logo

фарҳанг

АББОС АЛИЕВ

-1-
Аббос Алиев (Аббос Ализода; 1899 -1958) аз фарзандони арҷманди Бухорои Шариф буда, аслан аз эрониёни Бухорост. Набераи хоҳари Аббос Алиев Зулфия Раҳимова, ки дар Душанбе, дар Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ кор мекарду ҳанӯз дар Душанбест, ба мо гуфт, ки аҷдоди Аббос Алиев аз Ҳамадонӣ будаанд.
Солҳое, ки каминаи нигоранда донишҷӯй будам (1941-1945) ва профессор Аббос Алиев ба мо дарс медод, гумон доштам, ки ӯ аз эрониёни Марв аст. Имрӯз намедонам, ки ин пиндор аз куҷо пайдо шуда буд. Шояд, ба он сабаб пайдо шуда бошад, ки бештари эрониёни Бухоро аз Марв буданд. Амир Шоҳмуроди манғит (ҷулусаш 1199 қ. 1784 м.) чанд бор ба Хуросон, аз ҷумла ба Машҳаду Марв ҳамла бурда боре «банди султониро хароб карда, (ки об шаҳрро шуста бурд – М.Ш.), Марвро ба як сурати абадӣ ба харобӣ андохт, мардумеро, ки дар он сарзамин сукно доштанд, ба Мовароуннаҳр кӯчонида, ба атрофи Бухорову Самарқад манзил дод». (С.Айнӣ. Куллиёт ҷ. 10 (Таърихи амирони манғитияи Бухоро).-  С. 17.
Ин эрониёни хуросонӣ худро тод меномиданд. Тодҳо ҳама мардуми ҳунарманд буда, дар ҳаёти фарҳангиву иҷтимоиву сиёсии Мовароуннаҳр ҷойгоҳе босазо ёфтанд. Ҳунари «маврихонӣ», ки аз ҷолибтарин бахшҳои санъати мусиқии тоҷикист, ба Бухоро бо ҳамин тодҳо омада, ба фолклори тоҷик омехта, жанри наве ба вуҷуд овард, ки имрӯз ҳам шуҳрат дорад.
Имрӯз маълум шуд, ки Аббос Алиев аз дигар шохаи эрониёни Бухоро, аз ҳамадониён будааст.
Эрониёни Бухоро дар гуфтору рафтор батамом бухороӣ шуда буданду дар гуфтори Аббос Алиев низ аз лаҳҷаи эронӣ нишонае боқӣ намонда буд, батамом тоҷикӣ гап мезад.
Аббос Алиев хушгапу суханвар буда, дар зебосуханӣ ва буррову пуртаъсир гап задан касеро монанди ӯ надидаам. Шунидаам, ки Абдулқодир Муҳиддинов бисёр буррову зебо ва дилнишин суҳбат мекард. Аз шахсиятҳои намоёни даврони инқилоб Абдуррауфи Фитрат суханвари забардаст буда, сухани зебо, муассир ва боварбахши ӯ дар Бухоро, Самарқанд ва Тошканд шуҳрат доштааст. Файзуллоҳи Хоҷа – пешвои инқилоби Бухоро низ санъати суханварӣ дошт. Замони талошҳои сахти таърихӣ суханварони шуълаварро ба майдон меоварад. Дар даврони дигаргуниҳои калони инқилобӣ аз миёни мардуми тоҷик низ чанд нафар суханвар пайдо шуд. Ин каминаи нигоранда аз онҳо танҳо якеро – фақат Аббос Алиевро дидааму аз гуфтори шевои ӯ, чи дар шароити расмӣ ва чи ғайрирасмӣ, бисёр ҳаловат бурдаам.
Мо, донишҷӯён, ӯро, ки устоди мо буд, муҷассамаи зебоӣ мегуфтем. Дар ҳастии ӯ ҳусни зоҳириву ботинӣ ба ҳам омада буд. Бо хушсуҳбативу базлагӯйии ширин, хушқомативу ҷомазебӣ моро мафтун карда буд. Аспрӯй, сафедпӯст, мешчашм, фарохпешонӣ ва сермӯй буд. Миёнақад, чусту чолок, ҳама ҳаракатҳояш табиӣ ва ба худаш зебанда буданд.
Аббос Алиев худу табори эрониасли худро дар санадҳои расмӣ тоҷик номидааст. Дар гувоҳиномае, ки дар Бойгонии давлатии Тоҷикистон, дар парвандаи Аббос Алиев ҳаст (Справка о научно - педагогической работе профессор А. А. Алиева), гуфта шудааст: «Аббос Алиевич Алиев дар хонаводаи тоҷики коргар дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст».
Чун бо инқилоб пантуркистҳо ба сари кор омаданду тоҷиконро ӯзбек навиштан гирифтанд, ба бархе аз эрониёни Бухоро муяссар гардид, ки худро эронӣ ё форс бинависанду бархе худро тоҷик нависанд. Яке аз онҳое, ки аз аввали инқилоб худро тоҷик навиштанд, Аббос Алиев буд. Ҳамчуноне ки аз пажӯҳишҳои илмӣ бармеояд, аз як санади 20 октябри соли 1920 маълум мегардад, ки аз рӯзҳои аввали инқилоб «дар Ҷумҳурияти Халқии Шӯроии Бухоро танҳо се нафар аз кормандони масъул тоҷик буданд – ду тан дар Трибунали ҳарбии инқилобӣ ва як тан (Аббос Алиев) дар Нозироти маориф».  Яъне, аз нахустин рӯзҳои инқилоби Бухоро (ки 2 сентябри 1920 пирӯзӣ ёфт) ба Аббос Алиеви ҷавон он саодат даст дод, ки худро аз зӯроварии турксозӣ, ки сарварони инқилоб дар ҳаққи тоҷикон раво диданд, ҳифз намояд. Ва ҳол он ки бисёре аз онҳое, ки дар инқилоб ширкат карданд ва дар синну сол аз Аббос Алиев калонтар буда, дар зиндагии иҷтимоӣ бештар таҷриба доштанд, фиреби таблиғоти пантуркистиро хӯрда, худро ӯзбек пиндоштанд, ӯзбек навиштанд, баъзеи онҳо, пас аз ду - се сол ин хатои худро фаҳмиданду ислоҳ намуданд. Аммо Аббос Алиев тавонист, ки аз ҷавонӣ ба ин роҳи хато пой нагузорад.
Аз гувоҳиномаи боло падидор аст, ки падари Аббос Алиев коргар будааст. Аммо чӣ коргаре будаву дар куҷо кор мекард, маълум нест.
Дар гувоҳинома гуфтаанд: «Амири Бухоро дар соли 1916 падари ӯро барои корҳои инқилобӣ дар Бухоро ба қатл расонид». Боз ҳам маълум нест, ки кадом корҳои инқилобӣ боиси таъқиб ва кушта шудани падари Аббос Алиев гардидааст. Аз номи хонаводагии Аббос Алиев метавон пай бурд, ки номи падараш Алӣ аст. Аз ҷумлаи боло ин ҳам маълум аст, ки Аббос Алиев фарзанди як муборизи зидди ситами иҷтимоӣ, фарзанди як инқилобҷӯе буда, сипас худ ин пархоши падарро давом додааст.
Аббос Алиев дар хурдсолӣ аз падару модар маҳрум монда, ба шаҳри Чорҷӯй, шояд ба назди хешовандонаш рафта, солҳои наврасиаш дар он ҷо гузаштаанд.
Дар гувоҳиномаи ёдшуда гуфтаанд, ки Аббос Алиев дар Чорҷӯй «дар хонаводаи болшевики рус Хрони парвариш ёфту ба ҷунбиши озодихоҳии инқилобии Бухоро ҳамроҳ шуд.
Чорҷӯй аз калонтарин вилоятҳои аморати Бухоро буда, дар шаҳру атрофи он тоҷикон бисёр буданд ва, шояд, ҳоло ҳам бошанд.
Чорҷӯй дар лаби дарёи Ому воқеъ шуда, бандари калону истгоҳи роҳи оҳан дошт. Аз ин рӯ, дар он ҷо русҳо бисёр буданду дар паҳлӯи он як шаҳри нави русӣ низ сохта буданд (ҳангоми марзбандии миллии соли 1924 Чорҷӯй ба Туркманистон гузашту соли 1991, ки Туркманистон ба истиқлоли давлатӣ расид, Чорҷӯйро Туркманобод ном карданд). Шуҳрат Саъдиев дар асоси он чӣ аз Бойгонии давлатии Тоҷикистон ба даст овардааст, мегӯяд, ки Аббос Алиев дар Чорҷӯй бо русҳо «чун коргар ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ намудааст» ва «ҳамроҳи болшевикони рус ба муборизаи озодихоҳии зидди амирӣ ҳамроҳ шудааст».
Дар «Донишномаи Тоҷикистони Шӯравӣ» («Энсиклопедияи советии тоҷик») ва «Донишномаи Ӯзбекистони Шӯравӣ» («Ӯзбек совет энсиклопедияси») омадааст, ки Аббос Алиев аз соли 1917 узви Ҳизби коммунистӣ (болшевики Русия) буда, соли 1917 Ҳизби коммунисти Бухоро ҳанӯз таъсис наёфта буд. Пас, шояд, Аббос Алиев ҳангоми кор бо коргарони руси Чорҷӯй ба узвияти Ҳизби коммунисти (болшевики) Русия қабул шуда бошад.
Агар, дар ҳақиқат, чунин бошад, тавон гуфт, ки фаъолияти инқилобии Аббос Алиев соли 1917, дар 18 - солагии ӯ оғоз ёфтааст.
Тобистони соли 1918 дар Тошканд Ҳизби коммунисти Бухоро таъсис ёфта, 25 сентябри 1918 нахустин Кумитаи марказии он интихоб гардид. Аббос Алиев аз ҳамон вақт узви Ҳизби коммунисти Бухоро буда, солҳои 1918-1920 дар созмонҳои коммунистии Бухорову Когон (Бухорои Нав) кор кардааст.
Чуноне ки дар донишномаҳои номбурда омадааст, Аббос Алиев солҳои 1918 - 1920 сардори Кумитаи ҳизбии пинҳонкори Чорҷӯй буд. Созмони коммунистии Чорҷӯй аз калонтарин гурӯҳҳои ҳизбӣ буда, дар тайёрии инқилоби Бухоро фаъолона ширкат варзид ва Аббос Алиев яке аз бунёдгузорони Ҷумҳурии Халқии Шӯроии Бухоро ба шумор меравад.
Ҳамаи инқилобкорони Бухоро, ғайр аз касоне чун Абдулвоҳиди Мунзим (1877 - 1934) ҷавон буданд. Чунончи, соли 1920, соли пирӯзии инқилоб Файзуллоҳи Хоҷа (1896-1938) 24 - сола буда, дар ин син Сарвазир – шахси якуми Ҷумҳурии Халқии Шӯроии Бухоро шуд. Абдулқодир Муҳиддинов (1892 - 1934) 4 сентябри соли 1920, яъне дар 28 - солагӣ, Раиси Кумитаи инқилобӣ таъйин шуд, ки баробари Раиси ҷумҳурист. Аббос Алиев аз ҳамаи онҳо ҷавонтар – яке аз ҷавонтарин инқилобкорон буд.
 

-2-
Мутаассифона, чандон маълум нест, ки Аббос Алиев пас аз инқилоб бо чӣ корҳо машғул буду ба чӣ мансабҳо расид. Дар ин бора ҳар ҷо ишораҳои пароканда ва норавшан мавҷуд асту бас. Чуноне ки дар боло дидем, дар нахустин моҳҳои пас аз инқилоб ӯ дар нозирот (комиссариат)-и маориф кор мекардааст. Шуҳрат Саъдиев овардааст, ки Аббос Алиевро соли 1922 ба Маскав, ба Донишгоҳи коммунистии заҳматкашони Шарқ барои таҳсил фиристоданд, лекин пас аз як сол бозпас хонданду дар Бухоро вазифаҳои ҳизбӣ доданд. Дар Донишномаи мазкури Ӯзбекистон гуфтаанд, ки узви Кумитаи марказии комсомоли Бухоро буд. Банда шунидаам, ки котиби якуми комсомоли Бухоро буд. Дар гувоҳиномаи мазкур навиштаанд, ки ӯ котиби якуми комсомоли Бухоро буд.  Лекин маълум нест, ки аз кай то кай ин вазифаро иҷро кард.  Шуҳрат Саъдиев мегӯяд, ки Аббос Алиев чанд гоҳ сармуҳаррири рӯзномаи «Озод Бухоро» ва муовини нозири маорифи Бухоро буд. Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалоли Икромӣ дар саргузаштномааш, ки таҳти унвони «Он чӣ аз сар гузашт» соли 2006 (пас аз вафоти муаллиф) чоп шуд, навиштааст, ки Аббос Алиев «пас аз инқилоби 1920 дар Комитети марказии партияи коммунистии Бухоро кор карда, ба гумонам, шуъбаи ташвиқот ва тарғиботро идора мекард».
Чуноне ки мебинем, дар ин бобат Ҷалол Икромӣ ҳам ба тахмин сухан рондааст. Лекин тахмини ӯ ба шуъбаи таблиғот дахл дошта, дар Кумитаи марказии ҳизб кор кардани Аббос Алиевро бидуни шакку шубҳа таъкид намудааст. Пас, ин хабарро, ки Аббос Алиев дар Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Бухоро кор кардааст, тавон пазируфт. Аммо боз маълум нест, ки кай ва чанд гоҳ он ҷо кор кард.
Ҳоло равшан он аст, ки Аббос Алиеви чобуку боғайрат ҳар ҷо кор кунад, аз дилу ҷон ва бо рӯҳбаландӣ кор мекард. Аз ин сабаб ва бо назардошти хидматҳои инқилобии ӯ, соли 1922 бо нишони «Ситораи зарин» («Олтин юлдуз») сарфароз гардид.
Ҷалоли Икромӣ гуфтааст: «Ҷавони базеб, далер ва боақл буд. Ҳамин қадар айб дошт, ки дар як ҷо ором кор карда наметавонист. Албатта, ба яке аз калонҳо мечаспид ва танқид мекард ва бо оппозитсия бармехост». Ба фаҳми банда, ин таъкиди Ҷ. Икромӣ чунин маъно дорад, ки Аббос Алиев дар ҳар маврид ва дар ҳар масъала фикри мустақил дошт ва ба андешаи хоси худ амал мекард. Ӯ табъи солим ва андешаи миллӣ дошта, наметавонист бо роҳу равиши нораво, судҷӯйӣ ва сиёсати пантуркистии баъзе сардорони Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Шӯроии Бухоро созиш бикунад.
Банда шунида будам, ки Аббос Алиев бо Файзуллоҳи Хоҷа – шахси якуми кишвар ихтилофи назар дошт. Ҷалол Икромӣ навиштааст, ки Аббос Алиев «бо Файзулло Хоҷаев ва дигарон даст ба гиребон буд». (Ҳамин ҷо. Дар бораи маҳви маънавии тоҷикон. Инчунин ниг: М.Шакурии Бухороӣ. Фитнаи инқилоб дар Бухоро. – Душанбе: Шуҷоъиён, 2010).   Яъне, Аббос Алиев бо Файзуллоҳи Хоҷа сахт мубориза мекард. Гоҳо мубоҳисаву мунозираи Аббос Алиев бо Файзуллоҳи Хоҷа хеле тезу тунд мешуд. Хоҳарнабераи Аббос Алиев Зулфия Раҳимова ба мо аз шунидаҳояш чунин ҳикоят кард, ки боре баҳси Аббос Алиев ва Файзуллоҳи Хоҷа чунон шиддат гирифт, ки Аббос беихтиёр тапонча аз ҷайб баровард, Файзуллоҳи Хоҷа гурехт, Аббос тапонча ба даст аз паси ӯ давид, вале худро ба даст гирифту тир холӣ накард.
Ба гумони қавӣ, яке аз моддаҳои асосии ин ихтилофи назар, як сабаби ин талошу пархоши сахт масъалаи тоҷикон буд. Файзуллоҳи Хоҷа пешвои пантуркистҳои Бухоро буда, турксозии тоҷиконро як моддаи сиёсати ҳукумати шӯравии Бухоро қарор дода буд. Аммо Аббос Алиев яке аз тоҷикгароёни фидокор буда, барои ҳимояи ҳуқуқи мардуми тоҷик, барои пешгирии маҳви маънавии тоҷикон мубориза мекард.
Ин талоши Аббос Алиев боре чунон тезу тунд шуд, ки ӯ бо ҳаммаслакони тоҷикгарояш халқи Бухороро ба по хезонида, ба кӯчаҳо баровард. Ин рӯйдодро Ҷалоли Икромӣ худ дида буд ва чунин ҳикоят кардааст:
«Дар хотир дорам, ки боре бо рафиқонаш дар Бухоро шӯриш барин ҳодисаеро барпо кард. Ҳамаи мактабҳо ва одамони гузарҳоро ба по хезонда ба кӯча намоиш ташкил дод. Мақсад ҳамин буд, ки мактабҳои Бухороро тоҷикӣ кунанд! Дар ҳақиқат, пас аз намойиш тақрибан ҳамаи мактабҳои Бухоро ба забони тоҷикӣ баргардонида шуданд». (Ҷ. Икромӣ. Он чӣ аз сар гузашт // «Садои Шарқ», 2008. - № 3. – С. 39 - 40).
Аз ин ҳикоят ба чанд нукта диққат ҷалб кардан мехоҳем.
Якум ин ки он намойиш на як рухнамуди андак, балки як воқеаи калон будааст, зеро чунончи Ҷ. Икромӣ мегӯяд, Аббос Алиев «бо рафиқонаш» «ҳамаи мактабҳо ва одамони гузарҳо»-ро, яъне қариб тамоми халқи шаҳрро ба по хезонида буд. Аз ин рӯ, бояд гуфт, ки он намойиш ба як шӯриши умумӣ табдил ёфт. Аз ин мебарояд, ки дар Бухоро ба муқобили сиёсати пануркистии ҳукумати инқилобӣ шӯриш барпо шуда буд, ки намунае аз талошҳои фарзандони барӯманди миллат дар роҳи ҳифзи ҳувийяти миллӣ, дар роҳи ҳифзи забон ва фарҳанги миллист. Ин намойишу шӯриш ҳанӯз дар таърихи тоҷикони садаи бист (замони шӯравӣ) қайд нашудааст.
Дувум ин ки Аббос Алиев дар ин муборизаи қаҳрамононаи зидди пантуркизм танҳо набуд, балки «бо рафиқонаш» амал мекард ва он ҳаммаслакони тоҷикгарои ӯ, он зиёиёни талошгари тоҷик чунон зиёд буданд, ки тавонистанд қариб тамоми шаҳрро ба шӯр биёваранд. Яъне, он даъво, ки гӯё, зиёиёни тоҷик дар Бухоро пеш аз инқилоб ба туркони манғитӣ ва пас аз инқилоб ба пантуркистҳо фурӯхта шуда буданд ва нисбат ба ин «худфурӯхтагон» калимаҳои «предательство», «трусость», «лживость», «беспринципность»-ро бояд ба кор андохт – ин «назария» -и «худфурӯхтагии зиёиёни Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд» як пиндори ботил аст. Мо ин матлабро пеш аз ин чанд бор гӯшгузор оварда будем. (Ниг: М. Шакурии Бухороӣ. Садри Бухоро. – Душанбе: Деваштич – 2005; М. Шакурии Бухороӣ. Фитнаи инқилоб дар Бухоро. Душанбе: Шуҷоъиён, 2010) ва лозим донистем, ки  ин ҷо ҳам аз гӯшрас худдорӣ накунем.
Севум. Аз ин ёдмондаи Ҷалоли Икромӣ маълум мешавад, ки Аббос Алиев муборизи шӯълавари зидди пантуркизм буда, дар роҳи ҳақ ба нотарсиву ҷонсупорӣ талош кардааст, қобилияте доштааст, ки ҷавонони ҳамиятмандро гирди худ ҷамъ биёвараду ба мубориза алайҳи душманони синфӣ сафарбар бикунад, бо санъати суханварӣ мардумони зиёдеро ба муборизаи миллии озодихоҳӣ бихезонад.
Дар ёддоштномаи Ҷалоли Икромӣ, мутаассифона, гуфта нашудааст, ки он намойишу шӯриши Аббос Алиев кай рӯй дода буд. Аз рафти сухани Икромӣ ҳам ба тахмин замони вуқӯи воқеаро дарёфтан имкон надорад. Банда дар рисолаи «Фитнаи инқилоб» фикри худро чунин баён карда будам, ки ин намойиш бояд дар миёнаи солҳои 1922 ё 1923 рӯй дода бошад. Дар овони ҷавонӣ аз хешовандон ва ҳамшаҳриҳо як - ду бор ба гӯшам расида буд, ки соли 1922 ё 1923 дар Бухоро ғалаёне сар зада, мардум, бар асари сиёсати пантуркистӣ ва зидди тоҷикии ҳукумати инқилобии Файзуллоҳи Хоҷа ба шӯр омадаанду бетартибиҳое кардаанд. Агар хато накунам, Ҷалоли Икромӣ ҳамин рухдодро дар назар дорад. Имрӯз, банда, бар ин андешаам, ки дар Бухоро – он намойиши зидди пантуркизм, ки Аббос Алиев сардорӣ кард, ба гумони қавӣ, соли 1922 рӯй дода буд.
Шояд воқеа дар нимаи аввали соли 1922 рӯй дода, дар нимаи дувуми сол, моҳи август - сентябр Аббос Алиевро ба Маскав, ба Донишгоҳи коммунистии заҳматкашони Шарқ фиристода бошанд. Яъне, аз Бухоро дуртар ронданд, табъид карданд. Агар ин тахмини мо дуруст бошад, тавон гуфт, ба Маскав, ба таҳсил фиристода шудани Аббос Алиев як навъ ҷазо барои ташкили шӯриши зидди пантуркизм буд.
Чунончи Икромӣ мегӯяд, пас аз ин намойишу шӯриш қариб ҳамаи мактабҳои Бухоро ба забони тоҷикӣ – ба забони модарии аҳолии шаҳр гардонда шуд. Ин як пирӯзии бузург буд, ки Аббос Алиев ва намойишгарон ба даст оварданд. Вале ин пирӯзӣ дер напоид. Ҳукуматдорон дар андак муддат кам - кам боз мактабҳои Бухороро ба забони ӯзбекӣ гардонданд. Маълумоте ҳаст, ки соли 1924 – дар охири соли мавҷудияти Ҷумҳурияти Халқии Шӯроии Бухоро як мактаби тоҷикӣ боқӣ намонда буд, ҳамаро ӯзбекӣ карда буданд.
Дар даҳаи бистуму сиюми садаи бист дар Бухоро ва Самарқанд чанд бор бо ҷидду ҷаҳди зиёиён мактабҳои шаҳру атроф ё як қисми он тоҷикӣ шудааст. Лекин баъдтар боз он мактабҳоро ба ӯзбекӣ гардондаанд, зиёиёни мубориз ва ташаббускори тоҷикӣ кардани мактабро таъқиб кардаанд, ҷазо додаанд, аз шаҳр дур рондаанд ва ҳоказо. Агар таърихи мактаби тоҷикии Бухорову Самарқанди садаи бист навишта шавад, ҳама иборат аз талошу пархоши зиёиёни маорифпарвар дар роҳи ҳифзи забони модарӣ ва ҳувийяти миллӣ буда, баъзе саҳифаҳои он хунин ва ҳокӣ аз фоҷиаҳо хоҳад буд. Афсӯс, ки барои пажӯҳиш ва навиштани чунин таърихе иҷозат нахоҳанд дод.

* * *
Ҷалоли Икромӣ аз ҷузъиёти ҳаёти Аббос Алиев боз якеро ёдовар шудааст:
«Аз ҳамон рӯзҳо як чиз ба хотирам мондааст: Соли 1924, моҳи январ, дар Бухоро кадом як дастаи артистони тотор ба гастрол омада, пйесаи «Йӯлбосар Алим» ва чанд пйесаи дигарро намойиш медоданд. Як шаб, дар посоҷ, дар бинои театр, ба тамошои «Йӯлбосар Алим» машғул будем, ки нохост, дар айни рафта истодани бозӣ, пардаро пӯшонданду ба пеши саҳна Аббос Алиев баромаду гиря карда хабар дод, ки «доҳии меҳнаткашони олам», «падари бузургвори мо» Владимир Илич Ленин аз дунё чашм пӯшид!
Мо ҳама маъюсу ғамгин шудем. Театру саҳнаро фаромӯш карда, аз ҷо бархостему хона ба хона шудем. Рӯзи дигар митинги калоне барпо шуд. Дар ин ҷо ҳам Аббос Алиев ба сухан баромад». (Ҷ. Икромӣ. Он чӣ аз сар гузашт // «Садои Шарқ», 2008. - № 3. – с. 39).
Аз ин тасвири Икромӣ, аз ин ки Аббос Алиев ашкрезон аз даргузашти Ленин хабар дод, бармеояд, ки ӯ ба ормонҳои коммунистӣ содиқ аст, агарчи бо сиёсати пантуркистии баъзе ҳукуматдорони Бухорои шӯравӣ ва баъзе сарварони Ҳизби коммунисти Бухоро мубориза мекард ва шояд, дар бархе аз масъалаҳои дигар ҳам бо онҳо ихтилоф дошт, ба мароми коммунистӣ ва шояд, ба болшавизм низ, шак наоварда буд, ба маслаки коммунистии худ устувор буд.
Аз ин ки хабари даргузашти Ленинро Аббос Алиев ба мардум расониду рӯзи дигар ҳам дар митинги шаҳрӣ суханронӣ кард, тавон пай бурд, ки ӯ соли 1924, дар ҳақиқат, корманди шуъбаи таблиғоти Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Бухоро, ё ки мудири ин шуъба буд. Пас, он гуфтаи Икромӣ (чунончи дар боло дидем), ки Аббос Алиев, гӯё, дар шуъбаи ташвиқоту тарғиботи КМ кор мекард, аз ҳақиқат дур нест.
 

-3-
Соли 1924 Ҷумҳурияти Халқии Шӯравии Бухоро барҳам хӯрд. Бухороро ба импиротурии болшавикӣ илҳоқ карданд. Бо марзбандии миллии Осиёи Миёна, соли 1924, Ҷумҳурияти Шӯроии Сотсиалистии Ӯзбекистон ва дар ҳайати он Ҷумҳурияти Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис шуд. Аз Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Исфара ва ғайра, мардумоне, ки касбу кори гуногун доштанд, ба Душанбе омадан гирифтанду бештари онҳо мақсад доштанд, ки Тоҷикистон бисозанд. Бисёре аз тоҷикгароёни Бухоро, касоне чун Абдулқодир Муҳиддинов ва Аббос Алиев ба Тоҷикистон омаданд. Абдулқодир Муҳиддинов нахустин сарвазири Тоҷикистон – раиси Шӯрои комиссарони халқӣ, Аббос Алиев якумин вазири маорифи Тоҷикистон – комиссари халқии маориф шуд. Муовини вазир Аббос Алиев устод Лоҳутӣ буд.
 

Дар зиндагиномаи мухтасари Аббос Алиев дар донишномаҳои мазкури Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гуфта шудааст, ки солҳои 1924-1927 вазири маориф ва дар айни замон узви Бюрои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон будааст. Банда медонам, ки Аббос Алиев он солҳо сардори якумин ятимхона (интернат)-и Тоҷикистон дар Душанбе низ буду Мирзо Турсунзода чанд гоҳ дар ин сағирхона ба дасти Аббос Алиев тарбия дидааст.
Аббос Алиев ба сифати вазири маориф ба кушодани нахустин мактабҳои шӯравӣ ва тарбияи якумин муаллимони ин мактабҳо машғул буда, барои ба вуҷуд овардани низоми нави замонии таҳсилот дар Тоҷикистон аввалин қадамҳои ҷиддӣ гузошт. Дар Донишномаи Тоҷикистони Шӯравӣ барҳақ ӯро «яке аз муассисони маорифи халқ» номидаанд.
Он солҳо, ки вазири маориф буд, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон, ки нав шакл мегирифт, ширкат дошт. Барои таъсиси якумин маҷаллаи Тоҷикистон «Дониш ва омӯзгор» бисёр давутоз кард ва соли 1926 сармуҳаррири он буд. Инчунин, нахустин рӯзномаи Тоҷикистон «Бедории тоҷик» бо ширкати фаъолонаи ӯ таъсис ёфт. (Дар ин бора ниг: П.Гулмуродзода. Маорифпарварӣ ва низоми нави ҷаҳон. – Душанбе: Ирфон. 2006. – с. 152-158). Ш.Саъдиев мегӯяд: «Ӯ чун рӯзноманигори оташсухан бо мақолаҳои рӯзмаррааш дар ҷумҳурӣ машҳур буд».
Дар солҳои вазирӣ муборизаи зидди пантуркизмро идома дод, намунаи барҷастаи ин мубориза мақолаи машҳури ӯ «Масъалаи миллӣ дар Бухорову атрофи он» аст, ки соли 1928 чоп шуд. Дар ин мақола ӯ, чун Абдулқодир Муҳиддинов ва дигарон, кӯшидааст исбот бикунад, ки мардуми Бухорову атрофи он тоҷиканд ва бояд мактаби тоҷикӣ дошта бошанд. Ин мақолаи Аббос Алиев падидае аз ҳақталабии миллии мардуми тоҷик ва муборизаи миллии озодихоҳии эшон аст. Пайванди Гулмуродзода ин мақоларо бори дувум чоп кард. (Ниг.: П.Гулмуродзода. Забон ва худшиносии миллӣ, қ. 1. – Душанбе, 2007. – С. 202 – 212).


* * *
Сабаби рафтани Аббос Алиев аз Вазорати маорифи Тоҷикистони мухтор маълум нест. Дар ҳамон гувоҳинома (Справка о научно-педагогической работе профессора А.А.Алиева), ки дар Бойгонии давлатии Тоҷикистон, дар парвандаи Аббос Алиев ҳаст, ишора шудааст, ки ба сабаби ихтилофи назар бо И.Зеленский – котиби Дафтари осиёимиёнагии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ охири соли 1926 Аббос Алиев ба Тошканд пас хонда шуд: («В связи с его разногласием с секретарем Средазбюро ЦК Зеленским (впоследствии расстрелянным врагом народа), А.А.Алиев был отозван из Таджикстана в конце 1926 г.»).
Чуноне ки мебинем, сабаби барканории Аббос Алиев аз Вазорати маорифи Тоҷикистон ихтилофи ӯ бо И.Зеленский будааст. Маълум мешавад, ки на танҳо бо Файзуллоҳи Хоҷа ва раҳбарони Ҷумҳурии Бухоро, балки бо раҳбарияти созмони коммунистии Осиёи Миёна низ ихтилоф доштааст. Ин ҷо он гуфтаи Ҷалоли Икромӣ, ки Аббос Алиев ҳамеша бо сардорон даст ба гиребон буд, боз як бор тасдиқ мешавад.
Мутаассифона, аз ҳеҷ сарчашмае ошкор нагардид, ки Аббос Алиев бо И.Зеленский чӣ ихтилоф дошт. Шояд, ин ихтилоф ба табартақсими соли 1924, ки И.Зеленский яке аз сардорони он буд, алоқа дошта бошад. Маҳз дар ҳамин вақт Аббос Алиев дар бораи вазъи онрӯзаи мардуми Бухоро ҳамон мақолаи «Масъалаи миллӣ дар Бухорову атрофи он»-ро навишта буд, ки соли 1928 чоп шуд. Ё, мумкин аст, ки, баръакс, ихтилофи назар бо созмони ҳизбии Осиёи Миёна сабаби навиштани ин мақола шуда бошад. Ба ҳар ҳол, аз эҳтимол дур нест, ки талошу пархоши Аббос Алиев бо падидаҳои гуногуни пантуркизм, ки боиси душмании ӯ бо Файзуллоҳи Хоҷа шуда буд, муносибати ӯро бо И.Зеленский низ вайрон кард.
Аббос Алиев бо Файзуллоҳи Хоҷа ва созмонҳои ҳизбии Бухорову Ӯзбекистон, асосан дар ду масъала ихтилоф дошт: Якум, ба сари қудрат овардани пантуркизму панӯзбекизм дар Бухоро; дувум – таҳрифи таърихи инқилоби Бухоро дар навиштаҳои Файзуллоҳи Хоҷа.
Гумони банда ин аст, ки дар соли 1926 ба хашми И.Зеленский дучор омадани Аббос Алиев низ ба ҳамин масъалаҳо вобастагӣ дорад.
Инҳо ҳама тахмин аст. Асли масъала аз бойгонии Дафтари Осиёи Миёна – Средазбюро маълум хоҳад шуд. Камина ҳоло ба ин бойгонӣ дастрасӣ надорам.
Дар гувоҳиномаи мазкур таъкид шудааст, ки пас аз он ки созмони ҳизбии Осиёи Миёна Аббос Алиевро аз вазифаи вазири маорифи Тоҷикистон сабукдӯш кард, ӯ муовини вазири маорифи ҶШС Ӯзбекистон таъйин гардид.
Дар як пурсишнома (личный листок по учёту кадров), ки Аббос Алиев пур кардаасту дар Бойгонии давлатии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад, дар бораи таъйинаш чун муовини вазири маорифи Ӯзбекистон ишорае нест.
Дар ин пурсишнома ба дасти худи Аббос Алиев навишта шудааст, ки солҳои 1927-1930 дар Институти шарқшиносии Маскав таҳсилу кор кардааст. Яъне, чуноне ки соли 1922 дар Бухоро Аббос Алиевро аз кор холӣ карда ба Маскав, барои таҳсил, фиристода буданду ин як навъ ҷазо барои «гуноҳе» буд, чунин ҷазое боз ба сари ӯ омад.
Дар пурсишномаи мазкур Аббос Алиев навиштааст, ки аз соли 1927 то 1936 узви Шӯрои шаҳри Тошканд буд. Яъне, шояд, то тобистони соли 1927 дар Тошканд будаасту баъдан, ба Маскав рафта бошад ҳам, узвияти ӯ дар Шӯрои шаҳри Тошканд ҳамчунон идома доштааст.
Мо дар бораи таҳсили Аббос Алиев дар Донишкадаи шарқшиносии  Маскав пойинтар сухан хоҳем ронд. Ҳоло ёдовар мешавем, ки ба гувоҳии Ҷалоли Икромӣ, тобистони соли 1928 Аббос Алиев дар Бухоро будааст. Икромӣ дар ёддоштҳои мазкури худ мегӯяд:
«Ҳамон соле (1928), ки ман аз мактаби олии Самарқанд нағз имтиҳон дода, хурсанду шод ба Бухоро баргаштам, Аббос Алиев дар Бухоро мудири илмии курси тобистонии такрории муаллимон шуда будааст. Ман, ки пештар каме шиносоӣ доштам, рафиқонам маро ба назди вай бурданд. Вай маро хуш қабул карду дарҳол муаллими адабиёти ӯзбек таъйин намуд». Ҷ.Икромӣ. Он чӣ аз сар гузашт // «Садои Шарқ», 2008. - № 3. С. 38.
Аз ин мебарояд, ки Аббос Алиев солҳое, ки дар Маскав, дар Донишкадаи шарқшиносӣ таҳсил дошт (солҳои 1927-1930), гоҳ-гоҳ, шояд ҳангоми таътили тобистонӣ ба Бухоро (эҳтимол ба Душанбе низ) меомад ва барои мадади маош кор мекард.


* * *
Аз як хабари рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» маълум мешавад, ки 4 январи соли 1929 Аббос Алиев дар Бухоро будааст. Ин хабари рӯзнома бисёр ҷолиб буда, вазъи Бухоро, идомаи муборизаи зидди пантуркизм ва чигунагии онро нишон медиҳад. Аз ин рӯ, мо ин ҷо ин хабарро ба таври комил меоварем:
«4 январи соли 1929 дар Бухоро… бо иштироки фирқагиҳои миллатҳои майда маҷлиси умумии комиссияи мазкур нишасте кард… Зиёдтар аз 100 нафар ҷамъ шуда буд. Аз байни онҳо 14 нафар сухан кард. Ҳамаи онҳое, ки сухан карданд…, дар сухани худашон исбот мекарданд, ки аҳолии Бухоро аслан тоҷиканд, аксариятро дар ин ҷо тоҷикон ташкил мекунанд, тоҷиконро дар ин ҷо ба қатори миллатҳои майда даровардан дуруст нест ва ҳоказо…
Дар бораи таълиму тарбияи кӯдакони хурдсол бисёре аз нотиқон дар сухани худашон изҳор намуданд, ки бачагони Бухоро тоҷикзабон, вале дар мактабҳои ибтидоии шаҳрӣ онҳоро маҷбур мекунанд, ки ба забони ӯзбекӣ бихонанд. Чун онҳо забони ӯзбекиро намефаҳманд, корҳои таълиму тарбия бисёр сахт ва балки пешрав нест. Як қисм аз наттоқҳо дар бораи матбуот ва нашрияи миллатҳои майда сухан карда гуфтанд, ки мо аз идораи рӯзномаи «Озод Бухоро» талаб кардем, ки барои бурдани корҳои фирқавӣ дар байни миллатҳои майда як саҳифаи рӯзномаи мазкур ба забони тоҷикӣ  нашр бишавад. Ин талаби моро Окружкоми фирқа ҳам қабул намуда буд. Бинобар он, мо мақолаҳое чанд ба забони тоҷикӣ навишта, ба идораи «Озод Бухоро» бурдем, ки дар рӯзнома дарҷ бикунанд. Вале аз он ҷо ба мо ҷавоб доданд, ки шрифти тоҷикӣ нест ва ҳол он ки рӯзнома бо шрифти алифбои арабӣ чоп мешуд, ки вай барои забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ як аст… Гуфтанд, ки дар атрофи Бухоро 11 Шӯрои тоҷикзабон ҳаст. Аввалан, ин шӯроҳо тамоман ба забони ӯзбекӣ кор мекунанд, сониян, дар ҳар ҷо, ки шӯрои тоҷикӣ ҳаст, халқи маҳаллӣ он ҷо худашонро тоҷик мегӯянд, гӯё, дар ин мобайн вайронкорӣ ҳаст…
Рафиқ Аббос Алиев дар сухани худаш баъзе аз санадҳои таърихро ёдоварӣ карда, ба таври хулоса ва асоснок нишон дод, ки халқи аслии Бухоро тоҷиконанд, тоҷиконро дар ин ҷо аз миллати майда ҳисоб кардан аз инсоф нест, чигуна ки дар аввал буданд, ҳамин тавр ҳам ҳоло ва дар оянда онҳо тоҷик мебошанд». (Қосимов. Бухоро тоҷик ё ӯзбек? // «Тоҷикистони Сурх», 1929, 12 январ).
Чуноне ки мебинем, дар охири даҳаи бист дар Бухоро мубориза зидди пантуркизм идома дошт. Он солҳо дар Бухоро, Самарқанд ва дигар манотиқи Ӯзбекистон калимаи «майдамиллат» маънои таҳқиромез пайдо карда буд ва яҳудиёну тоҷиконро ба таҳқир майдамиллат мегуфтанд ва аз бисёр ҷиҳатҳо ба миллати ӯзбек, ки гӯё, миллати асосӣ буд, баробарҳуқуқ намедонистанд. Ҳуқуқи тоҷикон поймолшуда буд, дар ҳаёти иҷтимоӣ, дар мактабу маориф ва матбуоту нашриёт батамом аз ҳуқуқ маҳрум монда буданд.  Баъзе тоҷикҳо аз бадномии «майдамиллат» шармида, худро ӯзбек менависонданд. Ошкор аст, ки Аббос Алиев барои дафъи чунин ҳолати нангин мубориза кардааст. Ӯ ҳанӯз муборизи зидди пантуркизм будааст.
Аз ин хабари рӯзнома ва дигар манбаъҳо маълум нест, ки чаро он гоҳ Аббос Алиев дар Бухоро буд ва он ҷо чӣ машғулият дошт. Шояд ин бор ҳам ҳангоми таътил ба зиёрати ватан омада буд.

-4-
Имомназар Келдиев ва Салоҳ Солеҳов – муаллифони зиндагиномаи Аббос Алиев дар «Донишномаи Тоҷикистони Шӯравӣ» гуфтаанд: Аббос Алиев «мактаби олии партиявӣ ва сиёсии «Красная профессура»-и назди КМ ВКП (б)-ро хатм кардааст».
Банда низ аз солҳои донишҷӯйӣ (1941-1945) медонистам, ки устоди мо дар Институти профессорони сурх таҳсили илм кардааст, вале намедонистам, ки он институтро кай ба поён расонидааст.
Шояд Салоҳ Солеҳов, ки солҳои донишҷӯйии банда низ донишҷӯй буд, аз рӯйи ҳамон пиндори донишҷӯён хабари таҳсили Аббос Алиев дар Донишкадаи профессорони сурхро дар Донишнома дарҷ карда бошад.
Пас маълум шуд, ки ин пиндор ботил аст. Чуноне ки болотар гузашт, аз пурсишномаи худнавиштаи Аббос Алиев маълум мешавад, ки ӯ солҳои 1927 -1930 донишҷӯйи Донишкадаи шарқшиносии Маскав буд.
Ш. Саъдиев дар бораи таҳсили Аббос Алиев дар Институти шарқшиносии Маскав андак батафсил сухан рондааст, ки «дар ин солҳо ӯ ҳамчун донандаи забонҳои халқҳои Осиёи Миёна, арабӣ, туркӣ, урду ном бароварда, забонҳои русӣ, лотинӣ ва инглисиро низ аз худ мекунад».
Ин маълумот аз ҳамон пурсишнома, ки дар боло аз он чанд иқтибос оварда будем, гирифта шудааст.  Аббос Алиев дар боби 24-и пурсишнома аз забонҳое, ки медонаду чанде аз онҳоро дар Донишкадаи шарқшиносии Маскав ёд гирифта буд, инҳоро номбар кардааст: инглисӣ, лотинӣ, арабӣ, урду, туркӣ, форсӣ ва «забони халқҳои Осиёи Миёна». Ин ҷо мақсад аз «забони халқҳои Осиёи Миёна», пеш аз ҳама, ӯзбекӣ ва туркманӣ бояд дар назар бошад. Ба ин рӯйхат забони русиро низ илова кардан лозим аст. Пас, Аббос Алиев нуҳ забонро медонистааст. Алҳақ, Аббос Алиев дар забондонӣ дар даҳаи сиюми садаи бист дар миёни равшанфикрони тоҷик шояд ягона бошад.
Зиёда аз ин, Ш.Саъдиев порае аз назарнома (изҳори назар)-и академик В.В.Струверо дар бораи Аббос Алиев дар солҳои таҳсили ӯ дар Институти шарқшиносии Маскав овардааст, ки аҷаб баҳои баланд дар бораи дониши Аббос Алиев аст. Дар мақолаи Ш.Саъдиев омадааст:
«Шарқшиноси машҳур академик В. В. Струве дар бораи ӯ менависад: «Профессор Аббос Алиевро ман аз соли 1929 мешиносам. Ӯ дар таҳқиқи илмиву тарҷумаи хати қадимаи оромӣ (мехӣ) иштирок мекард ва аз фанни «Таърихи мамлакатҳои Шарқи қадим» дарс медод. Тадқиқотчии боистеъдоди тоҷик барои хидматҳояш дар тарҷумаи хати қадимаи мехӣ ду маротиба аз ҷониби роҳбарият қадршиносӣ гардид». (Ш.Саъдиев. Аввалин нозири маорифи Тоҷикистон // «Адиб», 2004. - № 6, - с. 68).
Забони оромӣ забони кӯҳнаи мурда – забони даҳум аст, ки Аббос Алиев то расидан ба синни 32-33 омӯхтааст.
Ин ҳам муҳим аст, ки дар солҳои таҳсили олӣ дар ҳамон Донишкадаи Маскав аз таърихи Шарқи қадим дарс ҳам мегуфтааст.
Пас, санаҳои асосии зиндагии Аббос Алиев, тартиби замонии рӯзгори ӯро аз нимаи даҳаи бист то нимаи даҳаи сӣ ба ин тарз метавон таъйин кард:
Солҳои 1924-1927 – вазири маорифи Тоҷикистон;
Солҳои 1927 -1930 – таҳсили илм ва кор дар Институти ховаршиносии Маскав;
Солҳои 1930 – 1936 – устоди Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (САГУ, Тошканд) ва Дорулмуаллимини тоҷикон (Тошканд).
Дар бораи ин ки кори Аббос Алиев дар Донишгоҳи Осиёи Миёна ва Дорулмуаллимини тоҷикон чӣ гуна буд, дар фасли шашуми ин мақола сухан хоҳад рафт.

-5-
Гӯё Аббос Алиевро ба Институти шарқшиносии Маскав ҳукуматдорони Тошканд (пойтахти нави Ӯзбекистон) фиристода буданд, ки пас аз хатми он институт ба Тошканд ба кор омад.
Дар Донишномаҳои Тоҷикистону Ӯзбе-кистон гуфта шудааст, ки «фаъолияти илмӣ ва педагогии ӯ аз соли 1933 дар Университети давлатии Осиёи Миёна (УДОМ) сар шуд».
Ин маълумотро аз рӯйи пурсишномаи ёдшуда, ки худи Аббос Алиев пур кардааст, андак ислоҳ кардан лозим меояд. Аз ин пурсишнома дида мешавад, ки ӯ соли 1930 ба Тошканд омада, соли 1930-1931 ассистенти институт, соли 1931-1932 дотсенти САГУ – Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна, соли 1932 – 1936 профессори САКУ – Среднеазиатский коммунистический университет – Донишгоҳи коммунистии Осиёи Миёна будааст. Чуноне ки дар гувоҳинома (справка)-и номбурда гуфта шудааст, унвони профессории Аббос Алиевро Шӯрои илмии давлатии РСФСР (Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Русия) тасдиқ карда буд.
Ин аст, ки Аббос Алиев аз тоҷикон якумин донишманде буд, ки ба унвони профессорӣ расид. Абдуррауфи Фитрат хеле пештар аз Аббос Алиев унвони профессорӣ дарёфт, лекин Фитрат худро турк ба қалам дода, ба сифати як донишманди ӯзбек соҳиби ин унвон гардид. Аз ин рӯ, мо на Фитрат, балки Аббос Алиевро нахустин профессори тоҷик ба шумор меоварем.
Он солҳо, ки дар Донишгоҳи Осиёи Миёна кор мекард, дар Дорулмуаллимини тоҷикон, ки дар Тошканд буд, низ дарс медод. Он солҳо, ки дар Тоҷикистон вазири маориф буд, барои таъсиси ин Дорулмуаллимини тоҷикон хеле кӯшиш карда буд ва яке аз муассисони ин Дорулмуаллимин аст, ки якумин мактаби олии Тоҷикистон, мактаби олии нопурра буд.
Аббос Алиев илми таърихро хеле ба густардагӣ фаро гирифта буд. Дар Донишгоҳи Осиёи Миёна ва Дорулмуаллимини тоҷикон аз риштаҳои гуногуни таърих дарс мегуфт. Эҳтимол, чунончи Икромӣ ишора кардааст, аз таърихи Ҳизби коммунисти Русия ва назарияи марксизм низ дарс дода бошад.
Дар солҳои баъд бештар аз таърихи Шарқи қадим дарс медод.
Дарсҳои Аббос Алиев дар Тошканд шукӯҳе дошт. Ӯ бо ҳашамату пӯшоки зебо ба дарс меомад ва чун худаш ҳам зебову бархурдор аз санъати суханварӣ буд, аз тамоми он шаҳри бузург донишҷӯён ба дарси ӯ меомаданд. Дар Донишгоҳи Осиёи Миёна, чун ӯ ба дарсхона суханронӣ мекард, аз ду тарафаш ду тунднавис нишаста, дарси ӯро сабт мекарданду ба шумораи зиёде мошиннавис карда, ба донишҷӯён медоданд. Обрӯйи ӯ чун омӯзгори забардасту донишманд басуръат афзудан гирифт.
Бозмондагони Аббос Алиев, ки имрӯз дар Душанбе ҳастанд, гуфтанд, ки ӯ дар Бухоро зан гирифта буду аз он зан ду фарзанд дошт. Лекин баъд, ба чӣ сабабе аз занаш ҷудо шуд. Чун таҳсилро тамом карда ба Тошканд омад, боз издивоҷ кард. Пас аз чанде ин ҳамсараш аз ӯ худро канор гирифта, ғайб зад. Хоҳарзодаи Аббос Алиев Азим Боқиев, ки сокини Душанбест, ба мо гуфт, ки Аббос Алиев дар бораи бевафоии ҳамсараш шеърҳо гуфтааст. Як байт аз он шеърҳо, ки ба ёди А.Боқиев мондааст, ин аст:
Чун лабони лолабаргат бар лабонам дӯхтӣ,
Сахт бӯсидӣ марову хонумонам сӯхтӣ!
Аз ин зан, гӯё фарзанде наёфтааст…

-6-
Дар солҳое, ки Аббос Алиев дар Тошканд кор мекард, яъне аз соли 1930 ба баъд, ихтилофи ӯ бо Файзуллоҳи Хоҷа ҳамчунон идома дошт. Файзуллоҳи Хоҷа аз соли 1924, пас аз таъсиси Ӯзбекистони бузургу тавоно «Сарвазир ва шахси якуми ин ҷумҳурии шӯравӣ буд».
Барҳам дода шудани Ҷумҳурии Бухоро ва таъсиси Ӯзбекистон худ натиҷаи азаматхоҳии пантуркистии сиёсатмадороне чун Файзуллоҳи Хоҷа буду Файзуллоҳи Хоҷа дар Ӯзбекистон ҳамон сиёсати пантуркистии пештараи худро бо фарохдомании бештаре давом дод.  Дар ин масъалаву чанд масъалаи дигар баҳсу мунозираи Аббос Алиев бо Файзуллоҳи Хоҷа бештар тезиву тундӣ пайдо кард.
Аз Азим Боқиев – хоҳарзодаи Аббос Алиев шунидаам, ки боре баҳси Аббос бо Файзуллоҳи Хоҷа оҳанги сахте гирифту Файзуллоҳи Хоҷа ба Аббос Алиев гуфт:
-Аббос, ман гӯратро кандаам!
Аббос Алиев чунин ҷавоб дод:
-Ман ба он гӯр туро ҷо мекунам!
Ба ин тариқ, Файзуллоҳи Хоҷа Аббос Алиевро сахт таҳдид кард, вале Аббос Алиев бепарво, ҳамчунон мубоҳисаро давом дод.
Рӯзе дар Тошканд Аббос Алиев аз хиёбоне гузарон буд, ки як мошини ҳукуматӣ ба паҳлӯи ӯ биистод ва чун дари мошин кушода шуд, Аббос Алиев дид, ки ба мошин Файзуллоҳи Хоҷа ва Акмал Икромов – котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Ӯзбекистон, ки шахси дувум дар ҷумҳурӣ буд, нишастаанд. Файзуллоҳи Хоҷа ба Аббос Алиев ба нармӣ ва сулҳҷӯёна ба тоҷикӣ гуфт:
- Аббос, ба мошин нишин, мо туро ба хонаат мебарем.
Аббос Алиев гуфт:
- Ман бо к…нтеҳо як ҷо намешинам!
Ва ба роҳи худ рафтан гирифт.
Рӯзи дигар Аббос Алиевро ҳабс карданд. Мо, донишҷӯён, шунида будем, ки сабаби зиндонӣ шудани ӯ «за оскорбление советско- партийного руководства» - «барои таҳқири роҳбарони ҳукумативу ҳизбӣ» буд.
Дар пурсишномае, ки зикраш гузашт, Аббос Алиев сабаби ба зиндон афтоданашро чунин эзоҳ додааст:
«Барои таҳқири собиқ раиси КИМ СССР Файзуллоҳ Хоҷаев ва Икромов соли 1936 ба 5 сол маҳрум шуда будам» (за оскорбление бывшего председателя ЦИК СССР Файзуллы Ходжаева и Икрамова в 1936 г. Был осужден на 5 лет).
Дар мақолаи Ш.Саъдиев порае аз тарҷумаи ҳоли Аббос Алиев оварда шудааст, ки сабаби зиндонӣ шуданашро эзоҳ медиҳад. Аббос Алиев навиштааст:
«Дар Ӯзбекистон ман боз ба «абарқудратон» рӯбарӯ шудам… Сабаби ба ҳабс гирифта шуданам навиштани асаре буд, ки дар он ман ғалату камбудиҳои китоби Раиси Шӯрои нозирони ҶШС Ӯзбекистон Файзулло Хоҷаевро, ки ба инқилоби Бухоро бахшида шуда буд, фошу танқид карда будам». (Ш. Саъдиев. Аввалин нозири маорифи Тоҷикистон // «Адиб», 2004. - № 6. – с.68).
 
Ин аст, ки Аббос Алиев дар масъалаи таърихи инқилоби Бухоро низ бо Файзуллоҳи Хоҷа ихтилоф доштааст. Дар яке аз санадҳои парвандаи Аббос Алиев, ки дар Бойгонии давлатии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад, овардаанд, ки Аббос Алиев дар бораи таърихи инқилоби Бухоро асарҳо («Работы по истории Бухарской революции») навишта буд. Каминаи нигоранда ин асарҳои ӯро надидаам, лекин гумон дорам, ки дар ин асарҳо низ таҳрифкориҳои Файзуллоҳ Хоҷаев фош шудааст. Дар ҳақиқат, китоби Файзуллоҳи Хоҷа «Оид ба таърихи инқилоби Бухоро» («К истории революции в Бухаре») норасоии бисёр дошту муаллиф баъзе масъалаҳоро  аз рӯйи судҷӯйӣ ва худманишӣ нодуруст эзоҳ дода буд. Аббос Алиев, ҳатто, пас аз 15 соли инқилоб ва 10 соли барҳам хӯрдани давлати Бухоро, ки натиҷаи миллатфурӯшиву меҳанфурӯшии Файзуллоҳи Хоҷа буд, муборизаро барои ифшои хиёнатҳои ӯ ҳамчунон идома дод. Ин худ гувоҳи он аст, ки Аббос Алиев дар талошу пархош далеру нотарс ва собитқадам буд.
Хоҳарзодаи ӯ Азим Боқиев ба мо гуфт, ки Аббос Алиев чун зиндонӣ шуд, пас аз андак муддат ӯро ҳукми қатл содир шуд. Хоҳари Аббос Алиев гирёну нолон пеши Сисилия Бону – ҳамсари устод Лоҳутӣ рафту аз устод мадад пурсид. Лоҳутӣ дар Маскав ба идораҳои боло муроҷиат карду ба ӯ муяссар шуд, ки ҳукми қатлро бекор кунонад. Ҳукми қатл ба панҷ соли табъид бадал шуд.
Солҳои донишҷӯйӣ медонистем, ки чун ҳангоми террори сталинии соли 1937 Файзуллоҳи Хоҷа, инчунин Акмал Икромов ҳабсу соли 1938 паронда шуданд, Аббос Алиев озод гардид. Ш. Саъдиев ин хабарро тасдиқ кардаву гуфтааст, ки Аббос Алиев соли 1939, яъне як сол пеш аз муҳлати ҳукм озод шуд.
Аббос Алиев соли 1940 ба Душанбе омада, дар Институти омӯзгории Душанбе мудири кафедраи таърих ва декани факултет буд. Чанд гоҳ сардори курси тайёрии Институти омӯзгорӣ низ буд.

-7-
Банда соли 1941 ба Институти омӯзгории Душанбе қабул шудам ва чаҳор соли ҷанги зидди фашизми Олмон, дар душвортарин солҳои маҳрумият, гуруснагиву бараҳнагӣ, то охири ҷанг, то соли 1945 дар ин таълимгоҳ таҳсил доштам.
Аббос Алиев ба мо таърихи умумӣ ва таърихи СССР-ро дарс медод.
Дарси ӯ бисёр аҷоиб буд ва банда ин гуна дарсгӯйиро дар умрам дигар надидаам. Устод гӯё дарс намегуфт, балки бо мо суҳбат мекард, суҳбати озоду шавқовар, омехта бо хушгӯиву зарофату базла! Гоҳ чунон хандаовар суҳбат мекард, ки мо, донишҷӯён, ҳама баробар механдидем. Дар ду соат дарси ӯ чанд бор моро ханда мегирифт.
Азбаски солҳои ҷанг донишҷӯён кам буданд ва дар ҳар гурӯҳ 5-6 ё 8-10 нафар мехонданд, дарсхонаҳоро ба ду тақсим карда, аз миёна девори тунуки фанерӣ бардошта буданд. Аз ин рӯ, чун мо ҳангоми дарси Аббос Алиев бо завқи тамому овози баланд механдидем, ба дарси гурӯҳи ҳамсоя, ки дар паси девори тунук буд, халал мерасиду гоҳо бачаҳои он гурӯҳ ҳам беихтиёр механдиданд ва баъзан, устоди онҳо дари моро тақ - тақ карда илтимос менамуд, ки хомӯш бошему ба дарси онҳо халал нарасонем.
Ӯ бештар бо донишҷӯён буд. Мо, панҷ - шаш нафарро, ҳамеша дар гирди худ дошт. Вақти танаффусҳо бо ҳам будем, пас аз дарс бо ҳам сайругашт мекардем ва мо ӯро то хонааш мебурдем.
Ҳамин тавр, мо, чанд тан донишҷӯ, ҳамеша бо Аббос Алиев будему аз суҳбати файзбори ӯ баҳра мебурдем. Солҳои баъд чанд донишҷӯйи дигар ба гурӯҳи мо пайваст, худи Аббос Алиев онҳоро ба мо ҳамроҳ кард.
Суҳбати Аббос Алиев бо мо бештар илмӣ ва фарҳангӣ буд. Гоҳ гумон мекардам, ки дарси имрӯзаашро идома медиҳаду он чи дар дарс нагуфта буд, акнун мегӯяд. «Суҳбатҳои кӯчагии» Аббос Алиев хеле судманду донишафзо буданд. Дар бораи сиёсати рӯз, вазъи замон, рафти ҷанг ва монанди онҳо чизе намегуфт.
Ман намедонистам, ки Аббос Алиев солҳои ҷанг ҳанӯз узви Ҳизби коммунисти шӯравӣ буд ё солҳои зиндонӣ шуданаш ӯро аз ҳизб берун карда, дигар ба ҳизб қабул накарда буданд. Ҳоло аз санадҳои бойгонии Тоҷикистон маълум аст, ки то соли 1936 узви ҳизби коммунистӣ будааст. Дар пурсишномаи мазкур, ки соли 1954 пур карда буд, дар моддаи «партийность» (ҳизбият) навиштааст: «б/п», яъне, «беспартийный» - бидуни узвияти ҳизбӣ.

* * *
Аббос Алиев шеърро бисёр хуб мехонд. Ман шеър хондани ӯро чанд бор дидаам. Якумин бор, соли 1942 ё 1943 буд, ки рӯзе эълон хондем, ки дар толори Институти омӯзгорӣ мулоқот бо устод Лоҳутӣ баргузор мешавад. Ба толор, ки дар ошёнаи дувум буд (дар бинои рӯ ба рӯйи Донишгоҳи техникии ҳозира), ҷамъ шудем. Ман бо Салоҳ Солеҳ, Шавкат Ниёзӣ (додари Фотеҳ Ниёзии насрнавис), Эргаш Рустамов (ки солҳои баъд доктори илми филология шуду дар Тошканд кор мекард) ва дигарон нишаста будем. Дар сафи пеш аз мо устодам Носирҷони Маъсумӣ нишаста буданд, як шеъри Эргаш Рустамовро, ки нав дар рӯзнома чоп шуда буд, ба эшон додем, хонданду ба тарзи тазкираҳо гуфтанд: «Хуб гуфта, бад нагуфта».
Чун устод Лоҳутӣ бо директори институт Ҳошим Содиқов ва дигарон ба толор даромад, садои кафкӯбӣ баланд шуду нахуст ба Аббос Алиев сухан доданд. Ӯ дар бораи Лоҳутӣ ба забони русӣ маърӯза кард. Овози равғанине дошту бисёр зебо сухан мекард. Дар дасташ «Девони Лоҳутӣ» буд, ки ба хати форсӣ, соли 1939, чоп шудааст. Китоб ба даст дар пешгоҳи толор бо салобат гоҳ ин сӯ – он сӯ қадам мезаду хеле пурмазмун суханҳо мегуфт. Чун шеър хондан лозим мешуд, аз қадамзанӣ бозмеистоду аз китобе, ки дар даст дошт, ба забони асл шеър мехонд. Ба тоҷикӣ, лекин андак моил ба лаҳҷаи форсӣ чунон зебову буррову гӯё шеър мехонд, ки ҳамаи ҳозирон – тоҷику рус мафтун мешуданд. Ман ин гуна шеърхонии зеборо дигар аз ҳеҷ кас (ҳатто аз артистони хушхони имрӯз) надидаам.
Баъд ба устод Лоҳутӣ сухан доданд. Ӯ гуфт:
- Лоҳутӣ шеър бигӯяд, Аббос шеър бихонад. Акнун ман шеъри худро мехонам, вале наметавонам мисли Аббос бихонам, шарманда мешавам. Пас аз Аббос касе бояд шеър нахонад. Ман бояд пеш аз ӯ шеър мехондам.
Устод Лоҳутӣ ҳам бисёр нағз шеър хонд. На мисли шоирон, балки мисли артистон бисёр хушоҳангу пуртаъсир тамоми достони «Паҳлавон Оштӣ» ва «Достони Мардистон»-ро қироат кард. Лоҳутӣ сухани оташбор дошту шеърхониаш низ чунин буд.
Ман, баъдтар чанд бор шеър хондани Аббос Алиевро шунидам, аммо саодати шеърхонии мисли он рӯз дигар даст надод.
Ба гумонам, банда ҳеч яке аз ҷузъиёти он нишасти адабиро фаромӯш накардаам. Шодравон Салоҳ Солеҳ низ онро ҳама умр дар ёд дошт ва гоҳ бо шавқ ёдовар мешуд. Нишасти фаромӯшношуданӣ буд.

* * *
Аббос Алиев чанд бор ману ду - се донишҷӯйи дигарро ба хонаи худ бурда буд. Хонаи ӯ дар зистгоҳи тахтагии дуошёнаи муаллимони Институти омӯзгорӣ буд, ки ҳанӯз ҳасту дар ақиби биноҳои имрӯза Донишгоҳи омӯзгории ба номи Айнӣ воқеъ шудааст. Ин иқоматгоҳи муаллимон аз ду бино иборат асту ҳуҷраи Аббос Алиев дар бинои якум, даромадгоҳи дувум, ошёнаи якум, ҳуҷраи калони дасти чап буд. Пас аз се-чор сол ин ҳуҷра ба камина расиду он ҷо солҳои 1948-1951 зистам. Ва ифтихор доштам, ки зистан дар зистгоҳи устоди бузургворам муяссарам шуд.
Устод дар ин ҳуҷра танҳо мезист. Зану фарзанд надошт. Мегуфтанд, ки дар Тошканд зану фарзанд дорад, лекин банда инро он солҳо ҳақиқат накарда будам.
Ҳар бор, ки ба хонааш моро меовард, чойи хуб бо қанд мехӯрдем. Одате дошт, ки ҳар рӯз ба донишҷӯе 15 сӯм пул медод, то аз бозор се дона қанди рафинад биёварад. Як донаи онро пагоҳӣ, як донаашро пешин, севумашро бегоҳӣ бо чой мехӯрдааст. Гоҳ барои 5-6 дона қанд пул медод. Як бор, ки мо ду-се донишҷӯй ба хонаи ӯ омадем, дар рӯйи мизаш се-чор дона қанд буд. Ва боз моро қандчой зиёфат кард.

* * *
Оқибат шароити кор барои Аббос Алиев тоқатфарсо шуд. Рӯзе ӯро дидам, ки гуфт:
-Дигар тоқатам тоқ шуд. Аз ин ҷо меравам.
Ва соли 1945 аз Душанбе рафт.
Рӯзе шунидам, ки Аббос Алиев рафтааст. Ба шаҳри Фрунзе (Бишкеки имрӯза – пойтахти Қирғизистон) рафтаасту дар Институти омӯзгорӣ мудири кафедраи таърих шудааст.
Ҳоло аз Бойгонии давлатии Тоҷикистон медонем, ки Аббос Алиев дар Қирғизистон солҳои 1945-1947 кор кардааст. Инчунин, медонем, ки соли 1946 соҳиби дараҷаи илмии доктори илми таърих гардидааст. Чуноне ки Ш.Саъдиев дар мақолаи мазкур таъкид кардааст, ба ӯ барои ду китоби «Таърихнигории Шарқи қадим» (1933) ва «Таърихи халқҳои Осиёи Миёна» (1935), бидуни маросими расмии ҳимоя, унвони докторӣ додаанд.
Медонистем, ки Аббос Алиев аз Бишкек ба Днепропетровск (Украина) рафт. Дар пурсишномаи ёдшуда навишта шудааст, ки солҳои 1947-1953 дар Донишгоҳи давлатии Днепропетровск профессор ва мудири курси таърих буд. Солҳои 1953-1954 ҳамин вазифаро дар Институти омӯзгории шаҳри Орҷоникидзе иҷро кардааст.
Ниҳоят, соли 1954, ба Алма-Ато, пойтахти Қазоқистон омада, то охири умр, соли 1958 дар Донишгоҳи давлатии Қазоқистон профессор ва мудири курси таърихи умумӣ будааст.
Дар Алма - Ато, 15 январи 1958 аз ҷаҳон чашм пӯшидааст. Мегӯянд, ки дар як маҷлиси калон байни ҳайати раёсат нишаста буду ногоҳ афтоду дафъатан ҷон ба Ҳақ супурд.
Чандин бор шунидаам, ки бародарони қазоқ Аббос Алиевро бисёр ҳурмат мекарданд ва ба мартабаҳои баландаш расонданд.
Соли 1962 дар Украина Даҳаи адабиёти тоҷикон баргузор шуд. Пас аз расми кушоди Даҳа дар Киев як гурӯҳи нависандагони тоҷик ба Днепропетровск рафтанд. Дар Донишгоҳи Днепропетровск касонеро диданд, ки бо Аббос Алиев кор кардаанд. Баъзеи онҳо шогирди Аббос Алиев будаанд, ки баъд ба мартабаҳои баланд расидаанд. Ҳама Аббос Алиевро ба некӣ ёд карда, миллати тоҷикро сипос гуфтаанд, ки чунин фарзанди бузургашро ба Украина фиристода буд. Нависандагони тоҷик диданд, ки Аббос Алиев дар Днепропетровск номи миллати тоҷикро ба некӣ шуҳрат додааст.
Афсӯс, ки охири умри ин фарзанди бузурги халқи тоҷик ба сарсонӣ ва оворагии шаҳр ба шаҳр гузашт. На танҳо поёни умр, балки ҳама умраш ба нооромӣ ва таҳлука, бо талошҳои шадид сипарӣ шуд.

* * *
Банда соли 1954 дар Маскав будам. Як рӯзи офтобии тобистон аз Китобхонаи Ленин берун шуда, аз зина пойин рафтанӣ будам, ки дар рӯбарӯ устодам Аббос Алиевро дидам. Хандону шукуфон оғӯш кушода, ба сӯям меомад. Устодам ҳамон буд, ки буд, хандааш низ ҳамон буд – бисёр зебо! Ин хандаи зебои ӯ ҳанӯз дар пеши чашмам аст, ҳеҷ фаромӯш намекунам! Афсӯс, сад афсӯс, ки устодам саросема буд: лозим будааст, ки зуд ба китобхона дарояд. Гуфт, ки пагоҳ, ин вақт ба китобхона биё, суҳбат хоҳем кард. Дареғ, сад дареғ, рӯзи дигар ба китобхона омадаму ӯро наёфтам. Он гоҳ бандаро чандрӯза сафаре пеш омад ва чун аз сафар баргаштам, ба ҷустуҷӯйи устод афтодам. Ҳар рӯз ба китобхона меомадаму толори профессоронро медидам, табақаи пойинро, ки ҷойи суҳбатҳост, медидам, вале ӯро дигар пайдо накардам.
Бо ҳамон чеҳракушоӣ ва самимият, бо ҳамон хандонии ҷаҳонафрӯз ба лавҳи хотирам нақш бастааст!

* * *
Дафтари шеърҳояш, ки банда дар Душанбе, дар хонааш дида будам, дигар дастнависҳояш, шояд дар бойгонии Алма-Ато бошанд.
Дар «Донишномаи Ӯзбекистони Шӯравӣ» гуфта шудааст, ки Аббос Алиев муаллифи 29 асари илмист. Ин асарҳои ӯ парокандаанд, ҳанӯз гирдоварӣ нашудаанд. Дар мақолаи Ш.Саъдиев гуфта шудааст, ки Аббос Алиев 60 асари асосгузорони марксизм-ленинизмро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Рӯзгори пурошӯби Аббос Алиев як бахши муҳими таърихи мардуми тоҷик дар садаи бист аст. Мо ин бахши таърихи худро бояд бидонем. Ҳангоме ки банда барои навиштани рисолаи «Фитнаи инқилоб» (2008) бархе аз рӯйдодҳои инқилоби Бухоро ва саргузашти баъзе аз иштироккардагони ин инқилобро ба таҳқиқ гирифтам, тамоман ғайричашмдошт, Аббос Алиев чун як қаҳрамони муборизаи зидди пантуркизм, муборизаи миллии озодихоҳии мардуми тоҷик намоён шуд ва банда ҳеҷ гумон надоштам, ки ин устоди ман қаҳрамони майдони пархошҳост!  Пас, агар пажӯҳишро густариш бидиҳем, мардони таърих кашф хоҳанд шуд ва умед аст, ки аз ҷумла бо пажӯҳишҳои мукаммал ҳолномаи муфассали Аббос Алиев ба вуҷуд хоҳад омад.

Академик Муҳаммадҷони ШАКУРӢ

13 декабри соли 2009


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2014    №: 36, 37, 38, 39, 40    Мутолиа карданд: 1556

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед