logo

ҳуқуқ

ҲУЌУЌИ ИНСОН БА ҲАЁТ ОЛИТАРИН АРЗИШ АСТ

Ҷазои ќатл. Назаре ба таърих
Даҳ сол инҷониб дар Тоҷикистон ба ҳукми ќатл моратория эълон шудааст. Баъзе шаҳрвандон бар онанд, ки ҳукми ќатл ҳамчун ҷазои олӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон монад. Вале, саволе ба миён меояд, ки оё дар ҷомеаи мо ба татбиќи ҷазои ќатл ягон зарурате ҳаст?
Оре, даҳшатнок аст, ваќте шахсеро аз ќиматтарин чиз  – ҳаёт маҳрум месозанд. Албатта, ҳар яки мо чунин саҳнаҳоро дар филмҳои гуногун борҳо мушоҳида кардаем. Вале бо чашми худ он манзараро дидан хеле мудҳиш аст.  Ҳанӯз соли 1983 мо як гурӯҳ донишҷӯёни факултаи забонҳои шарќи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро баъди хатми курси чорум бо даъвати Вазорати мудофиаи ИҶШС ҳамчун тарҷумони ҳарбӣ ба Либиё фиристоданд. Рӯзе, ҳангоми аз кор баргаштан дар маркази шаҳри Тобрук шоҳиди ба дор кашидани ҷавони 24 - солае шудем. Ба гиряву зориаш нигоҳ накарда, чашмонашро бастанд ва ҳалќаи ресмони дорро ба гарданаш ниҳоданд. Баъди чанд муддати тапидан ором шуд. Боз шахсоне омада, ҷасади овезони ӯро заданд. Маълум гардид, ки 8 нафар донишҷӯ будаанду дар Амрико таҳсил мекардаанд. Гӯиё Идораи ҷосусии Амрико онҳоро ба тарафи худ ҷалб карда, сипас ҳамчун тахрибкору террорист бар зидди давлати Либиё фиристодааст.  Ҳукумати Либиё  ҳамаи онҳоро барои хиёнат ба ватан тавассути доркашӣ ба ќатл ҳукм кард. Ҳар кадомашро дар зодгоҳаш ба дор кашиданд.
Агар ба таърихи ҷазои ќатл назар афканем, он таърихи хеле ќадим дорад. Дар Рим ва Юнон барои ҷиноятҳои вазнин, чун одамкушӣ ва роҳзанӣ ҳукми ќатл тавассути сарбурӣ, партофтан аз шахи баланд, заҳролудсозӣ ва буғӣ кардан ба анҷом расонда мешуд.
Чунончи, шогирди Ситсеронро барои хиёнаташ ҳукми ќатли пуразоб интизор буд. Аз гӯшти баданаш порчаеро кабоб карда ба худаш хӯронданд.
Дар асрҳои миёна дар Англия ва Фаронса барои ҷодугарӣ ва аз дин рӯй гардондан ҳукми ќатл аз тариќи сар задан бо шамшеру табар ва ба чор ҳисса таќсим кардан дар майдонҳои шаҳр ба анҷом мерасид. Ба ҳисоби файласуф  Волтер дар Аврупои асримиёнагӣ беш аз100 ҳазор одамро сӯзонданд.  Дар Русия устоди ҳукми ќатл Иван Грозний дониста мешавад, ки дар як рӯз дар Маскав 130 нафарро бо роҳҳои гуногун ба ќатл расонда, ҷасадҳояшонро ба сагҳо партофт.
Дар замони Пётри I рӯйхати ҷиноятҳои ҳукми ќатл афзуд. Худи шоҳ низ исёнгару хоинонро сар мезад.
Дар асрҳои миёна дар Шарќ сар задану сангсор кардан ва ба дор кашидан дар майдону бозорҳо расм буд. Дар Шарќи Наздик ҷазои мудҳиш - пӯст кандан низ ба назар мерасид. Шоири озарбойҷонӣ Насимӣ дар асри XIV  ҳамчунон ба ќатл расонда шуд.
   
Тоҷикистон: моратория ба ҳукми ќатл 
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипи башардӯстона соли 2004 ба таъйин ва татбиќи ҷазои ќатл мораторияи бемуҳлат эълон карда шуд. Бо ин маќсад 15 майи соли 2004  Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани ҷазои ќатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ќабул гардид. 1 марти соли 2005 тибќи Ќонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷазои ќатл ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан иваз гашт.
- Бо маќсади таҳлили асосҳои ҳуќуќӣ ва иҷтимоии мавҷудияти ҷазои ќатл дар низоми ќонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри Президенти мамлакат 8 апрели соли 2010 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, - иброз дошт Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуќуќи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Ба ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Шӯрои адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия,  корҳои хориҷӣ ва олимони ҳуќуќшинос дохил гардиданд.
Тибќи наќша таҳлили ҷазои ќатл дар меҳвари фаъолияти гурӯҳи корӣ  ќарор гирифт.  Дар аввали соли 2013 тадќиќоти ҷазои ќатл дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон: давраи шӯравӣ ва пас аз он  бо дастгирии намояндагии Дафтари Швейтсарӣ оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда шуд.
Тадќиќот бо омӯзиши маводи Бойгонии марказӣ дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои он дар шаҳрҳои Ќӯрғонтеппа, Ҳуҷанд ва Истаравшан, инчунин таҳлили ќонунгузории ҳамонваќта сурат гирифт. Маќсади асосии омӯзиши маводи бойгониҳо нишон додани таърихи ҷазои ќатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани ҷиноятҳое, ки нисбат ба онҳо ин намуди ҷазо пешбинӣ шуда буд, маќомоти таъйинкунандаи он ва ниҳоят барќарорсозии ҳаќиќати таърих мебошад.
Тадќиќот нишон дод, ки дар давраи шӯравӣ ҷазои ќатл се маротиба - 26 октябри  соли 1917, 11 майи соли 1920, 26 майи соли 1947 бекор ва 27 феврали соли 1918, 29 июли соли 1920, 12 январи соли 1950 барќарор шудааст. Бекор кардани ҷазои ќатл дар ду марҳалаи аввал (солҳои 1917 ва 1920) хусусияти сиёсӣ, расмиятчигӣ ва эъломиявӣ дошт. Ҳокимияти шӯравӣ бо ин роҳ мехост бартарии сохти сотсиалистӣ ва инсонпарварии онро нишон диҳад. Новобаста аз бекор кардани ҷазои ќатл, амалан ин ҷазо аз ҷониби трибуналҳои ҳарбии инќилобӣ таъйин ва татбиќ мешуд. Бекор кардани ҷазои ќатл дар соли 1947 ин ғалабаи таърихии ИҶШС дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, афзоиши ќудрати давлати шӯравӣ, боварии халќ ба давлат ва ғамхории ҳукумат ба халќ мебошад. Сабаби асосии барќарор кардани ҷазои ќатл (соли 1950) авҷ гирифтани амалҳои зиддиинќилобӣ, террори «сафед», ҷиноятҳои тахрибкорӣ ва зиёнкорӣ, зиёд шудани ҷиноятҳои одамкушӣ бо ҳолатҳои вазнинкунанда, таҷовуз ба номус, тасарруфи молу мулки давлатӣ, тезутунд шудани муносибатҳо дар арсаи байналмилалӣ («ҷанги сард») мебошад.
Ҷазои ќатл дар давраи шӯравӣ дар 53 моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои зиддиинќилобӣ, ҷосусӣ, ташвиќот ва тарғиботи зидди шӯравӣ, хиёнат ба Ватан, зиёнкорӣ, тахрибкорӣ, амали террористӣ, бетартибиҳои оммавӣ, бандитизм, порахӯрӣ, исрофкорӣ ва дигарҳо пешбинӣ шуда буд.
Ҷазои ќатл дар солҳои аввали ҳокимияти шӯравӣ на танҳо аз ҷониби судҳо, инчунин аз тарафи маќомоти фавќулода, назири  сегонаҳо, отрядҳои таъйиноти  махсус таъйин карда мешуданд. Дар давраи  аввали ҳокимияти шӯравӣ ҷиноятҳое, ки нисбат ба онҳо ҷазои ќатл таъйин мегардид, дар декретҳо, фармонҳо ва муроҷиатномаҳо дарҷ мегашт. Дар онҳо ҷазо ба таври мушаххас пешбинӣ нагардида буд, ки ин ба маќомоти ҷазодиҳанда дар интихоби ҷазои ќатл  ҳуќуќҳои номаҳдуд  медод.
Ҷазои ќатл дар солҳои 30 - юми асри гузашта ба муќобили мухолифони низоми ҳукмрон ба таври оммавӣ татбиќ шуда, боиси марги ҳазорҳо нафар гардид. Ҳамаи ин мурофиаҳои судӣ хусусияти сиёсӣ ва намоишкорона дошта, наќши ҳалкунандаро дар муайян намудани ҳукм маводи маќомоти тафтишот, ки бо маҷбурсозиҳои ғайриќонунӣ ба даст оварда мешуд, мебозид.
Мутаассифона, ин намуди ҷазо нисбат ба 40 намуди ҷиноят дар Асосҳои ќонунгузории ҷиноятии соли 1958 ва кодексҳои ҷиноятии солҳои 1960 – 1962 нигоҳ дошта шуд. Солҳои 70 – 80 - ум барои амалҳои коррупсионӣ ва изофанависӣ дар саноати пахтаи Ӯзбекистон беш аз 800 парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ гардид. Вазири саноати пахтатозакунии Ӯзбекистон В. Усмонов ва сардори ОБХСС  (шуъбаи муборизаи зидди ғорати моликияти сотсиалистӣ ва ҳаннотӣ) А. Музаффаров ҳукми ќатл гирифтанд. То фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ барои 44 ҷиноят ҷазои ќатл пешбинӣ шуда буд.
- Тибќи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 ҷиноятҳое, ки нисбат ба онҳо ҷазои ќатл татбиќ мегардид, аз 53 ба 15 модда кам карда шуд. Дар асоси тағйироти соли 2003 ба Кодекси ҷиноятӣ воридгардида, шумораи ҷиноятҳое, ки нисбат ба онҳо ҷазои ќатл дар назар буд, то 5 кам гашт: одамкушӣ (ќ.2 м. 104); таҷовуз ба номус (ќ. 3 м. 138); терроризм (ќ. 3м. 179); генотсид (м. 398); биотсид (м. 399).  То ҳол дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ќатл барои ин ҷиноятҳо расман зикр гардидааст.
Назар ба гуфтаи Зариф Ализода, дар асоси наќшаи гурӯҳи корӣ, аъзои он ба аксарияти минтаќаҳои мамлакат (ВМКБ, Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) сафар карда, бо ќишрҳои гуногуни ҷомеа – намояндагони маќомоти ҳифзи ҳуќуќ, маќомоти иҷроия, соҳаи фарҳанг, маориф, иҷтимоӣ, рӯҳониён, раисони маҳаллаҳо  вохӯрӣ  анҷом доданд. Ин чорабиниҳо бо мусоидати  Созмони ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуќуќшинос» ва дастгирии молиявии Дафтари швейтсарӣ оид ба ҳамкорӣ гузаронда шуданд. Маълум гашт, ки аксари кулли иштирокдорон тарафдори бекор кардани ҷазои  ќатл мебошанд.
Бояд зикр кард, ки 50 давлати узви САҲА ҳукми ќатлро бекор ва се кишвар – Тоҷикистон, Русия, Ќазоќистон ба он моратория эълон кардаанд. Яъне аксари давлатҳои узви САҲА ҳукми ќатлро бекор намудаанд. Созмонҳои дифоъ аз ҳуќуќи башар низ хостори лағви комили ҳукми ќатл дар Тоҷикистон мебошанд, зеро олитарин арзиш – ҳуќуќи инсон ба ҳаёт эътироф шудааст.

Мунаввари САФАР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.03.2014    №: 45    Мутолиа карданд: 796

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед