logo

ҳуқуқ

А. АБДУРАҲИМОВ: «ҲАДАФИ МО РОҲ НАДОДАН БА ҚОНУНШИКАНИСТ»

Роғун. Солҳост, ки дар дилу дидаи мардум ҷой дорад. Ҳанӯз онро дар замони шӯравӣ бунёд карда буданд. Ҳар кас бори нахуст ба Роғун ояд, аз дидани чунин шаҳри зебо бо биноҳои баландошёна ба ҳайрат меафтад. Зеро он дар домана ва иҳотаи кӯҳҳо воқеъ гардида, гӯё порае аз шаҳрро ба кӯҳистон интиқол дода бошанд. Дар ин ҷо корҳои барқарорсозӣ ва омодагии сохтмони аср – Неругоҳи барқи обии Роғун давом дорад. Аз ин ҷо рӯди Вахш ва теппаҳои азими масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили қуму рег ва хок, ки барои бунёди садди он таҳия намудаанд, таваҷҷуҳи бинандаро ба худ ҷалб месозанд. Бунёди НБО- и Роғун умеду ормони ҳар як тоҷику тоҷикистонист.
Воқеан шаҳр хеле зебову озода буда, тамоми кӯчаву гулгаштҳо бо дарахтони гуногуну ниҳолҳои ороишӣ ва гулбуттаҳо, ки аз нафаси гарму ҳаётбахши баҳор муғҷаҳояшонро во кардаанд, ба кас ҳаловату масаррат мебахшанд.


Ба мақсади огоҳӣ аз раванди татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Асомуддин Абдураҳимов, раиси суди шаҳри Роғун, ҳамсуҳбат шудем.

- Асомуддин Бобохонович, мақсад, аҳамият ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз назари шумо?
- Бешубҳа, қонуни мазкур дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳим аст. Мақсади асосии он дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ба Ватан ва арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намудани кӯдакону наврасон, ҳамзамон ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо мебошад. Раванди зиндагӣ талаб менамояд, ки ҳар як узви ҷомеа босаводу бофарҳанг, ватандӯст, худогоҳ ва нексиришт ба воя расад. Падару модар ва омӯзгор вазифадоранд, ки кӯдакро ҳамчун инсони комил тарбия намоянд.
Бояд зикр кард, ки татбиқи қонуни мазкур ҳар як падару модарро водор месозад, ки барои таълиму тарбияи фарзанд масъул бошад, зеро саҳлангорӣ ва бетарафӣ дар ин самт ба инкишофи ҷисмониву маънавии ӯ халал ворид месозад.

- Бигӯед, ки риояи қонуни мазкур дар шаҳри Роғун чӣ сон ба роҳ монда шудааст?
- Вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар суди шаҳри Роғун чорабиниҳои зиёд андешида шудааст. Аз ҷумла дар соли 2013 ва ду моҳи соли равон мувофиқи нақшаи кории суди шаҳри Роғун бо сокинони ҷамоатҳои деҳот ва шаҳрак оид ба моҳият ва риояи қонуни мазкур зиёда аз 60 суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин вохӯриҳо махсус таъкид шуд, ки тарбия ва таълими насли наврас раванди масъулиятталаб ва ҷиддӣ буда, тақдири кӯдак ва насли ояндаи ҷомеа аз он вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ таълиму тарбияи кӯдакон бояд дар мадди назари аввали волидон, омӯзгорон, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ва аҳли ҷомеа қарор гирад. Волидон ва омӯзгорон вазифадоранд, ки бештар ба тарбияи ақлонӣ ва инкишофи зеҳнии кӯдакон таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд. Ҳолатҳои кор аз он шаҳодат медиҳанд, ки на ҳамаи падару модарон масъулияти худро хуб дарк менамоянд.

- Омилҳои содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ кадоманд ва соли гузашта чанд парванда баррасӣ шуд?
-  Дар баъзе маврид волидон ва муас-сисаҳои таълимӣ ба таълиму тарбияи кӯдакон таваҷҷуҳ ва аҳамияти зарурӣ намедиҳанд, ки ин яке аз омилҳои асосии содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ мегардад.
Соли 2013 аз ҷониби суди шаҳри Роғун 15 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба вайрон кардани қонуни мазкур, аз ин 5 парванда дар мурофиаҳои сайёри судӣ дар ҷамоатҳои деҳот ва шаҳрак бо иштироки аҳли ҷамъият баррасӣ шуд. Зимни баррасии парвандаҳо диққати асосӣ ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандон ҷалб гардид. Ба мардум моҳияти қонун ва татбиқи он фаҳмонда шуд. Мувофиқи талаботи қисми 2 моддаи 5 қонуни мазкур вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи фарзанд мебошад. Мутаассифона, баъзе падару модарон нисбат ба вазифа ва уҳдадориҳои худ фориғболӣ намуда, фарзандони худро назорат намекунанд. Аз ин рӯ, онҳо ба оворагардию ҷиноят даст мезананд. Чунончи, 15 майи соли 2013 дар маҷлиси сайёри судӣ дар толори Ҷамоати шаҳраки Обигарм парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба З. Маҳмадова баррасӣ гардид. Мавсуф дар мурофиаи судӣ иқрор шуд, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ перомуни кирдори ҷиноятии писараш, яъне ба дуздии амволи ғайр даст заданаш огоҳ гаштааст. Шароити зиндагиаш хуб буда, шавҳараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия мебошад.
Ба З. Маҳмадова барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазои ҷарима ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин карда шуд.
Ҳамчунин парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ш. Холова дар маҷлиси ошкорои судӣ дар толори суди шаҳри Роғун баррасӣ гардид. Номбурда бар хилофи талаботи моддаи 8 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вазифаҳои худро дар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзандаш Ш. Холов иҷро накардааст. Дар натиҷаи чунин бемасъулиятӣ писари ӯ 13 декабри соли гузашта аз маркази дилхушии «Ҷавонон», ки ба соҳибкор М. Сияҳмардов тааллуқ дорад, дарёфт шудааст. Мувофиқи талаботи моддаи 8- и қонуни мазкур падару модар уҳдадоранд шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзандони то бистсолаашонро манъ намоянд. Ба Ш. Холова барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазои ҷарима ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин гардид.

- Мақсад аз гузарондани мурофиаҳои ошкоро ва сайёри судӣ дар ҷамоатҳои деҳот чист?
- Ҳадафи асосии мо пешгирӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳост. Инчунин фаҳмондани уҳдадориҳои ҳар як падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд аст. Ин масъала азалан ба зиммаи волидон гузошта шудааст ва онҳо бояд онро ихтиёран ҳамчун вазифа иҷро намоянд. Дар ҳолате ки падару модар аз иҷрои уҳдадории худ оид ба таълиму тарбияи фарзандон саркашӣ мекунанд, яъне уҳдадориҳояшонро иҷро намекунанд ё ба таври дахлдор иҷро наменамоянд, дар натиҷа рафтори фарзандони онҳо боиси вайрон кардани ҳуқуқи дигарон ва тартиботи ҷамъиятӣ мегардад. Дар чунин ҳолат иҷрои уҳдадориҳои онҳо дар зери маҷбурияти давлатӣ амалӣ мешавад ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ ба миён меояд. Дар қонуни мазкур маҳз ду тарафи ҳамин як масъала – масъулияти падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон дар назар аст.

- Иҷрои меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чӣ сон ба роҳ монда шудааст ва баррасии парвандаҳо дар ин самт чиро нишон дод?
- Мақсади қабул ва мавриди амал қарор додани қонуни мазкур ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ мебошад.
Омӯзиш ва баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар масъалаи баргузории ҷашну маросимҳо нишон дод, маърифати ҳуқуқии шахсоне, ки даст ба чунин ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ задаанд, паст буда, аз тарафи масъулони ин соҳа корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба риоя ва иҷрои меъёрҳои қонуни мазкур ба таври назаррас дар байни аҳолӣ гузаронда нашудааст. Мувофиқи талаботи моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсони азодор метавонанд маросими солро ба таври ихтиёрӣ бо иштироки то 100 нафар бо додани як таом дар моҳи шарифи Рамазон ва ё рӯзи иди Қурбон ва вақти дигаре, ки ба баргузории соли фавтида мувофиқат мекунад, гузаронанд. Аммо дар баъзе ҳолатҳо соҳибони майит меъёри муқарраргардидаро аз мадди назар дур карда, ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд.
Чунончи, 12 июли соли гузашта дар маҷлиси кушодаи сайёри судӣ дар деҳаи Сесангаи Ҷамоати шаҳраки Обигарми шаҳри Роғун парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба М. Гиёев баррасӣ шуд. Мавсуф дар маросими соли ҳамсараш ба мардум ду намуди таом – шӯрбо ва палов пешкаш карда, ба меҳмонони даъватшуда нону кулча ва рӯймолча ҳадя кардааст. М. Гиёев бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ҷазои ҷарима ба андозаи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин гардид.
Ё худ, дар мурофиаи сайёри судӣ дар деҳаи Майдони Нави шаҳри Роғун парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба А. Нуров баррасӣ шуд. Мавсуф бар хилофи моддаи 9, банди 1 ва моддаи 14, бандҳои 1 ва 3-и қонуни мазкур аз соати 10 то 1530 дақиқа дар хонаи истиқоматиаш хатнасури фарзандонашро бо баргузории базму додани таом ва сартарошон, бе шартномаи тарафайн гузарондааст. Ӯ аз кирдори содиркардаи худ изҳори пушаймонӣ кард.
Ба М. Нуров мувофиқи талаботи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазои ҷарима ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин шуд.
Тибқи муқаррароти моддаи 5 қонуни мазкур ҷиҳати амалӣ намудани он дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти кишвар комиссияҳои доимӣ таъсис дода шудааст. Аз ин рӯ, ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, комиссияҳои маҳаллӣ ва дигар масъулони соҳа зарур аст, ки нақшаву чорабиниҳо тартиб дода, мунтазам бо аҳолӣ суҳбату вохуриҳо доир намоянд.

Мунаввари САФАР,  «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2014    №: 50    Мутолиа карданд: 681

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед