logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон Фоиза Абуннаҷоро қабул кард

26 январ  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон вазири ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Араб хонум Фоиза Абуннаҷоро, ки ба ҳайси сарвари қисмати мисрии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масъалаи густариши ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ гашт. Изҳори боварӣ шуд, ки Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ барои татбиқи босамари заминаи боэътимоди қарордодию ҳуқуқии Тоҷикистону Миср ва дарёфти роҳҳои истифода аз имконоти  фаровони  ҳамкорӣ корҳои назаррасро анҷом медиҳад.
Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, гидроэнергетика, саноати сабук ва хӯрокворию дорусозӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, молия ва фаъолияти бонкӣ, кишоварзӣ ва хоҷагии об, маориф, тандурустӣ, илму фарҳанг ва туризм воситаи муҳими таҳкиму тавсеаи  муносибатҳои Тоҷикистону Миср маънидод гашт.
Ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, аз ҷумла дар роҳи сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ дар болои дарёҳои Тоҷикистон аз самтҳои асосии ҳамкории иқтисодии ду кишвари дорои захираҳои фаровони обию энергетикӣ номида шуд.
Тасмим гирифта шуд, ки Нораку Асвон - ин шаҳрҳои энергетикҳои Тоҷикистону Миср бародаршаҳр эълон карда шаванд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин оид ба муносибатҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби Созмони конфронси исломӣ ва дигар созмонҳо гуфтугӯ сурат гирифт.
Хонум Фоиза Абуннаҷо изҳор дошт, ки иқдоми Президенти Тоҷикистон оид ба «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» эълон намудани соли 2009 боиси хушнудии роҳбарият ва мусулмонони Ҷумҳурии Мисри Араб шуд.
ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Ҳуснӣ Муборак кинофилми бадеии бисёрсериягии кинематографистони мисрӣ - «Имом Абӯҳанифаи Нӯъмон» - ро ба ҳайси тӯҳфа ба роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон ирсол намуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ин тӯҳфаро саҳми арзандаи Ҷумҳурии Мисри Араб дар роҳи муаррифии ҳаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам ба мардуми Тоҷикистон маънидод карда, изҳор дошт, ки он дар кӯтоҳтарин мӯҳлат ба тоҷикӣ гардонда ва манзури бинандагони телевизиони тоҷик карда мешавад.

* * *
Хонум Фоиза Абуннаҷо, вазири ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Араб, пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, ки ӯ ва ҳайати ҳамроҳонаш,  дар сатҳи вазорату кумитаҳо, ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи нахустини Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ба Душанбе ташриф оварданд.
Ман ба Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон салом ва паёми бародарашон Муҳаммад Ҳусни Муборак, Президенти Ҷумҳурии Мисри Арабро расонда, дар бораи натиҷаҳои ҷаласаи нахустини комиссияи муштарак, ки субҳи ҳамин рӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор шуд, иттилоъ додам. Дар ҷаласа ду Ёддошти тафоҳум дар бахшҳои иттилоот ва варзиш ба имзо расид.
Вазири ҳамкориҳои байналмилалии Миср тазаккур дод, ки дар ҷараёни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, Сардори давлати Тоҷикистон, ба Ҷумҳурии Мисри Араб дар моҳи феврали соли 2007 шаш  санади ҳамкорӣ ба тасвиб расида буд ва ба ин тартиб заминаи ҳуқуқӣ барои густариши ҳамкориҳо миёни ҳар ду кишвар дар бахшҳои гуногун фароҳам омад.
-Мо бо Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рушди ҳамкориҳо, ба вижа дар бахшҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ, саноати сабук, дорусозӣ ва фарҳанг гуфтугӯи судманд доштем.  Тасмим гирифтем, ки  ҷониби Миср дар бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон ширкат меварзад. Бо ин мақсад ҷониби Тоҷикистон чанд лоиҳаи мавриди назарро мушаххасан пешниҳод намуд, ки онҳоро масъулони Вазорати энергетика ва обёрии Миср мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Мувофиқа ҳосил шуд, ки шаҳрҳои Асвони Миср ва Нораки Тоҷикистон бародаршаҳр эълон карда шаванд.
Сардори давлати мо ва мусулмонони Мисри Араб аз иқдоми Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» эълон кардани соли 2009 хеле шод гаштанд,- иброз дошт Фоиза Абуннаҷо.-Ба ин хотир,  ба Тоҷикистон ҷиҳати шинохти бештари рӯзгор ва мероси ин фақеҳи бузург филми бисёрсериягии телевизионии «Имом Абӯҳанифаи Нӯъмон»-ро ҳадя овардем. Мо аз он ифтихор дорем, ки пайрави мазҳаби фиқҳии Имоми Аъзам мебошем.
Ман чанд лаҳза пеш ҳадяи ҷониби Мисрро ба соҳиби ташаббус, Президенти кишвари шумо, Эмомалӣ Раҳмон супурдам. Бо ҳидояти ӯ ин филм ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, тавассути телевизион пешкаши мардуми тоҷик мегардад.
Хонум Абуннаҷо ҳамчунин аз тарҷума ва чопи китоби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо номи «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар шаҳри Қоҳира-пойтахти Ҷумҳурии Мисри Араб хабар дод ва гуфт, ки мисриён аз ин китоби пурарзиш бо хушнудӣ истиқбол карданд.

Додоҷон Рӯзиев, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 694

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед