logo

илм

«ГОРИЗОНТ – 2020» ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ семинари иттилоотии «Барномаи қолабии Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳқиқот ва инноватсия «Горизонт 2020» баргузор гардид.

Дар семинар зикр шуд, ки Барномаи «Горизонт - 2020» воситаи молиявии Иттиҳоди Аврупо барои роҳандозии Иттиҳоди инноватсионӣ, ташаббуси хеле муҳими Аврупо то соли 2020 баҳри таъмини рақобатпазирии ҳамаҷониба равона гардидааст. Барнома солҳои 2014 – 2020 - ро дар бар гирифта, маблағи пешбинишудаи он 80 миллиард еврост.
Мамадшо Илолов, академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, директори Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, доир ба мавзӯи «Таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ронда, зикр намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза маҳаки асосии рушди устувори иқтисодиёт ва ноил гардидан ба зинаи баланди зиндагии аҳолӣ роҳи инкишофи иҷтимоии марбут ба инноватсия равона гардидаро интихоб намудан салоҳи кор аст. Инноватсия ин маҷмӯи технологияи нав, маҳсулот ва таҷҳизот, пешниҳоди хизматрасонӣ, диди нав дар ташкил ва баланд бардоштани малакаи кадрҳо буда, рақобатпазирии баланди иқтисодиётро таъмин менамояд. Дар мамлакатҳои иқтисодиёташон дар ҳоли рушд ҳиссаи афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби истифодаи инноватсия 70-80 дарсадро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи нишондодҳо, ҳолати пешрафти инноватсионӣ аз кишварҳои иқтисодии дар ҳоли рушд хеле қафо мондааст. Дар ҷумҳурӣ барои дастгирии фаъолияти инноватсионӣ 7 қонун, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шудааст. Агар маблағгузории давлат ба соҳа 2 дарсад бошад, рушди технологияро таъмин намудан мумкин аст.
Соли 2011 Ҳукумати ҷумҳурӣ Барномаи рушди инноватсиониро барои солҳои 2011-2020 қабул карда буд. Дар амал татбиқ намудани ин барнома дар ду давра - давраи якум - солҳои 2011-2014 ва давраи дуюм солҳои 2015-2020-ро дар бар мегирад.
Комила Мағзиева, корманди Барномаи қолабии Иттиҳоди Аврупо (Қазоқистон), ва Бела Кордон, намоянда аз Вазорати захираи инсонӣ (Венгрия) оид ба паҳлӯҳои гуногуни барнома изҳори назар намуданд. Аз ҷумла ба иштирокдорони семинар талаботи асосии озмунҳо, қоидаҳои иштирок дар онро фаҳмонда, паҳлӯҳои молиявӣ ва ҳамчунин дарёфти шарикҳо ва чи тарз навиштани пешниҳодоти хуби озмуниро шарҳу эзоҳ доданд.
Дар охири семинар иштирокдорон тасмим гирифтанд, ки олимони тоҷик, таҳқиқотчиён, бахусус олимони ҷавон барои ширкат кардан дар Барномаи пешниҳодкардаи Иттиҳоди Аврупо фаъол бошанд. Онҳо пешниҳодҳои худро ба комиссияи илм, таҳқиқот ва инноватсияи Иттиҳоди Аврупо пешниҳод намуда, ғолиб оянд ва дар пешрафти илмию техникии кишвар ҳиссаи худро гузоранд.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2014    №: 40    Мутолиа карданд: 663

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед