logo

ҳуқуқ

ДАР ТАЛОШИ ҲАҚИҚАТ ВА ПОЙДОРИИ АДОЛАТИ СУДӢ

Чеҳраи зебою нурониву ҷозибу дилнишин, ки тарроҳи азал дар симои зан- модар офаридааст, тӯли асрҳо ҳамеша қобили ситоиш буд. Бонувони тоҷик дар гузаштаву имрӯз чун машъали фурӯзон роҳи саодати зиндагиро муайян карда, ба сифати зимомдорони асосии илму фарҳанг, ҳунару истеъдод, сиёсату иқтисод ҷойгоҳи хос касб кардаанд. Ин аст, ки симои тобнок, қудрати зеҳниву созандаи зан - модар аз сӯи ниёгони тамаддунофар ва ҷомеаи имрӯзи мо мавриди арҷгузорӣ қарор гирифта, ҳамчун манбаи эҷоди осори мондагор низ хидмат кардааст.

Ҳарчанд дар гузашта низ иштироки фаъоли занон дар умури давлатдорӣ, иҷрои вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ ва дигар масъулиятҳо сарфи назар нест, вале дар замони Истиқлолияти давлатӣ ба мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Кунун ҳузури густардаи занон дар риштаҳои гуногуни идораи давлатӣ, низоми баробарҳуқуқӣ дар ҷомеаро таъмин намуда, ба пешрафти куллияи соҳоти хоҷагии халқи мамлакат таъсиргузор дониста мешавад.
Зани тоҷик дар замони муосир низ дар саҳнаи сиёсат, илму маориф, ахлоқу ҳунар, ҳифзи манфиати ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши фаъол дорад, ки ин далелро дар мисоли додгустар Мавлуда Қаландарова метавон арзёбӣ кард.
Номбурда баъд аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисиси ҳуқуқшинос, фаъолияти худро ба кори мақомоти судӣ пайванд бахшида, феълан дар симмати муовини раиси Шӯрои адлия кор мекунад. Фаъолият дар ин ниҳоди калидӣ, ки низоми кор дар судҳои ҷумҳуриро танзим месозад, аз шахс масъулияти баланд, касбият, дониши қавӣ, поквиҷдонӣ, эҳтиром ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро тақозо дорад. Мавлуда Қаландарова дар иҷрои ин уҳдадориҳо муваффақ буда, миёни мақомоти судии кишвар чун зани покниҳоду кордон нуфуз пайдо кардааст.
Ӯ пешаи худро дӯст медорад, барои рушди пайвастаи касбияташ талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Ин аст, ки солҳо дар мақоми судяи муваффақона хидмат намуда, кунун соҳиби эътибори хос аст. Вале то ба ин мартаба расидан кори саҳл нест, зеро фаъолияти судӣ дар ҳама давру замон бо шеваҳои ба худ хос, мураккабу печида ва кори баҳснок аст. Дар як вақт таъмини тавозун миёни даъвогару ҷабрдида, риояи адолат аз додрас маҳорати баланди касбӣ ва донишҳои фаровонро талаб дорад, ки маҳаки асосӣ дар низоми судӣ маҳсуб мешавад.
Шояд дар таҷрибаи низоми судӣ, кам судяҳое бошанд, ки баробари ба ин мақом таъйин шудан билфосила масъулияти баррасии парвандаҳои муҳимро ба уҳда гиранд. Ҳамон коре, ки Мавлуда Қаландарова дар нахустин рӯзу лаҳзаи корӣ ба сифати судяи суди ноҳияи Ҷаббор Расулов анҷом дод.
Парвандаи ҷиноятӣ ба зане мансуб буд, ки бар асоси тафтишот дар парвариши ғайриқонунии маводи нашъаовари навъи бангдона муттаҳам мешуд. Бояд парванда аз сӯи раиси суди ноҳия баррасӣ мегардид. Вале дар соати муқарраршуда масъули баррасии парванда, бо сабабҳои узрнок, ҳозир нагардид ва қарор шуд, ки ин масъулиятро М.Қаландарова иҷро кунад. Роҳи дигар набуд, иштирокчиёни мурофиа дар додгоҳ ҳозир ва мунтазири оғози он буданд. Судяи нав дар чанд соат парвандаи ҷиноятиро омӯхт, масъаларо барои худ рӯшан кард ва ба сифати раисикунандаи мурофиа ба толори суд ҳозир шуд. Лаҳзаи ҳассосу ҳузновар. Пешбурди аввалин мурофиаи судию эҳтимоли ба зиндон равон кардани гунаҳкор. Зеро тибқи нақша бояд ҳамон рӯз ҳукми суд эълон мешуд.
Дар оғози мурофиа вуҷуди Мавлуда Қаландароваро манзарае такон дод. Гӯиё арзишу иффат, шарафу мақоми ифтихорие ба хок яксон мешавад. Бешарафию кӯтоҳандешӣ, паст кардани қадру манзалат, ҷойгоҳи поку беолоиши зан-модар. Ин ҳама вақте зеҳни раисикунандаро ба худ машғул сохт, ки чашмаш ба гумонбар афтод. Зани солманде бо сари хам ва зоҳиран аз карда пушаймон, ки ба хотири иззати нафс аз ироаи ному насабаш худдорӣ мешавад. Ӯ бо ҷурми даст доштан дар парвариши ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошту ҳамакнун дар додгоҳ муҳокима мешуд.
Раҳму шафқат Мавлуда Қаландароваро талқин менамуд, ки ин зани солмандро сафед ва аз толори суд озод намояд. Вале андешаи ҳама дар назди қонун баробаранд ва эҳтиром ба волоияти қонун ӯро аз раъйаш боздошт. Зеро иҷрои санадҳои ҳуқуқӣ, риояи тартибот ва адолати судӣ ҳамеша меҳвари фаъолияти ӯ буд.
Мурофиаи судӣ ҷараён гирифт, шоҳидон пурсида шуданд. Вале неруе нагузошт, ки М.Қаландарова ҳукми судро дар қиболи зани нашъаҷаллоб қабул намояд. Вале бо ҳассосияте, ки дар вуҷуди занон халқ шудааст, ҳукмро ба таъхир андохт. Идомаи муҳокима ба рӯзи дигар гузошта шуд. Ниҳоят таҳқиқот нишон дод, ки миқдори бангдонаи парваришнамудаи ин зан тибқи қонун ба маҳрум сохтан аз озодӣ чандон мувофиқат намекунад ва нисбат ба ӯ ҷазои сабуктар татбиқ гардид.
Мавлуда Қаландарова бо ҷинояту ҷинояткорон мавқеи оштинопазир дошта, дар доираи салоҳияти қонуниаш, ҳар нохалаферо ба сазои аъмолаш расондааст. Чунонки ӯ, шаҳрванд «Н»-ро дар робита ба амали ваҳшонияташ чун қотили инсон муҷрим шинохта, ба ҳабси абад маҳкум кардааст.
Мавлуда Қаландарова мегӯяд, ки дар таҷрибаи судӣ ба ҳаводиси гуногун, лазаҳои ҳассосу риққатовар мувоҷеҳ гаштааст. Аъмоли ношоистаро маҳкум карда, дар доираи эҳтироми арзишҳои инсонӣ ба маҳкумшудагон илтифоту меҳрубонӣ низ зоҳир намудааст. Зарфи фаъолият ба ҳайси судя, ҳамеша талош кардааст, ки дар баҳсҳои судӣ ҳақ ба ҳақдор бирасад.
Номбурда эътироф мекунад, ки бо вуҷуди нуқсҳои андак дар кори мақомоти судии кишвар, низоми адолати судӣ ба муваффақиятҳои чашмрас даст ёфтааст. Ӯ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба пешарфти соҳа, пойдории адолати судӣ истиқбол намуда, ҳамзамон аз натиҷаҳои татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар ситоиш кард. Ба андешаи ӯ, иҷрои барномаи мазкур, дар таҳкими кори мақомоти судӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассусии судяҳо, фароҳам овардани шароити моддию маишӣ, технологияи муосир ва ниҳоят адолати судӣ дар ҷомеа нақши муассир гузоштааст.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.03.2014    №: 48    Мутолиа карданд: 755

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед