logo

порлумон

МУҲЛАТИ РУХСАТНОМАИ КОРӢ 3 СОЛ ТАМДИД ШУД

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор гардид, ба як созишнома ва як қонун тағйиру иловаҳо ворид гашт.

МУҲОҶИРАТ МЕАФЗОЯД
Сумангул Тағоева, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ба тасвиб расондани Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 16 октябри соли 2004, зикр кард, ки 5 октябри соли 2012 зимни сафари Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба иқдомҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи рушди ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират ба имзо расонда шуд.
Дар асоси муқаррароти ёддошти мазкур лоиҳаи протокол таҳия гашт. Протоколи зикршуда пас аз анҷоми расмиёти дохилидавлатӣ 29 октябри соли 2013 дар шаҳри Москва аз ҷониби роҳбарони мақомоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба имзо расид. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи протоколи мазкур аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, корҳои дохилӣ ва корҳои хориҷии ҷумҳурӣ мувофиқа шудааст.
Назар ба гуфтаи Сумангул Тағоева, мутобиқи маълумоти баҳисобгирии рафтуомади шаҳрвандони кишварамон тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар соли 2013 аз ҷумҳурӣ 799698 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба хориҷа сафар карда, 642841 нафар ба Ватан баргаштааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки раванди муҳоҷирати шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар рӯ ба афзоиш дошта, беш аз 90 фоизи он ба Федератсияи Русия рост меояд.
Мавсуф тазаккур дод, ки дар асоси муқаррароти протоколи мазкур муҳлати амали рухсатномаи корӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ  -шаҳрвандони тарафҳои созишнома то се сол тамдид гардида, муҳлати будубоши онҳо тибқи рухсатномаи корӣ бе хориҷшавӣ аз қаламрави давлати будубош тамдид мешавад. Бахусус қоидаи мазкур маҳдудияти яксолаи будубошро барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки муваққатан дар Русия кору фаъолият менамоянд, аз байн бурда, имкон медиҳад, ки онҳо бе хароҷот ва ташвишҳои иловагӣ ҷои кори худро ба муддати се сол нигоҳ доранд.
Мавсуф иброз дошт, ки яке аз сабабҳои аз тариқи маъмурӣ хориҷ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаламрави Русия ва манъи воридшавии онҳо ба ин кишвар риоя нашудани муҳлат ва тартиби будубош дар Федератсияи Русия мебошад.
Протоколи мазкур барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат мекунад.

МАҚСАД ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН
Қосим Роҳбар, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» гуфт, ки вазорат ба мақсади таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 таҳти рақами 94 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи аграрӣ ва ҳифзи муҳити зист барои солҳои 2012-2015», лоиҳаи мазкурро таҳия намуд.
Мавсуф зикр кард, ки зарурати ворид намудани тағйирот ба қонун такмили қонунгузорӣ ҷиҳати мутобиқ гардондани он ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани ваколатҳои мақоми ваколатдор, механизмҳои татбиқи беҳтаргардонии ҳолати беҳдошти заминҳо ва бо ин васила вусъат додани рушди истеҳсолоти хоҷагиҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо мебошад.
Ба боби дуюм, моддаи сеюми қонун барои мутобиқ намудан ба Қонуни конститутсионӣ, расидан ба нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ба моддаи чорум барои гузоштани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати маблағгузории чорабиниҳо, ба монанди агротехникӣ, агрокимиёвӣ, мелиоративӣ, фитосанитарӣ ва зидди эррозия ва самти гузарондани онҳо, ҳолати ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ тағйирот ворид шудааст.
-Тағйиру иловаҳои воридшуда барои амалӣ гардидани ҳадафи барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ барои солҳои 2012-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян намудани самтҳои асосии дастгирии давлатӣ дар ҳосилхезгардонии заминҳо, истифодаи оқилонаи замин, ташкили бозори замин, нигоҳ доштани саломатии инсон ва таъмини амнияти озуқаворӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2014    №: 33    Мутолиа карданд: 890

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед