logo

ҳуқуқ

БАҲОИ ҲАҚИҚАТ ГАРОН АСТ

ё Акбаралӣ Сатторов ҳам аз мавқеи зиёиёни ватандӯст пуштибонӣ накард

Баҳси судии доираҳои зиёии кишвар бо Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи русизабони «Asia Plus», чандест барои расонаҳои Тоҷикистон, бахусус матбуоти ба истилоҳ мустақили кишвар мавзӯи хабарсоз шудааст. Матолиби дар ин маврид нашршуда, таҳти таъсири ҳадафу ғаразҳои сиёсиву иқтисодии гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва қудратталаб қарор доштани бархе расонаҳоро ошкор кард.

Эълони ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар мавриди ин қазия, ки бар асоси он Олга Тутубалина барои пардохти ҷарима ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ба ҷониби даъвогарон муваззаф шуд, ин далелро исбот намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар пайи мақолаи «Неинтеллигентно об интеллигенции» (ғайризиёиёна дар бораи зиёиён), ки ҳафтаномаи «Asia Plus» ба нашр расонд, иттифоқҳои нависандагон, рассомон, меъморон, Академияи илмҳо ва Дилбар Абдиева, Аскаралӣ Раҷабов, Ҳикмат Раҳматов ба манзури ҳимояи обрӯ, шараф ва номуси зиёиён муаллифи он Олга Тутубалинаро ба суд кашида, ҷуброни зиёни маънавӣ талаб карда буданд. Ниҳоят суди ноҳияи Фирдавсӣ нашрия ва муаллифи онро ба тавҳини зиёиён муҷрим шинохта, дар баробари 30 ҳазор сомонӣ ҷарима «Asia Plus» - ро уҳдадор кард, ки ба зудӣ дар ин бора раддия низ нашр кунад.
Мутаассифона, инъикоси мавзӯъ дар расонаҳо на холисона, балки ҷанбаи пуштибонӣ аз Тутубалина ва зери суол бурдани қарори додгоҳро нишон дод. Чунин ба назар мерасад, барои рӯзноманигороне, ки дар пӯшиши гузоришҳои якҷонибаи вобаста ба ин баҳс нақш доранд, баҳои ҳақиқат гарон афтодааст. Зеро онҳо ғаразҳои берунаро чандон эҳсос намекунанд ва дар аксар маврид манфиатҳои гурӯҳӣ, ҳатто шахсии худро аз манофеи давлату миллат боло мегузоранд. Тибқи мушоҳидаҳо, бархе аз созмонҳои хориҷӣ бештар ба неруи чунин қаламбадастон такя зада, таҳти пӯшиши «демократия ва озодӣ» ормонҳои бадхоҳони миллатро пиёда намуда, дар ҷомеа тухми нифоқ мекоранд.
Ҳама аз Олга Тутубалина мегӯяд, вале таҳқири зиёиён, ки симои миллати тоҷиканд, кам рӯзноманигоронро нороҳат кард. Дар ин матлаб, ки аслан бозгашти шоири номдори тоҷик Бозор Собир ба Ватан ҳадаф қарор гирифтааст, асосан миёни онҳое ҳамовозӣ пайдо кард, ки солҳо аз ғурбати шоир мегуфтанд ва бори надомати онро ба дӯши давлату Ҳукумат пайванд месохтанд. Кунун Бозор Собир дар Ватан аст, вале ҳузураш дар матбуоти мустақил зери парда рафтааст. Зеро ӯ аз арзишҳои ватандорӣ ва истеҳкоми пояҳои давлатдорӣ ҳарф зада, фаъолияти бархе аз ҳизбҳои сиёсиву созмонҳои хориҷӣ дар кишварро нодаркор хонд. Воқеан Бозор Собир бо дарки ҳақиқати ҳол, мардумро ба ҳифзи арзишҳои Истиқлолият, канорагирӣ аз созмонҳои иртиҷоиву гурӯҳҳои ифротгаро даъват намуда, иттиҳоди миллию ҳамоҳангӣ ба татбиқи барномаҳои стратегии давлатро хост, ки маҳз ҳамин дидгоҳ миёни шоир ва матбуоти мустақил фосила гузошт.
Олга Тутубалина сухани Ленин – «зиёиён на мағзи миллат, балки наҷосати миллатанд» - ро, ки дар робита ба бозгашти Бозор Собир навишта шудааст, ба худ сипар намуда, зиёиёни тоҷикро ҳадафмандона таҳқир кард. Аммо эҳсоси ин ҳақиқат ба бархе расонаҳои дохилию хориҷӣ мушкил афтода, ки  радиои «Озодӣ» дар матлаби ҳангомасозе таҳти унвони «Қасди Ленинро аз Тутубалина гирифтанд» ҳукми судро ба чолиш кашидааст. Нахуст дар ин матлаб аз қавли ҳуқуқдони ба таъбир саршинос гунаҳкор эълон шудани Олга Тутубалина зери суол рафта, гуфта мешавад, ки «додгоҳ амалан доҳии коммунистони ҷаҳон Владимир Илич Уляновро низ айбдор шумурд». Дар ин матлаб аз забони ҳуқуқшинос Абдуқаюм Юсуфов иқтибос мешавад, ки «Агар истифодаи сухани як нафар доҳӣ ё шахси шинохта ҷиноят бошад, пас дар ин қазия бояд ҳамҷавобгар Владимир Ленин низ ҷалб мешуд. Бояд ӯро даъват мекарданд. Зеро сухани ӯ истифода шудааст. Дар асри 20 ба тамоми ҷаҳон маълум буд, ки интеллегенсия чӣ аст. Бинобар ин, имрӯз такрори он шаъну шарафи касеро паст намекунад. Инчунин агар мо ба қонунҳои ҷории Тоҷикистон назар кунем, ин ҷо ягон чизе дида намешавад, ки асос барои гунаҳкор кардан ё  ба додгоҳ кашидани касеро исбот карда тавонад». Ёбу гир! Маълум, ки на ҳуқуқшинос ва на муаллифи матлаб аз ҷавҳари аслии мақолаи баҳсӣ бехабаранд. Дар сурати ғайр чунин тарзи муносибат ба мавзӯи мавриди назар чашмпӯшие аз ҳақиқати ҳол беш нест.
Дар ин маврид изҳори назари Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳам ҷойи таассуфро мемонад. Ӯ ҳукми суд дар қиболи Тутубалинаро ноодилона хонда, дар суҳбат ба Озодӣ гуфтааст: «Ин фикри шахсии Тутубалина буд, ки тавассути матбуот баён карда ва гуфтаи Ленинро ҳамчун иқтибос дар мақолаи худ истифода намудааст». Чунин изҳори назар аз сӯи як чеҳраи шинохта ё зиёии тоҷик хилофи арзишҳо ва қурбонии номуси миллист. Бигзор истифодаи сухани Ленин ҷурме набошад, аммо ба нишон гирифтани зиёии тоҷик бо он ки ғаразаш дар боло ишора шуд, кори савоб нест ва воқеан паст задани шаъну шарафи миллат ба шумор меравад. 
Теъдоде аз расонаҳо талош мекунанд, ки маҳз дар чунин ҳолатҳо дар пахши баёния бархе намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва иддае  аз созмонҳои байналмилалӣ пешдастии худро нишон диҳанд. Чунончи, дар ин бора изҳороти зудҳангоми Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон фавран рӯи саҳифаи сомонаҳои хабарию нашрияҳо рехт, ки аҳдофи вижае дар пай дошта, пойбандӣ ба ҳаракатҳои берунии хабарнигоронро ба ҷилва мегузорад.
Мутаассифона, борҳо шоҳиди он будем, ки созмонҳои хориҷии алоқаманд ба кори матбуот ин ва дигар баҳсҳои судиро, василаи саркӯби матбуоти мустақил ва озодии баён дар Тоҷикистон мешуморанд. Ё худ фишори ҳукуматеро болои озодии матбуот медонанд, ки марзи беҳудудеро ба ихтиёри озодии баёну андеша додааст. Агар заррае ба инсоф қоил бошем, аз ин ҳақиқат чашм пӯшида намешавад, ки фазои озодии матбуот, баёну андеша дар кишвари мо дар дигар давлатҳои ҳамсоя дида намешавад. Ин фазо ба дараҷае боз аст, ки тангназароне ба мисли Тутубалина аз он ба таври фаровон суиистифода ҳам мекунанд. Аммо бештар аз ҳама, дар бораи маҳдудиятҳои демократӣ пеши бегонагон шикоят ва озодиҳои худро зери суол мебаранд.
Дуруст аст, ки ифшои нуқсону камбудиҳои ҷомеа бахше аз рисолати рӯзноманигорон аст, агар воқеӣ, содиқонаю беғараз бошад. Ба ҳар ҳол, дар замони пуртазоди имрӯз бояд ҳамеша аз эҳтиёт кор гирифт. Зарур аст, ки ҳадафҳои сиёсию манфиатҷӯиҳои пасипардагӣ амиқан дарк шавад, зеро муносибати давлату созмонҳои хориҷӣ гоҳҳо дар асл чунин нест, ки дар сатҳи дипломатӣ мебинем.

Фирӯз ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2014    №: 41    Мутолиа карданд: 849

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед