logo

маориф

ПАЖӮҲИШГАРЕ ДАР МАСИРИ ТАЪЛИМ

Убайд Зубайдов, академики  Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, аз зумраи донишмандонест, ки дар рушди илми тоҷик нақши зиёде гузоштааст. Даврони бачагӣ ва мактабхониаш ба солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ  рост меояд.

Дар шароити вазнини баъдиҷангӣ, муҳтоҷиву нодории замони хеш тарбия ва таълим гирифтааст. Аммо бо ин ҳама қотеъона ба омӯзиш гаравида, дар илм ба бозёфтҳои нав ба нав ноил шуд. Олими пурмаҳсул ва заҳматталаб аст. Хатмкардаи омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва тарбияи ҷисмонии ноҳияи Ваҳдат, факултети табиатшиносию ҷуғрофияи Институти педагогии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ)  мебошад. Солҳои 1962 - 66 мудири шуъбаи кор бо донишҷӯён ва ҷавонони Кумитаи марказии комсомоли ҷумҳурӣ ва муаллими кафедраи химияи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) буд. Баъдан чун аспиранти кафедраи химияи умумӣ, муаллими калон, мудир ва дотсенти кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ, декани факултети табиатшиносию ҷуғрофия, декани факултети биологияю химия ифои вазифа намуд. Як муддат мудири кафедраи методикаи таълими химияи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраевро ба уҳда дошт. Cоли 2005 мудири шуъбаи мактабҳои таҳсилоти умумии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таъйин шуд. Зиёда аз 260 мақолаи илмию методӣ таълиф намудааст. Муаллифи китобҳои дарсии “Химия” барои синфҳои 8, 10 ва 11 мебошад. Таҳти роҳбариаш аспирантону унвонҷӯёни зиёд  рисолаҳои номзадӣ ҳимоя карда, имрӯз дар соҳаҳои гуногун  фаъолият доранд.
У. Зубайдов дар ду риштаи илм: кимиё ва педагогика ба дастовардҳои наву тоза комёб гардидааст. Дар таълифи китобҳои “Тараққиёти химияи  биополимерҳо ” (1975), “Химия ва биохимияи сафеда” (иборат аз ду ҷилд, 1978), “Витаминҳо ва пайвастҳои биологӣ” (1996) ва дастурҳои таълимии “Корҳои амалӣ аз фанни химия барои синфҳои 8-9” (1998) саҳми зиёд дорад.
Дар таълифи китобҳои “Таълими тафриқа:  проблема, мулоҳиза, воқеият” (2001), “Таълими тафриқа - неруи пешбари раванди таълим”,  (2003),  китоби 2 - юми “Стандарти давлатии таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2005)  низ ҳиссаи назаррас гузоштааст.
Замоне ки дар пажӯҳишгоҳ кор мекард, диққати ӯро  масъалаҳои дидактикаи муосир зиёд ҷалб намуд. Баъди омӯзишу ҷустуҷӯи зиёд ба хулоса омад, ки бе тағйир додани усули тадрис  дар мактабҳои  таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ, сифати таълимро баланд бардоштан амри муҳол аст. Аз ин рӯ, дар баъзе кишварҳо тарзи роҳандозӣ намудани таълими тафриқавиро омӯхта,  дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии  шаҳрҳои Душанбеву Норак, ноҳияҳои Ваҳдат, Варзоб, Файзобод пажӯҳиш гузаронда, ба натиҷаҳои назаррас ноил шуд ва дар мавзӯи “Асосҳои назария ва амалияи таълими тафриқа дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, унвони доктори илмҳои педагогиро мушарраф  гардид.
Имрӯз дар беш аз 400 мактаби таҳсилоти умумии кишвар таълими тафриқа роҳандозӣ шудааст ва ин раванд идома дорад, зеро  омӯзишу таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин навъи таълим натиҷаи дилхоҳ ба бор оварда  истодааст. Убайд Зубайдов мартабаҳои баланди илмӣ, аз ҷумла доктори илми педагогика, доктори илмҳои кимиё, профессор ва унвони академикро соҳиб гардид. Хизматҳояшро дар рушди илм ба назар гирифта  бо унвонҳои Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонидаанд.
Абдураҳими АБДУЛЛОҲ,
дотсенти кафедраи фанҳои
гуманитарӣ ва рушди шахсияти
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2014    №: 36    Мутолиа карданд: 900

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед