logo

ҳуқуқ

ПУРСИШУ ПОСУХ

Ба саволҳои воридшуда Абдуқодир Раҳимов, узви Иттиҳоди адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавоб мегӯяд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо нишонии pursish@mail.ru ё бо телефони 238-54-16 ба мо муроҷиат кунанд. 

- Ҳалномаи судӣ оид ба кӯчондан аз манзили истиқоматӣ ба қувваи қонунӣ даромадааст, аммо иҷрои онро боздоштаанд. Оё аз рӯи қонун ҳалномаеро, ки қувваи қонунӣ гирифтааст, боздоштан мумкин аст?
Назар Додархоҷаев, шаҳри Душанбе

- Вақте ки ҳалномаи судӣ қувваи қонунӣ гирифт, он бояд иҷро шавад ва адолати судӣ барқарор гардад. Мурофиаи гражданӣ баъди зинаи шикоятӣ ва ё эътирози кассатсионӣ, инчунин зинаи назоратӣ дорад. Аз ин сабаб мутобиқи моддаи 345 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони мансабдори мақомоти судӣ ва прокурорӣ, ки ҳуқуқи овардани эътирози назоратиро доранд, дар навбати худ метавонанд иҷрои ҳалномаи судиро то тамом шудани рафти истеҳсолоти назоратӣ боздоранд.


- Дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аризаи даъвоии ман оид ба баҳси манзил мавҷуд аст. Чандин маротиба ба мақомоти судӣ меравам, аммо ҷавобгар ҳозир намешавад. Оё суд метавонад нисбат ба ашхосе, ки ба суд ҳозир намешаванд, ягон чора андешад?
Давлатмоҳ Хайруллоева, ноҳияи Фирдавсӣ 
     
- Мурофиаи судӣ барои он баргузор мегардад, ки  тамоми баҳсҳо аз тариқи суд баррасӣ шаванд. Ҳолатҳое мешавад, ки даъвогар ё ҷавобгар сари вақт ба мурофиа ҳозир намешавад. Дар натиҷа суд сари вақт оид ба парванда қарор қабул карда наметавонад. Агар суд муқаррар намояд, ки тарафи даъвогар ё ин ки ҷавобгар дидаву дониста ба мурофиаи судӣ ҳозир нашудааст, дар ин ҳолат мувофиқи моддаи 177(2) Кодекси мурофиавии гражданӣ ҷарима ва ё ҳабси маъмурӣ ба муддати то 15 шабонрӯз муқаррар шудааст.


- Дар рафти мурофиаи судӣ тарафҳо талаб карданд, ки судя онҳоро бо протоколи маҷлиси судӣ шинос намояд. Аммо судя гуфт, ки то анҷоми мурофиаи судӣ ҳеҷ кас ҳуқуқи шинос шудан бо протоколи маҷлиси судиро надорад. Оё ин дуруст аст?
Рустам Аҳмадов, ноҳияи Рӯдакӣ
     
- Мутобиқи моддаи 236 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маҷлиси судӣ аз тарафи котиби маҷлиси судӣ дар рафти мурофиа ё дар ҷараёни ҳаракати алоҳидаи мурофиавӣ, ки берун аз маҷлиси судӣ барпо мегардад, тартиб дода мешавад.
Аммо, тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки иштирокчии мурофиаи судӣ мебошанд, ҳуқуқ доранд, ки баъди тайёр шудани протоколҳо, дар муддати 3 рӯз бо онҳо шинос шаванд ва эродҳои хаттии худро пешниҳод намоянд. Дар рафти мурофиаи судӣ, то қабули қарори ниҳоӣ, шахсони иштирокчӣ ҳуқуқ доранд, дархост намоянд, то он қисми нишондодҳое, ки муҳим мешуморанд, ба протоколҳо дохил карда шаванд.

 
- Соли 1998 бибикалонам вафот кард. Соли 2002 аз идораи давлатии нотариалии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба ман шаҳодатнома дар бораи қабул намудани мерос аз рӯи васиятномаро доданд. Баъдтар маълум гардид, ки ҳуҷҷати додаи онҳо дар ягон ҷо ба қайд гирифта нашудаасту сохта мебошад. Суд ба ман фаҳмонд, ки агар ҳуҷҷатҳо сохтакорона тартиб дода шуда бошанд, беэътибор дониста мешаванд. Пас аз рӯи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри соли 1963 ман, ки меросгири дараҷаи сеюм мебошам, ҳуқуқи гирифтани меросро надорам, зеро дар кодекс  ин ҳолат инъикос наёфтааст?
Фирӯза Қосимова, шаҳри Қӯрғонтеппа

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 1999, таҳти № 802 аз 1 январи соли 2000-ум як қатор фаслҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1963 «Дар бораи тасдиқ кардани Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи онҳо ба фаслҳои ишорашудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардидаанд, аз эътибор соқит дониста шудаанд. Ҳамчунин аз 1 марти соли 2005 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дорад, ки дар он ҳуқуқҳои меросии шаҳрвандон, тартиби кушодани мерос, ҷойи кушодашавии мерос аз рӯи васиятнома ва ғайра нишон дода шудааст. Аз ин рӯ, ҳангоми қабул намудани мерос аз рӯи қонун, новобаста аз он ки бибикалонатон соли 1998-ум вафот кардааст, суд уҳдадор аст, ки ҳангоми дидани баҳси шумо қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифода барад ва баҳсро моҳиятан дида барояд.


- Ман соли 1999 тавассути ваколатномае, ки молики хона дода буд, онро харидам. Соли 2002 манзилро фурӯхтам. Баъди гузаштани 6 сол соҳибмулк, ки ғоибона дар Донишкадаи тиҷорат таҳсил ва дар мақомоти милиса кор мекардааст, ба суд дар хусуси беэътибор шумурдани ваколатнома ва шартномаи хариду фурӯш муроҷиат менамояд. Бигӯед, ки муҳлати даъво чанд сол муқаррар шудааст?
Давлатмоҳ Қодирова, шаҳри Душанбе

Тибқи моддаи 221 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати умумии даъво се сол муқаррар шудааст. Аммо мувофиқи қисми 2 моддаи 224 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни муҳлати даъво аз рӯзе, ки шахс огоҳ гардидааст ё мебоист аз вайрон гардидани ҳуқуқаш огоҳӣ меёфт, оғоз мегардад. Яъне, суд бояд муайян намояд, ки тарафи даъвогар кай аз вайрон шудани ҳуқуқҳояш огоҳ гардидааст. Агар ин огоҳшавӣ дар се соли охир ба вуҷуд омада бошад, пас муҳлати даъво нагузаштааст.


Дар баъзе нуқтаҳои савдо навишта шудааст, ки «Амволи фурӯхташуда баргардонда гирифта намешавад». Оё фурӯшанда ҳуқуқ дорад, ки чунин эълонҳоро дар нуқтаҳои савдо ҷой диҳад?
Ҳайдаршоҳ Ёрмаҳмадов, ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ

Дар нуқтаҳои савдо насб кардани чунин эълонҳо ғайриқонунист. Зеро вобаста аз фурӯши мол, байни фурӯшанда ва харидор метавонад баҳс пайдо шавад, ки он дар лаҳзаи аввали фурӯш мушоҳида нашуданаш мумкин аст. Аз ин рӯ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» аз соли 1997 муносибати байни истеъмолкунанда ва соҳибкорро танзим менамояд. Эълони дарҷгардида ҳеҷ вақт ҳуқуқҳои шуморо поймол карда наметавонад, чунки он қувваи ҳуқуқӣ надорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2014    №: 35    Мутолиа карданд: 621

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед