logo

ҳуқуқ

МАРҲАЛАИ НАВИ БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ СУДӢ - ҲУҚУҚӢ ОҒОЗ МЕШАВАД

Рӯзи 5 март дар Китобхонаи миллӣ семинари сатҳи миллӣ таҳти унвони «Ҳамкорӣ оид ба ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон» доир гардид. Дар ин ҳамоиши бонуфуз, ки бо эҳтимоми Шӯрои адлия ва дастгирии лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо Барномаи «Волоияти ҳуқуқ - Осиёи Марказӣ» доир гардид, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, адвокатҳо, олимон, Иттиҳоди Аврупо, Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, Палатаи суди тиҷоратии Париж, ЮНИСЕФ, мутахассисони сатҳи байналмилалӣ аз Олмон, Фаронса Амрико ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои Истиқлолияти давлатӣ ва муайян намудани сохти давлатдорӣ арҷгузорӣ ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро ҳамчун омили афзалиятнок муқаррар намуд.  Дар ҳамин ҳол, ҷиҳати таҳкими фаъолияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар иҷрои ҳамаҷонибаи вазифаҳои конститутсионии худ, такмили сохтор, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, мукаммал намудани қонунҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат, тадбирҳои  мушаххас роҳандозӣ шуданд. Роҷеъ ба ин, дар мамлакат Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ ҷараён гирифт, ки натиҷаҳои чашмрас дорад.
Бино ба гуфтаи Азиззода Зафар Нусрат, раиси Шӯрои адлия, татбиқи барнома нишон медиҳад, ки дар баробари ба даст овардани натиҷаҳои назаррас, ҳамоно ҷиҳати амалӣ гаштани адолати судӣ, таъмини мустақилияти судҳо, шароити зарурии моддию техникӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо ва мақомоти таҳқиқу тафтишотӣ, тақвият бахшидан ба фаъолияти яке аз тарафҳои мурофиа, яъне тарафи ҳимоя - адвокатҳо андешидани тадбирҳои иловагӣ тақозо мешавад.
Иштирокчиёни семинар дар маърӯзаҳои худ ба масъалаҳои гуногуни вобаста ба ислоҳот, аз ҷумла такмили қонунгузорӣ дар раванди ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ, нақши прокурор дар ин самт, низоми идораи корҳои судӣ, рушди ниҳоди адлияи ноболиғон дар Тоҷикистон,  ниҳоди адвокатура ва роҳҳои рушди он, такмили фаъолият оид ба роҳҳои расондани ёрии ҳуқуқӣ ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ дахл намуда, аз тадбирҳои анҷомшуда дар доираи татбиқи барнома изҳори хушнудӣ карданд.
Дар умум натиҷаҳои Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ муассиру созанда унвон шуда, аз сӯи мутахассисони соҳа ҷиҳати рафъи мушкилоти ҷойдошта ва расидан ба ҳадафҳои ниҳоии адолати судӣ зарурати идомаи он таъкид шуд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.03.2014    №: 46    Мутолиа карданд: 598

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед