logo

маориф

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ДОНИШҶӮЁНРО БАЛАНД МЕБАРДОРАНД

Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба манзури ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ байни донишҷӯён дар ҳамоҳангӣ ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд тадбирҳои судманде рӯи даст гирифтааст. Дар ин робита чанде пеш мулоқоти кормандони мақомоти ҳифзи тартибот бо доираи васеи донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ доир гардид.

Дар мулоқот таъкид шуд, ки тарбия ва муносибати ҳуқуқӣ маҳаки асосии рушди ҷомеа ба шумор рафта, муҳаққиқон дар татбиқи муваффақонаи ин амр тарғибу ташвиқи рафтори қонуниро таъсиргузор медонанд. Аз ин рӯ, устодони донишгоҳ ба ин раванд таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, зимни дарсҳои тарбиявӣ ин масъаларо дар меҳвари фаъолият қарор медиҳанд.
Пӯлодҷон Саидов, муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни наврасон ва ҷавонони РВКД дар вилояти Суғд, дар суҳбат бо донишҷӯён аз чанд мавриди даст ба ҷиноят задани наврасону донишҷӯён гузориш дода, изҳор дошт, ки бо вуҷуди таҳти назорати доимӣ қарор доштани ин масъала вазъи ҷинояткорӣ дар миёни ин доира ҳамоно нигаронкунанда аст. Бинобар ин, ташкили чунин чорабиниҳо ва бо донишҷӯён дар миён гузоштани сабабу омилҳои ба ҷинояткорӣ мусоидаткунанда ва оқибатҳои он ба манфиати кор буда, ба коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ таъсири мусбат хоҳад расонд.
Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи мавриди назар барномаи вижаеро қабул намудааст, ки татбиқи он аз соли 2009 то соли 2019 идома хоҳад кард. Ҳадафи аслии барнома баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳои  амалкунанда, тарғиби  арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои  асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини  фаъолияти  сиёсии аҳолии мамлакат мебошад. Дар ҳамин ҳол, Консепсияи миллии тарбия низ яке аз ҳуҷчатҳои муҳимест, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаи устодони донишгоҳ корбаст мешавад.
Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз маркази иттилоот ва таҳлилии донишгоҳ хабар доданд.
Ф.ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.03.2014    №: 44    Мутолиа карданд: 701

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед