logo

ҳуқуқ

ҲНИТ ШИКАНҶАРО МЕБИНАДУ ҶИНОЯТРО НЕ

Дар шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон  навореро дида, ҳуш аз сарам парид. Худованд бузургтарин ҷавҳари офаридааш – ақлро ба инсон ато кардаасту ин махлуқи носипос ба аъмоле даст задааст, ки ҳатто дар мисоли ҳайвонот дида намешавад. Навор дар бораи шаҳрванд Маҳмадулло Холов, зодаи ноҳияи Ҳисору истиқоматкунандаи шаҳри Исфара нақл мекард. Нафаре, ки худро тақводор нишон додаву бо каломи оёти раббонӣ ва доругиёҳ беморонро даво мебахшидааст. Шахсе, ки узви Ҳизби наҳзати ислом будаву мардумро талқин мекардааст, ки «роҳи ислом беҳтарин асту роҳи наҳзати ислом аз он беҳтар».
Вале, тавре мебинем, ин ҷода барои ӯ роҳи  фисқу фуҷур  ва касофату кароҳат будааст. Ба номуси ду духтари ноболиғе таҷовуз  кардааст,  ки  фарзанди  худаш  ҳисоб  мешаванд.  Зеро модари онҳоро дар никоҳи худ  дароварда,  духтаронашро  фарзанд  хондааст.  Шариати  исломӣ  ҳам  ҳаминро  тақозо мекунад. Вале…
Ин ҳодисаи нанговаре, ки аз ҷониби як узви ҲНИТ сар зад, бори нахуст нест. Чанд моҳ пеш узви дигари ҳизб (номаш дар хотирам нест, вале филми дар борааш таҳияшуда «Пойбанди нафрат» унвон дошт) наврасеро таҷовуз карда, сипас ба қатл расонда буд.
Бардошт аз чунин ҳодисаҳо хеле сангин аст. Инсонро ба навмедӣ мекашаду қадру манзалаташро коҳиш мебахшад. Албатта, дар ҷомеа чунин ҳайвонсиратҳо кам нестанд. Магар ҳизби наҳзат баҳри пешгирӣ аз чунин ҷиноятҳои аз ҷониби аъзои ҳизб содиршуда, ки аллакай на як бору ду бор такрор меёбанд, барномаи мушаххасеро роҳандозӣ кардааст?
Такрор шудани ин гуна амалҳои но-бахшиданӣ  бозгӯи онанд, ки не. Роҳбарони ҳизби наҳзат ба ҷойи сарзаниш кардани пайравони ҷинояткорашон, ба сафед кардани онҳо машғуланд. Роҳашро низ пайдо кардаанд. Ҳамқадам бо баъзе лоиҳаҳои аз хориҷи кишвар тарҳрезишуда дар мавзӯи «Шиканҷа» мизи гирд мегузаронанд. Ҷинояткоронеро ҳимоя мекунанд, ки хилофи қонуну зидди маҷрои маъмулии ҳаёт гом бардоштаанд. Онҳоро ба тақдири духтарандарҳои М.Холов, наврасаки раштии аз сад гулаш як гулаш нашкуфта, ашхоси бегуноҳи аз ҷониби террорист У. Тоҷиев дар Афғонистон фавтида, муҳоҷирони меҳнатие, ки аз тарафи Ҳамза Икромзода қабл аз боздошташ дар ҳудуди Русия ғорат мешуданду лату кӯб, коре нест. Дар таҷовузу маргу ҷабру ситами ин қурбониён наҳзатиҳо асари шиканҷаро намебинанд. Аммо дар назди қонун ҷавоб додани чунин ашхос ва ҳазорҳо ҷинояткори дигар барои Муҳиддин Кабирӣ ва муридонаш «шиканҷа» будааст. Барои Кабирӣ, ки хеле ва хеле амиқтар аз дигарон медонад:
Тараҳҳум бар паланги тездандон,
Ситамгорӣ бувад бар гӯсфандон.

Чӣ чора, вақте ки имрӯз қадру қимати ҷинояткор барои баъзеҳо (хусусан ғарбиҳо) хеле афзудааст. Зеро онҳо дар пиёда намудани нақшаҳои нави геополитикии худ ба ҳамин гурӯҳ такя доранд. Ва агар, ҳатто вакили порлумони кишвар ба доми фиреби бегонагон биафтад, вой бар ҳоли мо.

Сафиалло ХУДОИЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2014    №: 31    Мутолиа карданд: 590

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед