logo

ҳуқуқ

ДАР ТАБДИЛИ НОМ САҲЛАНГОРӢ НАШОЯД

Азим БАЙЗОЕВ,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Иқдоми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ба танзим даровардани расму анъана, маросим ва ҷашнҳо, ки аз ҷониби мардум хуш пазируфта шудааст, баёнгари садоқати бепоёни Сарвари давлат ва мардуми бафарҳанги тоҷик дар эҳёи беҳтарин анъанаҳои аҷдодиву мардумӣ ва роҳҳои баланд бурдани сатҳи маърифатнокӣ мебошад. Даъват ба ҷорӣ намудани номгузории миллӣ низ яке аз чунин иқдоми наҷиб аст.
Боиси хушбахтист, ки пас аз ба даст овардани истиқлолият ва мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, мардум ба интихоби ном низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Солҳои охир падару модарон аз номҳои гӯшхарошу номавзун даст кашида, кӯшиш мекунанд, ки ба фарзандон номи арзандаи миллӣ гузоранд. Ин аст, ки онҳо иштибоҳи замони шӯравиро дар мавриди нодуруст навиштани номҳои миллӣ, мисли Маҳмад, Ахмед, Мамадшо ва ғайра ислоҳ намуда истодаанд.
Аз ибтидои солҳои навадум ба таври тоҷикӣ сохта шудани ному насаб ҳам ривоҷ ёфт. Ҳамаи ин, бешубҳа, аз падидаҳои неки даврони истиқлолият буда, боиси дастгирист. Вале, дар баробари ин, дар интихоби шаклҳои насаб, пайвасти ном бо насаб баъзе норасоиҳо ба мушоҳида мерасанд. Хеле муҳим аст, ки пеш аз интихоби ин ё он шакл мардум аз роҳу усулҳои дурусти номгузорӣ ва пайвасти ном бо насаб огоҳ бошанд, ба он таваҷҷуҳ кунанд, то дар ин ҷода ба иштибоҳ роҳ надиҳанд.
Агар ба намунаи ному насабҳое, ки дар гузаштаву имрӯз дар байни мардуми мо ба мушоҳида мерасанд, назар андозем, пай бурдан душвор нест, ки сохтану пайвастани ному насаб, асосан, бо роҳҳои зерин сурат мегирад:
1. Пайвасти ному насаб бе иловаи пасванду бандакҳо: Раҳим Ҷалил, Раҳим Ҳошим;
2. Пайвасти ном бо насаб ба воситаи бандаки изофии «-и» бе иловаи пасванди махсус барои насаб: Ортиқи Қодир, Шабнами Сурайё;
3. Пайвасти ном бо насаб бо иловаи пасванди «-ӣ» барои нишон додани насаб: Ҷалол Икромӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ;
4. Пайвасти ному насаб ба воситаи бандаки изофии «-и» ва пасванди «-ӣ» барои нишон додани насаб ё тахаллус: Саъдии Шерозӣ, Искандари Хатлонӣ;
5. Пайвасти ном бо насаб бе иловаи бандаки изофӣ ва бо пасванди «-зода» ҳамчун аломати насаб: Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода;
6. Пайвасти ном бо насаб бе бандаки изофӣ ва бо пасванди «-пур» (шакли занонааш – «-духт») барои нишон додани насаб: Муҳиддин Олимпур.
Ҳамчунин, барои нишон додани насаб аз пасванди «-зод» (шакли кӯтоҳи «-зода») низ истифода мешавад.
Акнун саволе ба миён меояд, ки кадоме аз ин тарзу шаклҳо қобили қабул аст ва чаро? Ҳангоми номгузорӣ ба фарзандон ва ё иваз намудани ному насаби худ ба кадом ҷиҳатҳо бояд эътибор дод? Агар шаклу усулҳои сохтану пайвастани ному насабро, ки дар боло шарҳ додем, аз рӯйи хусусиятҳояшон таҳлил намоем, ду чизи асосиро дарк кардан мумкин аст. Яке – тарзи пайвасти ному насаб, дигаре – тарзи сохта шудани насаб (номи хонаводагӣ ё тахаллус).
Дар мавриди пайвасти ном бо насаб ду роҳи маъмулӣ ба мушоҳида мерасад: бо иловаи бандаки изофӣ ва бе он. Оё ҳар ду тарз қобили қабул аст? Дар назари аввал дар пайвасти ному насаб ба воситаи бандаки изофии «-и» ягон норасоӣ ҳис намешавад, зеро, аввалан, алоқаи изофӣ (ба воситаи бандаки «-и» сохта шудани ибораҳо) аз маъмултарин ва сермаҳсултарин навъҳои алоқа дар забони тоҷикӣ аст. Сониян, мо намунаҳои зиёде дорем, ки ном бо насаб (тахаллус) маҳз бо бандаки изофӣ пайваст шудааст: Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ.
Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин тарзи пайвасти ному насаб имрӯз ҷавобгӯи замон нест. Табиист, ки ҳар халқу миллат барои номгузориву номсозӣ хусусиятҳои забони модарии худро ба асос мегирад, арзишҳои аҷдодии худро эҳтиром мекунад. Аммо дар баробари ин, дар ҷаҳони имрӯза мо бояд баъзе қонунмандиҳоеро ба назар гирем, ки ба қавле «стандарти ҷаҳонӣ» номгузорӣ мешавад. Сухан дар бораи риояи расмият ва қоидаҳои коргузорӣ меравад. Дар гузашта шиносномаву асноди расмӣ вуҷуд надоштанд, муносибатҳои байналмилалӣ то ба андозаи имрӯза нақши муҳим намебозид. Имрӯз вазъият дигар аст: ҳоло ҳам дар дохили кишвар, ҳам дар миқёси байналмилалӣ дар баъзе нишастҳову ҳуҷҷатҳои расмӣ аввал насабро менависанд (ё мехонанд), баъд номро. Дар ин маврид ному насаб дуруст фаҳмида ва фарқ карда намешавад. Барои мисол, «Парвинаи Аҳмад»-ро гирем.

Фаҳмост, ки Парвина номи духтар буда, Аҳмад номи падар (ё номи хонаводагӣ)-и ӯст. Ин ном ба ҳамин шакл дар ҳуҷҷатҳои расмӣ, аз ҷумла, шиноснома сабт мегардад. Аллакай дар замони мактабхонӣ мушкилӣ ба миён меояд: дар журнали синф бояд аввал насаб ва баъд номро нависем. Агар ному насабро бо риояи ин қоида нависем, чунин мешавад: Аҳмад Парвинаи. Мо ҳақ надорем, ки аз пеши худ ба ҷойи «Парвинаи» Парвина нависем, зеро дар ин маврид ҳуҷҷати расмӣ асос шуда метавонад.
Ин ном дар шиноснома бо хатти лотинӣ (англисӣ) низ навишта мешавад. Ҳангоми ширкат дар нишастҳои байналмилалӣ низ, агар аввал насабро номбар кунанд, ин ҳодиса рӯй хоҳад дод. Ҳангоми фақат бо ном муроҷиат кардан низ ба миён омадани чунин нофаҳмиҳо аз эҳтимол дур нест.
Дар масъалаи чӣ тавр овардани насаб низ ҳаминро бояд гуфт, ки ҳоло ду тарзи маъмулӣ ба мушоҳида мерасад: иловаи пасванди махсус барои насаб (-зода, -пур, -духт, -ӣ) ва ё овардани ном (-и падар, хонаводагӣ, тахаллус) бе тағйироту иловаи пасванд. Дар аксари халқу миллатҳо ба насаб як аломате (пасванде) илова мекунанд. Иловаи пасванди махсус ду хусусияти муҳим дорад: аввалан, ба ин васила ном аз насаб фарқ карда мешавад, новобаста аз он ки кадоме пеш меояду кадоме баъд. Сониян, аз рӯйи насаб мо ба мансубияти милливу анъанаҳои мардумии номгузорӣ пай мебарем. Масалан, шахси огоҳ бо шунидани насабҳои Шевченко, Макаренко, Онопко ва ғайра зуд пай мебарад, ки сухан дар бораи украинҳо меравад. Ин чизро дар мисоли номҳои Чхаидзе, Кавазашвили (гурҷӣ), Макарян, Манасян (арманӣ), Белов, Петров (рус), Мюллер (олмонӣ) ва ғайра низ дидан мумкин аст.
Дар ҳақиқат, беҳтар аст, ки насаб ягон аломате дошта бошад. Мисолҳои беҳтарини он дар забони тоҷикӣ пасвандҳои «-ӣ» (Раҳимӣ, Азизӣ, Асрорӣ), «-зода» (Раҳимзода, Ализода), «-пур» (яъне писар, барои мардон – Олимпур, Салимпур) ва «-духт» (духтар, барои занон – Олимдухт, Салимдухт) мебошанд. Тавре ки мебинем, дар забони мо вариантҳои гуногуни сохтани насаб роиҷ аст. Агар мо насабро аз ном бо иловаи чунин пасвандҳо фарқ кунем, он гоҳ дар мавриди пешу қафо истифода кардани насаб мушкилие ба миён намеояд. Масалан, дар номҳои Раҳим Ҷалил ва Ҷалил Раҳим пай бурдану фаҳмидани он ки кадоме аз онҳо ном асту кадоме насаб, душвор аст. Аммо агар Мирзо Турсунзодаро ба шакли Турсунзода Мирзо нависем ва истифода кунем ҳам, пай бурдан душвор нест, ки Турсунзода дар ҳар ду ҳолат насаб (ё тахаллус) аст.
Ҳамин тариқ, ин мисолҳо гувоҳи онанд, ки насаб бояд аломате дошта бошад. Акнун як масъалаи дигаре, ки ба миён меояд, интихоби яке аз ин шаклҳо аст, яъне кадоме аз ин пасвандҳо барои ин ё ном зебанда аст. Меъёри асосӣ ин ҷо мантиқ ва мувофиқати садоҳост. Масалан, аз номҳои Раҳмат ва ё Хол ба воситаи пасванди «-ӣ» сохтани насаб хуб нест (Раҳматӣ, Холӣ), зеро маъноҳои духӯра пайдо мешавад. Ҳамчунин, агар ном бо садонокҳо (ӣ, у, о) тамом шуда бошад (Алӣ, Миралӣ, Орзу, Бобо, Асо), низ истеъмоли «-ӣ» ҷоиз нест (Алиӣ, Орзуӣ, Бобоӣ, Асоӣ). Пас дар ин ҳолатҳо аз пасвандҳои дигар истифода кардан лозим аст: Ализод (Ализода), Орзупур, Бобозода. Барои истеъмоли пасвандҳои «-зода» ва «-пур» низ ба овозҳои охири калима (ном) бояд эътибор дод. Масалан, бо номи Азиз истифодаи пасванди «-зода» хуб нест, зеро дар ин маврид овози «з» ду маротиба меояд, ки талаффузро душвор месозад (Азиззода). Ҳамчунин истифодаи ду пасванди пайиҳам барои насаб низ хуб нест (Шарифизода, Ҳалимизод). Баъзе номҳо бо ҳамаи пасвандҳо метавонанд шинаму зебо бошанд. Масалан, Раҳимӣ, Раҳимзод, Раҳимзода, Раҳимпур.
Масъалаи дигаре низ вуҷуд дорад: оё мо мехоҳем номи умумии хонаводагиро барои ҳамеша ба ояндагони худ ба мерос монем ё ҳар дафъа насаби худро бо номи падар биёрем? Анъанаи баъзе миллатҳо, аз ҷумла, русҳо он аст, ки номи хонаводагӣ (фамилия) аз насл ба насл бетағйир мегузарад, танҳо номи падар (отчество) барои ҳар насл иваз мешавад. Ин масъала низ баррасии амиқу оқилонаро талаб мекунад.
Тавре ки мебинем, интихобу табдили ному насаб фақат шавқу завқ ва нишони садоқат ба фарҳангу анъанаҳои миллӣ ва мардумӣ набуда, он маҳоратро низ талаб мекунад. Аксари иштибоҳ дар номгузории замони шӯравӣ аз он сабаб ба миён меомад, ки дар шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) асосан русҳо кор мекарданд ва ба ҳарфу овозҳои хоси тоҷикӣ аҳамият намедонанд, ҳамчунин худи мардум низ. Ҳоло дар ин муассисаҳо асосан соҳибони забон – тоҷикон кор мекунанд. Вале дар баробари ин кормандони ин соҳа бояд аз роҳу усулҳои дурусти номгузорӣ ва насабсозӣ низ баҳравар бошанд, то ки тавонанд ба падару модарон дар интихоби ному насаби фарзандашон ёрии амалӣ расонанд.
Яке аз масъалаҳои дигаре, ки вобаста ба табдили ному насаб метавонад ба вуҷуд ояд, тарзи дурусти сабти ном дар зодномаҳо ва шиносномаҳо аст. Ҳуҷҷатҳои меъёрии қабулшуда тақозо мекунанд, ки дар он насаб ва ном ба таври ҳатмӣ ва номи падар аз рӯйи имконият оварда шавад. Яъне, ҳар инсон бояд ҳатман дорои насаб (номи хонаводагӣ) ва номи худ бошад. Зикри номи падар (отчество) дар ҳуҷҷатҳо ҳатмӣ нест. Аммо дар аксари мавридҳо дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ҷойи насаб (фамилия)-ро холӣ гузошта, хоначаҳоеро пур мекунанд, ки ном ва номи падар зикр шудааст: Фарзонаи Аҳмад, Салими Бахтиёр, Манижа Қодирӣ ва ғайра. Дар чунин мавридҳо имкон дорад, ки ин ҳуҷҷатҳо дар кишварҳои дигар пазируфта нашаванд. Ҳоло дар байни мардум андешае паҳн шудааст, ки гӯё дар Русия намехоҳанд, ки мо ба тарзи номгузории суннатӣ гузарем, бинобар ин ҳуҷҷатҳои моро қасдан қабул надоранд. Дар асл чунин нест, сабаб ҳамон аст, ки гуфтем. Бинобар ин, агар ному насаби шахс, масалан, Манижа Қодирӣ бошад, он гоҳ дар зоднома ва шаҳодатнома он бояд ба чунин тарз навишта шавад: Насаб Қодирӣ Ном Манижа Номи падар ___(холӣ)___. Танҳо дар ҳамин маврид ҳуҷҷатҳои тасдиқи шахсият дар ҳама гӯшаи ҷаҳон пазируфта мешаванд.
Масъалаи дигаре, ки ҳангоми табдили ному насаб ба миён меояд, ба роҳ мондани механизми сода ва дурусти он аст. Албатта, вақте ки ба кӯдаки навзод ном мегузорем, мушкилие ба миён намеояд. Аммо агар шахси калонсол хоҳад, ки ному насабашро ба таври анъанавӣ дигаргун созад, бо мушкилоти дигаре рӯ ба рӯ мешавад. Аввалан, кор бо иваз намудани фақат шиноснома ба охир намерасад. Бояд ҳуҷҷатҳои дигари расмӣ, аз ҷумла, шаҳодатномаи ақди никоҳ, диплому шаҳодатномаҳои таҳсил ва ғайра низ иваз карда шаванд. Зеро дар зиндагӣ, махсусан, дар мавриди ба миён омадани ҳодисаҳое, ки бо фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ алоқаманд аст, ҳолатҳое мешаванд, ки исботи ҳамон як шахс будани инсонро аз рӯйи ҳуҷҷатҳои гуногун тақозо мекунанд. Дар чунин ҳолатҳо, ҳатто агар як ҳарфи ному насаб дар ҳуҷҷатҳо фарқ дошта бошад, ташвиши зиёдеро ба вуҷуд меорад. Гузашта аз ин, табдили ҳар ҳуҷҷат низ вақти қимати шахс ва пардохти маблағи муайянро талаб мекунад. Аз имкон берун нест, ки мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шуъбаҳои шиносномадиҳӣ, муассисаҳои илмиву таълимӣ ва истеҳсолӣ, ташкилотҳои ҷамъиятиву ҳизбӣ ва ғайра, ки бо таҳия ва супурдани ҳуҷҷатҳои расмӣ сарукор доранд, табдили ному насабро ба маъракаи пулҷамъкунӣ табдил диҳанд. Ҳол он ки тамоми саъю кӯшиш ва иқдоми охири Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба кам кардани хароҷоти беҳуда ва ба ин васила баланд бурдани сатҳи иҷтимоии мардум равона шудааст.
Чӣ бояд кард, то ки бо харҷи кам ин масъала ҳалли худро ёбад? Ба андешаи мо, ин ҷо низ роҳи осону камхарҷ мавҷуд аст. Маълум аст, ки барои мо шиноснома ҳуҷҷати асосии расмӣ ҳисоб мешавад. Аз ин рӯ, ҳангоми табдили ному насаб, пеш аз ҳама, бояд шиноснома иваз карда шавад. Пешниҳоди мо ин аст, ки ҳангоми гирифтани шиносномаи нав бо ному насаби тоза, бояд дар яке аз саҳифаҳои он навишта шавад, ки «Соҳиби ҳамин шиноснома то фалон рӯз (таърихи рӯзи гирифтани шиносномаи нав) бо ному насаби фалонӣ (ному насаби аввала) зиндагӣ мекард». Ин навиштаҷотро бо имзо ва мӯҳри шуъбаҳои шиносномадиҳӣ тасдиқ карда, ба он эътибори ҳуқуқӣ додан лозим аст, то ки ҳамаи муассисаҳо ва дар ҳама ҳолатҳои зарурӣ онро ба эътибор гирифта, соҳиби шиносномаро аз пайи маълумотгириву тасдиқномаоварӣ овора насозанд. Зимнан, дар асноди расмии кишварҳои дигар гоҳҳо дар баробари пурсидани ному насаби ҳозира, барои навиштани ному насаби гузашта (агар бошад) низ махсус ҷой мегузоранд.
Мо ҳаргиз даъвои онро надорем, ки вариантҳои пешниҳодкардаи мо ягона ва ниҳоӣ бошанд. Муҳим он аст, ки ин масъалаҳоро аввал саросема нашуда, бо истифода аз ақли солим ва бо назардошти паҳлӯҳои гуногуни он баррасӣ ва роҳи беҳтаринро дастаҷамъона интихоб намоем. Ба ибораи дигар, ин масъала низ ба Низомномаи махсус эҳтиёҷ дорад. 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2014    №: 49    Мутолиа карданд: 910

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед