logo

илм

ТАБИБИ ИСАВИҲУШ

Хуршед Раҳмонов табиби исавиҳуш аст, кам мегӯяд, аммо зиёд меандешад. Ӯ як нафарест, ки ҷони садҳо инсонро аз вартаи ноумедӣ раҳондааст. Барои огаҳии бештар аз фаъолияташ бо ӯ ҳамсуҳбат шудем.

- Муҳтарам Хуршед Раҳ-монов, дар таърихи тибби  кишвар дар соҳаи ҷарроҳии асаб Шумо сеюмин нафаред,  ки  рисолаи номзадиро дар Маскав дифоъ кардаед. Дар  хусуси роҳи пешгирифта ва корҳои анҷомдодаатон чанд сухан мегуфтед?
- Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон соли 1999 дар шуъбаи ҷарроҳии асаб ба фаъолият шурӯъ кардам ва дар ординатураи клиникӣ таҳсилро идома додам.  Ҳамин тавр, фаъолияти ман ба ҳайси духтури ҷарроҳи асаб оғоз ёфт. Ростӣ, аз  рӯзи   аввал шавқи навиштани кори илмиро доштам. Он замон роҳбарии кафедраро  шодравон  Алидӯст Чобулов  ба уҳда дошт. Солҳои 1997 - 1998 вазъияти дохилии Тоҷикистон чандон хуб набуд. Ба ҳамин сабаб дар беморхона сафи беморони гирифтори оризаҳои косахона ва мағзи сар зиёд гашт. Ба хотири пешгирӣ ва  муайян намудани сабабҳои пайдоишу густариши ин беморӣ аз ҷониби кафедра пешниҳод шуд,  ки кори илмӣ нависам. Мавзӯи илмии ман «Пешгирии оризаҳои хуруҷкунандаи косахона ва мағзи сар» буд.  Ба сабаби он ки соҳаи асаб дар тиб нозук  ва то андозае мушкил ҳам аст, бо қарори устодон рисолаи илмиро дар Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии илмии ба номи  Н. Н. Бурденко дар Маскав дифоъ намудам.

- Шумо аз Маскав дастгоҳеро бо номи «Эндоскоп» ба Тоҷикистон оварда, тавассути он амалиёти ҷарроҳӣ гузаронидед.  Оё ин дастгоҳ кори ҷарроҳонро осон кард?
  - Аслан дастгоҳ кори ҷарроҳро осон намекунад. Аммо метавон гуфт, ки ин дастгоҳ бештар ба бемор манфиатовар аст. Масалан,  пештар  беморон баъди ҷарроҳӣ муддати даҳ рӯз табобат мегирифтанд. Ҳоло бошад, дар рӯзи сеюм мо онҳоро рухсати аз беморхона рафтан медиҳем.
- Мардум Шуморо ҷарроҳи «дасташ сабук» мегӯянд, зеро беморон баъди муолиҷаатон зуд шифо меёбанд. Асрори «сабукии даст» дар чист?
 - Барои ҷарроҳ донишу таҷриба муҳим аст, то ба бемор мадад карда тавонад.  Духтур дар ҳар макон ва замон ба инсон сару кор дорад. Албатта, беморон бештар ба он табибе, ки ба ӯ  боварӣ пайдо мекунанд, муроҷиат менамоянд. Боварии мардумро ба даст овардан мушкил аст. Бемор паси дари ҳуҷраи кори духтур бо умед меистад,  то ба дардаш даво пайдо кунад. Аз ин рӯ, табибро донишу таҷрибаи ғанӣ мебояд,  то онҳоро ноумед нагардонад. 

- Ҳамчун ҷарроҳи асаб сабаби асабонияти мардумро дар чӣ мебинед?
- Аслан ҳолати рӯҳии одамон ба вазъи зиндагиашон вобаста аст. Мардум, ки шароити хуби зиндагӣ надорад, маоши кам мегирад,  аз ин рӯ, табиист, ки бар асари  камбуди рӯзгор асабонӣ мешавад. Аз тарафи дигар бекорӣ низ омили асабонияти одам мегардад. Инсон бояд машғули коре бошад ва аз худ бипурсад, ки «имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардааст». Машғулият гурез аз мушаввашхотирист.
 Инҷо гуфтаи  табиби амрикоӣ Уойслер ба хотирам омад, ки мегуфт: «Ҳар яки шумо аз киштиҳои уқёнусӣ  дида  дорои сохтори мураккабтаре ҳастед ва шуморо сафари тӯлоние дар пеш  аст. Ман шуморо ба омӯзиши идоракунии ин сохтор даъват мекунам,  то дар ҳама ҳолат аз ҳама чиз ҷудо шуда,  мисли он ки дар дохили ҳуҷраи обногузари киштӣ қарор доред, дар дохили ҳамин рӯз зиндагӣ кунед».  Яъне гуфтан мехост, ки фикри гузаштаву ояндаро накарда, дар бораи ин рӯз андешед.
Аммо инсон ба умеди фардо зиндагӣ мекунад. Гузашта хоҳу нохоҳ пеши назари кас дар гардиш аст. Гумон мекунам, ки ин мутафаккир ҳаминро дар назар дошт, ки кори имрӯзаро ба фардо намонед ва машғули коре шавед. Ёд овардан боиси ифтихор аст, ки дар Русия  табиби кӯдакон Рошал  клиникаи  шахсӣ кушодааст. Ҳангоми як сафар ман аз ин  беморхона дидан намудам. Мудири шуъбаи ҷарроҳии асаби кӯдаконаи он профессор Олим Исҳоқов буд. Ман бо ӯ вохӯрдам. Суҳбат кардем. Умуман аз ин вохӯрӣ хушҳол шудам. Зеро дар давлате мисли Русия як нафар тоҷик масъулияти баланди касбиро ба уҳда дорад. Ин аз он далолат медиҳад, ки мутахассисони  мо дар тиб боварии мардум ва сарпарастро ба даст оварда метавонанд. Масалан, барои он ки дар оянда  аз хориҷа мутахассис нахарем, имрӯз кӯшиш мекунем, ки дар чунин сатҳ мутахассис омода кунем. Агар ин омодагирии мо тӯл кашад,  пас мо дар дохили ҳамин рӯз зиндагӣ карда наметавонем. Инсон барои гурез аз мушаввашхотирӣ  бояд тибқи нақша фаъолият  кунад. Масалан, ман, субҳ аз хоб хестан замон кори имрӯз мекардаамро пеши назар меорам ва барои худам нақшаи махсус мекашам. Фаъолияти ман аз суҳбат бо беморон оғоз мегардад ва бо ҷарроҳию бо хастагии зиёд хотима меёбад.

Нигинаи РАҲМОН,
Диловар САЛИМОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2014    №: 23    Мутолиа карданд: 838

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед