logo

маориф

ҲАР КӢ РАНҶЕ БУРД, ГАНҶЕ ШУД ПАДИД

- Писарам, туро табрик мегӯям, шу-кр, ки мактабатро бомуваффақият хатм кардӣ. Акнун умед дорам, ки ба мактаби олӣ рафта бихонӣ ва ба халқу Ватани азиз хизмат бикунӣ.
Маҳмудҷон ин суханони модари меҳрубону мушфиқ ва азияткашидаашро шунида, рӯзе чанд фикр кард. Ба назди амакаш  Шодиқул Бадалов рафта, аз ӯ маслиҳат пурсид ва рӯзи дигар роҳи мактабро пеш гирифт.
- Маҳмудҷон, биё писарам, аллакай мактабатро пазмон шудӣ, магар?
- Ҳа-а, устод, пазмон шудам. Намедонам оянда бемактабу шумо устодонам, чӣ кор мекарда бошам? Омадам, ки дар атрофи таҳсили ояндаам бо шумо маслиҳат кунам.
- Ёдат бошад, боре дар замини таҷрибавии мактаб, ки бо ҳамсинфонат кор мекардӣ, гуфта будам, ки “ту бояд агроном бишавӣ”. Ҳоло ҳам маслиҳату ҳидояти ман ҳамин аст. Бирав ба Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳоятро ба факултаи агрономӣ супор. Бовар дорам, ки муваффақ хоҳӣ гашт, - гуфт Қозихон Маҳмадқулов.
Ин  суханонро дигар омӯзгорон низ тақвият бахшиданд.
Маҳмудҷон Ҳоҷиев, хатмкардаи мактаби миёнаи №3, ба номи Пушкини деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ, донишҷӯи факултаи агрономии Институти хоҷагии қишлоқ шуд. Ин соли 1964 буд. Зиндагӣ дар хобгоҳи институт, омӯзиш дар китобхонаҳо, шуғлҳои лабораториву варзишӣ, таҷрибаомӯзӣ дар колхозу совхозҳои кишвар, ширкат дар конфронсҳои илмии донишҷӯён ва семинарҳои илмӣ, ҳисса гузоштан дар ҷамъоварии пахта ва дигар зироатҳо – ин ҳама барои Маҳмудҷон Ҳоҷиев дарси ҳаёт гардиданд. Ӯ имтиҳонҳои давлатиро бо баҳои аъло супурд ва соҳиби диплом бо ихтисоси агроном - олим гашта, бо роҳхати донишкада ба колхози ба номи Энгелси ноҳияи Айнӣ омад.
“Писарам, баъди хатми институт бояд дар зодгоҳ  хизмат бикунӣ, хоҷагиро боз ҳам ободтару зеботар гардонӣ, ана, он вақт ман аз ту як умр розӣ хоҳам шуд”, - гуфта буд модараш Анзуратбону.
- Хуш омадӣ, писарам, - гуфт раиси колхози ба номи Энгелс Шодӣ Баҳриддинов. - Туро бо соҳибмаълумот шуданат табрик мегӯям. Падарат, ки деҳқони асил буд, ту ба пайроҳаи ӯ қадам гузоштӣ. Акнун бояд дониши андӯхтаатро дар амал татбиқ намоӣ. Аз пагоҳ ту агрономи колхоз ҳастӣ ва дониста бош, ки аксар деҳқонони хоҷагӣ нисбат ба олимон дониши бештари деҳқонӣ ва хоҷагидорӣ доранд. Се чизро пешаи худ бояд кард. Дил ба даст овардан, ба ҳама кас некӯӣ кардан ва дар ободонӣ кӯшидан.  Он гоҳ соҳибобрӯ хоҳӣ гашт.
Он бегоҳ Маҳмудҷонро то поси шаб хоб аз чашмонаш парид. Суханҳои падаронаи Шодӣ Баҳриддинов, ки солҳои тӯлонӣ раиси колхоз, инсони шуҳратёфтаву корозмуда ва нексиришт буд, барои Маҳмудҷон мактаби худогоҳиву худшиносӣ, меҳнатдӯстиву созандагӣ гардид.
Мутахассиси ҷавон тӯли ду сол тамоми нозукиҳои кори саҳроро аз бар кард. Муносибат бо аҳли заҳмат, кор бо техникаи кишоварзӣ, азхуд кардани заминҳои бекорхобида ва ғайраро омӯхт. Меҳнатдӯст ва ташкилотчӣ буданаш имкон дод, ки раёсати колхоз вайро баъди баргаштан аз хизмати ҳарбӣ ба раисии кумитаи иттифоқи касаба  пешниҳод намуд ва ӯ то соли 1984 ин вазифаро бо сарбаландӣ иҷро кард. Пас, котибии ташкилоти ҳизбии хоҷагӣ бар дӯшаш афтод.
Дар ҷаласаи васеи раёсати хоҷагӣ ӯро якдилона сарвари худ хонданд. Он солҳо ин вазифае буд, ки колхозчиён бо умед чашм медӯхтанд, то сарвари тозаинтихоб зиндагии онҳоро то чӣ андоза пеш мебарад,  рӯзгори онҳо чӣ тавр ободтару фаровонтар мегардад. Бегоҳи он рӯз то бевақтии шаб идораи колхоз  чароғон буд. Раис Маҳмудҷон Ҳоҷиев собиқадорони меҳнат, ашхоси барӯманду соҳибтаҷрибаро гирд овард ва бо онҳо машварат орост. Оид  ба камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта, проблемаҳои деҳот маълумот гирифт ва баҳри  рафъи онҳо маслиҳат пурсид. Аз дарди дили колхозчиён огоҳ гашт.
Он айём хоҷагӣ аз бонки ноҳия як миллиону панҷсад ҳазор рубл қарздор буд. Вале ин ҳама Маҳмудҷонро рӯҳафтода насохт, баракс аз пайи пеш бурдани кори хоҷагӣ гашт. Ободониву созандагиро пешаи худ қарор дод ва тавонист, ки аҳли заҳматро аз паси худ бибарад. Сокинони ҳашт деҳа якдилона пайи рафъи камбудиҳо гардиданд. Раис саҳроро хонаи дуюми хеш меҳисобид. Таҳти сарварӣ ва ташаббуси ӯ дар деҳаи Испағн мактаби таҳсилоти миёна, фермаи  гӯшту шир,  ободсозии роҳи автомобилии байни деҳаҳои Гузари Бод – Рарз – Шаватки Боло, бунёди канал, мактаби замонавӣ барои 640 нафар хонанда дар деҳаи Рарз, ташкили Маркази қабули мавҷи телевизион -“Орбита”, радиои маҳаллӣ, телефон, бошишгоҳҳои саҳроӣ, роҳҳои нақлиётӣ дар мавзеъҳои кӯҳӣ, паркҳои техникӣ, канали калони 12 километраи Мазор барои обшор кардани 16 гектар, таъмини аҳолӣ бо гази моеъ ва дигар корҳо ҷомаи амал пӯшиданд.
Баъди обшор кардани дашти номбурда моҳи октябри соли 1990 бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳдоби колхози ба номи Энгелс Маркази таҷрибавӣ-истеҳсолӣ доир ба парвариши ниҳол ва картошка ташкил карда шуд. Ҳамин тавр, 30 га  дашти санглохи беоб  обшор гардид ва боғҳо бунёд ёфтанд. Дар баробари ин, ҳама маҳсулоти ғалла, сабзавот, картошка, зироатҳои хӯроки чорво ва ғайра афзуд.
Маҳмудҷон Ҳоҷиев инсонест нексиришт, меҳнатқарин ва хоксору меҳрубони ҳамагон. Ӯ ранҷ бурд ва ганҷ ба даст овард.
- Ман, - мегӯяд Маҳмудҷон Ҳоҷиев, - ҳоло нафақахӯр ҳастам ва ифтихор аз он дорам, ки дар зиндагӣ тавонистам ба нафъи мардуми диёр, ободии деҳаҳо, ғанӣ гардидани дастурхони аҳли заҳмат ба қадри имкону тавонам  саҳм гузорам.
Воқеан, ҳеҷ ганҷе бе ранҷ ба даст наёмадааст. Ман, барои мукофоту шуҳрат заҳмат накашидаам. Барои ман мукофот ин баҳои ҳаққонии ҳамдиёронам аст.
Оре, ҳақ ба ҷониби Маҳмудҷон Ҳоҷиев аст, ки меафзояд:
- Шукр мегӯям, ки чунин сарвари оқилу доно ва ғамхори ҳамагон дорем. Давлати тоҷикон рӯз ба рӯз ободтар гардида истодааст. Аз ин рӯ, гуфтаниам, ки мо бояд ба қадри истиқлолияте, ки садсолаҳо интизораш будем ва ба хидматҳои фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бирасем. Бигзор, мардуми шарафманди тоҷик бо созандагиву бунёдкорӣ Ватани ҳамешабаҳорамонро боз ҳам ободтару зеботар гардонанд.
Бале, ин марди шарафманд ва созандаву зиндадил то ба имрӯз байни аҳли заҳмат зиста, нақши мушовири кори кишоварзӣ, омӯзгор ва созандаву ободкорро бар дӯш дорад.

Мирзопӯлоди ТОШБЕК, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.02.2014    №: 24    Мутолиа карданд: 801

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед