logo

номаҳо

КОНИБОДОМ РУШД ДОРАД

(Вокуниш ба маќолаи «Конибодом чӣ дурнамое дорад?, «Ҷумҳурият», 18 январи соли 2014, № 14).
Симои шаҳри Конибодом, манза-раҳои деҳоти атрофи он, дар даврони соҳибистиќлолӣ ба куллӣ тағйир ёфта, имкониятҳои  фаровони ин айём: муҳити демократӣ ва фаъолияти озоди иќтисодӣ боис гардиданд, ки садҳо иншооти таъйиноти гуногун бунёд гашта, барномаҳои зиёди давлатӣ дар тамоми риштаҳои хоҷагии халќ ҷомаи амал пӯшанд.
Аз ҷумла, дар соли 2013, айёми густариши раванди бунёдкориву созандагиҳо сокинони заҳматпешаи шаҳр баҳри иҷрои нуктаҳои Паёми Президенти мамлакатамон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ софдилона меҳнат намуда, баҳри ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои мусбат аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуданд. Дар ин муддат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 268 миллиону 532 ҳазор сомонӣ ё 100 фоиз, сармоягузорӣ 19 миллиону 214,4 ҳазор сомонӣ ё 118,5 фоиз, ҳаҷми гардиши чакана 243 миллиону 766,3 ҳазор сомонӣ ё 100,5 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 162 миллиону 241,2 ҳазор сомонӣ ё 111,7 фоиз, ба кор андохтани фондҳои асосӣ 10 миллиону 29 ҳазору 89 сомонӣ ё 152,7 фоиз иҷро гардид.
Наќшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо (бо назардошти андози иҷтимоӣ) 88,1 фоиз таъмин гашт, ба ҷойи 66 миллиону 949 ҳазору 900 сомонӣ, 58 миллиону 987 ҳазору 500 сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба наќша 7 миллиону 962 ҳазору 400 сомонӣ кам аст.
Наќшаи ќисми даромади буҷети маҳаллӣ 87,1 фоиз таъмин гашт, ба ҷойи 45 миллиону 85 ҳазор сомонӣ 39 миллиону 232 ҳазору 300 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки 5 миллиону 852 ҳазору 700 сомонӣ кам мебошад.
Баҳри таъмини иҷрои наќшаи ҷамъоварии андозҳо бо мусоидати маќомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва сохторҳои дахлдор тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар натиҷа назар ба соли 2012 дар ҳаҷми 9 миллиону 841 ҳазор сомонӣ ё ин ки ба ҳисоби 20 фоиз андозҳо ҷамъ шуданд, вале ин ба иҷрои наќша мусоидат накард. Аз 11 намуди андоз бо назардошти андози иҷтимоӣ 6 тоаш иҷро нашуд.
Сабаби асосии таъмин нагардидани иҷрои наќшаи андозҳо кам гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 4 корхонаи калони шаҳр – ҶСШК «Ҳабиб», «Шоҳон», ба номи Э. Бойматова ва Коргоҳи таъмири ќатораҳо дар ҳаҷми 14 миллиону 699 ҳазор сомонӣ мебошад. Вобаста ба истеҳсоли пахта бояд гуфт, ки дар соли 2011 кишоварзон 14 ҳазору 765 тонна, соли 2012 – ум 15 ҳазору 136 тонна хирман бардоштанд. Дар соли 2013, аз сабаби норасоии об тавассути Канали калони Фарғона ҳамагӣ 11 ҳазору 776 тонна пахта чиданд, ки ба корхонаҳои коркард таъсири манфӣ расонд.
Дар маќола зикр гардидааст, ки бо сабаби куҳнаву фарсуда шудани дастгоҳу таҷҳизот ва аз фаъолият мондани собиќ фабрикаи ресандагию бофандагӣ, яъне ҶСП «Ресмон», пахта дар шаҳр коркард намешавад. Шурӯъ аз соли 2012 фаъолияти коргоҳ барќарор шуд.  Дар соли 2013 ҳаҷми маҳсулот (дока) 174 ҳазору 272 сомониро ташкил дод. Тибќи маълумот соли равон ба коргоҳ аз ҷониби соҳибмулк Ҷ. Абдулов ворид намудани таҷҳизоти замонавӣ дар наќша ҳаст.
«Ҳусноро» низ чун аксари коргоҳҳои бузург баробари канда шудани равобити иќтисодӣ фаъолияти худро ќатъ намуд. Коргоҳ шакли моликиятро дигар намуда, ҳамчун ҶДММ «Тоҷ» фаъол аст. Дар назди коргоҳ сехҳои дӯзандагӣ, пахташонакунӣ, истеҳсоли дару чорчӯба, хишти «полистролбетонӣ» ташкил шудаанд.
Ҷамъияти саҳомии «Ассор» фаъолияти бомаром дорад, аз ҷумла дар соли 2013 ба маблағи 1 миллиону 355 ҳазору 651 сомонӣ равған истеҳсол намуд.
Маќомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр вазъи саноатиро таҳлил намуда, натиҷаҳои онро дар Маҷлиси вакилони халќ ва шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ мавриди баррасӣ ќарор дод ва баҳри афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот тадбирҳои судманд андешид. Дар соли 2013 ду коргоҳи нави истеҳсолӣ – корхонаи сементбарории «Портланд семент» бо иќтидори солонаи 70 ҳазор тонна семент ва коргоҳи муштараки коркарди пахтаи «Ориён – коттон» бо иќтидори истеҳсолии 6 ҳазор тонна пахта ба фаъолият шурӯъ намуданд. Инчунин 15 сех низ фаъол шуд ва 189 нафар бо кори доимӣ таъмин гардид. Онҳо зиёда аз 10 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карданд.
Дар соли равон ба истифода додани корхонаҳои муштараки коркарди нафт бо иќтидори солонаи 70 ҳазор тонна, меваи хушк бо иќтидори 1200 тонна ва истеҳсоли хишти хом бо иќтидори 6,5 миллион дона дар наќша аст. Умуман, 24 иншоот сохта мешавад.

Н. ОБИДЗОДА, раиси шаҳри Конибодом


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.03.2014    №: 45    Мутолиа карданд: 690

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед