logo

фарҳанг

ДАСТУРИ БУРУНРАФТ АЗ ХУШУНАТҲОИ ОИЛАВӢ

Олими равоншиноси тоҷик Маҳмадулло Давлатов таҳти унвони «Оила ва рушди шахсияти фарзандон» китоби тозанашри худро пешниҳоди хонандагон намуд. Дар китоб масоили муҳими педагогӣ ва равоншиносӣ дар ҳошияи андешаҳои орифонаи мутафаккир, файласуфу исломшиноси  маъруфи ҷаҳон Фатҳулло Гюлен мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.

Дар расми рӯнамоии ин китоб бо иштироки доираи васеи олимони равоншинос ва равшанфикрони ҷомеа дар Китобхонаи миллӣ оид ба вижагиҳои ташаккули оилаи солим ва рушди ахлоқиву зеҳнии фарзандон гуфтугузори судманд анҷом гирифт. Таъкид шуд, ки бунёди ҷомеаи солим ба оилаи солим пайванди мустақим дошта, ба рушди миллат низ асос мегузорад.
Дар пешгуфтори китоб зикр мешавад, ки «ғояи асосии онро масъалаҳои муҳими марбут ба ҳаёти оилавӣ, чун ба роҳ мондани омодагии психологии ҷавонон барои бунёди оила, пешгирӣ ва паст намудани сатҳи хушунати хонаводагӣ, низоъҳои оилавӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, нақши сабру таҳаммул дар пойдории оила ва аҳамияти он ҳангоми мусибату мотамдорӣ, ташкили муҳиту фазои солими психологӣ дар хонавода дарбар мегиранд».
Маҳмадулло Давлатов, зимни рӯнамоии китоби хеш изҳор дошт, ки дар он перомуни мустаҳкам намудани оила бештар таваққуф шудааст, чунки дар ин самт бо вуҷуди андешидани тадбирҳои судманди давлатӣ то кунун як қатор падидаҳои манфӣ низ ба назар мерасанд. Дар ин робита, муаллиф беш аз пеш аз вайроншавии оилаҳо, ки ба ҷомеа ва тарбияи кӯдакон таъсири манфӣ дорад, изҳори ташвиш мекунад. М. Давлатов, изҳор дошт, ки «бо вуҷуди ҳама гуна чораҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқие, ки баҳри ҳифзу таҳкими оила равон шудаанд, қатъи никоҳ ҳанӯз ҳам афзуда истодааст». Ӯ омори се соли ахир дар ин самтро мавриди муқоиса қарор дода, тамоюли зиёдшавиро дарёфтааст, ки аз ҷумла, дар даҳ моҳи соли 2013 дар мамлакат зиёда аз 6002 мавриди қатъ гардидани ақди никоҳ сабт шуда, бисёре аз оилаҳои вайроншуда кӯдакони ноболиғ доранд. Ба гуфтаи ӯ, дар адабиёти психологӣ мафҳуми «ногузир будани ҷудошавии оила», «ногузирии талоқ» ҷой дорад, ки дар кодексҳои ҷиноятиву оилавӣ низ мавҷуд аст. Пас агар оила аз ҳам пошид, тақдири минбаъдаи он бояд чӣ гуна бошад? Ва ё нақши равоншинос дар ин маврид то кадом андоза таъсиргузор аст? Маҷмӯа ба ин суолҳо посухи равшан дода, бо такя ба таҷрибаи илми равоншиносӣ ва ҳикматҳои Фатҳулло Гюлен роҳи раҳоӣ аз ҳар гуна низои оилавӣ нишон дода шудааст. Дар ҳамин ҳол, Маҳмадулло Давлатов бар ин андеша аст, ки дар Тоҷикистон воқеан мавқеи зан баланд буда, он тавассути қонун ва сандаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳифз мешавад. Духтарон низ зери ғамхории давлатанд, имтиёзҳое мисоли квотаҳо доранд. Аммо дар ҷомеаи мо ҷойгоҳи ҳамсар ва ё мавқеи арӯс беҳбудӣ мехоҳад ва ниёз ба донишҳои психологӣ дорад. Дар ин робита гуфта мешавад, ки дар аксар хонаводаҳо арӯсон, бахусус аз сӯи хушдоманҳо дучори ранҷу озор мегарданд. Пӯшида нест, ки вайроншавии оилаҳо низ аксаран бо ҳамин ҷурм, муносибати дурушти хушдоман ба миён меояд. Ҳар лаҳза метавон ба мисолҳое дар ин бора рӯ ба рӯ омад. Аммо танҳо ин омили вайроншавии оила нест, балки мушкили иқтисодию иҷтимоӣ, сатҳи саводнокӣ ва муҳоҷирати корӣ ҳам аз омилҳои пош хӯрдани оилаҳо дониста мешаванд. 
Аз ин рӯ, равоншиносон зарур мешуморанд, ба манзури ҷилавгирӣ аз ҳар гуна хушунати оилавӣ бояд волидайн бо донишҳои психологӣ мусаллаҳ бошанд. Аммо дар куҷо ва чи гуна анҷом гирифтани ин амал масъалаи печида аст. Зеро дар мо чунин як муассисаи вижа ё фанни таълимӣ дар макотиби таҳсилоти миёнаи  умумӣ вуҷуд надорад. Ба таъкиди М. Давлатов нобаробарии гендерӣ низ яке аз масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мемонад. Зеро ҳанӯз ҳам баъзе аз ҳуқуқҳои модарон поймол мешаванд. Гузашта аз ин, дар ҷомеаи мо таваҷҷуҳ ба рушди кӯдак танҳо баъд аз таваллуд зоҳир мегардад. Аммо заминаи инкишофи кӯдак дар давраи то тавлид аст ва бояд ба ин ҷиҳати масъала низ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Нафиса Юнусова, равоншиноси дигари тоҷик, китоби навро дастури муҳиму раҳнамои бурунрафт аз хушунати оилавӣ донист. Ӯ хушҳол аз он аст, ки ахиран таваҷҷуҳ ба илми равоншиносӣ бештар гардида, аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои печида ба равоншиносон рӯ меоранд. Ҳол он ки дар чанд соли пеш касе намедонист, ки психолог чи касеву ба кадом кор қодир аст. Зимнан, Н. Юнусова ҷонибдори он аст, ки дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ омӯзиши фанни маърифати оиладорӣ, ки феълан дар барномаи таълимӣ мавҷуд нест, роҳандозӣ шавад. Зеро мавҷудияти чунин як фанни таълимӣ заминасози оилаҳои устувор дар ҷомеа хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, Ортиқи Қодир, ҳунарманди маъруфи тоҷик,  аз сатҳи пасти муошират, бахусус дар миёни аҳолии шаҳрнишини мамлакат ба шиддат нигаронӣ кард. Вай бо таассуф гуфт, ки феълан дар шаҳри Душанбе ҳарфҳои қабеҳ ва дашномҳои нороҳаткунанда ба гуфтори маъмулии бархе аз калонсолону ҷавонон табдил шудааст. Вале ҳеҷ як вокуниши ҷиддие аз сӯи доираҳои фарҳангӣ ба чунин рафторҳои ношоиста сурат намегирад. Ба андешаи ӯ, роҳи ислоҳи ин камбуди ҷомеа реша ба маърифати оила дорад. Зеро агар дар доираи оилаҳо фазои фарҳангӣ ҳукмрон бошад, муҳити ҷомеа низ дар рӯҳияи эҳтироми ҳамдигар солиму устувор хоҳад буд.    
Воқеан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мавриди назарро ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор дода, барномаҳои хоси давлатие дар ин самт пиёда намудааст, ки қабули  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти падару  модар  дар  таълиму  тарбияи  фарзанд» намунаи намоёне аз ба ҳисоб меравад.
Ҳадафи умдаи қонун ислоҳи ҷомеа буда, наздиктарин роҳи ислоҳ ин аст, ки ҳар нафар бояд аз худ оғоз кунад. Агар падару модар ба фарзанд намуна шудан хоҳад, пас бояд ҳамеша дунболи гуфтори нек ва кору амали намунавӣ шитобад. Зеро таҷриба нишон додааст, ки тарбияи хуби фарзандон дар самти арзишҳои миллию динӣ аз оила маншаъ мегирад.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2014    №: 51    Мутолиа карданд: 3105
25.11.2022


ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

24.11.2022


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

23.11.2022


Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

ҶОМИ ҶАҲОН

22.11.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

21.11.2022


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022

16.11.2022


Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

15.11.2022


Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

11.11.2022


Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

10.11.2022


ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

04.11.2022


САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

03.11.2022


Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед