logo

мулоқотҳо

СУҲБАТИ ПУРМУҲТАВОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШТЕФАН КОЛЕР

9 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон узви Раёсати ширкати «Сименс» Михаэл Зюс ва директори Агентии энергетикии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Штефан Колерро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар соҳаи энергетика ва истифода аз технологияҳои навтарини соҳа баррасӣ шуданд.
Гуфтугӯйи судманд доир ба имконоти иштироки Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва ширкатҳои бонуфузи он дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба сохтмону навсозии неругоҳҳои барқӣ, истифода аз манбаъҳои алтернативии истеҳсоли неруи барқ ва бунёди шабакаҳои таҳвил ва интиқоли барқ сурат гирифт.
Ширкати «Сименс», ба гуфти узви раёсати он Михаэл Зюс, омода аст, ки «дар нав-созии техникию технологии неругоҳҳои Тоҷикистон ва шабакаҳои барқии он иштироки фаъол дошта бошад”. Тавре таъкид гардид, “ширкати «Сименс» тасмим дорад, ки дар Тоҷикистон намояндагии доимии худро таъсис диҳад”.
Штефан Колер, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба иштирок дар татбиқи имконоти фарохи энергетикии Тоҷикистон ҳавасмандии устувор дорад ва барои ин аз имконоти мавҷуда пурсамар истифода хоҳад кард”.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Федеролии Олмонро аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон дар Аврупо номида, изҳори боварӣ намуд, ки рушди ҳамкорӣ бо он, хусусан дар соҳаи энергетика ва ҷалби технологияи муосир, пурсамар хоҳад буд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2014    №: 49    Мутолиа карданд: 457

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед