logo

порлумон

СОЗИШНОМАҲОИ ГРАНТӢ БАРРАСӢ ШУДАНД

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси  намо  яндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор шуд, чор созишнома ва се лоиҳаи қонун ба тасвиб расид.

77 миллион сомонӣ барои беҳбуди шароити таълим
Наимӣ Аъламхони Қодириён, муовини вазири молияи ҷумҳурӣ, зимни баррасии Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи чоруми Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф иброз дошт, ки соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат яке аз самтҳои афзалиятнок буда, он аз ҷониби Президенти мамлакат пайваста дастгирӣ меёбад. Дар ин раванд, айни замон, якҷоя бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ шаш лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи 326 миллион сомонӣ, аз ҷумла 141 миллион сомонӣ ҳамчун қарз, 164 миллион сомонӣ грант ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 21 миллион сомонӣ амалӣ мегардад.
Мавсуф зикр кард, ки лоиҳаи мазкур давоми мантиқӣ ва марҳалаи навбатии лоиҳаҳои Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф мебошад, ки марҳалаҳои якум, дуюм ва сеюми он дар давоми солҳои 2006 - 2013 ба маблағи беш аз 156 миллион сомонӣ амалӣ шудааст. Лоиҳа моҳи октябри соли 2013 аз тарафи вазири молия дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, татбиқи он ба маблағи 77,3 миллион сомонӣ аз ҳисоби Фонди шарикии глобалӣ то соли 2016 идома меёбад.
Мақсади асосии лоиҳа мусоидат ба беҳтар намудани шароити таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ мебошад. Лоиҳа аз чор қисм иборат аст:
1. Баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба барномаҳои босифати рушди барвақтии кӯдак – 11,9 миллион сомонӣ;
2. Такмили барномаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва амалии таълим - 15,3 миллион сомонӣ.
3. Беҳ гардондани муҳити таълим барои сохтмон ва таҷдиди 30 мактаб, 240 синфхона, хариди мебел, тахтаи синфӣ, мизу курсӣ ва ҷевон дар 11 ноҳияи вилояти Хатлон, 2 ноҳияи вилояти Суғд ва 5 ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ ба маблағи 38,5 миллион сомонӣ;
4. Такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани иқтидори идорасозии системаи маориф – 11,4 миллион сомонӣ.

Лоиҳа ва пешгирии офатҳо
Дар ҷаласа Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба Лоиҳаи «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим» низ ба тасвиб расид. Наимӣ Аъламхони Қодириён, муовини вазири молия, зимни тавзеҳи он гуфт, ки барои татбиқи таъмини устувории дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим 118 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби гранти фонди инвеститсионии тағйирёбии иқлим тавассути Бонки осиёии рушд 103 миллион сомонӣ, аз ҳисоби саҳми институтҳои молиявӣ 3,6 миллион сомонӣ ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11,4 миллион сомонӣ пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи мазкур моҳи сентябри соли 2013 аз ҷониби вазири молия ба имзо расида, оғоз ёфт ва то соли 2018 идома меёбад. Мақсади лоиҳаи мазкур паст намудани таъсири манфии тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи дарёи Панҷ тавассути бунёди системаи устувори зидди обхезӣ ва системаи обёрӣ, идоракунии обхезӣ, таҷдиди инфрасохтори ирригатсионӣ ва обтаъминсозии оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои эҳтиёҷдошта, ёрии молиявӣ ба гурӯҳи ниёзманд тавассути ҷудо намудани қарзҳои хурди имтиёзнок, хусусан ба занон ва мустаҳкам намудани иқтидори кумитаҳо оид ба идораи офатҳои табиат ва иттиҳодияҳои истифодабарандагони об мебошад. Лоиҳаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Панҷ, Восеъ, Дарвоз, Ишкошим, Рӯшон ва Роштқалъа татбиқ мегардад.
Шукурҷон Зуҳуров ба Баҳром Ғафуров, муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ба саволҳо ҷавоб дода натавонистанаш эрод гирифт ва таъкид кард, ки минбаъд дар ҷаласа бо тайёрии ҷиддӣ иштирок намояд.

Мутахассисони мубориза бо терроризм
Абдузаффар Иномов, вакили порлумон, зимни баррасии Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар тайёр намудани мутахассисони ҷузъу томҳои зиддитеррористӣ дар муассисаҳои таълимии мақомоти салоҳиятдори мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иброз дошт, ки он 5 декабри соли 2012 дар шаҳри Ашқобод ба имзо расидааст.
Созишнома аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, зарурат ва тартиби тайёр намудани мутахассисонро дар бар мегирад ва ба мақсади пешгирӣ кардани ҷиноятҳои зиддитеррористӣ равона шудааст.
Мавсуф гуфт, ки Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созишномаи ҳамкории Шанхай дар ҳолати якҷоя оид ба мубориза бар зидди терроризм, ки имрӯз ҳамчун падидаи номатлуби умумибашарӣ эътироф гардидааст, бояд ҳамеша омода бошад. Дар Тоҷикистон марказ, пойгоҳ ё донишгоҳи соҳавии тайёр кардани чунин мутахассисони касбӣ  вуҷуд надорад. Чунин марказ ва донишгоҳҳои соҳавӣ  дар давлатҳои Русия, Беларус ва Украина амал мекунанд. Мутобиқи созишномаи мазкур ҳамкории мақомоти дахлдори Тоҷикистон бо онҳо бо пешниҳоди имтиёзҳо ва ройгон ба роҳ монда мешавад, ки ба манфиати Тоҷикистон мебошад.

Лавозимоти ҷангӣ бар зидди ҷиноятҳои террористӣ
Саодат Амиршоева, вакили порлумон, дар хусуси Созишномаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкорӣ дар таъминоти моддию техникии мақомоти салоҳиятдори татбиқкунандаи мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти зӯроварии экстремистӣ гуфт, ки он рӯзи 5 декабри соли 2012 дар шаҳри Ашқобод ба имзо расидааст. Созишнома аз муқаддима ва 7 модда иборат буда, ба мо имкон медиҳад, ки ҷузъу томҳои зиддитеррористие, ки ба пешгирӣ, ошкор ва қатъ намудани ҷиноятҳои террористӣ ва дигар зуҳуроти экстремистӣ, кам кардани оқибатҳои он салоҳиятдор карда шудаанд, бо воситаҳои моддии техникӣ, нақлиёт, аз ҷумла аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, восита ва техникаи махсус, системаи иттилоот, алоқа, воситаҳои назорати ядроӣ (мувофиқи қонунгузории миллӣ) бо нархҳои имтиёзнок ё ройгон таъмин гарданд.
Дар созишнома шартҳои воридот, содирот, транзит, аз ҷумла тарифҳои имтиёзнок барои интиқол ва вобаста ба мубодилаи иттилоот, тартиби муносибат ба сирри байнидавлатӣ, инчунин хароҷотҳое, ки ҳангоми иҷрои созишномаи мазкур ба амал меояд, матраҳ шудааст.
Дар ҷаласа ҳамчунин ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ», «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» тағйиру иловаҳо ворид шуд.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2014    №: 19    Мутолиа карданд: 732

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед