logo

ҳуқуқ

ТӮРИ АНКАБУТ

Ё чаро қурби як иштибоҳи Ширинҷонова аз қарори Суди конститутсионӣ баландтар аст

Ба идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз номи шаҳрванд, намояндаи ваколатдори Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» Қ. Ақназаров номае ворид шуд, ки дар он гуфта мешавад, Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2009 то ба ҳол, яъне дар муддати 4 солу 9 моҳ қарори Суди конститутсионии Тоҷикистонро дар мавриди барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшудаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» иҷро намекунад.

Идораи рӯзнома 5 ноябри соли 2013 барои равшанӣ андохтан ба қазияи мазкур ба унвони Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон нома фиристод ва 31 декабри ҳамин сол ба он посух гирифт. Аз посухи ба рӯзнома воридгашта маълум нашуд, ки чаро Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон мушаххасан қарори Суди конститутсиониро дар масъалаи мазкур иҷро накардааст.
Таърихчаи қазия чунин аст, ки Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД»-и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия моҳи августи соли 2000 - ум дар музоядаи хусусӣ намудани заводи «Пахтаи Пролетар» - и ноҳияи Ҷаббор Расулов ғолиб мегардад ва ин заводро аз давлат ба маблағи 200 000 доллари ИМА мехарад. 25 сентябри соли 2000-ум Биржаи молу мулки Тоҷикистон саҳмияҳои заводи «Пахтаи Пролетар»-ро расман ба ширкати «Айренген-ЛТД» месупорад. Вазорати молияи кишвар дар асоси мактуби расмии Кумитаи амволи ҷумҳурӣ аз 26 сентябри ҳамон сол ширкати «Айренген-ЛТД»-ро ба реестри саҳмиядорон ворид намуда, дар ин хусус ба он шаҳодатнома медиҳад. Ширкати «Айренген-ЛТД» оинномаи худро расман дар Вазорати адлия сабт намуда, ба фаъолият шурӯъ мекунад.
Аммо пас аз се сол – 27 июли соли 2003 Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бекор кардани шартномаи хариду фурӯши саҳмияҳои заводи «Пахтаи Пролетар» байни ширкати «Айренген-ЛТД» ва Кумитаи амволи ҷумҳурӣ ба Суди Олии иқтисодӣ аризаи даъвоӣ пешниҳод мекунад. Сабаби даъвои Прокуратураи генералӣ ин будааст, ки савдои мазкур бар хилофи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2000 «Дар бораи гузарондани усули ҳолландии музоядаи фурӯши бастаи саҳмияҳои давлатии ҷамъиятҳои саҳҳомии шакли кушодае, ки дар заминаи заводҳои пахтатозакунӣ таъсис ёфтаанд», баргузор шудааст. Мувофиқи талаботи ин қарор, бояд фурӯши саҳмияҳои мазкур то 21 апрели соли 2000 баргузор мешудааст, яъне ширкати «Айренген-ЛТД» саҳмияҳои заводи «Пахтаи Пролетар»-ро 5 моҳ пас харидааст, ки ин амал ғайриқонунист. Вале ҷониби ширкати «Айренген-ЛТД» чунин иддаои Прокуратураи генералиро нодуруст ҳисоб мекунад. Ширкат бар ин назар аст, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2000 ба ширкати «Пахтаи Пролетар» дахл надорад, зеро ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушода онҳоеанд, ки 51%-и саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқ дорад. Азбаски заводи «Пахтаи Пролетар» аллакай 11 феврали соли 1999-ум аз давлат харида шуд ва 75%-и саҳмияҳои он хусусӣ буданд, он дигар ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи давлатӣ ба ҳисоб намеомад. Дар асоси талаботи қисми 4, моддаи 32-и Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 2002) прокуратура танҳо барои ҳимояи манфиатҳои давлат бояд ба суд муроҷиат кунад, на ба фоидаи ҷамъияти саҳомие, ки 75%-и саҳмияҳоро соҳиб шудааст.
Суди Олии иқтисодӣ даъвои Прокуратураи генералиро 28 августи соли 2003 баррасӣ карда, дуруст мешуморад. Аммо ширкати «Айренген-ЛТД» бо ҳалномаи мазбур розӣ нашуда, ба марҳалаи шикоятии СОИ шикоят мебарад. Марҳалаи аппелятсионӣ 17 октябри соли 2003 ҳалномаи марҳалаи якум (28 август)-ро бекор карда, созишномаи оштиро байни тарафҳо тасдиқ карда, парвандаи мазкурро қатъ менамояд. Ин чунин маъно дорад, ки даъвои ширкати «Айренген-ЛТД» дуруст будааст, аммо чунон ки баъдтар мебинем, мутаассифона, Суди Олии иқтисодӣ минбаъд мавқеи худро куллан тағйир медиҳад. Сабаби тағйир ёфтани мавқеи он шикояти кассатсионии Прокуратураи генералӣ мегардад, яъне ин ниҳод аз чи бошад, ки аз сари даъвояш нагузашта, дубора ба СОИ муроҷиат мекунад. СОИ 12 ноябри соли 2003 қарори марҳалаи аппелятсионии худро бекор эълон карда, ҳалномаи суди марҳалаи якумро молики эътибор донист.
Ба хотири равшанӣ андохтан ба мавқеи нодурусти Суди Олии иқтисодӣ ва Прокуратураи генералӣ дар мавриди гӯё ғайриқонунӣ харида шудани ҶШСК «Пахтаи Пролетар» овардани иқтибосеро аз «Маълумоти вобаста ба хусусигардонии ҶШСК «Пахтаи Пролетар», ки онро Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов таҳти масъулияти Роҳбари вақти Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат М. Давлатов ба  Суди Олии иқтисодӣ 4 марти соли 2004 пешниҳод кардааст, лозим медонем: «Азбаски қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми марти соли 2000, №137 дар қисми 4 корхонаи пахтатозакунӣ то 21 апрели соли 2000 иҷро нагардидааст, ин корхонаҳо, аз ҷумла ҶШСК «Пахтаи Пролетар» ҷиҳати таъмини иҷрои ҳамин қарор ба музояда барои фурӯш бароварда шуданд, ки дар ин музояда ширкати байналмилалии «Айренген-ЛТД» ғолиб омадааст.
Аз мавқеи Суди Олии иқтисодӣ ва Прокуратураи генералии Ҷум-ҳурии Тоҷикистон дида мешавад, ки ин корхонаҳо бояд мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии То-ҷикистон аз 27 октябри соли 1998 №418 «Дар бораи тасдиқи номгӯи корхонаҳои давлатие, ки тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ хусусӣ гардонда мешаванд», ҳамчун лоиҳаи инфиродӣ ба фурӯш бароварда шудаанд, ки ин баҳснок мебошад. Мувофиқи ин санад бояд корхонаи давлатӣ ба тариқи инфиродӣ хусусӣ гардонда шавад, ҳол он ки дар лаҳзаи фурӯш 22 августи соли 2000 заводи пахтатозакунии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ҶШСК «Пахтаи Пролетар» табдил дода шудааст. (Қарори Мушовараи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 1999 №11 дар бораи табдили корхонаи пахтатозакунии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ҶШСК «Пахтаи Пролетар») ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 1998 №418 нисбат ба он татбиқ намегардад.
Ҳамин тариқ, гарчанде ки ҳангоми фурӯши ҶШСК «Пахтаи Пролетар» Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2000 №137 ба роҳбарӣ гирифта шуда бошад ҳам, он ба тартиби умумӣ ба фурӯш бароварда шудааст. (Тибқи низомномаи тартиби фурӯши объектҳои хусусигардонӣ дар музоядаҳо ва тендерҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 1997 №513 тасдиқ гардидааст), ки асоснок мебошад».
Чунон ки мебинем, Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ҳам равшану возеҳ иброз доштааст, ки «Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 1998 №418 нисбат ба он татбиқ намегардад». Мутаассифона, барои Суди Олии иқтисодӣ мавқеи Сарвазир ва Дастгоҳи иҷроияи Президент низ сарчашмаи боварибахши эътимод набудааст. Он бо ҳалномаву мактубҳои чигили худ ширкати «Ай-ренген-ЛТД»-ро маҷбур мекунад, ки дар муддати 10 сол барои барқарор кардани адолат сарсону саргардон шуда, мубориза барад.  Ширкат аз 28 августи соли 2003 то охири соли 2013 42 маротиба ба ин додгоҳи олии адолати иқтисодӣ муроҷиат карда бошад ҳам, масъалаи мазкур бо ҳар гуна сабабҳои норавшан баррасӣ намешавад. Масалан, 2 марти соли 2009 «Айренген-ЛТД» ба марҳалаи назоратии СОИ бо аризаи назоратӣ аз болои қарори марҳалаи кассатсионӣ аз 2 сентябри соли 2008 шикояти назоратӣ меоварад. Судя М. Ширинҷонова бо таъйиноти худ аз 27 марти соли 2009 ин аризаро бинобар гузаштани муҳлати пешниҳоди он бемавқеъ ҳисоб карда, онро бармегардонад. Баъд аз ин кадом аризаеро, ки ширкати «Айренген-ЛТД» ба СОИ пешниҳод намояд, додгоҳ бо истинод ба ҳамин таъйиноти Ширинҷонова ба ширкат посух медиҳад, ки муроҷиаткунанда муҳлати мурофиаро гузарондааст. 
Ягона илоҷи таъсир расондан ба Суди Олии иқтисодии кишвар шикоят овардан ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монда буд. Бинобар ин, ширкати «Айренген-ЛТД» 7 январи соли 2009 ба ин додгоҳ мактуб ирсол намуд. Суди конститутсионӣ дархости ширкати «Айренген-ЛТД»-ро 13-уми майи соли 2009 баррасӣ намуда, дар қарораш дар хусуси нодуруст будани таъйиноти судя М. Ширинҷонова дар бораи гузаштани муҳлати мурофиа аз ҷониби ширкати «Айренген-ЛТД» чунин далел овардааст: «Суди конститутсионӣ муқаррар намуд, ки аризаи мазкур (яъне аризаи намояндаи ширкати «Айренген-ЛТД») аз болои ин таъйинот рӯзи 28 феврали соли 2009 ба воситаи почта ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст… Ба ин нигоҳ накарда, муроҷиаткунанда нусхаи ин аризаи назоратии худро рӯзи 2 марти соли 2009 ба дафтархонаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридааст, ки дар нусхаи он имзои шахси қабулкарда Раҷабов С. ва муҳри Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Вале судя дар таъйиноташ рӯзи дохилшавии аризаҳои (яъне ҳар ду ариза) намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» Ақна-заровро бо сабаби номаълум 20 марти соли 2009 нишон дода, ба ин асос муҳлати 6-моҳаи ба тариқи назоратӣ муроҷиат намудани ӯро гузарондашуда ҳисобидааст. Ҳол он ки мувофиқи муқаррароти қисми 4 моддаи 112 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ ҷараёни муҳлати мурофавии 6-моҳа барои пешниҳоди аризаи назоратӣ барои аз нав баррасӣ намудани парванда бо моҳ ҳисоб карда шуда, аз рӯзи дигари пас аз баровардани таъиноти кассатсионӣ шурӯъ мешавад…, яъне муҳлати ин нишондоди қонун … 3 сентябри соли 2008 шурӯъ шуда, соати бистучори рӯзи 3 марти соли 2009 ба охир мерасад.
Дар вақти баровардани таъйинот дар бораи баргардонда-ни аризаи намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» Ақназаров Қ. ин ҳолатҳо ба назар гирифта нашудааст, ки он ба амалӣ шудани кафолати конститутсионии ҳуқуқи ҳифзи судӣ доштани муроҷиаткунанда монеа эҷод намудааст.
Ҳолати зикршуда Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис-тонро уҳдадор менамояд, ки масъалаи мазкурро мавриди баррасии нав қарор диҳад…
Қарор қатъӣ буда, аз болои он шикоят овардан мумкин нест ва аз вақти қабул шуданаш эътибор пайдо мекунад».
Кас гумон мекунад, ҳамин қарори фаҳмову равшани Суди конститутсионии ҷумҳуриро ба инобат гирифта,  Суди Олии иқтисодӣ аризаи намояндаи Ширкати «Айренген-ЛТД»-ро ба баррасӣ мегирад. Аммо, аф-сӯс, барои СОИ қарори Суди кон-ститутсионӣ он қадар ҳуҷҷати муҳим набудааст. Зеро минбаъд дар мак-тубҳои ба Суди конститутсионӣ ирсолкардааш ҳисобот медиҳад, ки ин қарорро иҷро кардааст, вале дар асл ба он эътиборе надода, даъвои ширкати «Айренген-ЛТД»-ро бепосух мегузорад.
Суди конститутсионӣ дар ин масъала аз майи соли 2009-ум 7 маротиба ба СОИ барои иҷрои қарораш муроҷиат менамояд, аммо тамоми ин муроҷиатҳо бенатиҷа анҷом меёбанд.
Гузаро бояд зикр кард, ки ҳамроҳ бо заводи «Пахтаи Пролетар» дар ҳамин музоядаи 22 августи соли 2000-ум ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушодаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Ленин, «Умед-1»-и ноҳияи Қӯрғонтеппа ва «Файзалӣ»-и ноҳияи Ғозималик ба фурӯш рафтаанд, аммо аз чи сабаб бошад, ки на Прокуратураи генералӣ ва на ягон мақомоти дигар савдои онҳоро ғайриқонунӣ ҳисоб накарданд. Ҳол он ки ин ҷамъиятҳо ҳам коргоҳҳои пахтатозакунӣ буданду бо ҳамон шарту шароитҳое, ки заводи «Пахтаи Пролетар» ба фурӯш гузошта шуда буд, дар музояда ба савдо гузошта шуда буданд. Чаро «Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 1998 №418 нисбат ба он татбиқ нагаштааст?
Пас савол ба миён меояд, ки ба чӣ хотир қурбу манзалати қарори Суди конститутсионӣ ва мавқеи Сарвазири кишвару Роҳбари Дастгоҳи Президанти мамлакат аз иштибоҳи қасдан содиркардаи судяи СОИ М. Ширинҷонова ва мавқеи дигар нафароне, ки шояд вуҷуд доштани ширкати «Айренген-ЛТД»-ро намехоҳанд, пасттар будааст?
Мантиқан, роҳи минбаъдаи тамоми қазияро таъйиноти нодурусти Ширинҷонова дар бораи  гузаштани муҳлати даъво бастааст. Бинобар ин, таъйиноти мазкур ҳоло ягона буттаи ноустуворест, ки муқобилони ширкати «Айренген-ЛТД» ба он чун ягона умеди наҷот часпидаанд. 
Агар Суди Олии иқтисодӣ санади Суди конститутсиониро дидаву дониста, иҷро накунад, пас гузарондани мурофиаҳои намоишкорона бо иштироки намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, намояндаи ваколатдори Президенти мамлакат дар Суди конститутсионӣ оид ба ин қазия ва чопи қарори Суди конститутсионӣ дар рӯзномаҳои бонуфузи «Ҷум-ҳурият», «Садои мардум», «Народная газета» ва зери шубҳа гузоштани шаъну эътибори олитарин додгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ маъно дорад?
А. МИРЗОҶАЛОЛОВ, «Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2014    №: 31    Мутолиа карданд: 1237

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед