logo

иҷтимоиёт

АНГУР - МАНБАИ САЛОМАТӢ, ҒИЗО ВА ДАРОМАД

Ангур барои саломатии  инсон давои бебаҳост.  Дар шароити Тоҷикистони офтобӣ ангур  20-25 дарсад қандҳои табобатӣ ҷамъ меоварад.  1 килограмм кишмиш  3200   килокалория  дорад, ки  нисбат ба 1 килограмм гӯшти гов фоиданокиаш беш аз ду баробар аст.  

Таркиби ангур аз витаминҳо ва элементҳои кимиёвӣ ғанӣ буда, агар витаминҳои А1, В1, Д, Р  барои  рафъи касалиҳои  чашм, асаб,  хунукзадагӣ, офтобзадагӣ даво бошад,  элементҳои кимиёвии Р (фосфор) ва  Са (калтсий) барои  табобати бемориҳои устухон ва мустаҳкамсозии  найчаҳои хунгард  мусоидат мекунанд. 
Дар шароити Тоҷикистон токпарварӣ баъди тамокупарварӣ соҳаи сердаромадтарин маҳсуб меёбад. Азбаски солҳои охир тамокупарварӣ ба хотири ба саломатӣ зараровар буданаш чандон рушд накарда истодааст, токпарварӣ  ба ҷойи аввал баромадааст. Токро дар ҳама гуна замин, бахусус  лалмӣ ва санглоху шағалзор ва қисман шӯразор низ парвариш мекунанд.   
Ток зироати  агросаноатӣ буда, ба ғайр аз ғизоӣ будан (ҳам дар ҳолати тару тоза ва ҳам дар ҳолати хушк),  боз аз он зимни коркарди саноатӣ зиёда аз 100  номгӯй  маҳсулот омода кардан  мумкин аст.
Дар заминҳои обии санглох,  шағалзор  ва лалмие, ки даромади дигар зироатҳо    хароҷотро намепӯшонад, токзорҳо   ҳосили хушсифат ва даромади зиёд медиҳанд. Инро нишондиҳандаҳои ҳарсолаи хоҷагиҳои  боғу  токпарварии   «Сомғор», ба номи  Исмоил Ҳамзаалиеви  ноҳияи  Бобоҷон Ғафурови   вилояти  Суғд  ва хоҷагиҳои дигари токпарварии лалмикори кишвар исбот кардаанд. Токзор, ба истиснои  баъзе дарахтони мевадиҳанда ва зироатҳои  бисёрсола,  ҳар сол ҳосил медиҳад.
Аҳамияти муҳими экологии токпарварӣ дар он  аст, ки дар кӯҳҳо,  доманакӯҳҳо ва теппаҳо, дар  ҳолати уфуқӣ ҷойгир кардани  қаторҳо,  пеши роҳи шуста шудани заминро мегиранд ва тавассути патакрешаҳои худ мустаҳкам мекунанд.
Аксари зироатҳои бисёрсола  хусусияти «ватандорӣ» доранд, яъне дар як иқлим ҳосил медиҳанду дар иқлими дигар ҳатто нашъунамои хуб намекунанд.   Танҳо   токи ангур дар баландиҳои  то 2000 метр ва аз он баланд  (шаҳри Хоруғ) то пастиҳои  лаби  баҳрҳо,  дар  ҳама гуна релеф ва таркиби он ҳосили  дилхоҳ дода метавонад.
Аҳамияти иқтисодии онҳо дар истеҳсолот низ чашмрас аст. Агар ҳосилнокии баланд  (аз 1 гектар то 200 - 250 сентнер) имкони гирифтани даромади калон дошта бошад, чун зироати тамомисолӣ  даҳҳо ва садҳо нафарро бо ҷойи кори     доимӣ таъмин менамояд. Ин ҷиҳатро   ба инобат  гирифта,  бояд дар ҷумҳурӣ  на фақат ба миқдори пештара   «совхоз - заводҳо» бунёд карда шаванд,   балки  хоҷагиҳои нави давлатӣ таъсис ёбанд. Азбаски  бунёди «совхоз - заводҳо»  маблағгузории калонро металабад, бояд  онҳоро монанди пешина  бо маблағи  давлат ё сармоягузорӣ бунёд карда, даромадашон ба буҷети давлат ворид шавад.  Дар хотир бояд нигоҳ дошт, ки  як «совхоз - завод»-и  саноатии давлатии пешқадами ҷаҳонӣ  даромади  ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонии  парокандаи  ноҳияҳои тобеи  ҷумҳурӣ  ё  вилояти Хатлонро дода метавонад.
Соҳаи токпарварӣ ва шаробпазӣ ягона соҳаҳои мутамарказу махсусанд, ки дар асосҳои  саноатӣ рушд карда метавонанд. Инро таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот кардааст.
Аз соли 1924 Ташкилоти байналмилалии токпарварӣ ва шаробпазӣ  (ТБТШ) дар пойтахти Фаронса  шаҳри  Париж фаъолият дорад. Ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ президент, ду ноиби президент ва сохторҳои беҳбудсозандаи токпарварӣ ва шаробпазӣ  дошта, бо 31 давлати токпарвар ва шаробпазии дунё пайваста кор мебарад. Дар ҷаҳон сиёсати ягонаи токпарварӣ ва шаробпазиро роҳандозӣ карда, дастовардҳои илмии ҷаҳонӣ ва таҷрибаи пешқадамро амалӣ менамояд.
Тоҷикистон бо ин созмон дар солҳои шӯравӣ пайваста буд. Бо барҳам хӯрдани СССР Тоҷикистон аз ТБТШ ҷудо шуда, хоҷагиҳои токпарварӣ ва шаробпазии он дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҷануби кишвар пош хӯрданд. Чунки аз мутамарказ, махсус ва саноатӣ кардани онҳо, ки асоси тараққиёти ин соҳа буд, маҳрум гаштанд. Ҳарчанд токпарварӣ мутамарказ, махсус ва саноатӣ кардани  моликияти хусусиро инкор накарда, баръакс онро мустаҳкам мекунад, яъне деҳқон дар хоҷагиаш танҳо корҳои дастиро ба ҷо меораду амалиёти дигар дар корхонаи саноатӣ  иҷро карда мешаванд.
Вазъи  имрӯзаи токпарварии ҷаҳон, бахусус мамолики узви ТБТШ-ро танҳо бо усули интенсивӣ, дар асоси баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, тавассути пайиҳам зиёд кардани маблағгузорӣ ба ҳар як гектар токзор, барои воситаҳои истеҳсолот, парвариши ниҳолҳои солим, нуриҳо, техника, беҳтар кардани усулҳои хоҷагидорӣ, вуруди навъҳои ангури серҳосилу хушсифати мутобиқ ба иқлими маҳал ва технологияи пешқадам арзёбӣ кардан мумкин аст.
Майдони токзорҳои ҷаҳон дар 15-20 соли охир дар як сатҳи  устувор - 10,2 миллион гектар нигоҳ дошта мешавад. Аммо аз ҳисоби мутамарказ, махсус, саноатӣ кардан ва ворид намудани навъҳои серҳосилу технологияи интенсивӣ сол то сол истеҳсоли  ангур зиёд мегардад.
Токзорҳои дунё асосан дар ҳавзаи баҳри Миёназамин воқеъанд, ки 86 дарсади истеҳсоли ангурро дар бар мегиранд. Дар дунё 83 дарсади ангури истеҳсолшуда дар саноати шаробпазӣ масраф мегардад. 12 дарсад  барои истеъмол дар намуди тару тоза ва 5 дарсадро барои истеҳсоли кишмиш истифода мебаранд.
Барои шароб истифода бурдани 83 дарсади ҳосили ангур бесабаб нест. Шароби ангурӣ беҳтарин ғизо, даво барои саломатӣ ва сарчашмаи даромаду тиҷорат мебошад.
Бунёди токзорҳо дар ҷаҳон ва раванди ҷойгир кардани онҳо бо ҳасби иқлими минтақаҳо дар заминҳои камғизою офтобрӯй ва бештар аз навъҳои шаробӣ анъана шуда аст. Барои рӯёндани  ашёи хоми хушсифати саноатӣ токзорҳоро бештар дар ҷойҳои иқлимашон гарму заминҳои партов – санглоху шағалзор ҷойгир кардаанд.
Дар  заминҳо  вобаста ба ҷамъи ҳарорати фоиданоки солонаи маҳал  навъҳои  гуногуни токро барои истеҳсоли ин ё он намуди шароб   ҷойгир мекунанд. Дар ҳолати мавҷудияти 13720 гармии фоиданоки солона, токзорҳо барои истеҳсоли шаробҳои табиии бе спирт бунёд карда мешаванд.
Дар ҳолати мавҷудияти ҷамъи гармии фоиданоки солона аз 13720 то 16490 аз токзорҳои водиҳо ва доманкӯҳҳо шаробҳои беҳтарини сабуки хушбӯй истеҳсол мегардад.
Дар ҳолати аз 1926  то 20040 будани ҳарорати гармии солона,  токзорҳо барои истеҳсоли шаробҳои ширини ҳақиқӣ бунёд карда мешаванд. Ангурҳои туршиашон баландро барои истеҳсоли шаробҳои сафед ва сурхи ошхонаӣ истифода мебаранд.
Ба токпарварӣ бисёр давлатҳои дунё машғуланд, аммо 4 давлат - Италия, Фаронса, Испания ва Туркия 54,2 дарсади токзорҳои ҷаҳонро дарбар гирифта, аз се ду ҳиссаи ҷамъи ангури умумиро истеҳсол мекунанд. Аз ҷумла, ба  Испания - 16,3 %, Италия - 15,4 % , Фаронса - 13,7 %, Туркия - 8,8 %, ҷумҳуриҳои собиқ СССР - 8,0%, Португалия - 3,5%, Алҷазоир - 3,1%, ва ба Аргентина - 3,0% - и  токзорҳои ҷаҳон рост меояд.
Фаронса. Майдони токзораш 1173 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла 50 дарсади токзор дар департаментҳои назди баҳри Миёназамин ҷойгир буда,  45-46 дарсади шароби мамлакатро истеҳсол мекунанд. Дар мамлакат 20,6 дарсад шаробҳои сафед ва 79,4 дарсад шаробҳои сурху гулобӣ истеҳсол мешаванд. Токзорҳои Фаронса нисбатан парешон ҷой гирифтаанд.
Хоҷагиҳои азими токпарварӣ Лангедок  ва Русалони дар ноҳияи Камарга  дар ҷануби Фаронса воқеъ буда, то 100 - гектарӣ токзор доранд. Хоҷагиҳои хурд дар департаментҳои Бургундия ва Элзас ҷойгиранд, ки онҳо аз 0,2 то 3,0 гектар токзор бунёд кардаанд. Ҳосилнокӣ  дар сатҳи 85-90 гекталитр шароб дар як гектар нигоҳ дошта мешавад.
Шоҳигарии Испания. Майдони токзораш 1680 ҳазор гектар буда, аксаран дар заминҳои санглох ва регзори камҳосил ҷой гирифтаанд. Санглохҳо дар якҷоягӣ бо иқлими хушк ба баландшавии қанднокии ангур мусоидат мекунанд. Ба гармии иқлими заминҳои санглох нигоҳ накарда, навъҳои шаробии ангурҳо бе обёрӣ парвариш карда мешаванд.
Барои нигоҳ доштани тамғаи шаробҳои овозадори ҷаҳонӣ дар  Испания, аз рӯйи қонуни амалкунанда  ҳосилнокиро аз ҳар гектар аз навъҳои хӯрданбоб то 40-60 - сентнерӣ ва  аз навъҳои техникӣ то 25-30 - сентнерӣ кам мекунанд, яъне хӯшаҳои ғӯрадори зиёдатии бехҳои токзорҳоро бурида мепартоянд.
Токпарварӣ дар музофотҳои марказ ва шимолу шарқии ин мамлакат, дар водиҳои дарёҳои Эбро ва Дуэро, дар минтақаи Левонте, Мурсия, Валенсия ва дигарҳо васеъ паҳн гардидааст. Майдонҳои на чандон калон барои навъҳои шаробӣ дар вилоятҳои Экстремадура, Андалузия ва дар шимоли мамлакат дар музофотҳои  Херес, Риоха 44 ҳазор гектарро ташкил медиҳанд.
Дар минтақаҳои токзорҳои саноатии музофоти Тарагона аз се як ҳиссаи ангурҳои мамлакат ва аз се як ҳиссаи шаробҳои шампонӣ истеҳсол карда мешаванд.
Дар Испания анъанаи мутамарказ, махсус ва саноатӣ кардани соҳа дар миқёси ноҳияҳо ва микроноҳияҳо барои ташкили захираи ашёи хоми шаробҳои баландсифат дида мешавад.
Италия. Майдони токзорҳояш 1450 ҳазор гектарро ташкил дода, аз қитъаҳои тоза ва омехта иборатанд. Қариб аксарияти токзорҳо (93,7 дарсад) мутамарказ, махсус ва саноатӣ буда, дар маҳалҳои Акулия, Ситсилия, Пемонте, Калабрия ҷойгиранд. 10 дарсади токзорҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ,  55 дарсад  дар теппаҳо ва 35 дарсад дар ҳамвориҳо бунёд карда шудаанд.
Дар Италия то кунун истифодаи сохторҳои гуногуни токдорӣ фаъол аст. Масалан, 43 дарсади токзорҳо  дар шакли коса, 38 дарсад  дар хавозаҳои пешайвондор, 11 дарсад уфуқӣ, 3 дарсад дар шакли пергола ва 3,4 дарсад дар дигар шаклҳо парвариш меёбанд.
Солҳои охир дар маъракаи ҷамъоварии ангур комбайнҳои системаи «Дуплекс» (дуқабата), ки тавассути он бехҳои ток шакл дода мешаванд, ҷорӣ шуда истодааст. Дар мамлакат раванди амиқи анъанаи бештари майдонҳои токзорҳои мутамарказ, махсус ва саноатӣ дида мешавад.
Дар истеҳсолот бунёди токзорҳо бо усули интенсивӣ бештар дида мешавад.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико. Токзорҳояш дар ҳудуди 300 ҳазор гектар доман паҳн кардааст. Дар боби истеҳсоли маҳсулот ИМА дар ҷаҳон ҷойи 5-умро ишғол мекунад. Бештар  аз 80 дарсади токзор  дар иёлоти Калифорния ҷойгир аст.
Дар 10 соли охир майдони навъҳои техникии (шаробии) ангур 3 баробар афзудааст, ки  50,7 дарсадро ташкил медиҳад. Токзорҳои кишмишу мавиздиҳанда 38,8 дарсад ва   ангурҳои хӯрданбоб дар иёлоти Аризона 10,2 дарсад аст.
Австралия. Шароити замину иқлими ин мамлакат парвариши ангурҳои қандаш зиёду туршиаш камро таъмин мекунад, ки барои истеҳсоли шаробҳои баландсифат бештар мувофиқанд. Токпарварӣ асосан дар иёлоти Австралияи ҷанубӣ, ки 60 дарсади истеҳсоли ангурро дар бар мегирад, ҷорӣ гардидааст. Токпарварӣ дар  иёлотҳои Уэлси нави ҷанубӣ, Винтария, Австралияи ғарбӣ, Квисленд ва дар ҳаҷми начандон зиёд дар ҷазираи Тасмания   мавҷуд аст.
Ҳосилнокии миёнаи токзорҳо дар минтақаи обӣ нисбат ба заминҳои лалмӣ 4-5 баробар зиёд аст.
Дар Австралия ба истеҳсоли шароб зиёда аз 300 фирма машғул аст.  Ба 7 корхонаи калон 80 дарсади  истеҳсоли умумии шаробҳои мамлакат рост меояд. Дар Булғористон, Маҷористон, Чехия ва Словакия  махсусгардонии майдони навъҳои ангур ба вижагии биологии онҳо ва минтақаҳои табиию иқтисодӣ вобастааст. Ин имконият медиҳанд, ки ҳар сол ҳосилнокии ангурро аз як гектар токзор то 100-130 сентнер нигоҳ дошта, сифати ангурро баланд  бардоранд.
Молдова. Дар соҳаи токпарварӣ яке аз ҷумҳуриҳои пешқадами  комплекси агросаноатии шӯравӣ маҳсуб мешуд. Дар 10 соли охири замони шӯравӣ дар Молдова миқдори совхоз-заводҳо ба 120-то расонда шуд. Истеҳсоли ангур дар совхоз-заводҳо нисбат ба хоҷагиҳои сохторҳои дигари кишоварзӣ ду барбар зиёд буда,  соли 1980 ба 527 ҳазор тонна расид, ки 52 дарсади  ҷамъоварии умумии ангури мамлакатро ташкил медод.
Дар иттиҳодияи агросаноатии Контемировский бо ҷорӣ кардани технологияи нав ҳосилнокии миёнаи токзорҳо ба 76,5-сентнерӣ расонда шуд.
Украина. Истеҳсоли ангур дар сохтори агросаноатии ин ҷумҳурӣ ҷойи муҳимро ишғол мекард.  Ҳанӯз дар солҳои 80-ум  токзорҳои Украина 25 дарсади майдони умумии СССР-ро ташкил дода, дар он 23 дарсади  ҳосили умумӣ ҷамъоварӣ  мешуд.
Токзорҳои лалмии Украина хеле кам, асосан дар биёбонҳои вилоятҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Карпат ҷойгир буданд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Қрим, ки барои токпарварӣ обу ҳавои мусоид дорад, хоҷагиҳои махсус ташкил карда буданд. Дар мавзеъҳои токзораш хокпӯшнашаванда 1200-1600 ва дар минтақаҳои токзораш дар зимистон хокпӯшшаванда 1000-1200 хоҷагиҳои махсус таъсис ёфта буданд.  Дар ин кишвар дар як вақт консентратсияи сохтмони корхонаҳои якуминдараҷа ва дуюмдараҷа ба ҷо оварда шуд. 
Агар корхонаҳои дараҷаи якум барои коркарди ангур дар ҳамаи хоҷагиҳои токпарварӣ машғул бошанд, корхонаҳои дараҷаи дуюм барои нигоҳдории шароб ва шишарезии он сохта шуда буданд, ки ба 8-10 совхоз – завод яктоӣ рост меояд.
Интегратсияи агросаноатӣ дар токпарварӣ ба намуди совхоз-заводҳо ва заводҳои нигоҳдориву  шишарезии шаробҳо дар комбинатҳо роҳи асосии тараққиёти ин соҳа ба шумор мераванд. Масалан, дар вилояти Қрим ба ин гуна сохтор иттиҳодияи агросаноатии Масандра пешсаф аст, ки дар 9 совхоз - завод 5,8 ҳазор гектар боғ, асосан токзорҳо бунёд карда шудааст.
Осиёи Марказӣ. Ин минтақа барои боғу токпарварӣ иқлими беҳтарин дошта, имкони истеҳсоли номгӯи ҳамаи маҳсулоти ин соҳаро дорост.  Дар Осиёи Марказӣ интегратсияи агросаноатӣ дар доираи совхоз – заводҳо ва заводу комбинатҳои коркарду шишарезӣ амал мекард ва ҳоло ҳам фаъоланд.
Тоҷикистон ҳар сол 17-20 ҳазор тонна мавизу кишмиш истеҳсол мекард. Дар шаҳри Ӯротеппа (Истаравшани имрӯза) корхонаи аз унсурҳои бегона тоза кардан, шустан  ва ба навъҳо ҷудо намудани мавизу кишмиш кор мекард.
Дар Тоҷикистон то солҳои 1990-ум 16 совхоз-завод ба парвариш ва коркарди саноатии ангур машғул буд. Дар ҳар ду - се завод як завод ё комбинати шаробнигоҳдорӣ ва шишарезии он амал мекард.
Мутаассифона, воқеаҳои маълуми охири солҳои навадум ва баста шудани тиҷорати шаробҳои ангурӣ бо роҳи оҳан, ба хоҷагиҳои токпарвари марказ ва ҷануби Тоҷикистон зарари калон овард. Бар замми ин сохтори давлатӣ дигар шуд. Ба ҷойи совхозҳо ва моликияти давлатӣ хоҷагиҳои марбути моликияти хусусӣ ба миён омаданд. Хоҷагиҳои боғу токпарварӣ аз маблағгузории давлатӣ, ки барои 5 сол дода мешуд,  маҳрум шуданд.
Аз бесоҳибӣ  токзорҳо ба харобазор табдил гашта, корхонаҳо ғорат шуданд. 
Тавре  таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ нишон медиҳад, сохтори соҳаҳои токпарварӣ ва шаробпазӣ бояд мутамарказ, махсус ва саноатӣ бошад, ки намунаи беҳи он хоҷагиҳои боғу  токпарварии вилояти Суғд  мебошанд. Дар ин ҷо қаблан ҳам бо ҳамин усул кор мекарданд. Ҳоло ба ҷои совхоз-заводҳо хоҷагиҳои коллективӣ ва ба ҷойи бригадаҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият доранд.
Ба зиммаи хоҷагиҳои коллективӣ бунёди гаражҳо, бо звенои махсуси ҳимояи токзорҳо аз касалиҳову ҳашароти зараррасон, анборҳо, устохонаҳо  барои тайёр кардани қуттиҳо,  сохтмони бошишгоҳҳои саҳроӣ, таъмиру омода кардани шабакаҳои обёрӣ, ғизодиҳӣ, коркарди байни қатори токзорҳо ва амсоли инҳо гузошта мешавад.
Хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳар яке дар қитъаи токзори худ корҳои дастӣ, аз ҷумла нарм кардани замини бехи ток, токбурӣ, токбандӣ,  хомтоксозӣ ва ба ҷамъовариву супурдани ҳосил хоҷагии коллективӣ   машғуланд.
Хоҷагиҳои деҳқонӣ музди меҳнатро аз хоҷагии коллективӣ аввал  ба намуди қарз ва минбаъд вобаста ба миқдори сифати ҳосили супоридаашон бо тарҳи харҷҳо ҳисобӣ карда мегиранд.
Хоҷагиҳои калони аз ҷиҳати молиявӣ пурқувват, монанди «Ҳоҷӣ Камол» ва «Ҳоҷӣ Неъмат»,  аз деҳаи Янгибоғи ноҳияи Турсунзода, «Баракат» аз ноҳияи Ҳисор, «Фахробод» аз  ноҳияи Хуросон, «Раҳмонҷон» аз  ноҳияи Данғара ва ғайраҳо ташкили меҳнатро мувофиқи хоҳиши худашон метавонанд ба роҳ монанд. 
Бояд гуфт, ки хоҷагиҳои коллективӣ ва  деҳқонӣ (фермерӣ)-и токпарварӣ бе фаъолияти корхонаҳои коркарди ангур маъно надоранд. Чунки истеҳсоли шаробҳои овозадори дессертии Тоҷикистон, аз ҷумла  «Тоҷикистон», «Ҷавс», «Тойфӣ», «Ҳисор», «Роҳат», «Вахш», «Ширинӣ», «Ғончӣ», инчунин  ошхонагии «Орзу» ва «Исфисор»-ро истеҳсол мекард. Корхонаҳои  шаробпазӣ дар чор - панҷ соли фаъолият  хароҷотро бароварда, минбаъд бо даромад кор мекарданд.
Вазифаи   асосии хоҷагиҳои токпарвар интихоби навъ ва ниҳолҳои озод аз касалиҳои вирусиву микоплазмагии дарунии токҳо мебошад, ки онро  талаботи стандартҳои давлатӣ тақозо менамояд. Дар ҳошияи стандартҳои давлатӣ омадааст: «Риоя накардани стандартҳои давлатӣ дар назди қонун ҷавобгарӣ дорад».
Мутаассифона, дар хоҷагиҳои ниҳолпарварии имрӯза талаботи стандартҳои давлатӣ на фақат риоя намешавад, балки онро ба эътибор ҳам намегиранд. Ниҳолҳои токе, ки  ба бозору ярмаркаҳо бароварда мешаванд, на шаҳодатнома доранду на касе барои эмин аз касалиҳо будани онҳоро кафолат медиҳад, ки ин  дар соҳаи боғу токпарварӣ баробари теша ба реша задан аст.
Усулҳои  истеҳсолоти меваю ангур дар ҷаҳон дар як даст нигоҳ доштани  ниҳолпарварӣ, бунёди боғу токзорҳои саноатӣ, коркарди саноатии меваю ангур ва фурӯши маҳсулоти тару тозаро талаб менамояд. Аммо ин талаботҳо аз мадди назар дур мондаанд. Бе интегратсияи кишоварзию саноатӣ рушд додани соҳа ғайриимкон аст. Бе ҷорӣ кардани интегратсияи агросаноатӣ ноил шудан ба сатҳи баланди механизатсияи истеҳсолот ва дар ин асос баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат номумкин мегардад.
Бо боғу токзорҳои парокандаи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и имрӯза самаранок истифода бурдани замини ҷумҳурии камзаминамон амрест маҳол!

Қаюм РАҶАБОВ,
ходими калони илмии
Институти боғпарварию
сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2014    №: 9    Мутолиа карданд: 1223

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед