logo

илм

ТАВОНБАХШИ ХӮЛАҲОИ АРЗИЗӢ

Ихтирооту навоварии академик Изатуло Ғаниев ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ба заводҳои гуногуни Федератсияи Русия ҳазорон ҳазор рубл фоида оварда буданд.
Дар Тоҷикистон ихтирои ӯ дар корхонаи гидрометаллургии шаҳри Исфара (ҶС «Тамохуш») истифода шуда, барои корхонаи арзизи Турсунзода 1 миллион доллар суд овардааст. 

Ҳолнома
Изатуло Ғаниев соли 1965 баъди бо медали тилло хатм кардани мактаб – интернати №1-и ноҳияи Айнӣ ба факултаи механикаю технологияи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, баъди хатми курси дуюм ба Донишкадаи химиявӣ - технологии шаҳри Қазон барои давом додани таҳсил фиристода мешавад. Ин донишкадаро соли 1970 аз рӯи ихтисоси «Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ ва нуриҳои минералӣ» хатм намудааст.
Сипас муддате дар Корхонаи кӯҳӣ - маъдании Анзоб кор мекунад. Соли 1971 ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Институти химияи Академияи улуми Тоҷикистон дохил мешавад. Баъди хатми он дар Институти химия дар вазифаҳои лаборанти калон, корманди хурд ва калони илмӣ то соли 1981 ифои вазифа менамояд. Соли 1981 ба вазифаи мудири лабораторияи «Маводи ба коррозия устувор» интихоб шуда, то имрӯз дар ин вазифа кор мекунад.
Соли 1976 дар Институти металлургия ва ғанигардонии Академияи улуми Ҷумҳурии Қазоқистон рисолаи номзадиро аз рӯи ихтисоси «Металлургияи металлҳои ранга» дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи номзади илмҳои техникӣ мегардад. Соли 2001 дар Институти химияи АУ Ҷумҳурии Узбекистон рисолаи докториро аз рӯи ихтисоси «Химияи ғайриорганикӣ» дифоъ менамояд. Соли 2004 аз рӯи ихтисоси номбурда унвони профессориро ба даст меорад. Аз соли 1996 то соли 2000 дар вазифаи муовини директор оид ба илм дар Институти химия фаъолият меварзад. Соли 2002 дар вазифаи муовини саркотиби АУ Тоҷикистон, аз соли 2005 то 2010 дар вазифаи академик – котиби шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АУ Тоҷикистон фаъолият мекунад. Аз соли 2007 то имрӯз профессор-мушовир, мудири кафедраи «Технологияи истеҳсолоти электрохимиявӣ» -и  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд.

Ихтироот
1. Патентҳои ФР № 1225263, № 1245612 (соли 1988), № 719156 (соли 1990) дар корхонаи гидрометаллургии шаҳри Исфара (ҶС «Тамохуш») ва Иттиҳодияи истеҳсолии «Электромашина» (ш. Челябинск, ФР), Иттиҳодияи истеҳсолии «Вектор»  (ш. Екатеринбург), Иттиҳодияи истеҳсолии «Уральэлектротяжмаш» (ш. Екатеринбург), Иттиҳодияи оптикӣ-механикии Урал (ш. Екатеринбург), Иттиҳодияи оптикӣ – механикии Санкт-Петербург, Иттиҳодияи истеҳсолии «Корхонаи электромеханикии Омск» ва ғайраҳо истифода мешаванд.
2. Хӯлаҳои алюминий аз рӯи патентҳои ФР № 1166518 ва № 719156 дар корхонаи шаҳри Воткински Русия барои рехтагарии қисмҳои махсуси техника истифода мешаванд.
3. Хӯлаи алюминий аз рӯи патенти ФР № 801601 дар корхонаи шаҳри Красноярск ва дар корхонаи давлатии «Заводи алюминии тоҷик» истифода мешавад.
4. Хӯлаи алюминий аз рӯи патенти ФР № 1365724 ба ГОСТ и № 24641-81 ворид карда шудааст.
5. Дар корхонаи давлатии «Заводи алюминии тоҷик» технологияи истеҳсоли чӯяни синтетикӣ ва ферросилситсий аз партовҳои металлӣ бо фоидаи иқтисодии зиёда аз 1 млн. доллари ИМА аз рӯи навоварии Изатуло Ғаниев  ба роҳ монда шудааст.

Самараи ихтироот
Технологияи рехтани хӯлаҳо аз рӯйи патентҳои дар солҳои 1988 ва 1990 ихтироъшуда имкон доданд, ки таркиби механикӣ, устуворӣ нисбат ба зангзанӣ ба таври назаррас зиёд ва зарфияти металлиашон кам ва сифату боэътимодиашон баланд гардад. Самараи солонаи онҳо 215 ҳазор рубли шӯравӣ буд.
Технологияи рехтагарии хӯлаҳо аз рӯйи патентҳои ФР №1166518 (соли 1987) дар корхонаи шаҳри Воткинск, хӯлаи алюминий аз рӯи патенти ФР №801601 дар шаҳри Красноярск барои беҳбуди сифати омодасозӣ, дар корхонаи алюминийи Тоҷикистон барои рехтани чархҳои автомобил ба кор бурда шудааст.
Ҳисобҳои техникию иқтисодӣ нишон доданд, ки ҳангоми иваз кардани диски пӯдодӣ ба диск аз хӯлаи алюминий сарфаи пӯлод барои як автомобил 45 кг-ро ташкил дод.
Хӯлаи алюминӣ аз рӯи патенти ФР №1365724 барои сохтани қабати рӯи кабел ба ГОСТ 24641-81 дохил шудааст. Он имкони камшавии зарфияти рӯпӯшро ба 15% расонд. Ин ихтироъ сарфаи алюминийро соле ба 2000 тонна ё зиёда аз 6 млн. доллари ИМА расонд.

Пайи некмардон бибояд шитофт
Ихтироъкориҳои академик Изатуло Ғаниевро дар соҳаи кимиё мутолиа намуда, кас беихтиёр ба худ савол медиҳад, ки сарчашмаи илҳоми эҷодии ин гуна олимони созанда аз куҷо маншаъ мегирад? Барои ҷавоб пайдо кардан ба номаи аъмоли кӯдакиву наврасиаш рӯ меорем. Ӯ дар хонаводаи инсони соҳибмаърифат ба дунё омадааст. Падараш Абдуғанӣ Наврӯзов соли 1934, дар айёме, ки на ҳар бачаи кӯҳистонӣ ба таҳсил шавқу имкон дошт, ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент дохил шуда, аз муаллимони соҳибмаърифат дониш омӯхтааст. Фитрати ҷӯяндаи ӯ таҳаввулоти зиндагии навро, ки пас аз суқути аморати Бухоро босуръат дар кӯҳистони Фалғар ҳам доман густурд, базудӣ дарк кард. Ӯ дониши дар омӯзишгоҳ андӯхтаашро ба хидмати халқи диёраш гузошта, дар ҳамон солҳои пурнизоъу муноқиша роҳбари хоҷагии навташкили «Инқилоби сурх» мешавад. Баъдтар ба кори ҳизбӣ мегузарад ва дар байни мардум бо ибтикороту кордониаш шуҳрат ва обрӯ пайдо менамояд. Дар хонаводаи ин марди шариф пушт ба пушт китобу ҳунару маърифат қадри зиёд дошт. Панҷ фарзанди ӯ низ дар ҳамин рӯҳия ба воя расиданд.
Омили дигаре, ки Изатулои наврасро ба олами пурасрори пажӯҳишу омӯзиш савқ дод, он буд, ки дар айёми мактабхониаш пайдо шудани гурӯҳ - гурӯҳ муҳаққиқон дар қалъаҳои қадимаи Абаргар, Гардани Ҳисор, ва димнаҳои Кум, Хайробод, Мадм, Урметан ва Вешканд буд. Дар бораи бозёфтҳои ғалатии онҳо мардум қиссаҳои шавқангез нақл мекарданд. Чӯпони Хайрободӣ Маҳмадалӣ, ки сабадҳои аҷиб ёфта буд, дар назари бачаҳо ба қаҳрамони афсонавӣ мубаддал гашт.
Падари бузургвораш ҳам ҳар гоҳ ба фарзандонаш талқин мекард, ки ба мисли ҳамин пажӯҳишгарон одамони бамаърифат гарданд. Аммо як амали аҷиби муаллимаш ин шогирди ташнаи донишро дилбохтаи фанни химия кард. Боре муаллим бӯрро ба лавҳаи нақшдор мубаддал сохт ва тамоми шогирдонро дар ҳайрат гузошт. Ҳамин як лаҳзаи хотирмон роҳи ояндаи Изатулоро равшан намуд: ӯ қарор дод, ки кимёгар мешавад!
Пайи некмардон бибояд шитофт,
Ки ҳар-к ин саодат талаб кард, ёфт.

Илм иллатро зи дилҳо барканад
Хонаводаи соҳибмаърифат дар замири Изатулои ҷавон тухми доништалабиву маърифатҷӯӣ кишт. Ӯ ба Душанбе рафт, ба факултаи механикаю технологии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуд.
Аз дафтари хотираи дотсент Ғоиб Камолов, номзади илмҳои тех-никӣ, устоди Донишгоҳи техникии То-ҷикистон ба номи М. Осимӣ, муаллими И. Ғаниев:
«Ба шогирдони зиёде сабақ додам, ки Изатуло Ғаниев яке аз онҳост… Хониши аъло ва талошҳои паёпаяш боиси он гаштанд, ки ӯро баъди хатми соли дуюми таҳсил ба Институти кимиёву технологии шаҳри Қазон фиристоданд. Устодон ба ӯ баҳои аъло мегузоранд… Баъдан аз Қазон ба номи камина мактубаш омад, ки чунин навишта буд:
«Манфиати сахтгириҳои устодро кас бо гузашти умр дар пешомадҳои имтиҳони зиндагӣ дарк мекунад. Ман низ онро дар шаҳри Қазон ҳис намудам».
Пас аз бомуваффақият ба поён расондани таҳсил дар Донишкадаи Қазон Изатулоро соли 1970 барои кор ба Корхонаи кӯҳӣ-маъдании Анзоб мефиристанд. Назар ба қавли сарвари ин коргоҳ В. Хоҷаев, «Изатуло Ғаниев дар ҷиҳозондани озмоишгоҳи кимиёвӣ-таҳлилии хавфнок бевосита ширкат варзид. Ӯ тарҳу сохти маводи истеҳсолӣ, усули назорату санҷиш ва маҳсулоти тайёрро хуб медонист». Маҳз дар ҳамин коргоҳ ҳангоми дар амал татбиқ намудани донишаш мутахассиси ҷавон дарк намуд, ки барои тадқиқи ҳаматарафаи хосияти филиз ва истихроҷи он аз қаъри замин дониши мукаммал доштан лозим аст. «Тоҷикистон, ин ватани азизамон, ба мутахассисони худӣ ниёз дорад. Ба аспирантура дохил шудан лозим». Ӯ бо чунин қарори қатъӣ боз роҳи пойтахтро пеш гирифт.
Дар Душанбе тақдир ӯро бо профессор Анвар Ваҳҳобов, мудири озмоишгоҳи «Металлургияи металлҳои холис ва хӯлаҳои дақиқ» рӯбарӯ кард. Бояд гуфт, ки он замон ин олими заҳматписанди тоҷик дар маҳофили илмии Иттиҳоди Шӯравӣ барои тадқиқоти пурарзишаш аллакай соҳиби обрӯву манзалати калон буд, зеро таҳти роҳбарии ӯ бори нахуст дар Иттиҳоди Шӯравӣ калсий, стронсий, барий ва алюминий дар намуди холис истеҳсол гардиданд ва истеҳсоли саноатии алюминийи сирф холис ба роҳ монда шуда буд. Ваҳҳобов ҳамроҳи чанд мутахассиси дигар дониши Изатулоро санҷид ва гуфт:
- Ошкоро мегӯям, фарзияҳои Шумо доир ба хосияти маводшиносии хӯлаҳои ранга таваҷҷуҳи моро сахт ҷалб кардааст. Тоҷикистонамон ба Шумо барин мутахассисони ҷавон бағоят ниёз дорад.
Ба ҳамин тариқ, олими ҷавон ба майдони корнамоиҳои илмӣ пой гузошт. «Мақолаи аввалини худро ҳеҷ фаромӯш намекунам, - мегӯяд академик  Ғаниев.  -  Он  «Усули  термометрии ташхиси таркиби хӯлаҳои алюминий» ном дошт ва таҷрибаҳояш бо ёрии асбоби тадқиқотии сохтаи Маҷористон ба ҷо оварда шуданд. Аз ҳамин мақола фаъолияти илмиам оғоз ёфт. Мавзӯи рисолаи номзадиам омӯзиши диаграммаҳои ҳолати сечандаи алюминий бо ситсилий, стронсий, барий ва кашфи хӯлаҳо дар асоси пайвастагиҳои онҳо буд, ки соли 1976 онро зери роҳбарии устодам Анвар Ваҳобов дифоъ намудам».
Солҳо пайи ҳам гузаштанд. Доктори илми кимиё, профессор, устоди Донишгоҳи техникии кишвар Изатуло Ғаниев соли 1996 муовини директори Институти кимёвии ба номи В. Никитин интихоб гардид. Муноқишаҳои дохилии Тоҷикистон низ рағбати пажӯҳишу ихтироъро дар дили ӯ хомӯш карда натавонистанд. Баръакс, маҳз дар ҳамин даврони мушкил фаъолияти илмии ӯ ба авҷи аълояш расид. Бо ҳидояти ӯ ва ҳаммаслаконаш коркарди ашёи хом дар асоси захираҳои маъданҳои маҳаллӣ ва партовҳои саноатӣ ба роҳ монда шуд. Робитаи ӯ бо корхонаи арзизи тоҷик мустаҳкамтар шуд. Ибтидои соли 2004 Техникуми металлургии ҷумҳуриявии шаҳри Турсунзода ба Коллеҷи металлургӣ табдил ёфт. Соли 2006 истеҳсоли алюминий ба 414 ҳазор тонна расид. Дар ин миён олимони кимёшинос бо сарварии узви вобастаи Академияи улуми Тоҷикистон Изатуло Ғаниев пас аз таҳаммули ранҷи бисёр дар соҳаи гудозиши алюминий лабораторияи филизоти зангназанандаро таъсис доданд. Таҳқиқот нишон дод, ки илова кардани бериллий ба хӯлаҳои алюминий бо металлҳои ишқорзаминӣ суръати оксидшавии онҳоро суст мегардонад. Ин кашфиётро дар коргоҳи арзизи шаҳри Турсунзода татбиқ кардан лозим буд. Академик Изатуло ва ҳамкоронаш ба ин мақсад садҳо бор ба ин корхонаи бузург рафтанд, омӯхтанд, таҷриба карданд ва ахиран ба хулоса омаданд, ки партовҳои берунаро низ ба даруни сех бояд дароранд. Ин амал ду натиҷа дод: муҳити атрофи завод аз гарду ғубор тоза гардид; аз байни партов чизҳои даркориаш барои истеҳсоли алюминий ҷудо шуд. Ба ин тариқ, партови завод дубора ба истеҳсолот ворид шуд. Академик Ғаниев ин таҷрибаро чунин шарҳ медиҳад: «Дар партовҳои металлӣ чӯяни сунъӣ ва феротсилитсийро, ки хамиртуруши чӯян ҳисоб мешавад, кашф намудем. Ин имкон дод, ки корхонаи алюминийи кишварамон ин фи-лизҳоро аз хориҷа харид накунад».
Ин навоварӣ натиҷаи олӣ дод: корхона зиёда аз як млн. доллари амрикоӣ ба даст овард! 
Ҳақ ба ҷониби профессор Абдулхайр Бадалов, доктори илми кимиёст, ки умқи шахсияти қаҳрамони моро чунин тавсиф додааст: «Академик Изатуло Ғаниев бо меҳнати ҳалол, хираду дониш ва заҳматҳои зиёдаш илми муосири тоҷикро ба арсаи ҷаҳонӣ баровардааст. Исботи ин ҷоизаҳои ватаниву байналмилалиеанд, ки ӯ сазовор гаштааст».

Изатуло Ғаниев кист?
- Ихтироъкори шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 1994);
- Аъзои академияи улуми Ню-Йорк (с.1996);
- Дорандаи медали тиллои Соз-мони Умумиҷаҳонии неруи зеҳнӣ (с. 1997);
- Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.1997).
- Аълочии маорифи Ҷумҳурии То-ҷикистон (с. 1998);
- Дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷум-ҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника (с. 2001);
- Барандаи мукофоти Созмони исломии рушди илм, технология ва фарҳанг (с. 2003) дар бахши кимё;
- Узви пайвастаи (академики) Академияи илмҳои Ҷумҳурии   Тоҷикистон (с. 2008).

Атохоҷа МИРЗОҶАЛОЛОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2014    №: 40    Мутолиа карданд: 821

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед