logo

маориф

МАКТАБИЁНИ СУҒД БА НИЗОМИ ТЕСТӢ ОМОДААНД

Барои омодагӣ ва шарҳи возеҳи афзалиятҳои низоми нави дохилшавӣ ба мактабҳои олии кишвар дар Маркази миллии тестӣ аз ҳисоби мудирони кабинетҳои методии шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ аз 6 то 12 январ дар шаҳри Душанбе, дар доираи 36 соат курсҳои махсуси омӯзишӣ ташкил шуд. Иштирокдорони ин курсҳои омӯзишӣ баъди бозгашт ба вилояти Суғд маълумоти дақиқро оид ба низоми нави имтиҳонсупорӣ ба хатмкунандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзгорону волидайн фаҳмонданд.
- Аксари довталабони шаҳри Қайроққум, ки мехоҳанд ба донишгоҳҳои гуногуни кишвар дохил шаванд, ба таври амиқ аз низоми тестӣ  огоҳӣ ёфтанд, - мегӯяд Муяссар Ҳайдаров, мудири маорифи шаҳр.
Ҳоло дар доираи омодагӣ ба имтиҳонҳои дохилшавӣ марҳилаи дувум оғоз ёфтааст, яъне сабти довталабон дар марказҳои миллии тестӣ. Дар вилояти Суғд ба хотири рӯ ба рӯ нагаштан ба мушкилӣ ва  монеаҳои сунъӣ се маркази сабт дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъсис ёфт. Мутобиқ ба мавқеи ҷуғрофии ҷойи зист довталабон медонанд, ки кадом марказ ба онҳо наздиктар аст. Довталабони  навоҳии Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба  шаҳри Панҷакент, Мастчоҳу Ашт ва шаҳри Истиқлол ба шаҳри Хуҷанд, Исфара, Конибодом ва Қайроққум ба маркази бақайдгирии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муроҷиат мекунанд.
- Ҳамаи марказу нуқтаҳои бақайдгирӣ пура ва дар сатҳи баланд ба маъракаи қабули довталабон омодаанд,- иброз медорад Бозорбой Розиқов, роҳбар-ҳамоҳангсози Муассисаи давлатии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.   Одамони касбу кори гуногуни вилоят фикру мулоҳизоти хешро оид ба низоми нави дохилшавии довталабон ба макотиби олии кишвар баён мекунанд ва умед доранд, ки чунин роҳи пешгирифта ба дарёфти воқеии ҷавонони донишманд мусоидат мекунад.
- Низоми тестӣ бояд монеаи ҷиддӣ ба зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла фасод гардад,- мегӯяд Сулаймон Аминов, директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ашт.
Бино ба иттилои Муҳаббат Нозимова, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд, соли равон  мактабҳои вилоятро 32 ҳазору 750 нафар хатм карда, зиёда аз 20 ҳазори онҳо эҳтимоли идома додани таҳсилро дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар доранд.
                                                                                                    
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.03.2014    №: 43    Мутолиа карданд: 529

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед