logo

ҳуқуқ

СУҒД. МУБОРИЗА БО МУХАДДИРОТ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

Суҳбати хабарнигори «Ҷумҳурият» бо сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳалимҷон Маҳмудов

- Муҳтарам Маҳмудов, раёсати агентӣ дар вилояти Суғд дар соли сипаригашта барои ошкор намудани ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар, дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашидани гурӯҳҳои муташаккили нашъаҷаллоб чӣ дастовард дошт?
- Бо маќсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриќонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар соли 2013 маҷмӯи чорабиниҳои ташкилӣ - амалӣ роҳандозӣ шуданд. Дар натиҷа 32 ҷиноят ошкор гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 8 адад зиёд мебошад. Бо ҷурми содир намудани ин ҷиноятҳо 49 нафар, аз ҷумла 8 нафари пеш судшуда ва 2 нафар ноболиғ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Аз гардиши ғайриќонунӣ 157 килограмму 824 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид.
Барои мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб як ќатор чорабиниҳои фаврӣ – ҷустуҷӯӣ гузаронда шуданд. Дар натиҷа 12 нафар аъзои фаъоли ин гурӯҳҳо дастгир ва аз онҳо зиёда аз 120 килограмм маводи нашъаовар мусодира шуд. Мо бо маќомоти ҳифзи ҳуќуќи вилоят ҳамкории зич ба роҳ монда, бо ташаббуси роҳбарияти агентӣ наќшаҳои муштараки байниидоравӣ бо воҳидҳои оперативии маќомоти ҳифзи ҳуќуќ ва сохторҳои низомии вилоят таҳия гардидааст. Дар ин замина, соли гузашта бо маќсади амалӣ намудани ахбори оперативӣ 3 амалиёти муштарак дар шаҳри Душанбе якҷо бо кормандони Раёсати оперативӣ - ҷустуҷӯии агентӣ гузарондем. Дар натиҷа 17 килограмму 653 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид. Дар ҳамин ҳол, оғози соли ҷорӣ аз ҷониби раёсати агентӣ зиёда аз 6 килограмм навъҳои гуногуни маводи нашъаовар мусодира шуд. Кормандони шуъбаи гурӯҳи ноҳияҳои минтаќаи Зарафшони раёсати агентӣ аъзои гурӯҳи ҷинояткорро, ки ба паҳн намудани маводи нашъаовар машғул буданд, бо 2 килограмм маводи нашъаовари навъи афюн дастгир карданд. Дар ин самт мубориза минбаъд низ пурзӯр хоҳад шуд.

- Тавре медонем, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маќоми ҳамоҳангсози фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуќуќ ва низомии мамлакат дар самти пешгирӣ, ошкорсозӣ ва муќобила бо гардиши ғайриќонунии маводи мухаддир мебошад. Бо ин назардошт, фаъолияти маќомоти ҳифзи ҳуќуќ ва сохторҳои низомии вилоятро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Соли 2013 аз ҷониби маќомоти ҳифзи ҳуќуќ ва сохторҳои низомии вилоят 213 ҷинояти вобаста ба нашъаҷаллобӣ ошкор ва аз гардиши ғайриќонунӣ 920 килограмму 412 грамм маводи нашъаовар, аз он ҷумла 159 килограмму 23 грамм героин, 133 килограмму 905 грамм афюн, 627 килограмму 448 грамм гурӯҳи каннабис мусодира шуд. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 аз ҷониби маќомоти ҳифзи ҳуќуќ ва сохторҳои низомӣ 11 ҷиноят кам ошкор гашта бошад ҳам, мусодираи маводи нашъаовар 61,8 фоиз зиёд шудааст. Барои содир кардани ҷиноятҳои нашъаҷаллобӣ 244 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд. Дар моҳи январи соли 2014 дар вилоят аз ҷониби маќомоти ҳифзи ҳуќуќ ва сохторҳои ќудратӣ зиёда аз 52 килограмм маводи мухаддир мусодира гашт, ки аз он 2,9 килограммашро героин ташкил медиҳад.

- Яке аз паҳлӯҳои фаъолияти агентӣ ба назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандиву нашъаҷаллобӣ бастагӣ дорад. Дар ин маврид чӣ корҳое ба сомон расидаанд?
- Масоили назорати муомилоти маводи нашъаовар, пешгирии нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуќуќии аҳолӣ ҳамеша дар мадди назари мо ќарор дорад. Аз ин ҷост, ки баҳри пешгирии воридшавии ғайриќонунии прекурсорҳо, маводи нашъаовар ва воситаҳои психотропӣ дар корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоят 35 санҷиши хизматӣ гузаронда шуд. Дар шаҳру ноҳияҳо 98 вохӯрӣ, 7 мизи мудаввар ва 16 чорабинии оммавӣ - фарҳангии зиддинашъамандӣ баргузор гардид. Чунончӣ, 22 июни соли 2013 нахустин маротиба чорабинии муштараки зиддинашъамандии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо Раёсати ҷанубии Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Ќирғизистон дар мактаби таҳсилоти умумии «40 - солагии Ќирғизистон» - и деҳаи Интернатсионали ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Ќирғизистон ба таври хотирмон гузаронда шуд. Дар чорабинӣ муовини аввали раиси Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Ќирғизистон ва ҳайати роҳбарикунандаи раёсати ҷанубии ХДНМН-и назди Ҳукумати Ќирғизистон, ҳайати роҳбарикунандаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, намояндагони маќомоти ҳокимияти давлатии ноҳияҳои ҳаммарз ширкат варзиданд. 25 июни соли ҷорӣ чорабинии зиддинашъамандӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо суиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриќонунии он дар Ќасри ҷавонони ба номи Лоиќ Шералии шаҳри Хуҷанд бо ҷалби доираи васеи аҳолӣ баргузор шуд. Чунин чорабиниҳо дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ғончӣ, Зафаробод, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов низ баргузор гардиданд.
Мо он масъулияти ҷиддие, ки бар дӯшамон аст, ба хубӣ эҳсос мекунем. Дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти мубориза бар зидди нашъаҷаллобиву нашъамандӣ бояд дар меҳвари фаъолияти натанҳо кормандони агентӣ, балки ҳамаи ќишрҳои ҷомеа ќарор дошта бошад. Зеро мубориза бо ин падидаи номатлуб ва хатарзо пойдории сулҳу субот, солимии миллат ва ниҳоят обрӯву эътибори байналмилалии Тоҷикистон аст.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.03.2014    №: 45    Мутолиа карданд: 621

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед