logo

суханрониҳо

ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ КИШВАР БАҲРИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТАИ МАРДУМАНД

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2013 ва вазифаҳо барои соли 2014, шаҳри Душанбе, 15 январи соли 2014
Муҳтарам аъзои Ҳукумат!
Ҳозирини гиромӣ!
Соли 2013 дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ҳамчун соли вусъати амалҳои созанда, сулҳу суботи комил ва таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон, аз ҷумла ваҳдати миллӣ гардида, дар ин сол барои идомаи раванди рушди босуботи мамлакат заминаҳои устувор гузошта шуданд.
Ба шарофати заҳмати содиқонаву софдилонаи мардуми кишвар дар соли сипаришуда, бо вуҷуди вазъи ногувори иқтисоди ҷаҳонӣ, пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ, бунёди иншооти хурду бузург таъмин гардид ва ҳамаи ин омилҳо ба беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат намуданд.
Дар соли 2013 даромадҳои пулии аҳолӣ 18 фоиз ва музди моҳонаи як корманд 21,5 фоиз афзуда, сатҳи камбизоатӣ аз 38,2 фоизи соли 2012 то 35,6 фоиз коҳиш ёфт. Ҳамзамон бо ин, дар кишварамон воситаву имкониятҳои дохилии боз ҳам суръат бахшидани рушди иқтисоди миллӣ ва дар ин замина тадриҷан беҳтар гардонидани шароити зиндагии аҳолӣ хеле зиёданд.
Бо ин мақсад танҳо дар 10 соли охир дар мамлакат як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла 163 барномаи тараққиёти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ қабул карда шуда, мавриди татбиқ қарор доранд. Аммо вазъи кунунии рушд аз тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ҳамоҳангсозиву иҷрои саривақтӣ ва татбиқи сифатноки онҳоро тақозо дорад.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки бо мақсади таҳкими пешравиҳои то имрӯз ноилгардидаамон ва тақвият бахшидан ба раванди тараққиёти устувори иқтисодиёти кишвар, пеш аз ҳама, ба масъалаи иҷрои барномаҳои қабулшудаи рушди миллӣ ва ҳалли масъалаҳои дар онҳо муқарраргардида таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, татбиқи саривақтӣ ва босифати санадҳои барномавӣ таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.
Инчунин Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати татбиқи минбаъдаи ҳадафҳои стратегии кишвар, такмили низоми идораи давлатӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, диверсификатсияи истеҳсолот ва таҳкими имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вусъати бозори меҳнат ва тақвияти неруи инсонӣ тадбирҳои амалӣ андешад.
Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва иҷрои ҳадафҳои Ҳукумати кишвар минбаъд таҳияи барномаҳои давлатию соҳавӣ ва консепсияву стратегияҳо бо назардошти истифодаи васеи захираву имкониятҳо ва иқтидорҳои мавҷуда, бахусус имкониятҳои молиявӣ ва ҷалби сармоя воқеъбинона ба роҳ монда шавад. Илова бар ин, ҷиҳати бо барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ фаро гирифтани вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат ба масъалаи фароҳам овардани шароити муосир ва мусоиди кору зиндагӣ дар ноҳияҳо, яъне рушди деҳот афзалияти аввалиндараҷа медиҳад. Татбиқи аксари лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, кишоварзиву обтаъминкунӣ ва маорифу тандурустӣ ба деҳоти мамлакат рост меояд. Бо ин мақсад то ба имрӯз 47,8 миллиард сомонӣ ё қариб 10 миллиард доллар равона гардидааст, ки 82 фоизи он маблағҳои буҷети давлат мебошад. Ҳамзамон бо ин, барои рушди деҳот, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳо, обтаъминкуниву сохтмони муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар иншооти муҳим дар 3 соли оянда ҷудо кардани беш аз 18 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад.
Соли 2013 дар натиҷаи амалисозии барномаҳои рушди иқтисодӣ ва чорабиниҳои пешбинишуда нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ тадриҷан афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 40,5 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2012-ум 7,4 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин муддат сатҳи таваррум паст гардида, ба 3,7 фоиз баробар шуд, ки дар натиҷа устувории қурби асъори миллӣ таъмин гардида, нархҳо дар бозори истеъмолӣ дар ҳолати муътадил қарор доштанд. Ҳамзамон бо ин, нақшаи пешбинишудаи буҷети давлатӣ дар соли 2013 пурра таъмин шуда, ин омил ба пурраву сари вақт маблағгузорӣ шудани бахши иҷтимоӣ, аз ҷумла пардохти саривақтии маошу нафақа мусоидат намуд.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки имкониятҳои истифоданашуда ҳанӯз зиёд буда, тарҳрезии мақсадноки барномаҳои давлатӣ ва дар муҳлатҳои муайяншуда амалӣ гардонидани онҳо ба суръати рушди иқтисодиёти мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти татбиқи пурра ва сифатноки нақшаву вазифаҳои гузошташуда имкониятҳои мавҷуда ва захираҳои молиявиро сафарбар накардаанд, ки чунин ҳолат сабаби асосии дар сатҳи зарурӣ иҷро нашудани қарори Ҳукумати мамлакат аз 19 январи соли 2013 гардид.
Масалан, нақшаи пешбинигардидаи 4 намуди андоз иҷро нашудааст, ки дар натиҷа ба буҷети мамлакат қариб 170 миллион сомонӣ ворид нашудааст ва нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ҳамагӣ 92 фоиз иҷро гардидааст. Ҳамзамон бо ин, ҳаҷми бақияпулиҳои андоз 192 миллион сомонӣ зиёд гардида, ба 833 миллион сомонӣ баробар шудааст.
Аз ин лиҳоз, ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки якҷо бо Кумитаи андоз ва дигар сохтору мақомот ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар иҷрои буҷети соли 2013 ҷойдошта чораҷӯӣ карда, барои таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ дар соли 2014, аз ҷумла иҷрои нақшаи андоз ва дигар пардохтҳо тадбирҳои муассир андешанд.
Тибқи маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар соли 2013 дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бонкҳои давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва корхонаву муассисаҳои давлатӣ ба маблағи беш аз 241 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шудааст.
Бинобар ин, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вазифадоранд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таъмини сифатноки иҷрои буҷет, пардохти пурраи бақияпулиҳои андоз ва роҳ надодан ба ташаккули бақияпулиҳои нав, инчунин дар самти таъмини шаффофият ва самаранокии хароҷоти маблағҳои буҷет ва истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда, дарёфти дигар сарчашмаҳои ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ ва пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ чораҷӯӣ намоянд.
Дар иртибот ба ин, Кумитаи андозро зарур аст, ки механизмҳои муосири бақайдгирии манбаъҳои андозбандиро ҷорӣ намуда, барои дарёфти сарчашмаҳои иловагии андоз тадбирҳои зарурӣ андешад ва якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор самаранокии андози ягона ва масъалаи ба мақсад мувофиқ будани андозбандии хоҷагиҳои деҳқониро ҳамаҷониба омӯхта, ба Ҳукумати мамлакат хулосаи мувофиқашудаи худро манзур созад.
Илова бар ин, бо мақсади пурра ба ҳисоб гирифтани амалиёти молиявӣ ва фаъолияти иқтисодӣ ва дар ин замина зиёд намудани даромадҳои андоз ба буҷет ба Вазорати молия ва Кумитаи андоз супориш дода мешавад, ки механизми мукаммали ҳисобдории субъектҳои хоҷагидориро таҳия карда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Дар ин раванд ба Агентии омор супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолияти худро дар самти ба роҳ мондани коркарди электронии иттилооти оморӣ ва стандартҳои махсуси паҳнкунии маълумоти оморӣ вусъат бахшида, барои ба роҳ мондани баҳисобгирии дақиқи оморӣ чораҳои мушаххас андешад.
Ба Хадамоти гумрук зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати дар амал татбиқ намудани низоми «Равзанаи ягона» ва ба роҳ мондани назорати муштарак дар гузаргоҳҳои сарҳадии мошингузар аз рӯи низоми “Истгоҳи ягона” чораҳои зарурӣ андешад ва якҷо бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт ва корҳои хориҷӣ масъалаҳои вобаста ба содда гардонидани тартиби транзити минтақавии молу маҳсулот, воситаҳои нақлиёти ба мамлакат воридшаванда ва бартараф намудани мушкилоти дар ин самт ҷойдоштаро ҳаллу фасл намояд.
Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки бо мақсади дастгирии соҳибкорон ва мусоидат ба рушди истеҳсолот андешидани тадбирҳо ҷиҳати такмили механизми муайян намудани арзиши гумрукии молҳои воридотӣ идома дода шавад.
Соли 2014 афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоиз ва сатҳи таваррум 7,1 фоиз пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2014 ба маблағи 13,9 миллиард сомонӣ ва дар солҳои 2015-2016 мутаносибан 15,3 ва 16,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар буҷети соли 2014 низ ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзалият дода шуда, маблағҳои ҷудогардида асосан барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳифзи иҷтимоӣ, беҳдошти тандурустии аҳолӣ, рушди илму маориф ва таъмини амнияти энергетикиву озуқаворӣ равона карда мешаванд.
Аз ин лиҳоз, Вазорати молияро зарур аст, ки маблағгузории саривақтии соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, дар навбати аввал, пардохти музди меҳнат, нафақа, стипендия ва дигар уҳдадориҳои иҷтимоии давлатиро таъмин намуда, барои амалӣ гардидани барномаҳои давлатии соҳаҳои зикршуда маблағҳои заруриро сафарбар намояд.
Ҳамзамон бо ин, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Прокуратураи генералиро зарур аст, ки ҷалби қарзҳои берунаро барои афзалиятҳои аввалиндараҷа зери назорати қатъӣ қарор дода, якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор доир ба хароҷоти мақсадноки маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ пешбинишуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Илова бар ин, Бонки миллӣ якҷо бо Вазорати молия ҷиҳати рушди фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок ва ташкили бозори фурӯши такрории онҳо, инчунин таъмини бехатарии низоми пардохтҳо ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии бонкӣ чораҷӯӣ намояд.
Дар баробари ин, зарур аст, ки ҷиҳати мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёти миллӣ паст кардани фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда, таъмини иқтисодиёт бо пул, дастрасии муштариён ба қарзҳои хурд ва такмил додани фаъолияти бозори байнибонкии қарзӣ чораҷӯӣ карда шавад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки фаъолияти худро ҷиҳати такмили қонунгузории мамлакат дар самти беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ вусъат бахшида, барои таъмини истифодаи мақсадноки маблағҳо ва татбиқи саривақтии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ мунтазам чораҷӯӣ намояд.
Инчунин якҷо бо вазорату идораҳо ҷиҳати дарёфт ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ, бахусус барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки давлатӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика ва инфрасохтори минтақавӣ чораҳои таъхирнопазир андешад. Зеро соли 2013 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок Барномаи давлатии сармоягузориҳо, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои се соли навбатӣ тасдиқ гардид, ки дар доираи он сармоягузории 120 лоиҳа ба маблағи беш аз 75 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Қисми зиёди он ба рушди бахши воқеӣ нигаронида шуда, сарчашмаи маблағгузории қариб 8,6 миллиард сомонии он муайян шудааст, ки асосан дар доираи лоиҳаҳои афзалиятноки бахши энергетика ва нақлиёт, кишоварзию обтаъминкунӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ амалӣ мегарданд.
Ҳамзамон бо ин, вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фаъолияти инноватсионии сохторҳои худ, ташкилоту муассисаҳои таълимиву илмӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ лоиҳаи “Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020”-ро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумат пешниҳод созанд.
Муҳтарам аъзои Ҳукумат!
Ҳозирини гиромӣ!
Соли 2013 дар корхонаҳои саноатии кишвар ба маблағи умумии 9,9 миллиард сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2012-ум 3,9 фоиз зиёд мебошад. Дар баробари ин, ҳаҷми истеҳсоли баъзе намудҳои маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла дар 6 соҳаи саноати коркард ҳаҷми истеҳсолот коҳиш ёфта, нишондиҳандаҳои содироти молу маҳсулот кам гардидаанд.
Инчунин вазъи ноустувори иқтисодиёти ҷаҳонӣ, аз ҷумла болоравии нархи ашёи хом ва паст рафтани нархи алюминий ба рушди саноати кишварамон низ таъсир расонд. Масалан, соли 2013 нисбат ба соли 2012 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар “Ширкати алюминийи Тоҷик”, “Тоҷиксемент” ва корхонаҳои пахтатозакунӣ ба маблағи умумии 315 миллион сомонӣ кам шудааст. Чунин ҳолат дар навбати худ барои татбиқи нақшаву барномаҳои соҳавӣ таъсири манфӣ расонид.
Бинобар ин, Вазорати навтаъсиси саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки тавассути боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ бо соҳибкорон воридоти таҷҳизот ва технологияҳои навтарин, ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корию зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти ватаниро ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, барои амалӣ намудани ҳадафҳои зикршуда тадбирҳои зарурӣ андешад.
Ҳамчунин вазорат вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади талаф наёфтани маҳсулоти кишоварзӣ ва беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, хӯрокворӣ, саноати сабук, махсусан рушди саноати истихроҷи маъдан ва истеҳсоли молҳои бачагона ва умуман иҷрои барномаҳои қабулшуда ва таъмини рушди соҳаи саноат чораҳои зарурӣ андешида, инчунин «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2020»-ро таҳия ва ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намояд. Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки ҷиҳати мутобиқсозии иқтисоди миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани қобилияти рақобати молҳои истеҳсоли ватанӣ мунтазам чораҷӯӣ карда шавад.
Бояд таъкид кард, ки иҷрои нишондиҳандаҳои барномаи рушди содироти мамлакат, аз ҷумла алюминийи аввалия, маҳсулоти коркардшудаи алюминий, сангҳои қиматбаҳову ороишӣ ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда, саноати маъдан, инчунин истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук ва саноати хӯрокворӣ моро қонеъ карда наметавонад. Зеро соли 2013 ҳаҷми истеҳсоли пахта ва истеҳсоли алюминийи аввалия нисбат ба соли 2012 мутаносибан 6,4 фоиз ва 20,6 фоиз кам гардид. Дар баробари ин, ҳаҷми содироти нахи пахта ва алюминий 20,4 ва 24,6 фоизӣ коҳиш ёфт. Аз ин рӯ, зарур аст, ки бо мақсади беҳтар кардани тавозуни гардиши савдои хориҷӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи истеҳсолкунандагони ватанӣ, таъмини рушди босуръати ташкилоту корхонаҳои содиркунандаи молу маҳсулот ва диверсификатсияи содирот чораҳои муассир андешида шаванд.
Дар ин самт вусъат бахшидани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва табдил додани онҳо ба неруи пешбарандаи иқтисоди миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. Бинобар ин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо зарур аст, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор доир ба ҳалли масъалаҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дар навбати аввал ҷалби сармояву дастгирии соҳибкорӣ чораҳои иловагиро амалӣ намояд.
Ҷиҳати ҳарчи беҳтар таъмин намудани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба неруи барқ дар соли 2013 тибқи нақша 8 неругоҳи хурди барқи обӣ бунёд карда шуд ва имрӯз дар маҷмӯъ шумораи онҳо ба 310 расидааст. Вале бояд гуфт, ки тибқи маълумот 108 неругоҳи зикршуда мавсимӣ мебошад ё умуман фаъолият намекунад.
Дар баробари ин, соли гузашта талафоти неруи барқ 2,5 миллиард киловатт - соатро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли 2012-ум 92 миллион киловатт - соат зиёд мебошад. Аз ин лиҳоз, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Ширкати “Барқи Тоҷик” - ро зарур аст, ки камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро ҳарчи зудтар бартараф намуда, ҷиҳати таъмини талаботи иқтисоди миллӣ ва сокинони кишвар бо неруи барқ тадбирҳои иловагиро амалӣ намоянд. Инчунин Нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори Ширкати «Барқи Тоҷик» барои солҳои 2011-2018 ҳарчи зудтар амалӣ карда шавад.
Ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Саридораи геология зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо мониторинги доимии вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ ва минтақавии канданиҳои фоиданокро васеъ ба роҳ монда, ҷиҳати иктишофу истихроҷ ва коркарди ниҳоии онҳо ба Ҳукумати Тоҷикистон хулосаҳои мувофиқашуда пешниҳод созанд.
Дар самти рушди соҳаи нақлиёти мамлакат ба Вазорати нақлиёт зарур аст, ки барои беҳтар ба роҳ мондани ҳамлу нақли байналмилалӣ чораҳои саривақтӣ андешида, ҷиҳати суръат бахшидани бунёди терминалҳои наздисарҳадӣ ва дигар иншооти ёрирасони нақлиётӣ чораҷӯӣ намояд.
Ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки дар мавриди таҳияи лоиҳаҳои замонавии сохтмони иншоот ба истифодаи васеи санъати меъмории миллӣ, масолеҳи баландсифати сохтмон, технологияҳои каммасрафи барқӣ ва энергияи офтобӣ диққати махсус зоҳир намуда, ҳангоми сохтмони иншооту биноҳо ва шаҳракҳо дар баробари таъминоти барқу об ва дигар талаботи муҳандисиву иҷтимоӣ ба масъалаҳои сохтмони муассисаҳои томактабиву мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ ва монанди инҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Ҳамчунин доир ба пешгирӣ кардани сохтмони иншоот бидуни ташхис, қонунвайронкуниву изофанависӣ ва бо сифати баланд анҷом додани сохтмони иншооту биноҳо чораҳои иловагӣ андешад.
Ба Ҳукумат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки тибқи муқаррароти қонунгузории зиддиинҳисорӣ масъалаҳои фаъолияти самараноки монополияҳои табиӣ, пешгириву маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ, инчунин рақобати ғайрисолими субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла соҳибкорони инфиродиро дар бобати риояи тартиби муқарраргардидаи нархгузорӣ таҳти назорати доимӣ қарор диҳад.
Ҳозирини муҳтарам!
Ҳарчанд ки дар соли 2013 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба соли 2012-ум 7,6 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми он ба 16,7 миллиард сомонӣ расонида шудааст, вале имкониятҳои воқеии соҳа ҷиҳати боз ҳам афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди ниҳоии маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ ва рушди иқтидори содиротии мамлакат ҳанӯз ҳам пурра истифода нашудаанд.
Дар соли 2013 нисбат ба соли 2012 ба мамлакат воридоти тухм 1,3 миллион дона, гӯшт 1,6 ҳазор тонна, равғани растанӣ 3,9 ҳазор тонна, шир 237 тонна ва картошка 9,5 ҳазор тонна зиёд гардидааст.
Тибқи маълумот 60 фоизи заминҳои корами мамлакат ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, 17 фоиз ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва 23 фоиз ба хоҷагиҳои аҳолӣ тааллуқ доранд. Вале аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии истеҳсолшуда 32 фоиз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, 7 фоиз ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва 61 фоиз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост омада, ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва маҳсулнокии чорво дар хоҷагиҳои аҳолӣ нисбат ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ ба маротиб зиёд мебошад.
Бо вуҷуди он ки то имрӯз ҷиҳати васеъ намудани майдони боғу токзор, рушди тухмипарварӣ ва пахтакориву картошкапарварӣ корҳои зиёде амалӣ шудаанд, вале масъалаи баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ аҳамияти боз ҳам ҷиддӣ мехоҳад. Бинобар ин, ба Вазорати кишоварзӣ ва шуъбаи назорати Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба татбиқи пурраи барномаҳои қабулгардида чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати бартарафсозии камбудиву норасоиҳои дар бахшҳои гуногуни соҳа ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин ба Вазорати кишоварзӣ зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва вазорату идораҳои дахлдор бо роҳи барқарор кардани фаъолияти яхдонҳо ва сардхонаҳо дар бобати захираву нигоҳдории меваю сабзавот ва дар фасли зимистон ҳарчи беҳтар таъмин кардани аҳолии мамлакат чораҷӯӣ намоянд.
Тибқи маълумот аз соли 2008 то инҷониб аз буҷети давлатӣ ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои соҳаи кишоварзӣ маблағҳои кофӣ ҷудо карда мешаванд. Вале бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам таъминоти кишоварзон бо тухмии хушсифат, чорвои хушзот, техникаи кишоварзӣ ва нуриҳои минералӣ беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд.
Танҳо дар давоми шаш соли охир ҷиҳати беҳтар намудани сифати тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва тавассути хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва институтҳои тобеи Академияи илмҳои кишоварзӣ зиёд намудани тухмиҳои воридгардида аз буҷети мамлакат зиёда аз 31 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Аммо то ҳол талаботи кишоварзон бо тухмии хушсифати зироатҳои кишоварзӣ ба таври кифоя таъмин карда намешавад.
Дар иртибот ба ин, таъкид бояд кард, ки тибқи санҷишҳо дар Вазорати кишоварзӣ ва собиқ Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об (ҳоло Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ) камбудиҳои ҷиддии молиявӣ, аз ҷумла ғайримақсаднок истифода гардидани маблағҳои буҷетӣ ва тасарруфи онҳо ошкор карда шудаанд.
Дар натиҷаи санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагии сохторҳои зертобеи Вазорати кишоварзӣ ба маблағи ду миллион сомонӣ, аз ҷумла дар Корхонаи “Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон” ба маблағи 208 ҳазор сомонӣ, хоҷагии зотпарварии “Панҷ”-и ноҳияи Панҷ 129 ҳазор сомонӣ, хоҷагии зотпарварии ба номи Шерназарови ноҳияи Хуросон беш аз 80 ҳазор сомонӣ ва хоҷагии зотпарварии “Оличабулоқ”-и ноҳияи Темурмалик ба маблағи 41 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шудааст. Дар фаъолияти собиқ Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об низ зарари молиявӣ ба маблағи қариб 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ муайян карда шудааст.
Ҳамзамон бо ин, муайян карда шуд, ки фонди бозгашти гандум ва картошкаи тухмӣ ба пуррагӣ таъмин нагардида, қарзи хоҷагиҳо аз тухмии картошка дар давраи солҳои 2007-2009 зиёда аз 3600 тонна ё ба маблағи 4 миллиону 335 ҳазор сомонӣ ва қарзи фонди бозгашти гандуми тухмии солҳои 2010 - 2011 як миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил менамояд.
Яке аз роҳҳои самарабахши зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот истифодаи самараноки заминҳои корам мебошад. Дар мамлакат гарчанд ки солҳои охир вазъи истифодабарии замин то андозае беҳтар гардидааст, вале дар фаъолияти баъзе мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бахусус дар бахши заминсозиву меъморӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва шахсони алоҳида қонунвайронкуниҳои вобаста ба замин ҷой доранд.
Вобаста ба ҳолати мазкур соли 2013 ба 452 адад қарори раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо далели нодуруст ҷудо ва вобаста кардани замин эътирози прокурорӣ бароварда шудааст. Ҳамзамон бо ин, нисбат ба ҳолати мазкур 587 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 289 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ барқарор ва зиёда аз 400 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.
Дар маҷмӯъ, вобаста ба қонунвайронкунии замин 1806 санадҳои дахлдори прокурорӣ қабул шуда, 2304 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шудааст, ки назар ба соли 2012-ум 80 нафар зиёд мебошад.
Барои беҳтар намудани ҳолати заминҳои кишоварзӣ ҳамасола аз буҷети давлат ва тавассути барномаву лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд, аммо майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш сол ба сол зиёд шуда истодааст. Ҳол он ки то имрӯз дар ин самт татбиқи 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи беш аз 550 миллион сомонӣ анҷом ёфта, ҳоло се лоиҳаи дигари сармоягузорӣ бо маблағи қариб 510 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Ҳамзамон бо ин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди соҳа се барномаи давлатӣ ба маблағи зиёда аз як миллиард сомонӣ қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.
Дар давоми 10 соли охир барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва сохтмони иншооти муҳофизатии зидди обхезӣ дар ноҳияҳои Восеъ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ қариб 140 миллион сомонӣ ҷудо гардида, айни ҳол “Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015” бо маблағи 276 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Соли 2013 майдони қариб 16 ҳазор гектар заминҳои корам, аз ҷумла 12 ҳазору 700 гектар заминҳои обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монда, ҳолати мелиоративии зиёда аз 56 ҳазор гектар заминҳои обӣ ғайриқаноатбахш арзёбӣ гаштааст. Дар ҳолати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани ин миқдор замин соҳаи кишоварзии мамлакат боз зиёда аз 700 миллион сомонӣ маблағи иловагӣ даромад мегирад.
Аз ин лиҳоз, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёриро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо риояи қатъии муқаррароти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи ҳифз ва самараноку оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ” таъмин намуда, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, ҷалби сармояи хориҷӣ ва истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои ислоҳи вазъи зикршуда чораҷӯӣ намоянд.
Омили дигари пешрафти соҳаи кишоварзӣ таъминот бо техника мебошад. Ба ин мақсад аз соли 2008 то инҷониб барои харидории техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ аз буҷети давлат ба Корхонаи “Тоҷикагролизинг” 27,5 миллион сомонӣ, инчунин аз ҳисоби кумакҳои башардӯстона ба маблағи қариб 11 миллион сомонӣ, дар маҷмӯъ беш аз 800 адад техникаву таҷҳизоти зарурӣ харида шудааст. Илова бар ин, бо сарфи маблағҳои Корхонаи “Тоҷикагролизинг” ба маблағи 45 миллион сомонӣ 1100 адад техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ ворид карда шудааст. Вале сарфи назар аз ин, сатҳи таъминоти кишоварзон бо техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ нокифоя мебошад ва беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд.
Вобаста ба ин, ба Вазорати кишоварзӣ ва Корхонаи “Тоҷикагролизинг” супориш дода мешавад, ки ҷиҳати харидории техникаву мошинолоти кишоварзӣ чораҷуӣ карда, бо мақсади осон гардонидани дастрасии кишоварзон ба техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ шарту низоми лизингро таҷдиди назар намоянд.
Муҳтарам аъзои Ҳукумат
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки таъкид намудам, хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ дар соли равон боз ҳам тақвият пайдо мекунад, яъне рушди иҷтимоиёти кишвар дар сиёсати давлатӣ ҳамчун самти асосиву афзалиятнок боқӣ мемонад.
Дар ин замина, масъалаҳои зина ба зина беҳтар намудани вазъи соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳанг таҳти ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, барои пешрафти онҳо тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Давлат ва Ҳукумати мамлакат то имрӯз доир ба ҳалли масоили соҳаи маориф ҳамчун бахши муҳимтарини иҷтимоӣ ҳамаи имкониятҳоро сафарбар намудааст. Дар ин раванд танҳо дар соли 2013 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои соҳаи маориф 2 миллиарду 131 миллион сомонӣ масраф шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 251 муассисаи нави таълимӣ ба маблағи умумии 335 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Имсол барои беҳдошти соҳаи маориф ва амалисозии ҳадафҳои дар ин самт пешбинишуда наздики 2 миллиарду 517 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 386 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Вале бояд гуфт, ки корҳои то имрӯз анҷомдодашуда дар соҳаи маорифи кишвар ҳанӯз қонеъкунанда нестанд ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, дараҷаи донишомӯзиву маърифатнокӣ, малакаву маҳорати омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯён ба талаботу меъёрҳои муосир ҷавобгӯ набуда, ба андешидани тадбирҳои доимӣ ниёз доранд.
Хусусан ҳолатҳои содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва ҷавонон дар соли сипаришуда тамоюли афзоиш дошта, сатҳи ҷинояткорӣ нисбат ба соли 2012 мутаносибан 13 ва 4 фоиз боло рафтааст. Инчунин содиршавии ҷиноятҳои гурӯҳӣ аз ҷониби мактаббачагону донишҷӯён, ки баъзан боиси марги одамон мегардад, ташвишовар боқӣ мемонад. Дар ин самт ҳамкории мақомоти соҳаи маориф бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба пешгирии чунин ҳуқуқвайронкуниҳо беҳбудиро тақозо дорад.
Ҳамчунин теъдоди вайронкунандагони муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ афзоиш ёфта, соли гузашта нисбат ба 5432 нафар шаҳрвандон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидааст.
Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳои педагогии кишвар, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаву умумӣ, олӣ ва коллеҷҳои омӯзгории кишвар вазифадор карда мешаванд, ки дар робитаи наздик бо падару модарон барои бартараф намудани камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисон тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ тадбирҳои доимиро амалӣ намоянд.
Ҳамчунин бо назардошти ҷорӣ намудани низоми нави қабули довталабон ба мактабҳои олӣ ба омӯзиши асосҳои назариявии ихтисоси омӯзгорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо истифода аз таҷрибаи пешқадами кишварҳои дунё барои гузаштани пурра ба низоми нави таълимӣ тадбирҳои саривақтӣ андешанд. Зеро таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи олам нишон медиҳад, ки гузариш ба низоми ҷаҳонии таҳсилот барои баланд шудани сифати таҳсилот, сатҳи азхудкунии илму дониш, аз байн бурдани амалҳои номатлуб ва ниҳоят дар ҷодаи тарбияи кадрҳои баландихтисоси миллӣ нақши муассир мебозад.
Вобаста ба ҷалби ҳарчи бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳои дахлдор ва хусусан ба роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати бунёд, таъмиру муҷаҳҳазгардонӣ, таъминот бо мутахассисон ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои томактабӣ, васеъ ба роҳ мондани шаклҳои алтернативии хизматрасонии таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла рушди минбаъдаи кӯдакистонҳо, марказҳои хусусии инкишофи кӯдакон ва ҷорӣ намудани шаклҳои нави боғчаҳои бачагонаи оилавӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Илова бар ин, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вазифадор карда мешаванд, ки доир ба мутобиқ сохтани тарзу усули кори муассисаҳои ибтидоии касбӣ ба талаботи бозори меҳнат асноди меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Сарфи назар аз дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи тандурустӣ аз тарафи давлат ва бахши хусусӣ то ҳанӯз масоили марбут ба васеъ ба роҳ мондани усулҳои муосири таҳлилу ташхиси бемориҳо, хусусан дар ноҳияву ҷамоатҳо ва норасоии мутахассисон дар ин самт, таъминот бо оби нӯшидании тоза ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои афзоиш додани истеҳсоли дорувории ватанӣ таваҷҷуҳи амиқи масъулони соҳаро тақозо дорад.
Айни замон барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббиву санитарӣ ба аҳолӣ як қатор барномаҳои миллии пешгириву ташхис ва муолиҷаи бемориҳо амалӣ шуда истодаанд. Вале татбиқи барномаҳои давлатии соҳа дар сатҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст, ки бояд дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Дар робита ба қабул ва баррасии барномаҳои давлатӣ хотирнишон месозам, ки гарчанде солҳои охир теъдоди барномаҳои қабулшуда зиёд шудаанд, вале ҷараёни татбиқ ва мониторинги саривақтии онҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор қонеъкунанда нест.
Вобаста ба ин, Дастгоҳи иҷроияи Президент вазифадор карда мешавад, ки ҷараёни иҷрои барномаҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабулшударо доир ба рушди ҳамаи соҳаҳо дар зарфи панҷ соли охир таҳлил намуда, аз натиҷаи он ба Ҳукумати кишвар маълумоти муфассал пешниҳод созад.
Ҳамчунин ба вазорат зарур аст, ки ҷиҳати тақвият бахшидани низоми иттилоотии идоракунии соҳа, вусъати ҷараёни компютерикунонии муассисаҳои тандурустӣ тадбирҳои амалӣ андешида, бо мақсади татбиқи низоми маблағгузории соҳа ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ чораҳои зарурӣ андешад.
Ҳукумати кишвар “Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015”-ро ба тасвиб расонидааст, ки дар доираи он барои фароҳам овардани шароити мусоиди инкишофи шаҳру ноҳияҳои кишвар дар асоси дастгирӣ ва ҷалби бахши хусусӣ, рушди неруи инсонӣ ва дар ин асос афзоиш додани табақаи миёнаи аҳолӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.
Тибқи “Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ дар давоми соли 2013 бояд дар кишвар 125 ҳазор ҷои корӣ таъсис дода мешуд. Ҳарчанд ки тибқи ҳисоботи пешниҳодшуда дар давоми сол 200 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст, вале аксари онҳо мавсимӣ ва муваққатӣ буда, баръакс баъди чанд муддат сафи бекорон афзуда истодааст. Яъне озмун ва ярмаркаҳои аз ҷониби мақомоти шуғли аҳолӣ баргузоргардида, инчунин пешбурди корҳо доир ба касбомӯзии калонсолон ба талаботи замона ҷавобгӯ нест.
Вобаста ба ин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин бахши хусусӣ вазифадоранд, ки барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани корҷӯён тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамчунин вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳо вазифадоранд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои зикршуда дар самти ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандони кишвар ба омӯзиши касбҳои коргарӣ ва такмил додани малакаи тахассусии онҳо бо истифода аз имкониятҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, инчунин ҷалби захираҳои дохилӣ ва дигар сарчашмаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Мусаллам аст, ки дар шароити имрӯза истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва тавассути он баланд бардоштани сифати хизматрасонии давлатӣ ба шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳими давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Тибқи супориши Ҳукумати кишвар оид ба татбиқи “Консепсияи рушди ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон” вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳар сол аз буҷети давлатӣ барои харидорӣ ва ба роҳ мондани технологияҳои муосири коммуникатсионӣ маблағ ҷудо мекунанд. Вале раванди ташаккулёбии чунин ниҳоди муосири идоракунӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки барои амалӣ гардидани иқдоми мазкур таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Бо истифода аз иштироки раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо як масъаларо таъкид месозам, ки имсол ва соли оянда дар кишвари мо гузаронидани якчанд чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла Форуми Созмони ҳамкории Шанхай, 20 – солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон, 700 – солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 3000 - солагии Ҳисор ба нақша гирифта шудааст.
Вобаста ба ин, ба раисони вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор барои дар сатҳи баланди омодагиву ташкилӣ баргузор намудани ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Дар иртибот ба 3000 - солагии Ҳисор Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини сарвазир - Муродалӣ Алимардон ва раиси ноҳияи Ҳисор бори дигар вазифадор карда мешаванд, ки ба суръатбахшии сохтмони иншооти ҷашнӣ, ободу зебо ва тозаву озода намудани ноҳия эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Раисони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, инчунин ноҳияи Варзобро зарур аст, ки дар хусуси тайёрии иншооти шаҳр ва ноҳияҳо барои баргузории Форуми Созмони ҳамкории Шанхай чораҷӯӣ намоянд.
Вобаста ба ин форум раисони вилояти Суғд ва шаҳрҳои Хуҷанду Қайроққум вазифадоранд, ки омодагиро ба ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай тезонанд.
Раиси шаҳри Ваҳдат сохтмони хонаҳои истиқоматиро барои сокинони аз офати табиӣ зарардида ҳарчи зудтар ба анҷом расонад. Раисони шаҳрҳои Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакиву Шаҳринав низ ба масъалаи ободу зебо гардонидани ноҳияҳо, инчунин таъминоти бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти тару тоза чораҳои иловагӣ андешанд.
Инчунин ба роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва фаъолону соҳибкорон супориш дода мешавад, ки доир ба масъалаи расонидани кумаку дастгирии ҳамаҷониба ба оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва бепарасторон, инчунин таъмиру тармими муассисаҳои иҷтимоӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани онҳо мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Дар баробари ин, масъалаи бо барқ таъмин намудани аҳолии мамлакат, истифодаи сарфакоронаи барқ ва ҷараёни зимистонгузаронӣ бояд таҳти назорати ҷиддӣ ва доимии ҳар як роҳбар ва шахси масъул қарор дошта бошад. Ҳамчунин таъкид месозам, ки омодагии ҳаматарафа ба кишту кори баҳорӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ аз ҷумлаи корҳои муҳимтарине мебошад, ки барои иҷрои онҳо бояд аз ҳамин рӯзҳо тайёрӣ дида шавад.
Вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, бунёду таъмири роҳҳо, бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат ва маъракаи ниҳолшинонӣ низ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар сохтору мақомоти давлатӣ, инчунин соҳибкорону шахсони саховатпеша мебошад.
Ба роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа бори дигар хотирнишон месозам, ки кори комиссияҳои доимӣ доир ба назорати иҷрои қонун «Дар бораи танзими  анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро фаъол гардонида, оид ба риояи ҳатмии муқаррароти қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Такрор ҳам шавад, бори дигар таъкид менамоям, ки иҷрои ҳатмӣ ва босифати тамоми барномаҳои соҳавии қабулкардаи Ҳукумати мамлакат дар муҳлатҳои муқарраршуда таъмин карда шавад.
Роҳбарони вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва Иттифоқи “Тоҷикматлубот” дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бозори шаҳри Кӯлобро, ки дар натиҷаи сӯхтор зарари ҷиддӣ дидааст, барқарор намоянд.
Вобаста ба ин, Вазорати корҳои дохилӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар давоми соли 2014 дар ҳамаи бозорҳои калон шуъбаҳои алоҳидаи сӯхторхомӯшкунӣ ташкил намоянд ва назорати риояи қоидаҳои зидди сӯхторро дар тамоми қаламрави мамлакат пурзӯр созанд.
Илова бар ин, дар самти таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии наврасону ҷавонон ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ супориш дода мешавад, ки дар самти дастгирии ҷавонони боистеъдод, баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, боло рафтани эҳсоси арҷу эҳтиром ба муқаддасот ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба ҷараёну равияҳои экстремистӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим чораҳои иловагӣ андешанд.
Ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат доир ба таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоламон, пеш аз ҳама ба хотири баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, ҳарчи бештар бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат ва дар маҷмӯъ расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи сокинони мамлакат мебошад.
Мо дар ин роҳ қадамҳои устувор гузошта истодаем ва дилпурона изҳор медорам, ки вазифаҳои имрӯз гузошташуда ва ҳадафҳои дар барномаҳои давлатӣ пешбинигардида ба хотири баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии мардуми кишварамон бо фаъолияти содиқонаи ҳар як роҳбар ва хизматчии давлативу шахсони масъул, бо азму талош ва ғайрату иқдоми ватандӯстонаи ҳар як фарди бо нангу номуси ҷомеа амалӣ хоҳанд шуд.
Барои расидан ба ин ҳадафи нек ҳамаи заминаҳои мусоид мавҷуданд ва бори дигар таъкид месозам, ки танҳо саъю кӯшиш, ташаббускориву масъулиятшиносӣ, риояи қатъии интизоми давлатӣ ва итминони самимонаи ҳар яки мо ба ояндаи нек зарур аст.
Дар ҷодаи пурмасъулияти ободсозии Ватани азизамон ба ҳамаи шумо ва тамоми мардуми шарифи кишварамон барори кор мехоҳам!
Ҳамеша саломату саодатманд бошед!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2014    №: 13    Мутолиа карданд: 729

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед