logo

энергетика

ҶАМЪОВАРӢ НАШУДАНИ ПУЛИ БАРҚ ҶУРМИ КИСТ?

Пардохти саривақтии ҳаққи   истифодаи неруи барқ уҳдадории ҳар фарди ҷомеа маҳсуб меёбад. Мутаассифона, имрӯзҳо дар шаҳру деҳоти Кӯлоб баъзе ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ, бавижа сокинон дар пардохти пули барқ пойфишориро раво мебинанд.
Масъулони Муассисаи фурӯши барқи минтақаи Кӯлоб аз ин ҳол изҳори нигаронӣ намуда, афзуданд, ки қарзи неруи барқ рӯ ба афзоиш дорад.
Фаррух Шамсов, сардори Муассисаи фурӯши барқи минтақаи Кӯлоб, гуфт, ки соли 2013 қабули барқ дар минтақа аз ҳисоби ШКСХ «Барқи тоҷик» 503 миллион кВт - соатро ташкил дод.  Қарзи барқ ба 43 миллиону 394 сомонӣ расидааст, ки дар қиёс нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд мебошад. Қарзи аҳолӣ ба 21 миллион сомонӣ баробар шудааст.
Ноҳияҳои Восеъ 13 миллион сомонӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 7 миллиону 159 ҳазор сомонӣ, Фархор 8 миллиону 172 ҳазор сомонӣ аз напардохтани маблағи қувваи барқ қарздоранд.
Ҳуқуқшиноси муассисаи мазкур Комил Муродов доир ба ин мушкилот тазаккур дод, ки шурӯъ аз 1 январи соли 2013 то имрӯз нисбат ба идораю ташкилотҳо барои пардохт накардани ҳаққи неруи барқ 55 иддао пешниҳод кардем, ки дар асоси он бояд ба суратҳисоби корхона 784 ҳазору 59 сомонию 63 дирам ворид мегардид. 341 ҳазору 290 сомонию 86 дирам аз ташкилотҳои қарздор ба суратҳисоби идора маблағ омад. Санадҳои ҷаримавие, ки нозирон дар минтақа нисбат ба истифодабарандагон тартиб доданд, 117 адад буда, маблағи ҷарима 24 ҳазору 863 сомонию 58 дирам мебошад. Пардохти ҷаримаҳо 15 ҳазору 681 сомониро ташкил медиҳад. Қарзи шаҳри Кӯлоб аз барқ 47 миллиону 287 ҳазор сомонист.
Дар минтақа таш-килотҳое ҳастанд, ки дар пардохти маблағи барқ саҳлангорӣ мекунанд, ба огоҳиномаҳо эътибор намедиҳанд. Аз ин рӯ, баҳри дарёфти роҳи ҳалли ин мушкилот дар робита бо прокуратура ва суд дар ин самт фаъолиятро пурзӯр намуда, баҳри рӯёндани қарз дар чаҳорчӯби қонун бо роҳбарону масъулони ташкилотҳои қарздор вохӯриҳо мегузаронанд.
Коршиносон ба хулосае омаданд, ки танҳо бо василаи насб намудани ҳисобкунакҳои барқии электронии кортӣ метавон дар ҷамъоварии саривақтии маблағи барқ муваффақ гашт.
- Насби ҳисобкунакҳои барқии электронии кортӣ дар сарфа  кардан ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани маблағи қувваи барқ нақши муассир мегузорад, - иброз намуд Амирхон Файзов, сардори идораи фурӯши барқи шаҳри Кӯлоб. - Айни замон дар якчанд маҳаллаҳои хонаҳои баландошёнаи шаҳр корҳои васлкунӣ идома доранд. Сокинон низ ин иқдомро қобили қабул донистанд. Татбиқи комили он кори моро дар ҷамъоварии маблағи барқ саҳл мегардонад.       
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе нафарон аз пардохти  маблағи истифодаи неруи барқ саркашӣ намуда, ҳатто нозирони барқро аз даргоҳашон меронанд. Усулан, аз бозор бе маблағ мол дастрас намудан маҳол аст. Пас, ҳоҷат ба қазоват нест, зеро барои пардохти маблағи барқ аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо ва дигар истифодабарандагони неру муваззафанд.     

Ёқуби СОДИҚ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2014    №: 14    Мутолиа карданд: 8040

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед