logo

ҳуқуқ

ВАЗЪИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ТОҶИКИСТОН

аз нигоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон


Зариф АЛИЗОДА, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (ВҲИ)  аз давраи таъсисёбӣ (соли 2009) то кунун ҳар сол моҳи феврал маърӯзаи солонаи худро доир ба натиҷаҳои фаъолият ва вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ  ба аҳли ҷомеа пешкаш менамояд.
Ин маърӯзаҳо тибқи талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пеш аз ҳама, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Прокурори генералӣ пешниҳод мегарданд. Онҳо, ҳамчунин,  барои дигар мақомоти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва аҳли ҷомеа низ пешбинӣ шудаанд.
Дар Маърӯзаи  навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи умумии ҳуқуқи  инсон дар ҷумҳурӣ, дастоварду камбудиҳои самтҳои алоҳидаи ҳуқуқи инсон ва натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ВҲИ дар соли 2013   мавриди таҳлил қарор дода шудаанд.
Маърӯза аз ду қисм иборат мебошад. Дар қисми аввал фаъолияти ВҲИ дар самтҳои таҳкими иқтидори мақомот, қабул ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, санҷиши вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, такмили қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳамкории мақомот бо дигар ниҳодҳои дахлдор инъикос шудааст. Аз маърӯза бармеояд, ки иқтидори мақомоти ВҲИ ҷиҳати иҷрои вазифаву уҳдадориҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда сол ба сол таҳким меёбад.
Бо мақсади тавсеа ва ҳамо-ҳангсозии корҳо дар самтҳои муҳими фаъолият дар назди ваколатдор аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои бай-налмилалӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд. Алҳол ин гурӯҳҳо дар самти иҷрои Нақшаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар робита ба Шарҳи умумии даврии Тоҷикистон,  боздид ва мониторинги ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон кор карда истодаанд.
 Қабул ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон, такмили қонунгузорӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, санҷиши вазъи риояи ҳуқуқи инсон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар меҳвари фаъолияти  мақомот  қарор доранд. Соли 2013 дар дастгоҳи ВҲИ 492 (соли 2012 – 604 адад) муроҷиати шаҳрвандон сабт шудааст, ки аз онҳо муроҷиатҳои хаттӣ – 290 адад (соли 2012 – 258 адад) ва шифоҳӣ – 202 адад (соли 2012 – 346 адад) мебошанд. Аз онҳо 40 адад  (соли 2012 – 28 адад) ба манфиати муроҷиаткунандагон ҳаллу фасл шуданд.
Дар самти ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аксарияти муроҷиатҳои воридгардида (49 адад ё 37%) ба баррасии одилонаи судӣ тааллуқ доранд. Ин гурӯҳи муроҷиатҳо назар ба соли 2012 (36 муроҷиат ё 26%) тамоюли зиёдшавӣ дорад. Муроҷиатҳо нисбат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва оид ба ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда низ зиёд шуда, мутаносибан 28 (21%) ва 18 (13%) ададро ташкил медиҳанд. Дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон соли гузашта ба мақомот 21 муроҷиати  хаттӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 12 адад зиёд аст.
Дар аксарияти муроҷиатҳои дар самти ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ  воридшуда нисбат ба мақомоти судӣ (48 адад ё 36%), ташкилотҳо (16 адад ё 12%), мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (9 адад ё 7%) ва мақомоти давлатии дигар давлатҳо (9 адад ё 7%) шикоят шудааст.
Дар соли сипаригашта ба мақомот 202 муроҷиати шифоҳӣ ворид гардид. Аз ин 89 адад ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, 58 адад ба ҳуқуқҳои кӯдак ва 55 адад ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ мансубанд. Муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон тибқи қонунгузории амалкунанда баррасӣ шуда, ба онҳо маслиҳатҳои ҳуқуқии дахлдор дода шуд. Дар ин давра аз тарафи кормандони қабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ 2036 муроҷиати шаҳрвандон баррасӣ гардид, ки аз онҳо 115 адад муроҷиати хаттӣ ва 1921 адад шифоҳӣ мебошад.
Дар соли 2013 дар асоси муроҷиати шаҳрвандон ва нақшаи корӣ 34 санҷиш гузаронда шуд. Бо мақсади мусоидат ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар низоми муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида масъулони мақомот  21 маротиба, аз ҷумла 11 маротиба барои муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқи дастгиршудагон ва шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ба ин муассисаҳо рафта, дар 5 – тои он санҷиш гузаронданд. Барои бартараф кардани камбудиҳо ба мақомоти дахлдор тавсияҳо ирсол карда шуданд.
Аз ҷониби мақомот ба  66 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (соли 2012 - 64 адад)  таклифу хулосаҳо пешниҳод гардиданд. Ваколатдор ва кормандони дастгоҳи он дар таҳия ва пешниҳоди  маърӯзаҳои миллии даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созмонҳои дахлдори байналмилалӣ  доир ба татбиқи Конвенсия оид ба рафъи табъиз нисбат ба занон ва  Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ  саҳми фаъол гузошта,  дар баррасии онҳо дар сохторҳои марбутаи СММ иштирок намуданд.
Барои баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ва иттилоотонии онҳо дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон дар доираи нақшаҳои якҷоя бо воситаҳои ахбори омма ваколатдор ва кормандони дастгоҳи он 196 маротиба дар барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ баромад карданд. Кормандони мақомот дар кори 83 семинару конфронс ва мизҳои мудаввар оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ширкат намуданд. Бо иқдоми ВҲИ 13 семинару конфронс ва мизҳои мудаввар ташкил ва гузаронда шуд.
Соли 2013 амалисозии Барномаи нави таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013 -2020 оғоз гардид.   Дар доираи ин барнома омӯзгорон, судяҳо, хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ ва ҳарбӣ,  кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  дар курсҳои такмили ихтисос асосҳои  ҳуқуқи инсонро меомӯзанд. Барои татбиқи барномаи мазкур дар назди ВҲИ Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ таъсис дода шудааст, ки дар таркиби он 6 гурӯҳи корӣ амал менамояд.
Дар маърӯза, ҳамчунин таъкид мегардад, ки ҳамкориҳои ваколатдор бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои бай-налмилалӣ  дар ҳоли густариш қарор доранд. Тибқи нақшаи як-ҷояи мақомоти ВҲИ бо ташкилоти ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бахшида ба Ҳафтаи ҳуқуқи инсон аз 20 ноябр то 10 декабри соли 2013 чорабиниҳои судманд гузаронда шуданд. Дар ин раванд моҳи сентябри соли 2013 семинари дурӯза дар мавзӯи «Ҳамкориҳои мақомоти миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ» баргузор гашт, ки дар кори он намояндагони мақомоти давлатӣ аз Федератсияи Русия, Молдова, ташкилоти ғайридавлатии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ», «Нота-бене», «Идора оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», «Марказ оид ба ҳуқуқи кӯдак», «Марказ оид ба ҳуқуқи инсон», «Маркази иттилоотии байналмилалӣ» аз Русия, созмонҳои байналмилалии Дафтари швейтсарӣ оид ба ҳамкорӣ, Хазинаи Хелсинки оид ба ҳуқуқи инсон, САҲА, раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Ниҳоди даниягӣ оид ба ҳуқуқи инсон, шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди мадад дар Тоҷикистон, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қисми дуюми маърӯза вазъи риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар ҷумҳурӣ дар самтҳои алоҳида, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, дахлнопазирии шахсӣ, озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф, ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ ва муҳокимаи одилонаи судӣ, ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида, ҳуқуқ ба озодии ибрози ақида, дастрасӣ ба иттилоот ва воситаҳои ахбори омма, ҳуқуқ ба меҳнат, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ, ҳифзи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд, ҳуқуқи шаҳрвандон ба манзил, баробарии гендерӣ, ҳифз аз зӯроварӣ дар оила ва ҳуқуқҳои кӯдакро дар бар мегирад.
Дар ҷараёни таҳлили вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар  ин самтҳо дар баробари пешравиҳои муайян  камбудиҳо низ ҷой доранд. Ин мушкилот асосан ба номукаммалии қонунгузории миллӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ, сатҳи нокифояи рушди иқтисодиёт, камбизоатии аҳолӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобастаанд.
Аз ҷониби ВҲИ ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳо, дастёбӣ ба пешрафти устувор ва ҳифзи  воқеии ҳуқуқу озодиҳои алоҳидаи инсон  тавсияҳои дахлдор пешниҳод шуданд. Аз ҷумла, дар масоили вобаста ба ҳуқуқ ба ҳаёт, дахлнопазирии шахсӣ, озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф 6, ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ ва муҳокимаи одилонаи судӣ 7, ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида 4, ҳуқуқ ба озодии ибрози ақида, дастрасӣ ба иттилоот ва воситаҳои ахбори омма 6, ҳуқуқ ба меҳнат 5, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ 9, ҳифзи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд 9, ҳуқуқи шаҳрвандон ба манзил 9, баробарии гендерӣ ва ҳифз аз зӯроварӣ дар оила 10, ҳуқуқҳои кӯдак 16 ва дар маҷмӯъ 81 тавсия пешниҳод шудааст.
Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутмаин аст, ки таҳлили корҳои дар ин самт анҷомдодашуда барои таҳкими иқтидори мақомот ва фаъолияти самараноки он мусоидат хоҳад кард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2014    №: 51    Мутолиа карданд: 620

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед