logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ДОҒИ СИЁҲ АСТ

Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар маҷлиси васеи Ҳукумат аз афзудани ҷинояту ҷинояткориҳо дар байни ноболиғон ва ҷавонон, ҳамчунин аз риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  изҳори нигаронӣ намуд.

Бино ба иттилои Олим Назаров, муовини сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон, соли 2013 аз тарафи ноболиғон 185 ҷиноят сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2012 - ум 90 ҷиноят зиёд мебошад. Аксари ҷиноятҳои содиршуда дуздии амволи ғайр аст.
Барои вайрон намудани муқаррароти қонун нисбат ба 1072 нафар сокини вилоят бо дастрасии моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба суд ирсол шудааст. Ҳамаи нишондодҳо аз иҷро нагардидан ва диққати вижа надодан ба қонуни мазкур далолат медиҳанд. Ин бетаваҷҷуҳӣ феълан аз мушкилиҳои мубрами рӯз ва боиси нигаронии ҷиддии аҳли ҷомеа гардидааст.
Қонуни фавқуззикр падару модарон, омӯзгорон ва дигар мутасаддиёнро муваззаф менамояд, ки барои дар рӯҳияи хештаншиносию худогоҳӣ ба камол расондани насли наврас саъю талош бикунанд. Ҳукумати мамлакат низ дар ин замина тамоми имкону шароитҳои мавҷударо фароҳам овардааст. Мутаассифона,  иддае ин ҳамаро сарфи назар намуда, дар таълиму тарбияи фарзандон ба саҳлангорӣ роҳ медиҳанд.
Аз рӯи таҳлилҳо, то кунун гаравидани ноболиғону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ, таҳсил дар мактабҳои ғайрирасмии кишварҳои исломӣ мушоҳида мешавад. Тибқи маълумоти гурӯҳи фаврии раёсати дар вилояти Хатлонбудаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар минтақаи Кӯлоб аз 429 нафари дар хориҷа буда, 388 нафараш ба Ватан баргардонда шуд. Айни замон ташкилотҳои террористии «Ансоруллоҳ»,  «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоат-ут-таблиғ», «Ҷамоат-уд-даъват», «Салафия», ки фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст, ноболиғонро бо ҳар роҳу восита ба сафҳои хеш ҷалб намуда, ба давлатҳои исломӣ мефиристанд.
Абдуллоҳ Табаров, ректори Донишгоҳи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Кӯлоб, аз канораҷӯии волидони донишҷӯён изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки онҳо назди мо намеоянд, намепурсанд, ки фарзандашон чӣ хел мехонад, дар дарсҳо иштирок мекунад ё не? Воқеан, таълиму тарбия кори басо мураккаб ба шумор рафта, фаъолияти дастаҷамъонаро тақозо менамояд. Табиист, ки афзоиш ёфтани ҷиноят ба ҷуз доғи миллат чизи дигаре ба бор намеорад. Аз ин рӯ, роҳи рафъи ин камбудии ҷиддиро ҳарчи зудтар, дар ҳамбастагӣ, бояд дарёфт.
 Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2014    №: 31    Мутолиа карданд: 619

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед