logo

ҳуқуқ

ҚОНУН «ДАСТ»-И ИЗДИВОҶҲОИ ДУРӮҒИНРО БУРИД

Бино ба иттилои Вазорати адлия ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумат соли сипаришуда теъдоди издивоҷи  шаҳрвандони дохилӣ бо  хориҷӣ хеле кам шудааст.

Рустам Менглиев, вазири адлияи кишвар, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода буд, ки соли гузашта ҳамагӣ 137 ҳолати никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо хориҷиён ба қайд гирифта шуд.
- Як ҳолат бо шаҳрванди Чин, боқимонда бо шаҳрвандони Ӯзбекистон, Русия, Афғонистон ва Қирғизистон сабт ёфтааст. Ин омор нисбати солҳои пешин бамаротиб кам аст. Дар ҳоле ки панҷ сол пеш ин рақам аз 700 гузашта буд. Аммо дар мавриди он, ки мардон ё занон хонадор шудаанд, омор надорем,- гуфт вазири адлия.
Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳам аз коҳиш ёфтани теъдоди издивоҷҳои дохилии кишвар иттилоъ дод.
- Тибқи маълумоти омории Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар соли гузашта   7 444 ақди никоҳ баста шудааст, ки нисбат ба cоли 2012 352 адад кам мебошад. Аммо дар муқоиса ба cоли 2012 аз ҳам пошидан ё вайрон шудани оилаҳо зиёд аст,- гуфт раиси кумитаи мазкур.  
Ин ду мақомот сабабҳои коҳиш ёфтани издивоҷро шарҳ надоданд, аммо коршиносон мегӯянд, ки ҷавонон аввал соҳибкасб шуда, баъд хонадор шуданианд.
Сабоҳат Муқумова, вакили порлумони кишвар, мегӯяд, ки бо ворид   кардани иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеши роҳи бесарусомониҳои издивоҷ бо шаҳрвандони хориҷӣ гирифта шуд. Зеро то  таҳрири нави кодекси мазкур, муқаррароти расмӣ ва ҳатмӣ барои ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони дохилӣ вуҷуд надошт.
- Қабл аз он, ки, - гуфт ӯ - шаҳрванди хориҷӣ сарфи назар аз ҷинсияташ  дар кишвари мо издивоҷ кардан хоҳад, бояд як сол дар ин ҷо истиқомат дошта бошад. Моддаи 42-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман аҳдномаи никоҳро талаб мекунад. Ин барои шаҳрвандони дохилӣ ҳатмӣ нест. Аҳдномаи никоҳ ҳуқуқ ба моликият доштани ҳамсарро қонунӣ гардонд, яъне зан бо манзили истиқоматӣ таъмин мегардад. Таълими ҳатмии фарзандонро шавҳар таъмин менамояд ва дар сурати корношоям будани завҷа нафақаи фарзандонро ҳам мепардозад.
Ҳолатҳои издивоҷи шаҳрвандони Тоҷикистон бо  хориҷиён ва нақз шудани ҳуқуқҳои онҳо кам нест. Бисёр вақт падару модар бидуни огоҳӣ аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии фарзандонашон онҳоро бо никоҳи шариатӣ хонадор мекунанд. Дар сурати вайроншавии оила занон аз ҳимояи ҳуқуқҳои худ даст кашида, ба хонаи падар бармегарданд.
Мавзуна Рабизода, сокини 20 - солаи шаҳри Душанбе, соли 2011 бо шаҳрванди Қирғизистон издивоҷ карда буд, ҳоло бо як писар дар хонаи волидон аст. Мегӯяд, ки модараш бидуни розигиаш вайро ба хориҷӣ ба шавҳар дод, аммо имрӯз саломатиашро аз даст додаву ранҷи танҳоӣ мекашад. Падари Мавзуна низ модарашро бо чор духтару як писар танҳо гузошта буд. Ҳоло бо модар фаррошӣ мекунад.
Модари Мавзуна ҳам намехоҳад коҳи кӯҳнаро бод диҳаду домодашро барои шиканҷаҳое, ки дар Қирғизистон нисбати ҳамсараш раво дидааст, ба суд диҳад. Вақте мо навори арӯсии Мавзунаро тамошо кардем, домод 18 сол аз ӯ калон буд.
Падидаи дигар издивоҷӣ шариатӣ аст. Шаҳрвандони Тоҷикистон бо мардуми Эрон, Афғонистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русия аз рӯйи шариати исломӣ никоҳ мебанданд. Зеро хориҷиён ба никоҳи расмӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон розӣ намешаванд ва бо никоҳи мусалмонӣ бидуни аҳде иктифо мекунанд. Яъне хориҷӣ аз иҷрои қонунҳои Тоҷикистон «мегурезад»,  аммо занони тоҷик ба дарки ин нукта дер мерасанд.
Сабзагул Сангова, сокини шаҳри Ваҳдат, 13 сол аст, ки бо шаҳрванди Афғонистон зиндагӣ дорад ва соҳиби cе духтар аст. Ба гуфтаи вай шавҳараш дар Афғонистон ду ҳамсари дигар низ дорад. Ӯ сабаби бо хориҷӣ издивоҷ карданашро аз рӯйи эҳтиёҷи иқтисодӣ шарҳ дод.
Сабоҳат Муқумова мегӯяд, ки занон бояд аз ҳуқуқҳои худ огоҳ бошанд, шояд коҳиш ёфтани издивоҷ ба масъулиятшиносии духтарон рабт дорад. Ҳоло онҳо ба таҳсил ва соҳибкасб шудан авлавият медиҳанд. Ин хуб аст, онҳо ба ин васила ба ҳаёт омодагӣ мегиранд. Бонувон ҳадди ақал бояд  ҳуқуқҳои шаҳрвандии худро донанд, то дар чоҳи ноадолатӣ наафтанд.
Фирӯза Хоҷаева, номзади илмҳои педагогӣ, бар ин назар аст, ки дар ҷомеаи мо духтар аз синни 25-30 боло шавад, ба вай номзад ё хостгор кам мебарояд. Дар синни 18-20 издивоҷ кардан, ин марҳалаи ноболиғии фаҳмишу савод аст, аммо мо ба дарки ин намерасем.
Махфират Хидирова ҳам сабабҳои издивоҷҳои бесамар ё вайроншударо дар ноомодагии писар ва духтарони ҷавон ба ҳаёти оилавӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, дахолати хешу табор ба ҳаёти ҷавонон унвон кард.
Издивоҷ масъалаи фардии шаҳрвандон аст, аммо риояи меъёри қонунии он ба хотири ҳимояи ҳуқуқҳои шахс муҳим аст. Зеро дар сурати поймол шудани ҳуқуқҳои як тараф аз сӯйи дигар, имкони муроҷиат ба суд вуҷуд дорад. Тағйироту иловаҳои нав ба Кодекси оила низ ҳуқуқҳои шаҳрвандони моро ҳимоя менамояд. Давлат аз ҷомеа, ҷомеа аз оила ва оила аз издивоҷи ду фард ва фарзандони онҳо иборат аст, пас сутуни ҷомеаи солиму давлати мутамаддин оила аст! Барои шинохт ва эҳтироми ин муқаддасот ҷомеа  бояд масъулиятшинос бошад.

Ҳарамгули ҚОДИР, «Ҷумҳурият»   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.03.2014    №: 43    Мутолиа карданд: 686

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед