logo

ҳуқуқ

БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД

Ва ё чи гуна кормандони Кумитаи андоз ҳангоми ришваситонӣ дастгир шуданд.


Сармутахассиси Раёсати санҷиши андозҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳалим Касиров, бо ҷурми гирифтани пора, аз ҷониби мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт шуд.

Тавре аз дафтари матбуоти агентӣ ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, номбурда 20 декабри соли 2013 зимни гузарондани санҷиши маҷмӯии андоз дар яке аз ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуд баъзе камбудиҳоро ошкор сохта, пеши худ мақсад гузошт, ки аз ин вазъияти мусоид истифода барад. Ӯ бо чунин андешаи табаҳкорона барои дар санади санҷишӣ кам нишон додани маблағи ҷарима, аз роҳбари он 10 ҳазор  доллари амрикоӣ ба сифати пора талаб намуда, 7 феврали соли 2014 дар шаҳри Душанбе  5000 доллари онро гирифтааст.
Сипас, 13 феврали соли 2014 ҳангоми муроҷиати сармуҳосиби ҷамъият ба Ҳ. Касиров оид ба гирифтани санади санҷишӣ, дувумӣ  5 ҳазор доллари боқимондаро низ аз вай талаб карда, барои то рӯзи дигар оварда додани он шарт гузоштааст. Аммо, ин дафъа ӯ ба муродаш комёб нагардид. Зеро дар урфият мегӯянд, ки бори каҷ ба манзил намерасад.
Дар доираи гузарондани амалиёти фаврӣ - тафтишотӣ 14 феврали соли 2014 Ҳалим Касиров ҳангоми гирифтани маблағи боқимонда дар кӯчаи Н. Махсуми шаҳри Душанбе дастгир ва 5000 доллари ИМА ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ гирифта шуд. Дар ҳамин ҳол, рӯзи дигар зимни гузарондани амалиёти тафтишотӣ аз манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Н. Шарифов, хонаи 17, панҷ ҳазор доллари қаблан ба сифати пора гирифтааш пайдо ва мусодира гардид.
Оид ба ҳолати мазкур 14 феврали соли 2014 нисбат ба Ҳалим Касиров бо аломатҳои моддаи 319 қисми 4 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷониби шахси мансабдор шахсан бо роҳи тамаъҷӯӣ гирифтани пора барои иҷрои амали муайян ба манфиати порадиҳанда) , парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Зимнан, кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як ҷинояти коррупсионии вобаста ба дар ду ҳолат гирифтани пора аз ҷониби як шахси мансабдорро ошкор карданд. Баррасии аризаи шикоятии соҳибкор Р. Мирзокаримов муқаррар намуд, ки мутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андози шаҳри Душанбе Ҷумахон Холов дар асоси фармоиши роҳбарияти раёсати мазкур моҳи августи соли 2013 фаъолияти соҳибкории Р. Мирзокаримовро мавриди санҷиш қарор додааст. Мавсуф ҳамчун шахси мансабдор, бо суиистифода аз мақоми хидматиаш, барои дар санади санҷишӣ ба манфиати охирон пинҳон ва кам карда нишон додани пардорхтҳои ҳатмии андоз, аз ӯ 50 000 сомонӣ ба сифати пора талаб намуда, гирифтааст.
Ҷумахон Холов ҳаракатҳои ҷиноят-коронаи худро идома дода, ба шаҳрванд Р. Мирзокаримов шарт мегузорад, ки барои аз нав мавриди санҷиш қарор надодани фаъолияти соҳибкориаш худи ҳозир 5 ҳазор доллари амрикоӣ оварда диҳад. Соҳибкор ноилоҷ 1000 доллари бо худ доштаашро 3 феврали соли равон ба ҳайси пора ба Ҷ. Холов додааст. Ин миқдор маблағи пора корманди Раёсати андози шаҳри Душанберо қонеъ нагардонд ва аз соҳибкор 4000 доллари дигарро қотеона талаб кард.
Ин ҳолат шаҳрванд Р. Мирзокаримовро водор намуд, ки бегоҳии ҳамон рӯз бо аризаи шикоятӣ нисбат ба ҳаракатҳои ғайриқонунии Ҷумахон Холов ба мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд.
4 феврали соли 2014 дар натиҷаи гузарондани амалиёти фаврӣ - тафтишотӣ дар ҳудуди кӯчаи Маяковскийи шаҳри Душанбе мутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андози шаҳри Душанбе Ҷумахон Холов дар вақти аз Р. Мирзокаримов гирифтани  4000 доллари амрикоӣ дастгир шуд. Оид ба ҳодисаи мазкур нисбат ба гумонбаршуда Ҷ. Холов бо аломатҳои банди «в» қисми 4 моддаи 319 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷавобгарии ҷино-ятиро барои аз ҷониби шахси мансабдор гирифтани пора бо роҳи тамаъҷӯӣ муқаррар намудааст), парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Мутаассифона, кормандони мақомоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи январ низ чанд ҷинояти коррупсионӣ содир карданд. Аз ҷумла, кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 14 январ сармутахассиси Нозироти андози ноҳияи Ҳисор Бобохон Хисайновро зимни гирифтани пора ба маблағи 850 доллар ва 21 январ корманди Нозироти андози ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ҳайдар Зинатовро ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 500 доллари амрикоӣ дастгир карданд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Абдуфаттоҳи Ғоиб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ аз ҷой доштани амалҳои коррупсионӣ миёни кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар изҳори нигаронӣ кард. Роҳбарияти агентӣ дар ин бора далелҳои зиёдеро дар ихтиёри хабарнигорон гузоштанд, ки тибқи он амалҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони Кумитаи андоз нисбат ба дигар сохторҳо бештар сабт гардида, 42 ҳолати даст задан ба ришваситониро ташкил медиҳад

Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2014    №: 36    Мутолиа карданд: 712

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед