logo

ҳуқуқ

БУНГОҲИ ТИББӢ ВА КӮДАКИСТОНРО ФУРӮХТАНД

Ба таваҷҷуҳи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

- Кӯдакистон ва бунгоҳи тиббии деҳаи Бобониёз Тошеви Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзодаро фурӯхтанд. Беш аз 6 ҳазор сокини деҳаҳои Бобониёз Тошев, Адир, Қарабой Наимов, Чашма ва Оға як сол боз аз хидматрасонии ягона бунгоҳи тиббӣ маҳруманд, - мегӯяд Абдураҳмон Очилдиев, муовини раиси Кумитаи маҳаллаи мазкур.

Чӣ бедардӣ! Охир ягон кӯдак, зан ва умуман нафаре аз сокини деҳаҳои мазкур бемор шавад, ба куҷо муроҷиат намоянд?! Наздиктарин бунгоҳ дар масофаи 15 километр қарор дорад.
Куҷост инсофу адолат? Наход кор то ба ҳамин ҷо расида бошад, ки кӯдакистону бунгоҳи тиббиро фурӯшанд?! Магар раиси шаҳр, мақомоти ҳуқуқиву қудратӣ, бахусус прокуратура аз ин қазия хабар надоранд?
Ростӣ, баъди фурӯпошии шӯравӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва баъди он чи қадар техника, замину амвол ва биноҳои гуногуни колхозу совхозҳо ва муассисаҳои давлатиро дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фурӯхтанд. Аксарияти онро худи раисони шаҳру ноҳияҳо, мансабдорон, раисони хоҷагиҳои навтаъйиншуда ва хешу ақрабояшон азхуд карданд. Дар баъзе ноҳияҳо раисони хоҷагӣ лагер – истироҳатгоҳи хонандагон, чойхона ва ҳатто синфхонаҳоро фурӯхтаанд, ки оид ба ин масъала рӯзнома матолиби дигареро ба табъ хоҳад расонд.
Мусоҳибам иброз дошт, ки чойхонаро ҳанӯз соли 2008 ва кӯдакистону бунгоҳи тиббиро соли гузашта фурӯхтанд. Дар хоҷагӣ ягон мулку амволи нофурӯхта намондааст. Ӯ бо таассуф нусхаи аризаи сокинони деҳаро ба собиқ раиси вақти шаҳри Турсунзода Д. Гулмаҳмадов ва прокурори шаҳр  Б. Камолов ва ҷавобашро ба ман дароз кард. Дар ариза ба прокурор омадааст, ки кӯдакистон ва бунгоҳи тиббии деҳаро, ки дар мувозинаи хоҷагии деҳқонии ба номи А. Мирзоев қарор дошт ва солҳои тӯлонӣ ба мардум хидмат мерасонданд, собиқ раиси хоҷагӣ ба Аҳмад Шарипов, раиси хоҷагии деҳқонии «Тоштемирбобо», фурӯхтааст. Дар ҳуҷҷатгузорӣ пешниҳоди ҷамоат ва қарори раиси шаҳр вуҷуд надорад. Деҳа аз маркази шаҳр дур буда, ба хидматрасонии тиббӣ ниёз дорад. Аз ин лиҳоз, аз прокурори шаҳр хоҳиш кардаанд, ки қарори хоҷагии деҳқонии ба номи А. Мирзоев оид ба фурӯши амволи мазкур бекор карда, кӯдакистону бунгоҳи тиббӣ, ки моли мардуманд, барои истифодаи минбаъдаи сокинони деҳа ба мувозинаи ҷамоати Ҷӯра Раҳмонов гузаронда шаванд. То ин ки сокинони деҳа ва соҳибкорон ба ҷои он амбулаторияи замонавӣ бунёд намоянд. Дар ҷавоб Б. Камолов, прокурори шаҳри Турсунзода, чунин навиштааст, ки онро айнан меорем:
«Прокуратураи шаҳри Турсунзода муроҷиати дастаҷамъонаи шуморо оид ба ғайриқонунӣ фурӯхтани бинои боғчаи мавсимӣ дар деҳаи Б. Тошеви Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов аз ҷониби  Х. Улҷаев, собиқ раиси хоҷагии деҳқонии А. Мирзоев санҷида баромад.
Муайян карда шуд, ки бинои боғчаи мавсимии хоҷагӣ, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ҷ. Раҳмонов, деҳаи Б. Тошев, бо қарори маҷлиси умумии аъзои хоҷагии Мирзоев таҳти № 5, аз 6 апрели соли 2013, ки тибқи талаботи банди 5.1., моддаи 5-и Оинномаи хоҷагии деҳқонии А. Мирзоев мақоми олии идоракунӣ ба ҳисоб рафта, ҳамаи масъалаҳои ба салоҳияти мустаснои он вогузоршударо ҳал мекунад, ба сокини ҳамин деҳа Аҳмад Шарипов, ки солиёни дароз дар ин хоҷагӣ кор карда, соли 2008 хоҷагии деҳқонии алоҳида ташкил намудааст, бо мақсади ташкил намудани нуқтаи хизматрасонии тиббӣ ба сокинони ин ва деҳаҳои гирду атроф фурӯхта шудааст.
Аз сабаби он ки сокини дигари ҳамин деҳа шаҳрванд А. Каримов худсарона масоҳати 0,03 га замини ҳудуди бинои боғчаи мавсимии хусусигардондашударо ишғол карда, гирду атрофи онро девор бардошта маҳкам кардааст ва шаҳрванд А. Шарипов имконияти таъмир ва ба истифода додани ин биноро надорад, то имрӯз он мувофиқи мақсад истифода бурда нашудааст.
Ин ҳолат низ дар асоси аризаи шаҳрванд А.Шарипов аз тарафи прокуратураи шаҳр санҷида шуда, баҳри бартараф кардани қонунвайронкуниҳо амр дода шуд. Шаҳрванд А. Шарипов бошад, вазифадор карда шуд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат бинои мазкурро аз таъмири хушсифат баровада мақсаднок истифода барад.
Ҳамзамон хабар медиҳам, ки қаблан бо ҳамин мазмун муроҷиати сокинони деҳа аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода санҷида шуда, таҳти № 891, аз 18 июни соли 2013 ба шумо хабар доданд, ки дар сурати пайдо шудани зарурат барои  сохтани нуқтаи хидмати тиббӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр омодааст, ки масъалаи ҷудо намудани қитъаи заминро баррасӣ намояд.
Бинобар ин, оид ба ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони нуқтаи хизматрасонии тиббӣ бо ариза ба раиси шаҳр муроҷиат намоед».
Аҳсант! Зиҳӣ, умедворӣ!
Беҳ з-ин набувад тамомкорӣ!
Назар ба гуфтаи прокурор он гӯё бо қарори маҷлиси умумии аъзои хоҷагӣ фурӯхта шуда бошад. Ҳол он ки ба гуфтаи Абдураҳмон Очилдиев, аксари мардуми деҳа аз чунин маҷлис хабар надоранд.
Сониян, қабл аз фурӯхтани кӯдакистон ду хонаи он ба сифати нуқтаи хидматрасонии тиббӣ буд.
Солисан, чӣ тавр сокини дигар замини кӯдакистонро ишғол кардаасту то ҳол аз тарафи прокурор ягон чорае дида нашудааст?
Гӯё Аҳмад Шарипов аз тарафи прокурор вазифадор шудааст, ки бинои мазкурро таъмир карда, мақсаднок истифода барад. Мусоҳибаш гуфт, ки Аҳмад Шарипов он кӯдакистонро бо нархи гаронтар фурӯхтанист, то суде ба даст орад. Ягон  бино, амвол ё замини нофурӯхта намондааст.
Ҷаноби прокурор, оё кӯдакистону нуқтаи хидматрасонии тиббиро фурӯхтан ҷоиз аст?
Охир 6 ҳазор нафар аҳолӣ, беш аз як сол, инҷониб бе бунгоҳи тиббианд!
Мардуми деҳа аз ҷавоби бедардонаи шумо, ки аз он «на сих сӯзад, на кабоб» ноумед шуда, ба раиси шаҳри Турсунзода муроҷиат кардаанд, ки ақаллан барои бинои амбулатория замин ҷудо кунанд, то худи аҳолӣ ва соҳибкорон онро бунёд намоянд. Боқӣ қазоват аз шумост.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2014    №: 34    Мутолиа карданд: 853

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед