logo

ҳуқуқ

ОЗОДИИ СУХАН ҲУДУД ДОРАД

Ба тозагӣ китоби ҳуқуқшинос Саъдулло Қаюмов «Тафсир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», бо дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон, нашр гардид, ки дар он асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, меъёрӣ ва илмӣ - техникии бақайдгирӣ, баҳисобгирии давлатӣ, фаъолияти воситаҳои ахбори омма, масъалаҳои озодии сухан ва маҳдудиятҳои дар ин самт амалкунанда шарҳу эзоҳ ёфтаанд.

Ба гуфтаи муаллифи асар, барои шарҳи қонуни тафсиршаванда асосан аз меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, истифода шудааст.
Масалан, мувофиқи моддаи 30 Конститутсия сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст. Дар ин росто, таъмини воқеии озодии матбуот ва воситаҳои ахбори омма, мамнуъ эълон гардидани сензураи давлатӣ дар кишвар имкон медиҳад, ки бисёр камбудию норасоиҳои ҷомеа, аз ҷумла, кирдорҳои коррупсионӣ, ҷинояту қонуншиканиҳои гуногун, падидаҳои номатлуби ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ошкор ва пешгирӣ шаванд. Гузашта аз ин, озодии матбуот ва воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ, рушди рақобати солим дар байни онҳо ба шаҳрвандон барои таъмини ҳуқуқи онҳо ба дастрасӣ ба ҳар гуна иттилоот замина фароҳам оварда, барои пуршавии фазои иттилоотии кишвар, роҳ надодан ба тарғибу ташвиқоти бегона ва зараровари берунӣ мусоидат мекунад.
Қонуни мазкур аз 6 боб ва 36 модда иборат буда, дар он нуктаҳои асосии қонунгузорие, ки пештар амал мекард, асосан нигоҳ дошта шудаанд. Вале, бо назардошти он ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон   як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар хусуси озодии сухан ба тасвиб расидаанд, механизми риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ, масъулони воситаҳои ахбори омма, муайян кардани доираи ваколатҳои намояндагиҳои ВАО - и хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассалтар шарҳу эзоҳ ёфтаанд. Масалан, бори аввал ба мафҳуми «ақида»  таъриф дода шуда,  ба таври қатъӣ манъ будани сензура ва таъқиб барои танқид таъкид шудааст.
Ҳамин тавр, дар моддаҳои 8 - 12 - и қонун тартиби таъсис, сабт ва ба ҳисоби давлатӣ гирифтан, ҳуқуқу уҳдадориҳои муассис, ҳайати таҳририя, сармуҳаррир, мақомоти идора, мазмуну муҳтавои ҳуҷҷатҳои таъсисии воситаҳои ахбори омма, мақомоти сабт ё баҳисобгирандаи давлатӣ,  тартиби бе баҳисобгирии давлатӣ паҳн кардани нашрияҳои алоҳида, дар моддаҳои 18 - 20 ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҷавоб ва раддия, асосҳои рад кардани раддия, дар боби 3 муносибати воситаҳои ахбори омма бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, яъне ҳуқуқ ба дастрас намудани иттилоот ва масъулияти додани ин гуна иттилоот, дар моддаҳои 28 - 29 ҳуқуқу уҳдадориҳои журналистон, дар моддаи 32 ҳуқуқу масъулияти журналистони хориҷӣ ва дар моддаи 33 асосҳои ба миён омадани масъулият барои вайрон кардани талаботи қонунгузории мазкур муқаррар гардидааст.
Дар тафсир муаллиф вобаста ба озодии сухан ё ифодаи ақида, ҳамчунин ба моддаи 10 Конвенсияи аврупоӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ, аз 4 ноябри соли 1950, такя кардааст. Мувофиқи он ба амал баровардани ибрози ақида уҳдадориҳо ва масъулияти дахлдорро дар назар дорад ва метавонад бо расмиёт, шартҳо, маҳдудиятҳо ё ҷазоҳои муайяне пайваста бошад, ки бо қонун пешбинӣ гардидаанд. Ин нуктаҳои муҳим дар ҷомеаи демократӣ барои манфиатҳои амнияти миллӣ, тамомияти арзӣ ё тартиботи ҷамъиятӣ, бо мақсади пешгирии бетартибиҳо ё ҷиноятҳо, барои ҳифзи саломатӣ ва ахлоқ, ҳимояи обрӯю эътибор ё ҳуқуқҳои шахсони дигар, пешгирии ошкоршавии иттилое, ки бо роҳҳои махфӣ гирифта шудааст, ногузир мебошанд.
Дар ин замина, асосҳои маҳдуд намудани озодии сухан тибқи талаботи қонунгузории пешина, бо баъзе дигаргуниҳо нигоҳ дошта шудааст. Чунончӣ, мувофиқи моддаи 6 - и қонун дар воситаҳои ахбори омма интишор намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ ё ахбори дигари бо қонун ҳифзшаванда, ахборе, ки барои бо зӯрӣ сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зӯроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунад, мамнуъ аст. Мамнуъ будани кирдорҳои номбурда аз талаботи моддаи 30-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки тибқи он таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.
Мувофиқи моддаи 6, инчунин дидаву дониста чоп кардани хабару мақолаҳои дурӯғ, маълумоту туҳматҳои иғвоангез, ки шаъну шарафи шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳоро паст мезананд, паҳн кардани нашрияҳое, ки ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон дахолат мекунанд, мувофиқи қонун манъ аст ва шахси гунаҳгор ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Чунончӣ, барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, агар ин кирдор ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма анҷом дода шуда бошад (моддаи 189 КҶ ҶТ), даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта бо истифода аз воситаҳои ахбори омма содир карда шудаанд (м. 1793 қ.2 КҶ ҶТ), ғайриқонунӣ тайёр ва паҳн кардани мавод ё предметҳои порнографӣ (моддаи 241 КҶ ҶТ), даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 307 КҶ ҶТ), даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) (моддаи 3071 КҶ ҶТ), ифшои сирри давлатӣ (моддаи 311 КҶ ҶТ) ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҳамин тавр, дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ меъёрҳое пешбинӣ гардидаанд, ки ба иҷрои талаботи моддаи 6 қонун равона гардидаанд. Чунончӣ, барои тайёр кардан, нигоҳ доштан, ворид, ҳамлу нақл ва паҳн кардани маҳсулоти мамнуи воситаҳои ахбори омма, дигар маҳсулоти чопӣ, ки дорои маълумот ва маводи таблиғотиву ташвиқотии зӯран тағйир додани сохти конститутсионӣ, халалдор кардани тамомият ва мустақилияти давлат, заиф кардани амнияти давлат, ҷанг, барангехтани хусумати иҷтимоӣ, нажодпарастӣ, миллӣ ва мазҳабӣ, таблиғи бераҳмӣ, зӯроварӣ ва фисқу фуҷур, ҳимояи терроризм ва экстремизм, паҳн кардани маълумоти дорои сирри давлатӣ, инчунин намоиши маҳсулоти видео ва синамо, ки дар онҳо фисқу фуҷур таблиғ мешавад, инчунин дигар маҳсулоти чопии манъшуда, ҳангоми набудани аломати ҷиноят (м.374), риоя накардани қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ аз интишор кардани он дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма (м.508), риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории иттилоот (м.521) ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
Ҷамъоварӣ, ҳифз, истифода ва паҳн намудани иттилоот оид ба ҳаёти шахсӣ, ҳамчунин иттилооте, ки сирри шахсӣ ва оилавӣ, махфияти гуфтушуниди телефонӣ, муросилоти почта, телеграф ва дигар маълумоти оид ба шахсиятро бидуни розигии ӯ ошкор месозад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст. Ҳар як шахc ҳуқуқ дорад бо иттилооти доир ба ӯ ҷамъовардашуда шинос шавад. Иттилоот оид ба шахсият ба гурӯҳи иттилооти пинҳонӣ марбут буда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад, яъне нашри он дар воситаҳои ахбори омма мамнуъ аст.
Тибқи қисми 2 моддаи 6 қонун воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншаванда ҷавобгаранд. Меъёри мазкур ба он равона шудааст, ки шахсони масъули воситаҳои ахбори омма саҳеҳӣ, асоснокӣ ва ҳаққонӣ будани ахбори нашршавандаро  бояд санҷанд.
Асосҳои аз ин гуна ҷавобгарӣ дар канор мондани ашхоси масъули воситаҳои ахбори омма дар моддаи 34 қонуни тафсиршаванда оварда шудаанд. Тибқи он сармуҳаррир (муҳаррир) ва журналист барои дар воситаҳои ахбори омма паҳн кардани маълумоте, ки ба воқеият мувофиқат намекунад, агар ин маълумот дар нашрияҳои чопӣ ба табъ расида бошад, аз агентиҳои иттилоотӣ ё хадамоти матбуоти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо гирифта шуда бошад, дар нутқҳои муаллиф, ки мустақиман ба мавҷ мераванд ва ё дар матнҳое дарҷ шуда бошад, ки мувофиқи қонуни мазкур набояд таҳрир шаванд, агар маълумот дар суханрониҳои расмии шахсони мансабдори давлатӣ, аз ҷумла аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон айнан садо дода бошад, аз ҷавобгарӣ озод мешаванд. Дар ҳама ҳолатҳои дигар, аз ҷумла, агар агентиҳои иттилоотӣ ё хадамоти матбуот ғайридавлатӣ бошанд, ин гуна ҷавобгарии ашхоси масъули (сармуҳаррир, мухбирон) воситаҳои ахбори омма истисно карда намешавад.
Ҳамин тавр, қонун дар таҳрири нав  бисёр камбудию мушкилоти дар соҳаи матбуот ва ВАО мавҷударо аз миён бардошт ва бовар дорем, ки  минбаъд масъулони соҳа озодии суханро ҳаддалимкон  барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, пиёдашавии адолату ҳақиқат ва мақсадҳои дигари наҷиб васеъ истифода бурда, ба суиистифода аз он роҳ намедиҳанд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2014    №: 39    Мутолиа карданд: 984

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед