logo

туризм

ВОРУХ

Деҳаи Ворух баъд аз Тамохуш ва Бамкахуш савумин маркази таърихию фарҳангии водии Исфара маҳсуб меёбад. Ҳарчанд доир ба пайдоиш ва маънии вожаи Ворух якчанд ривоятҳо мавҷуданд, саҳеҳтаринаш он аст, ки ин вожа аз «вара»-и форсии қадим сарчашма гирифта, маънии «қалъа, мавзеи бо девор иҳоташуда» -ро дорад. Ин ном мумкин аст, ба хотири он ки деҳаро аз чор тараф кӯҳҳо иҳота намудаанд, дода шуда бошад. Аз тарафи дигар авестошиносон бар он ақидаанд, ки калимаҳои Воруба раштӣ ва Воруча раштӣ ба Ворух пайвастагӣ дорад: «Дар Авесто сухан аз ҳафт кишвари яздонӣ меравад, ки дар замони тӯфони ҷаҳонӣ наҷотгоҳи башар маҳсуб мешуданд. Он ду кишвари шимолӣ бо номҳои Воруба раштӣ ва Воруҷа раштӣ бо Румон чун наҷотгоҳ сутуда шудаанд ва дар замони Фаридун номи ин ду кишвар ба Саразм табдил ёфт. Ворӯи Панҷакенти имрӯза, Ворухи  ноҳияи Исфара ва Румони шаҳри Хуҷанд дар Авесто бо номи ҳиндуаврупоӣ башорат медиҳад». Ҳамзамон аз Ворух дар «Гӯри муғ» пайкараи кӯчаки аз гаҷ сохташудаи зане бозёфт шудааст ва метавон тахмин кард, ки ин пайкараи яке аз наҷотдиҳандагони дигари башарият, фариштаи обҳои биҳиштӣ Аредавесураи Аноҳито, нигаҳбони обҳои осмонӣ бошад. Яъне, замоне дар Ворух зардуштизм ба дараҷаи баланд тараққӣ кардааст ва то имрӯз ин номҳо  чун гувоҳ аз он давраи таърих боқӣ мондаанд ва номи Ворух низ метавонад аз он давра омада бошад. Ҳатто дахма - гӯрхона, ки аз давраи зардуштҳо боқӣ мондааст, то имрӯз дар маркази деҳаи Ворух барҷост. Ҳамчунин бегоҳии рӯзи чоршанбе афрӯхтани пилтачироғ, дар гирди оташ гардондани арӯс, афрӯхтани чироғи бибисешанбе таомули мардуми деҳаи Ворух будааст. Мардуми Ворух дар ин набардгоҳи неку бад  бисёр чизҳоро аз даст дод. Китобҳои домулло Хӯҷаназар бо номи «Ҷиҳод», «Маймунат-ул-муборак», осори мулло Сафари  ситорашинос, китобҳои бародарон Муллотӯрахон ва Мирсаидхон   фақат дар гӯйишҳо боқӣ мондаанду халос.
Ворух  дар  фосилаи 44, 7 километр ҷанубтар аз маркази шаҳри Исфара, дар тарафи соҳили рости дарёи Кишанбиш ва Карафшин зиёда аз 5-6 км тӯл кашида, аҳолиаш  31 ҳазорро ташкил медиҳад. Майдони умумии деҳаи Ворух 84 ҳазору 458 га мебошад. Он яке аз қадимтарин масканҳои аҷдоди халқи тоҷик аст. Мавзеъҳои Пули офтобрӯ, Лар, Заминун, Кех, Шахи сафед, Тамлик, Чакак, Нови ағва, Қалъаи бақо, Хоҷаи Имом, Бодомча, Хоҷаи ғор, Шолидаврон, Лочин, Беди каҷ, Тангии Ворух, ки аксар калимаҳои суғдианд ва маконҳои таърихӣ чун Масҷиди сурх, Масҷиди Домулло Азим, Мавлоно Саид, Мазори ҳастии Одам, Мазори сутуни тофта ё сутуни ғайбӣ, Мазори Хоҷаи балогардон, Мазори Чимирғонбобо ё Шибирғонӣ, Мазори Қаршӣ ё Лори ширхона, Пои бобои одам, Гаҳвораи зарин, Мазори Хоҷаи ғор, Хоҷаи Имом, Хоҷаи чорсангбобо  гувоҳи таърихи куҳан доштани Ворух аст. Аҳолии деҳа ҳама тоҷиканд.  Ворух аз маҳаллаҳои зиёде, мисли Гузар, Қалъача, Майдон, Сари қурум, Тидон,  Сари дашт, Хушобод, Боғдорӣ, Кӯчаи боло, Масҷиди боло, Кӯчаи қозӣ, Қишлоқ, Таги маҳалла, Сари канда, Тоҷикон, Ҷӯйи дам, Кодон, Навобод, Чакак иборат аст.
Омӯзиши комили таърихи Ворух дар давраи шӯравӣ оғоз ёфта, то ба ҳол давом дорад. Дар пажӯҳиши таърихи ин деҳа саҳми олимони шӯравӣ - Б. Литвинский ва Е. Давидович бузург аст. Тадқиқотҳои ҳафриётии солҳои 50-уми асри XX, ки бо сарварии Б. Литвинский дар Ворух сурат гирифтаанд, бисёр саҳифаҳои ноаёни таърихи ин деҳаро равшан намуданд. Дар ин давра ёдгориҳои археологӣ, пуштаҳои гӯри чорводорону кишоварзон, ки аҳолии маҳаллӣ «Гӯри муғ» мегӯянд, мавриди таҳқиқи илмӣ қарор гирифт. Ковишҳои археологӣ дар Ворух равшан намуд, ки дар миёнаҳои ҳазорсолаи якуми пеш аз мелод, ибтидо ва миёнаҳои ҳазорсолаи якуми мелодӣ дар ин деҳаи кӯҳӣ дар қатори кишоварзони муқимӣ боз чорводорони зиёде низ зиндагӣ ба сар мебурдаанд. Ҳангоми ковишҳо аз ин гӯр – қӯрғонҳо ба андозаи зиёд ҳар гуна зарфҳои нафиси кулолӣ, осори заргарӣ ва дигар маснуоти ҳунарӣ дарёфт гардид, ки маҳсули устоҳои бумӣ буданд. Ин ашёҳои нафиса аз равобити доимии иқтисодии тоифаи аҳолии чорводор бо кишоварзон далолат медиҳад.
Тадқиқотҳои антропологии олими рус Т. Кияткина  ғайричашмдошти баъзе даъвогарони равияи пантуркистӣ нишон дод, ки аҳолии чорводор, чи аз рӯи нажоду насаб ва чи забон, аз сокинони бумӣ тафовуте надоштанд ва ба ирқи брахистефали аврупоид, ки имрӯз тоҷикон низ шомили ин ирқанд, мансуб будаанд.
Мувофиқи хулосаи муаррихи рус В. Бушков дар асри II мелодӣ дар ҳудуди деҳа тақрибан 100-120 нафар зиндагӣ мекарданд, ки онҳоро метавон ҳамчун як авлод ва ё қабила муаррифӣ намуд. Умуман, ҷойгиршавии аҳолӣ дар ин ҳудуди водии Фарғона аз шимолу шарқ оғоз шуда, ба ҷанубу ғарб идома меёбад, ки дар ин раванд чорводорон мавзеъҳои баландкӯҳ ва чарогоҳҳои нав ба навро аз худ менамоянд. Аллакай дар асрҳои миёна баръакс муҳоҷирон аз болооби Зарафшон ва Қаротегин ба шимолу шарқ, ки дар давраи дури таърихӣ ватани аслиашон буд, мекӯчанд. Ҳам дар Ворух ва ҳам дар шимоли минтақа - водии Сӯх аҳолии Қаротегин  ва Мастчоҳ маскан мегузинанд.
Ҳудуди ҳозираи Ворух аз ибтидои эраи мо то асрҳои I-II милодӣ ба ҳайати Даван дохил мешуд, ки водии Фарғонаро дар бар мегирифт. Аз дарёфт шудани баъзе осори аҳди Кушонӣ (муҳр) ва Ҳайтолиҳо (тобути чӯбӣ) дар Ворух метавон ба хулоса омад, ки Ворух ба ҳайати ин давлатҳо шомил буд. Аз бозёфтҳои археологӣ ва ривоятҳои қадима маълум мегардад, ки арабҳо бо мушкилии зиёде ҳудуди имрӯзаи Исфара ва Ворухро забт намуда будаанд.
Дар асрҳои IX-X ноҳияи Исфара ва Ворух чун дигар ноҳияҳои водии Фарғона ба ҳайати давлати миллии тоҷикон Сомониён дохил шуд. Дар асри XI - XII Ворух дар зери ҳукмронии Қарахониён буд. Зикр бояд кард, ки оид ба дар ҳайати давлати Қарахониён будани Ворух катибае низ мавҷуд аст. Он дар сахрае канда шудааст. Дар катиба омадааст: «Катибаи мазкур рӯзи сешанбе, якуми моҳи ҷимоду - ул - аввали соли 413 (1023) ҳиҷрӣ бо фармони ҳокими Исфара Саид Муизу - уд - давлаи одил, писари амир Наср, писари Алӣ Саидхони шарафманд, ки ӯ  мурид ва пешвои дини мубини ислом аст, навишта шудааст. Ӯ умед дорад, ки Худованд шарафу шӯҳрати ӯро баланд гардонад, гуноҳҳои ӯро мағфират намояд ва ба дидори пешво ва Пайғамбари дини мубини  ислом Муҳаммад (с) муяссар ва мушарраф гардонад. Ва мепурсад, ки марғзору киштзору сарзамини ӯро, аҳлу наздикони ӯро Худованд шарафманд гардонида, дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад».
Дар «Бобурнома» - и Зуҳуриддин Бобур низ доир ба Исфара дар асрҳои XV-XVI маълумот дода, аз Ворух ном бурда мешавад: «Дар кӯҳпоя воқеъ аст. Обҳои равон, боғчаҳои босафо дорад. Дарахтони босамараш бисёр, вале бештари боғчаҳояш рахти бодоманд. Мардумаш тамом сорт ва кӯҳӣ, форсӣ гӯянд. Вилояти Исфара чор қисм кӯҳпоя аст: яке Исфара, дигаре Ворух, сеюм Сӯх, чорум Ҳушёр».
Аз соли 1870 давраи нави инкишофи аҳолии маҳаллии деҳаи Ворух оғоз мешавад. Хусусияти асосии ин давра якбора зиёд шудани аҳолии маҳаллӣ аз ҳисоби муҳоҷирони Қаротегин  ва Мастчоҳ  буд. Маҳз дар ҳамин давра берун аз ҳудуди маркази таърихӣ маҳаллаҳои нав ташкил ёфтанд. Маҳаллаи Қалъача ва Гузар кӯҳнатарин маҳаллаҳои деҳаи Ворух ба ҳисоб рафта, баъдтар маҳаллаҳо бо мурури вақту замон васеъ шуданд. Як қисмати аҳолии деҳаи Ворух ба ҳудудҳои шимолӣ кӯчидаанд. Масалан, ба деҳаҳои Лаккон, Пирдевак, Зархоки Исфара, Конибодом ва Қӯқанд.
Аз ҷиҳати антропологӣ тоҷикони Ворух бо тоҷикони Чоркӯҳ, Сӯх ва деҳоти Ашт хеле наздиканд.
Дар давраи шӯравӣ деҳаи Ворух чандин маротиба тағйироти маъмуриро аз сар гузаронидааст. Баъди инқилоби октябр, 23 августи соли 1919 Шӯрои қишлоқи Ворух ташкил карда мешавад. Баъди тақсимоти миллию ҳудудии соли 1924 дар Осиёи Миёна, соли 1925 ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Ворух аз волости Исфара ҷудо гардида, волости Чоркӯҳро ташкил доданд. 6 феврали соли 1945 ноҳияи Шӯроб ташкил меёбад ва шӯрои қишлоқи Ворух ба ҳайати он дохил мегардад. Аз 16 марти соли 1959 Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони ноҳияи Исфара муттаҳид карда шуд ва шӯрои қишлоқи Ворух ба комиҷроияи шаҳри Исфара тобеъ гардид.
                                         
 Аъзамҷон АЗИМОВ,
доктори илмҳои филология, профессор,
                             
Лоиқ МАҲКАМОВ,
раиси Ҷамоати деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2014    №: 42    Мутолиа карданд: 1990

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед