳди қадим то ба як дини ваҳйонии яккахудоӣ (монотеизм) сабзида расид.
Дар фасли нахустини ҷилди якум оини меҳрпарастӣ ва унвони яке аз динҳои куҳани ориёӣ ва Меҳр яке аз худоёни муштараки ҳиндуэронӣ – худои  равшаноӣ ва ҳофизи назму низоми ҷаҳон, пуштибони ҳақиқат ва танзимкунандаи аҳду паймон мавриди таҳлили муаллифони ҷилд қарор гирифтааст. Ин дин дар ҳавзаи дарёҳои Ҷайҳуну Сайҳун дар асри 17 пеш аз мелод арзи вуҷуд намуда, баъд ба сӯи Эрони Ғарбӣ ва тавассути Осиёи Сағир ба Юнону Рум интиқол ёфт. Ба воситаи легионҳои империяи Рум ба Ғарб то ба Фаронсаву Испания ва Олмону Британия ва сарзаминҳои Скандинавия густариш пайдо кард.
Муаллифон ба таҳлили хусусиятҳои асосии оини меҳрпарастӣ, ки дар Ғарб бо номи  «митраизм» паҳн гардида буд, пардохта, пайваста қайд кардаанд, ки Меҳр худои ягонаест, ки дар замин зода шуда, баъди анҷоми рисолаташ дар он, ба воситаи гардунаи (аробаи) чаҳораспаи худ, ки рамзи чаҳор унсур аст, ба олами улвӣ парвоз кардааст ва дар фарози кӯҳи Ҳеро Березайтӣ (Албурзи афсонавӣ ё худ кӯҳи Қофи мутафаккирони асрҳои миёна) маскан гирифтааст. Меҳр аз фарози кӯҳ саросари ҷойгоҳи истиқрори ориёиён – Эронвейҷро назорат карда, гунаҳкоронро кайфар ва пайравони содиқи худро подош медиҳад. Катибаҳои боқимонда, аз қабили сангнабиштаҳои Антиохи I дар силсилакӯҳи Торус, осори хаттии боқимондаи мансуб ба муносибати байни давлатҳои аҳди қадим, ки дар бастани сулҳ ё дигар муносибатҳои байнидавлатӣ ба номи Меҳр (Митра) қасам ёд кардаанд, ҳамчунин миқдори зиёди тасвиру нақшаҳо дар маъбаду меҳробаҳои митроӣ, манбаъҳои санскриту арманӣ ва дигар бозёфтҳои бостоншиносӣ ҳокӣ аз густардагии оини меҳрпарастӣ дар сарзаминҳои Шарқу Ғарби аҳди бостон буда, ташаккулу инкишофи онро таъйид менамоянд.
Тамоми оинҳои аҳди бостони Шарқ, аз ҷумла меҳрпарастӣ пур аз рамзу роз аст. Яке аз рамзҳои он куштани гови ваҳшӣ тавассути Меҳр аст, ки аз колбади ӯ рустаниҳои гуногун рӯиданд ва ҷонварони судманд ба вуҷуд омаданд. Муаллифон роҷеъ ба ин масъала баҳсро то ба вуҷуд омадани ҷомеаи инсонӣ идома дода, муборизаи Меҳр бо Аҳриманро дар мисолҳои равшани устуравӣ инъикос намуда, барои кушодани рамзҳои оини меҳрпарастӣ фикрҳои гуногуни олимонро овардаанд. Масалан, Абдулазими Ризоӣ қурбонӣ намудани говро ҷазби неруи ҳайвони забҳшуда мепиндорад. Петер Шмидт ва Ислер таъкид мекунанд, ки ин ҳодиса биниши дарунӣ ва хирадро ифода мекунад, яъне агар инсон нафси амораи худро бикушад, соҳиби хирад ва маърифати ботинӣ мегардад. Торапувала ва Мэри Бойс рамзи куштани говро таъбири офоқӣ намуда, говро рамзи халоиқ ё худ рамзи некӣ медонад, ки дар олами зулмонӣ аз дасти бадӣ ситам мебинад.
Франс Кумонд муқоисаи ҷолибро дар ин бора оварда, аз ҷумла менависад: «Пажӯҳишгароне, ки дар садади бунёди шиносоии оини меҳрпарастӣ ҳастанд, коре ҳамчун амалкарди як заминшинос, ки аз буриши арзи қишрҳою лояҳои русубшударо, ҳамон тавре ки таҳнишин шудааст, бояд мутолиа кунанд. Лояи зерину рӯҳонии ин навъи баррасӣ шинохти боварҳои дерини Эрони бостон мебошад, ки ин оин аз онҳо реша гирифтааст. Дар Бобул рӯи ин лоя русуби пуртавон аз боварҳову маросимҳои сомӣ қишр бастааст. Ва дар рӯи ин лоя русуби дигар аз боварҳову афсонаҳои ақвоми сокин дар Осиёи Сағир русуб кардааст. Саранҷом бар рӯи ин заминаи ҳосилхез дарахте аз бунёдҳои эътиқодӣ ва одобу маносики юнонимаобӣ руставу болида, ки решаву сиришти ростини онро пинҳон мекунад».
Ба ҳамин иллат муаллифони ҷилди мазкур хулоса намудаанд, ки мардуми ҳиндуэронӣ, ки дар рӯзгоре зиндагии муштарак доштанд, дар аҳди бостон дорои тафаккури фалсафии амиқе буданд ва дар канори дигар халқу миллатҳои мутамаддини сумериҳову мисриҳо, бобулиҳову хетиҳо дар Шарқ ва юнониву румиҳо дар Ғарб, ниёгони мо дорои қудрату тааммул ва зеҳни фалсафӣ буданд ва дар ташаккули тамаддуни дунёи қадим мушорикати фаъолона доштаанд.
Бино ба ишорати муаллифон, меҳрпарастӣ аввалин дине буд, ки ҳаёти пас аз маргро ба миён гузошт ва дар айни ҳол, дар бахши маърифатӣ барои дарки Худои худ марҳилаи  ҳафтгонаи сайру сулукро созмон дод, ки онҳо ба таври муфассал шарҳу тасвир гардидаанд. Мазмуну моҳияти ин мароҳил бештар хусусияти ахлоқӣ дошта, масоили даст кашидан аз дилбастагиҳои моддиву зулмонӣ, тасфияву тазкияи қалб, тарбияи рӯҳ ва маросими савгандёдкунӣ ва аҳду паймон бастан ба Худои Меҳр буд, ки дар Ғарб бо номи Sacramentum машҳур гардида буд. Аз ҳамин нукта афкори ахлоқии меҳрпарастӣ шурӯъ мешавад, ки дар китоб он батафсил шарҳу баён ёфтааст. Ҷиҳати муҳими оини меҳрпарастӣ аз он иборат аст, ки чун он дар сарзаминҳои Шарқу Ғарб ба таври васеъ интишор ёфта буд, дар ташаккулу инкишофи дини зардуштӣ дар Шарқ ва дини масеҳӣ дар Ғарб таъсири муассир расонд. Олимон беш аз 10 маросими муштараки дини меҳрпарастӣ бо масеҳиятро қайд кардаанд, ки яке аз онҳо Рӯзи таваллуди Меҳрро рӯзи таваллуди Исои Масеҳ эълон кардани масеҳият мебошад.

 

Пайғамбари оини зардуштӣ, мувофиқи нишондоди муаллифони ҷилд, аввалин дини ваҳёнӣ ва ваҳдониро ба вуҷуд овард, ки дар рисолаташ мукошифоти рӯҳонӣ ва маърифати раббониро ниҳон дошт. Агар ин суханонро бо гуфтаҳои Т. Изутсу баён кунем, расул ҳамон набӣ, бо фазилатҳои афзалтар аст. Бинобар ин паёмбар (набӣ) дар вуҷуди як шахс ду мансаб (нубувват ва рисолат)-ро бо ҳам муттаҳид мекунад ва расул дар вуҷуди худ се рутбаи мухталиф – вилоят, нубувват ва рисолатро ваҳдат мебахшад. Зеро китоби осмонӣ, ки ба расул ё пайғамбар мерасад, каломи муқаддас аст ва бадеҳист, ки бидуни маърифати қудсӣ шинохти каломи муқаддас амри муҳол аст. Дар ҷилди ёдшуда баъди таҳлилу баррасии як силсила масоили вобаста ба «Авесто», аввалин кадхудои ҷаҳон Каюмарс ва шаҳриёрони пешдодию каёнӣ, ки муносибати онҳо ҳамчун шоҳ ба сарзамину раияташон мисли муносибати сабаби аввал (Холиқ) ба олам (махлуқ) талаққӣ шуда, бар ҳамин мабно фалсафаи сиёсиву иҷтимоии зардуштӣ ҳамчун акси садои таълимоти ҷаҳоншиносӣ ва низоми олам мавриди таҳлил қарор гирифтааст.
Нуктаи муҳиме, ки дар ин ҷо бояд қайд кард, аз он иборат аст, ки таблиғи ин дини дорои хусусияти тавҳидӣ ва гароишу густариши он раванди пурпечу тоби таърихию иҷтимоиро тай кардааст. Ин дин то ҳаққи обу гил пайдо карданаш дар сарзамини бостонии аҷдодамон ва тору пуд таниданаш дар зеҳни ниёгони мо аз чандин озмоишу имтиҳонҳои шадиди мафкуравӣ гузаштааст. Агар бо ин гуфтаҳо зарбаҳои ҳалокатбори ҳаводиси давру замонҳои номусоид, аз қабили ҳамлаи Искандари Мақдунӣ ва замони ҳукмронии ҷонишинони ӯро ҳамроҳ кунем, ба дурустӣ метавон тасаввур кард, ки чи бахти баду рӯзгори сахтеро таърихи афкори маънавии мо пушти сар гузоштааст. Бо вуҷуди чунин авзои нобасомони таърихию фарҳангӣ зардуштия на фақат тавонист ҷон солим бурда, дар радифи динҳои ҷаҳонӣ ҷойгоҳи босазое касб ва тайи беш аз 14 аср дар саҳнаи таърихи Шарқ ҷилванамоӣ кунад, балки  пару боли он дар давраҳои гуногуни таърихӣ барои густариши афкори маънавии Ғарб соя афкандааст.
Даъвати Зардушт ҳамроҳ бо афкори фалсафиву ҷаҳоншиносӣ ва ахлоқиаш даъвати ҷаҳонӣ буд. Фалсафаи он аз номи Худованди он Аҳуро-Маздо шурӯъ мешавад. Бино ба иттилои муаллифони ҷилд, Худои оини зардуштӣ аввалин худои муҷаррадест, ки хусусиятҳои худоёни инсонгунаи (антропоморфистии) даврони бисёрхудоиро надорад, балки он ҳамчун «ҳастибахш» ва «донои бузург» Худои ягона ва мутлақ аст. Он нури маҳз аст ва Шаҳобуддини Суҳравардӣ худои худро дар пайравӣ ба оини зардуштӣ «Нур-ул-анвар» номидааст ва нур ҳамеша бо зулмат мубориза мебарад.
Дар ҷилд бо истинод ба олими эронӣ Фарҳангмеҳр исму сифатҳои Аҳуро-Маздо номбар шуда, ки Ҳошими Разӣ 101 номи Аҳуро - Маздоро дар асари тадқиқотиаш «Ҳикмати хусравонӣ» ироа намудааст. Таълимоти ҳастишиносии оини зардуштия аз суруди 44 «Готҳо» шурӯъ шудааст. Аҳуро-Маздо ҳамчун холиқу офаридгор аввал Воҳу Мана ё худ Баҳманро офарид ва минбаъд аз муносибати Баҳман ва Аҳуро-Маздо шаш фаришта бо номи Амшоспандон ба вуҷуд омад, ки ҳар як аз ин фариштаҳои муҷаррад ҳомиву нигаҳбони навъҳои гуногуни вуҷуди воқеъ дар олами моддӣ мебошад. Ҳамин тариқ, шаш фариштаи хирадманди муқаррибу муҷаррад, ки дар раъси онҳо ба қавле худи Аҳуро - Маздо ва ба қавли дигар, офаридаи муқаддаси Спента - Майню қарор дорад, силсилаи маротиби вуҷуд ё худ ҳастишиносиеро ташкил медиҳанд, ки дар он ҳафт сифоти Аҳуро - Маздо – нур, андешаи нек, ростӣ, қудрат, тақво, хайр ва фанонопазирӣ нигаҳбону ҳофиз ва мазҳари офаридаҳои олами гетӣ – инсон, об, замин, гиёҳ, ҳайвонот ва оташ мебошанд ва дар олами моддӣ ба муқобили ҳафт қувваи аҳриманӣ- акумена (маниши бад), андор (гумроҳӣ), савула (хашму иғтишошу беназмӣ), нагҳист (бухлу туғён), тарумад (палидӣ), таризу зариз (фақру гумроҳӣ ва бадбахтӣ) ва ҳафтум худи Аҳриман (деви хашм) мубориза мебурданд.
Нуктаи аз ҳама муҳими таълимоти зардуштӣ афкори ахлоқии он мебошад. Бунёди ин динро андешаи нек, ростӣ, покӣ, порсоӣ, хештандорӣ ва ғалаба бар нафси худ ва дигар фазилатҳои неки инсонӣ ташкил медиҳад, ки ба воситаи онҳо камолоти ахлоқӣ сурат мегирад ва инсон ба дараҷаи ҷовидонию бемаргӣ мерасад. Бахши эстетикии дини зардуштӣ ва ҷараёнҳои ғоявию иҷтимоии он ба мисли монавияву маздакия, ҳамчунин марказҳои илмию фарҳангии даврони сосонӣ низ дар ҷилди мазкур мавриди таҳлили муаллифон қарор гирифтаанд.
Дар ҷилди дуюми «Таърихи фалсафаи тоҷик» масоили илмҳои табиатшиносию фалсафӣ, динию ирфонӣ ва кайҳоншиносии мутафаккирони асрҳои миёнаи ибтидоии форс- тоҷик аз назари муаллифон таҳлилу баррасӣ гардидаанд. Он барои мутахассисони соҳаи фалсафа, муаллимони мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, ҳамчунин ҳаводорони афкори фалсафӣ дастовези муҳими илмӣ ба шумор меравад.
Дар муқаддимаи ҷилд муҳаққиқон хусусияти асосии ҷилдро муайян сохта, пайваста роҷеъ ба баҳсҳои марбут  ба фалсафаи исломӣ, ташаккули мактабҳои фалсафию каломӣ, муносибати оқилона (ратсионалистӣ) ба масоили исломи мударрисӣ (ортодоксалӣ) ва марказҳои илмию фалсафӣ дар ҳудуди Хуросону Мовароуннаҳр ва сарзаминҳои ғарби исломӣ (Андалузия, Кордова) таваққуф намудаанд. Дар аҳодиси набавӣ гуфта шуда, ки «ҷӯёи дониш бошед, дар ҳар куҷое, ки он бошад, ҳатто дар Чин». Дар ҳадиси дигар омада, ки «аз гаҳвора то марг ҷӯёи дониш бошед». Чунин суханони Муҳаммад (с), бо вуҷуди монеа эҷод кардани муташарреини дини ислом, андешамандонро водор месохт, ки ба афкори пешазисломии Эрони бостон ва Юнони қадим муроҷиат намуда, зимни ба вуҷуд овардани таълимоти ҳастишиносӣ ва маърифатии худ на фақат аз онҳо истифода намоянд, балки бисёр нуктаҳои заъфи онҳоро дар шароити нави фарҳангӣ ислоҳ намоянд ва мазмуни асосии баҳсҳои фалсафиро ба талаботи илм ва маорифи исломӣ мутобиқ созанд.
Муаллифон дар ҷилди ёдшуда нишон додаанд, ки дар заминаи шарҳу таъбир ва тафсиру таъвили манбаъҳои асосии дини ислом - Қуръону ҳадис аввал равияву ҷараёнҳои гуногуни сиёсиву идеологӣ ба мисли «хавориҷ» («хориҷия») арзи вуҷуд намуданд, баъд дар натиҷаи амиқтар шудани муборизаи мазкур фирқаву равияҳои гуногун ба мисли шиа, исмоилия, калому муътазилия, зайдияву рофизия ва ғайра ба вуҷуд омаданд, ки ҳар яке дар навбати худ, таълимоти фалсафию ҷаҳоншиносии худро созмон ва мавқеи идеологию сиёсии худро муайян намуданд.
Фасли аввали ҷилди дуюм ба ақидаҳои фалсафии асҳоби ҳаюлло бахшида шудааст. Дар он аз ҷумла қайд гардида, ки асҳоби ҳаюлло бо номи Закариёи Розӣ сахт алоқаманд буда, тарафдорони ин ақида таъкид мекарданд, ки ҳаюлло як вуҷуди азалию абадист ва тамоми ҷисмҳо аз зарраҳои ҷудонашаванда иборатанд. Асҳоби ҳаюллоро баъзе олимон идомаи таълимоти материалистии Юнони қадим медонанд, ки ду нафар аз файласуфони аҳди аввали Ислом - Эроншаҳрӣ ва Закариёи Розӣ намояндагони асосии он мебошанд. Роҷеъ ба баҳсе, ки доир ба асҳоби ҳаюлло дар ҷилд ироа гардидааст, муаллифон назари Носири Хисрав, Муҳаммади Шаҳристонӣ, Исфароинӣ, Эҳсони Табарӣ, С. Бенс, П. Краус ва дигаронро мавриди таҳлил қарор додаанд.
Ибни Муқаффаъ бо тарҷимаҳои худ аз забони паҳлавӣ ба забонҳои суриёнию арабӣ ва осори хеш «Рисолат-ус-саҳоба», «Адаб-ул-кабир», «Адаб-ус-сағир», ҳамчунин бо ақидаҳои панду ахлоқӣ машҳур аст. Дар идомаи баҳси фаъолият ва мақоми ӯ дар фарҳангу адаби тоҷику форс, дар ҷилди мазкур, таҳлили ақоиди фалсафӣ, мантиқӣ ва башардӯстонаи Абусулаймони Сиҷистонӣ мулаққаб ба Абусулаймони Мантиқӣ манзури хонандагон гардидааст. Дар он аз ҷумла қайд гардида, ки муҳаққиқон ӯро аз рӯи назарияҳои ҷолибаш ба Абеляр ва Эразми Ротердамӣ нисбат медиҳанд. Машҳуртарин  китоби ӯ «Сивон-ул-ҳикма» мебошад, ки дар он ӯ ба муқобили оштӣ додани дину фалсафа баромада, фикри «Ихвон-ус-сафо»-ро дар ин масъала намепазирад ва бо сароҳати том мегӯяд, ки ҳадафи ниҳоии дин – шариат ба парастишу ниёиши Худованд нигаронида шудааст ва дар он ба баҳсу муҷодала ҷое вуҷуд надорад. Ба фикри ӯ, улуми тиб, мантиқ, математика, кимиё ва мусиқӣ қисми таркибии илми фалсафа мебошад.

 

Шогирди Абусулаймони Мантиқӣ Абуҳаёни Тавҳидӣ бисёр масъалаҳои устодашро шарҳу тафсир намуда, назари муътазилиёну муҷассимиён дар бораи атрибутҳои Худоро рад карда, пайваста таъкид мекунад, ки моҳияти Офаридгорро ба воситаи ақл дарк намудан амри муҳол аст. Ба фикри ӯ, касе, ки ба таври оқилона ба мавҷудияти Худо бидуни ҳар гуна атрибутҳо ишора кунад, ӯ ягонагии ӯро эътироф мекунад. Ба воситаи сухан Офаридгорро тавсиф кардан нашояд, танҳо ба воситаи қалб метавон моҳияти ӯро дарк кард. Ҳамаи мавҷудот аз Офаридгор шурӯъ мешавад, ба он такя мекунад ва ба сӯи ӯ равона аст.
Фасли дуюми ҷилди дуюми «Таърихи фалсафаи тоҷик» ба таҳлилу баррасии ақидаҳои фалсафаи табиатшиносӣ ихтисос дода шудааст. Дар ин бахш муаллифон баъди муқаддимаи мухтасар дар бораи ба вуҷуд омадани шароити мусоид барои инкишофи таълимоти табиию илмӣ, ақидаҳои се нафар аз намояндаи бузурги табиатшиносӣ – Муҳаммади Хоразмӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ ва Абурайҳони Беруниро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Муҳаммади Хоразмӣ аз ҷумлаи он олимоне мебошад, ки аз беҳтарин суннатҳои илми нуҷум ва тақвимҳои астрономии ҳавзаи илмии Хоразм баҳра гирифта, дар Байт-ул-ҳикмат»-и Ибни Маъмун дар Бағдод сарварии абсерваторияро ба уҳда доштааст.
Ба қалами Хоразмӣ 12 асар мансуб аст, ки аз онҳо 6 асар ба забони арабӣ ва се асари дигар ба забони лотинӣ боқӣ мондаанд. Машҳуртарини онҳо  «Арқоми араб», «Ал-ҷабр ва-л-муқобала» ва «Сурат-ул-арз» мебошанд, ки муҳаққиқон дар бораи онҳо дар ҷилд маълумоти кофӣ ироа намудаанд. Дар давраи исломӣ баъди тарҷима шудани осори Брахма Гупта ва Ориёбхата, «Ал-маҷистӣ»-и Батлимус ва дастовардҳои мактаби нуҷумии бобулӣ равиши тозаи муҳосибот ва истифода аз улуми ҳандасаю риёзиёт дар расадбандӣ ба таври васеъ ба расмият даромад ва тадқиқотҳои муҳиме тавассути Хоразмӣ, Баттонӣ, Фарғонӣ, Абдураҳмони Сӯфӣ, Ибни Юнус анҷом дода шуд. Абумаҳмуди Хуҷандӣ яке аз риёзидонону мунаҷҷимони машҳури аҳди Сомониён дар ҳавзаи илмии «Байт-ул-ҳикма» тарбия ёфта, баъдтар дар расадхонаи шаҳри Рай фаъолияти худро идома додааст. Асбоби асосии андозагирии ӯ «секстант»-и ихтироъкардаи худи ӯ буд.
Фаъолияти Абӯрайҳони Берунӣ дар фасли дуюми ҷилди мазкур мавқеи махсус дорад. Пас аз ироаи аҳвол ва осори ғании ӯ, дар ҷилд  ҷаҳонбинии илмӣ ва таҷрибаҳои амалии Берунӣ дар соҳаи илми ситорашиносӣ – кусуфу хусуфи Моҳу Офтоб ва мушоҳидаи ҷирмҳои осмонӣ мавриди таҳлили муаллифон қарор гирифтааст. Ҳамчунин асарҳои «Қонуни масъудӣ» (донишномаи мукаммал дар илми нуҷум, ҳайат, риёзиёт), «Минералогия» («Китоб-ул-ҷамоҳир ли маърифат-ил-ҷавоҳир»), «Осор-ул-боқия», «Таърихи Хоразм», «Геодезия» («Таҳдиду  ниҳоят-ул-амокин»), «Китоб-ут-тафҳим», «Мо ли-л- Ҳинд», «Фармакогнозия» («Китоб-ус-сайдана») ва мавқеи онҳо дар омӯзиши илмҳои табиию илмӣ дар ҷилд инъикос гардидаанд.
Берунӣ дар ҷилди мазкур ҳамчун як олими зуфунун (энсиклопедист) муаррифӣ гардида, бештар ба ақидаҳои натурфалсафии ӯ аҳамият дода шудааст, ки ҷиҳатҳои гуногуни онро олимон Э. Сале, С. Толстов, А. Хамидов, А. Шариков, Б. Розенфелд, Алиакбари Доносиришт, Саидҳусайни Наср мавриди омӯзиш қарор дода, дастовардҳои бузурги ӯро дар бораи ҳаракати коинот, ҳаракати даврии олам (эволютсия ва инволютсия), амали қонуни сабабият дар олам, саҳми ӯ дар инкишофи илми риёзиёт, назарияи ададҳо, назарияи касрҳо, ҳисоби адади  π (пи) аз тариқи дарозии доира ва диаметри он, тақсимнашаванда будани ададҳои воҳидӣ, ҷорӣ кардани ададҳои воҳиди шартӣ, ададҳои ҷуфту тоқ, мафҳумҳои решаи ратсионалӣ ва ирратсионалӣ бозёфтҳои муҳими илмии асрҳои миёнаи ибтидоӣ арзёбӣ намудаанд.
Боби сеюми ҳамин ҷилд ба яке аз фирқаҳои мазҳабӣ ва мактабҳои фирқаи шиаи имомӣ – исмоилия бахшида шудааст. Исмоилия ҳамчун фирқаи имомӣ дар нимаи дуюми асри 8 зуҳур карда бошад ҳам, таълимоти динию фалсафии он дар охири асри 9 ва аввали асри 10  ташаккул ёфт. Он ҳамчун ҷунбиши диниву сиёсӣ бар зидди низоми сиёсии хилофати аббосӣ дар саҳнаи таърих ва уфуқи афкори маънавӣ пайдо шуд ва ба воситаи доиён дар манотиқи гуногун – ҷануби Ироқ, Форс, Хуросону Мовароуннаҳр, қисмати шарқии Арабистон (Баҳрайн, Яман ва шимоли Африқо) интишор ёфт. Ҷунбиши исмоилия боиси ба вуҷуд омадани се давлат – хилофати  Фотимиён дар Миср (909-1171),  қарматиҳо дар Баҳрайн (899-1077) ва давлати Низория дар Аламут (1090-1256) гардид. Дар асри 19 исмоилия баробари дигар мактабу фирқаҳои каломӣ, исноашария, тасаввуф ва ғайра як ҷараёни фикрию фалсафӣ шинохта шудааст ва имрӯз он дар сохтори фарҳангию маорифи исломӣ ҳамчун як фирқаи ҷудогона амал мекунад.
Аз рӯи осори Муҳаммади Насафӣ, Абуҳотими Розӣ, Носири Хисрав ва дигар сарчашмаҳо маълум  мегардад, ки фалсафаи исмоилия мураккаб ва хеле зиддиятнок буда, масъалаҳои гуногуни худошиносӣ, назарияи ҳастӣ, кайҳоншиносӣ, маърифатӣ ва инсоншиносиро дар бар мегирад. Зиддиятнокии ақидаю орои исмоилия шояд аз он сар мезанад, ки дар осори намояндагони он муносибати интиқодӣ ба якдигар баръало эҳсос мешавад ва аз рӯи орою афкор онҳо, муҳаққиқон, дар ҷилд, онро ба исмоилияи муътадил ва муассир (тундрав) ҷудо намудаанд. Ба аввалӣ  исмоилияи даврони Фотимиён ва ба дуюмӣ  қарматиёнро дохил кардаанд, ки суннатҳои исломӣ ва ҳатто шиаро мавриди интиқод қарор додаанд.
Дар ҷилд муҳаққиқон афкори фалсафӣ ва ҷаҳоншиносии исмоилияро манзури хонандагон намуда, роҷеъ ба Ақли кулл, Нафси кулл ва мақоми онҳо дар офариниши олам назари худро бо таваҷҷуҳ ба ақидаҳои олимони номии Шарқу Ғарб иброз доштаанд. Дар масъалаи маърифатшиносӣ ду намуди маърифат – маърифати баҳсӣ ва кашфӣ (ё мустақим)-ро мавриди таҳлил қарор дода, шакли дуюми онро ба шахсоне ихтисос додаанд, ки бо инояти илоҳӣ ва ақлҳои лоҳутӣ ба шахсони баргузида (имомону пайғамбарон) илқо мегардад ва аз тарафи онҳо ба дигарон дар шакли истидлолӣ мунтақил мешавад. Аз ин рӯ, одамон ба муфидӣ ва мустафидии дониш дар исмоилия  силсилаи маротиби муайянеро ташкил медиҳанд ва вобаста то ба кадом  дараҷа наздик шудани онҳо ба мартабаи роҳбар дар силсила, мутаносибан ба ҳамон дараҷа донишашон меафзояд.
Муносибати илму дониши мустақим (кашфию завқӣ) ба дониши истидлолӣ дар исмоилия монанди муносибати кулл ба ҷузъ аст ва ба таносуби илми роҳбарони олимақом (баргузида) ба илми шахсони воқеъ дар  поёни силсила шабоҳат дорад. Ин таносуби кулл ба ҷузъ таносуби зоҳиру ботин аст. Ҳамон тавре ки дар тухм ба таври билқувва паранда вуҷуд дорад, ҳамин тавр куллӣ ҷузъиро дар ботини худ ниҳон дорад. Пас мавҷудияти шахсе зарур аст, ки ботинро зоҳир намояд. Аз ҳамин нукта таълимоти бунёдии исмоилия ибтидо мегирад, ки мақсади он боз намудани маънои аслии на фақат дар зоҳири матн, балки ботини он низ мебошад. Илми ботин ё дониши аслӣ дар худ омезиши теологӣ надорад. Вай дар натиҷаи баромадан аз зоҳир пайдо шуда, ба бахши таъвил мегузарад ва ба воситаи он ҳақиқати ягонаи исмоилияро дарк мекунад.
Боби охирини ҷилди дуюми «Таърихи фалсафаи тоҷик» ба пайдоишу инкишофи фалсафаи машшо бахшида шудааст. Ин бахш аз баррасии мафҳуми машшо (припатетик) – таълимоти фалсафии созмондодаи Арасту – «роҳ рафтан» дар галереяи пӯшидаи Ликкеи Афина шурӯъ шуда, пайваста қайд гардидааст, ки пайравони шарқии мактаби Арасту номи «машшоия»-ро ба худ гирифтанд. Дар ин бахш таълимоти фалсафию ҷаҳоншиносии Ал-Киндӣ, Ибни Боҷа, Ибни Туфайл, Форобӣ, Ибни Сино, Насируддини Тусӣ, Умари Хайём, Котиби Қазвинӣ ва Ҷалолуддини Даввониро муҳаққиқон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаанд. Муаллифони ҷилд аввал нуктаеро қайд намудаанд, ки вақте императори рум Юстиниан соли 529 Академияи Афлотунро дар Афина баст, гурӯҳи андешамандони юнонӣ ба сарзаминҳои Шарқи Миёна ва Наздик сарозер шуданд.
Натиҷаи сафари ин намояндагони афкори маънавӣ ба сарзамини Шарқ ин буд, ки фаъолияти марказҳои илмию фарҳангӣ дар Шарқ пурзӯр гардид, тарҷимаи осори юнонию суриёнӣ ба забони арабӣ ба роҳ монда шуд, академияи Ҷанди Шопур, баъдтар «Байт-ул-ҳикмат» ба марказҳои бузурги илмӣ табдил ёфтанд, дар дигар шаҳрҳо низ марказҳои илмию фарҳангӣ арзи вуҷуд  намуданд. Интишори афкору орои навафлотуниён ба мамолики Шарқ дар ҳамин давра ба вуҷуд омада буд. Аввалин файласуфони исломӣ ба мисли Ал-Киндӣ, Ибни Боҷа, Ибни Туфайл ба фаъолият шурӯъ намуданд. Фалсафаи машшо густариш пайдо кард. Форобӣ, Ибни Сино ва муосирони онҳо масъалаҳои асосии мактаби фалсафии худро бунёд гузоштанд.
Чун афкори фалсафию ҷаҳоншиносии намояндагони мактаби фалсафии машшо бо ҳам усулан монанданд, мо дар ин ҷо танҳо ба таҳлилу баррасии намояндаи асосии он – Ибни Сино мепардозем. Шайхурраис Ибни Сино, дар тӯли умри худ он қадар асар эҷод намуд, ки муҳаққиқони муосир ҳоло ҳам миқдори онҳоро ба таври дақиқ муайян накардаанд. Аз байни онҳо дар ҷилд китобҳои доир ба фалсафа ва асарҳои ирфонии ӯ ба таври муфассал баррасӣ гардида, соҳаҳои асосии фаъолияти андешмандии ӯро  муҳаққиқон мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Мавзӯъҳои асосие, ки дар ҷилд матраҳ гардидаанд, таснифоти илмҳо, назарияи сабабият, таълимот дар бораи нафс, маърифати ҳиссию ақлӣ, шахсият ва истеъдоди ӯ, фалсафаи назарӣ ва амалӣ, назарияи иҷтимоӣ ва ахлоқӣ, қоида ва усулҳои тарбият ва муносибати Ибни Сино ба тасаввуф мебошад. Дар бахши таснифоти илм мутафаккир фалсафаро ба бахшҳои назарию амалӣ ҷудо намуда, қисмати фалсафаи назариро шомили илмҳои физика (натурфалсафа), математика ва метафизика медонад, ки ҳар яке боз ба чандин қисмҳо ҷудо мешавад. Ба қисмати фалсафаи амалӣ ахлоқ, иқтисодиёт ва сиёсатро дохил намуда, Ибни Сино бахшҳои гуногуни онҳоро дар осораш аз назари таҳлил гузарондааст. Бахши умдаи таълимоти мутафаккирро дар ҷилд назарияи мантиқии ӯ ташкил  медиҳад, ки асоси таълимоти машшоиён бар мабнои он қарор гирифтааст.
Ҷилди сеюми «Таърихи фалсафаи тоҷик» бо муқаддимаи ходими пешбари шуъбаи таърихи фалсафа С. Ҷонбобоев ва узви пайвастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ А. Муҳаммадхоҷаев шурӯъ шуда, дар он хусусиятҳои муҳими таҳқиқотҳои шомилшуда дар ҷилд шарҳу таъбир ёфтаанд. Аз ҷумла қайд карда шудааст, ки дар ин ҷилд се масъалаи асосӣ дар се боб – тасаввуф, фалсафаи калом ва инъикоси ғояҳои фалсафӣ дар адабиёти бадеии форсу тоҷик мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Дар боби аввали он шароити таърихии пайдоиши тасаввуф ва аввалин иқдомҳои олимон дар омӯзиши ин падидаи фарҳангӣ дар маорифи исломӣ матраҳ шудааст. Ин боб ҳаҷман бузург буда, на фақат манбаъҳои тасаввуф, балки тасаввуфи ибтидоӣ, тасаввуфи Хуросони асрҳои 9-11 ва намояндагони алоҳидаи тасаввуфро аз Абулмаҷди Саноӣ сар карда то Абдураҳмони Ҷомӣ дар бар мегирад. Муаллифони ҷилд дар бахши сӯфиёни ибтидоӣ ба таълимоти намояндагони он – Иброҳими Адҳам, Ҳасани Басрӣ,  Ҳориси Муҳосибӣ, Абусаиди Ҳарроз, Абубакри Шиблӣ, Абулҳусейни  Нурӣ маълумоти муҳимро ироа намуда, ба баррасии таълимоти Ҷунайди Бағдодӣ пардохтаанд. Қайд намудаанд, ки ӯ бештар ҳолати худро махфӣ нигоҳ медошт ва аз тундравии Шибливу Ҳаллоҷ худро канора мегирифт.
Боязиди Бистомию Шиблӣ ва Мансури Ҳаллоҷ муносибати тундравона нисбат ба дини ислом доштанд ва бо шатҳиёти пурошӯби худ ном бароварда буданд. Боязиди Бистомӣ асосгузори таълимоти «фано» ва «бақо» буд, Абубакри Шиблӣ таълимоти аҳли «сукр»-ро ба муқобили таълимоти аҳли «саҳв» асос гузошт, ки Абунасри Сарроҷу  Абуалии Даққоқ ва Абулқосими Қушайрӣ ба вуҷуд оварда буданд. Мансури Ҳаллоҷ ҷонашро бар сари ҳамин  шатҳи «Аналҳақ»-и хеш ба бод дод. Баъди Ҷунайди Бағдодӣ, ки шиораш ҳар «абде» дар қалби худаш «Ҳақ»-ро мушоҳида мекунад буд, тамоюли ифротӣ дар тасаввуф зуҳур кард. Дар ҷилд пайваста ба баррасии хусусиятҳои  тасаввуфи муътадилонаю ифротӣ, силсилаҳои тасаввуф бо баёни хусусиятҳои мунҳасир ба фарди онҳо инъикос ёфтаанд.
Коркарди истилоҳоти сӯфия яке аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷа ба шумор мерафт. Бори аввал ба ин масъала Суламӣ, Ансорӣ, Қушайрӣ даст зада буданд. Минбаъд ин масъаларо Абулмаҷди Саноӣ такмил дод ва Фаридуддини Аттору Ҷалолуддини Румӣ тасаввуфро ба авҷи аълои инкишофаш расонданд. Ин се нафар обхезҳои бузурге дар баҳри пурталотуми ирфони исломӣ буданд. Маҳз ба воситаи осори онҳо таълимоти тасаввуфӣ инкишоф ёфт. «Мақомот» ва «аҳвол»-и тасаввуфӣ дар чаҳорчӯби шариат-тариқат-маърифат табақабандӣ гардиданд ва «сайр ба илаллоҳ» шурӯъ шуд. Аз ҳамин нукта масъалаи тавҳиди илоҳӣ, ваҳдати вуҷуд ва касрати мавҷуд, масъалаҳои ҳастишиносӣ ва маърифатӣ дар тасаввуф ба вуҷуд омаданд.
Дар ин ҷилд ҳамчунин афкори ирфонии  Айнулқуззоти Ҳамадонӣ, Азизуддини Насафӣ, Наҷмуддини Розӣ, Алии Ҳамадонӣ ва дигар намояндагони фалсафаи ишроқ ба мисли Шаҳобуддини Суҳравардӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Яке аз бахшҳои ҷолиби ин ҷилд таҳлили силсилаи «нақшбандия» мебошад, ки он дар асри 14 пайдо шуда, минбаъд таъсири муассире ба ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва фалсафии халқҳои Осиёи Миёнаву Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустону Туркия гузоштааст. Пири  рӯҳонии силсилаи нақшбандия Абдухолиқи Ғиждувонӣ мебошад ва ғояҳои асосии таълимоти худро Баҳоваддини Нақшбанд аз ӯ касб намудааст. Нақшбандия унвони худро аз номи Баҳоваддини Нақшбанд гирифтааст. Таълимоти ин силсила ниҳоят мураккаб буда, дар он ҳам унсурҳои динию ирфонӣ ва ҳам дидгоҳҳои фалсафӣ мавҷуданд. Пайравони нақшбандия мекӯшиданд, ки таълимоти худро ба халқи авом наздиктар созанд, бо роҳу усулҳои гуногун мардумро ба худ ҷалб намоянд ва дар зоҳир бо халқу дар ботин бо Ҳақ бошанд. «Дил ба ёру даст ба кор» яке аз шиорҳои асосии ин силсила буд. Муаллифони ҷилд 11 усули асосии силсилаи нақшбандияро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, роҷеъ ба намояндагони он маълумоти муфиде ироа намудаанд. Боби дуюми ҷилди сеюм бо баррасии афкори ирфонии Абдураҳмони Ҷомӣ ва таҳлили таълимоти муассиси ҳикмати ишроқия Шаҳобуддини Суҳравардӣ хотима ёфтааст.
То ба имрӯз дар бораи фалсафаи калом маълумотҳои зиёди пароканда ҷамъ омада, вале онҳо ба як низоми муайян надаромада буданд. Аз ин рӯ, боби дуюми ҷилди сеюми «Таърихи фалсафаи тоҷик» ба таҳлилу баррасии илми калом ихтисос дода шудааст. Дар он аввал ду мактаби фалсафии калом  бо номи муътазила ва ашъария мавриди таҳлили муҳаққиқон қарор гирифта, баъд таълимоти намояндагони алоҳидаи онҳо баррасӣ шудаанд. Муътазилиён, бар хилофи аҳли суннат ва асҳоби ҳадис, дар маорифи исломӣ ба истидлоли ақлӣ  ва муносибати мантиқӣ рӯ оварданд. Асосгузори он Ҳасани Басрӣ, Восил ибни Ато ва Амр ибни Убайд буданд. Онҳо нахустин илоҳиётшиносоне маҳсуб мешуданд, ки муносибати ақлгароёнаро дар маорифи исломӣ ворид намуданд. Муътазилиён аввал дар Шому Ироқу Мадина по ба арсаи вуҷуд ниҳоданд ва минбаъд таълимоти худро дар гӯшаю канори сарзамини арабу аҷам интишор доданд. Онҳоро дар таърихи ислом бо номи асҳоби адл ва тавҳид низ ёд кардаанд.
Таълимоти муътазилиён аз панҷ рукни асосӣ иборат буд, ки онро «усули хамса» низ меномиданд. Онҳо аз тавҳид, адл, ваъду ваид, манзил байн-ал-манзилатайн ва амри маъруфу наҳйи мункар иборатанд. Дар ҷилди мазкур ҳамаи рукнҳои ёдшуда батафсил мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, пайваста таъкид гардидааст, ки дар даврони хилофати Ҳорун-ар-Рашид ва писараш Ибни Маъмун муътазилия дини давлатии хилофат эълон шуд. Вале ин ҳодиса дер напоид. Сахтгириҳои Ибни Маъмун ва Муътасиму Восиқ барои ҷорӣ кардани ин таълимот дар саросари хилофат сабаби пайдоиши вокунишҳои ифротомез гардид. Бо зуҳури ашъария мубориза ба муқобили муътазилиён шиддат гирифт ва Абулҳасани Ашъарӣ илми каломро бар асоси ақоиду орои аҳли суннат ва ҷамоат ва аҳкоми мазҳаби шофеӣ дар фурӯи дин ба роҳ монд. Минбаъд муътазилия, ба гуфтаи Абдулқодири Бағдодӣ, ба 22 фирқа ва ба гуфтаи Муҳаммади Шаҳристонӣ ба 12 фирқа ҷудо шуда, аз байн рафт.
Ашъарияро Аблуҳасани Ашъарӣ асос гузошт. Дар охири асри 9 ва аввалҳои асри 10 бо зуҳури таълимоти каломи ашъарӣ фиқҳу ҳадиси аҳли суннату ҷамоат баст ёфт, дар низомияҳои Бағдоду Нишопуру Балх ва бисёр ҳавзаҳои дигари динию илмӣ роиҷ гардид. Мазҳаби каломи ашъарияро Ҳусайни Боқилонӣ аз бисёр ҷиҳат такмил дода, ба он рангу бӯи ҷаҳоншиносӣ ва басти фалсафӣ бахшид. Ғаззолӣ наҳлаи фикрии ашъарияро барои  оммаи мардум мусоидтар медонист. Баъди Ғаззолӣ Фахруддини Розиро намояндаи бузурги каломи ашъария дар таърихи дин ва маорифи исломӣ мешиносанд. Ӯ унвони «Имом-ул-мушаккикин»-ро ба худ гирифта буд ва шакку эътирози ӯ бештар нисбат ба масоили каломию фалсафӣ зоҳир мешуд ва ба мисли Ғаззолӣ ба муқобили файласуфони машшо мубориза мебурд, вале муборизаи ӯ, тавре ки муаллифони ҷилд навиштаанд, муҷодилаи як файласуф бо файласуфи дигар ва орию барӣ аз ҳар гуна такфир буд. Мавзӯи баҳси ӯ бештар ба масоили тасаввуру тасдиқ, исботи вуҷуди ҳафтгонаи ақл бар ҳис, таносуби ақли назарию амалӣ ва мақоми ақлу  нақл дар маорифи исломӣ нигаронида шуда буд.
Муҳаммади Шаҳристонӣ ҳам муаррихи фалсафа ва дин аст ва ҳам намояндаи фалсафаи каломи ашъария. Ӯ дар асараш «Масореъ-ул-фалосифа» ба ҳафт масъалаи илоҳиёти Ибни Сино дар «Ишорат», «Наҷот» ва «Шифо» бо Шайхурраис ба майдони гӯштӣ мебарояд ва мехоҳад ӯро дар мубориза ба пушт бизанад. Дар ҷилд ба ин масъала ишора шуда, зимнан қайд гардидааст, ки ӯ тарғиботи каломи худро дар «Ниҳоят-ул-иқдом фӣ илм-ил-калом» баён доштааст. Ҳамин тариқ, дар ҷилди мазкур намояндагони дигари каломи ашъарӣ –Саъдуддини Тафтозонӣ ва Саидшарифи Ҷузҷонӣ низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд. Муаллифон аз рӯи мазмуни асари «Таҳзиб-ул-мантиқ ва-л-калом»-и Тафтозонӣ ӯро намояндаи илми калом ба қалам дода, пайваста баъзе ақидаҳои фалсафии ӯро низ матраҳ намудаанд. Саидшарифи Ҷурҷонӣ низ ҳамчун намояндаи фалсафаи калом ироа гардидааст. Албатта, ӯро муҳаққиқон ҳам намояндаи фалсафаи калом медонанд, ҳам намояндаи шиа, тасаввуф ва ҳатто ҳанафӣ мепиндоранд.
Охирин боби ҷилди сеюми «Таърихи фалсафаи тоҷик» ба инъикоси ғояҳои фалсафӣ дар адабиёти бадеӣ бахшида шудааст. Муаллифони ҷилд ақидаҳои фалсафию ирфонӣ ва ҷаҳоншиносии шоирони мутафаккирро таҳлил карда, ҳамчунин масъалаҳои тарбиявию ахлоқӣ ва иҷтимоии баёншуда дар ашъори Абуабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Ибни Ямини Фарюмадӣ, Убайди Зоконӣ ва ақидаҳои Камолуддини Биноиро мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Ҷилд бо хулосае ба итмом мерасад, ки дар он хусусиятҳои асосии афкори маънавии асрҳои миёна, ба дин вобаста ва дар муносибат бо он инкишоф ёфтани афкори фалсафӣ ва ҷаҳоншиносӣ, масъалаҳои зоҳиру ботин ва бар ин мабно ташаккул ёфтани экзотеризм ва эзотеризм на фақат дар дини ислом, балки дар дигар динҳои тавҳидии (монотеистии) ҷаҳонӣ, хусусияти мактабу мазҳабҳо дар маорифи исломӣ ба тариқи ҷамъбаст манзури хонандагон гардидаанд.
Муҳаммадқул ҲАЗРАТҚУЛОВ,
доктори илми фалсафа, профессор,
дорандаи Ҷоизаи байналмилалии
Бунёди фарҳанги Манучеҳрӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2014    №: 8-9-10-11    Мутолиа карданд: 2795

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед