logo

фармонҳои президент

СОХТОРИ Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 январи соли 2014, № 116 тасдиқ шудааст.

СОХТОРИ
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти протоколии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раёсати ҳуқуқ
Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳот
Раёсати молия
Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳал
Раёсати рушди иҷтимоӣ
Раёсати илму маърифат
Раёсати рушди инфрасохтор
Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист
Раёсати робитаҳои хориҷӣ
Раёсати коргузорӣ ва назорат
Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ
Шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсон
Шуъбаи тарҷума
Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо
Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (бо ҳуқуқи Раёсат)
Бахши кадрҳо
Бахши корҳои махсус
Ҳисобдории марказӣ (бо ҳуқуқи Раёсат)
Идораи хоҷагӣ
Корхонаю муассисаҳои назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (тибқи рӯйхати замимашаванда)


 

Замима ба Сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

РӮЙХАТИ
корхонаю муассисаҳои тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№  Номгӯи корхонаю муассисаҳо
1. Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
4. Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
5. Комлекси табъу нашри «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
6. Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
8. Муассисаи давлатии «Боғи парчами миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
9. Муассисаи давлатии илмии «Боғи ботаникии Хуҷанд»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
10. Муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
11. «Боғи ботаникӣ»-и муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
12. «Кохи Истиқлол»-и муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
13. Меҳмонхонаи «Истиқлол»-и муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
14. Тарабхонаи «Чаманоро»-и муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
15. «Боғи миллӣ»-и муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
16. Меҳмонхонаи «Авесто»-и муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
17. Филиали муассисаи давлатии Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва
18. Муассисаи маркази тиббии Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
19. Корхонаи воҳиди савдо ва хӯроки умумии Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
20. Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмони Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
21. Қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ
22. Қароргоҳи мавзеи «Сайёд»-и Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара
23. Корхонаи воҳиди «Лучоб»-и Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
24. Корхонаи воҳиди «Зиғиртӣ»-и Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Сарбанд
25. Хоҷагии зотпарварии «Ҳисор»-и Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор

 

Шарҳи мухтасар
ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» 
№ 116, аз 17 январи соли 2014


Дар асоси муқаррароти банди 20 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12 вобаста ба тақвияти низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд ва таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 январи соли 2014 таҳти № 116 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.
Таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рисолати он дар давраи гузариш аз ҳамоҳангсозии татбиқи сиёсати миллии рушд, таъмини фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳомии Конститутсия ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад, пеш аз ҳама ба таҳлили вазъ дар макроиқтисодиёт, таҳияи ташаббусҳои стратегӣ, дурнамо ва мониторинги татбиқи стратегия ва сиёсат, ҳамоҳангсозии раванди ислоҳот, муайян кардани афзалиятҳои рушд, инчунин таҳияи пешниҳодҳои асоснок сафарбар мегардад.
Дар баробари ин механизми воқиф сохтани аҳолӣ ва дигар манфиатдорони раванди рушд аз сиёсати пешгирифта ва тадбирҳои андешидашавандаи роҳбарияти давлат ва ҳукумат такмил дода шуда, сатҳи хизматрасонии давлатӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеа баланд бардошта мешавад.
Таҷдиди сохтор инчунин ба рафъи духӯрагӣ, такрорёбии вазифаҳо ва тақсимоти дақиқи функсионалии сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Дар ин радиф бо мақсади вусъат бахшидани навсозиҳои институтсионалӣ ва мутобиқсозии низоми идоракунии давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ бахши мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуда, барои тақвияти низоми ҳамоҳангсозии фаъолият воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроия ба блокҳои алоҳидаи соҳавӣ гурӯҳбандӣ ва раёсатҳо таъсис дода шудаанд.
Мақсади асосии ин тадбирҳо аз баланд бардоштани мақом ва мавқеи сохторҳои Дастгоҳи иҷроия дар раванди таҳия ва қабули қарорҳо ва андешидани чораҳои идорӣ, инчунин таъмини фаъолияти мустақилонаи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар татбиқи сиёсат ва стратегияю барномаҳои давлатии соҳавӣ иборат мебошад.
Дар баробари таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроия санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти он, аз ҷумла Низомномаи Дастгоҳи иҷроия, Феҳристи мансабҳои давлатӣ ва Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуда, вазъи ҳуқуқию функсионалии Дастгоҳи иҷроия ҳамчун мақоми марказии идоракунии давлатӣ ва ҳамоҳангсоз таъмин карда мешавад. Инчунин, бо мақсади баланд бардоштани мақоми хизмати давлатӣ ва ҷорӣ кардани усулҳои нави идоракунӣ дар хизмати давлатӣ ва мутобиқсозии он ба таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ дар идоракунии захираҳои инсонӣ нақши сохторҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроия дар ин самти муҳими сиёсати давлатӣ бештар ҷалб гардида, ба идоракунии соҳа тақвият бахшида мешавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.01.2014    №: 15    Мутолиа карданд: 1027

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед