ҳуқуқ
МУФАТТИШИ ПОРАХӮР
Муфаттиши шуъбаи тафтишотии Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе Фозилҷон Азизуллоев бо гумони даст доштан ба гирифтани ришва дар ҳаҷми махсусан калон боздошт шуд.
Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Номбурда 3 феврали соли 2014 нисбат ба марги сарбози қисми ҳарбии 5453 РКД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Раҳмонов бо моддаи 387 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда буд.
Дар марҳалаи аввали тафтиш Фозилҷон Азизуллоев бо баҳонаи пурсиш ба наздаш сарбози ҳамин қисм Абдуқодир Ҳотамовро, ки дар ҷойи ҳодиса қарор дошт, даъват карда, таҳдид намудааст, ки ӯро ҳамчун ёвари сардори нигаҳбонон барои беназоратӣ аз болои сарбоз Ҷ. Раҳмонов ба ҷавобгарии ҷиноятӣ хоҳад кашид. Муфаттиш бо мақсади ситондани ришва ба воситаи роҳбарияти қисми ҳарбӣ бо падари сарбоз - Саймуддин Ҳотамов вохӯрда, масъалаи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ накашидани фарзандашро ба миён гузошт ва аз ӯ 2500 доллар талаб кард.
Ҳамин тавр, 17 феврали соли 2014 Ф. Азизуллоев дар назди Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе аз С. Ҳотамов 500 доллари амрикоӣ гирифта, ҳарчи зудтар овардани маблағи боқимондаро қатъан дархост намуд. 21 феврали соли 2014 муфаттиши шуъбаи тафтишотии Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе дар қисми ҳарбии 5453 аз С. Ҳотамов боз 700 доллари дигар ситонд.
Дар ин хусус, 23 феврали соли 2014 нисбат ба ӯ бо банди “в” қисми 4, моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Худи ҳамон рӯз кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зимни гузарондани чораҳои фаврӣ-тафтишотӣ, номбурдаро дар вақти гирифтани маблағи боқимондаи пора - 1300 доллар дастгир ва аз бордончаи автомашинааш 1200 доллари қаблан ситондаашро ёфта, мусодира карданд.
26 феврали соли 2014 бо қарори Суди ҳарбии гарнизони Душанбе нисбат ба Ф. Азизуллоев чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ гардид. Гумонбаршуда вобаста ба далелҳои холисона ва раднашавандаи дар рафти тафтишот ҷамъоварда, нишондодҳои худиқрорӣ дод ва аз кирдори содирнамудааш пушаймонӣ зоҳир намуд.
Фозилҷон Азизуллоев аз 16 сентябри соли 2011 то рӯзи ба ҳабси пешакӣ гирифтан ба ҳайси муфаттиши шуъбаи тафтишотии Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе ифои вазифа дошт. Амали номатлуби ӯ боиси таассуф буда, доғест ношустанӣ. Ва, шояд ин кирдор барои онҳое, ки минбаъд ҳамин гуна нақшаҳои зиштро тарҳрезӣ менамоянд, дарси ибрат гардад. Охир, айб аст ба ҳомиёни қонун, ки ба мардум чунин муносибатро раво мебинанд.
Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.03.2014 №: 43 Мутолиа карданд: 629