logo

ҳуқуқ

НАХУСТБОНУИ ГЕНЕРАЛ

Ҳама ӯро эҳтиром мекарданд. Он қадар ҳақҷӯву софдил, далеру матинирода ва сахтгир буд, ки аксарият аз рӯ ба рӯ шудан бо ӯ меҳаросиданд. Хусусан, онҳое, ки дар зиндагї ва кору фаъолияташон дасту дили пок надоштанд. Амиршо Сангалиев ҳамчун ҳуқуқшинос 32 сол дар прокуратура ва 15 сол раиси суд кор карда, сазовори ордену медал ва ифтихорномаҳо гардидааст.

Саодат дар тарбияи чунин падари меҳрубону сахтгир ва ҳуқуқшиноси маъруф ба воя расидааст. Баъди хатми мактаби миёна фаъолияти кориашро ҳамчун котиби суди ноҳияи Фархор оғоз кард. Соли 1973 ба шуъбаи ғоибонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, чанд муддат ба сифати нотариуси давлатї дар шаҳри Душанбе фаъолият дошт. Шавҳараш он замон муфаттиши Вазорати корҳои дохилї буд. Ӯро ба Кӯлоб фиристоданд. Саодат низ ба ҳайси сарнотариуси давлатї дар шаҳри Кӯлоб ба кор даромад.
- Соли 1982 маҷаллаи бонуфузи Иттиҳоди Шӯравї «Человек и закон» дар бораи фаъолият ва таҷрибаи кори ман матлабе ба табъ расонд. Ҳамон сол ордени «Нишони фахрї» низ доданд, - мегӯяд Саодат Амиршоева.
Солҳои минбаъда ҳамчун котиби ташкилоти ҳизбї ва судяи суди шаҳри Кӯлоб ифои вазифа намуд. Ҳамон солҳо ягона вакили ҳуқуқшинос дар Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Кӯлоб буд. Замоне додрасї мекард, ки дар минтақа ҷанги шаҳрвандї идома дошт. Силоҳбадастон борҳо ӯро таҳдид кардаанд. Ҳангоми мурофиаи судї хостанд толорро тарконанд. Саодат ҳақҷӯию ҳақгӯї, далерию ҷасорат ва бо дасту дилу нияти пок кор карданро аз падараш омӯхта, насиҳати ӯро шиори зиндагї ва кору фаъолияти хеш кардааст. Соли 1993 Саодатро ба ҳайси сардори раёсати адлияи вилояти Хатлон ба Қӯрғонтеппа фиристоданд. Ҳама ҷо, хусусан идораҳои судҳои 9 ноҳияи минтақаи Қӯрғонтеппа ғорат ва талаву тороҷ шуда буд.
Ба гуфтае шаҳр ба «нори макида» шабоҳат дошт. Саодат дар ҳамдастї бо Ҳумдин Шарифов судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро барқарор кард. Аксарият аз идомаи кор дар идораҳои давлатї метарсиданд. Судяҳоро бо илтимосу зорї ба кор ҷалб намуд. Бо вуҷуди ин ноҳияи Қумсангир ду сол бесудя монд. Баъзе силоҳбадастон бо БТР ба идорааш омада, талаб мекарданд, ки ба онҳо вазифа диҳад. Мавридҳое буданд, ки дар як шаб ҷои хобашро 4 маротиба иваз намуд. Вазифаи аввалини судяҳо холї кардани хонаҳои гурезагон буд. Танҳо дар ноҳияи Қубодиён 800 хона бо ёрии судяҳо ва созмонҳои байналмилалї холї карда шуд. Чунин ҳолат дар Шаҳритуз, Бохтар, Вахш ва Қӯрғонтеппа вуҷуд дошт.
Замони беқонунї буд. Силоҳбадастон бо «забон»-и автомат гап мезаданд ва қариб ҳар рӯз судяву нотариусҳоро латукӯб мекарданд. Раиси суди ноҳияи Колхозободро ба дараҷае заданд, ки шинохта намешуд. Барои халос кардани судяҳо борҳо ба назди командирон рафтааст. Ҳатто боре Хӯҷа Каримов ӯро таҳдиди парондан кард.
- Соли 1997 Маҳмуд Худойбердї Қӯрғон-теппаро гирифт. Дар ҳукумати вилоят касе набуд, фақат ман дар дафтари корам ҳузур доштам. Аслонов чанд нафар рӯзноманигорро оварда, хоҳиш кард, то ба онҳо гӯям, ки дар шаҳр оромист. Ба ӯ гуфтам, ки агар маро паронї ҳам, ин гапро намегӯям. Зеро ҳукуматро Маҳмуду Мирзоев забт кардаанду мардум саргардонанд.
- Ман ҳамчунин шоҳиди он будам, ки Эмомалї Раҳмон дар толори ҳукумати вилоят ба ҳозирон муроҷиат карда пурсид: «Кї вазифа гирифтан мехоҳад, кї вазир шуданист?». Ҳама хомӯш, касе вазифа намехост. Ҳоло барои вазифа чї корҳое намекунанд, - мегӯяд ӯ ва меафзояд. – Мо барои оромию осудагї, сулҳу амонї ва ваҳдату пойдории истиқлолият мубориза бурдем.
- Унвони генералиро кадом сол гирифтед, - мепурсам аз ӯ.
-  9 сентябри соли 1999. Ба муносибати 1100- солагии давлати Сомониён бароям ду унвон – Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи сеюм баробар ба генерал – майор доданд. Баъд аз ман унвони генералиро Тоҷинисо Азизова, муовини вазири адлия, ҳамчунин Гулчеҳра Шарифова, Шаҳноза Нодирова гирифтанд. Онҳо низ дар ҳамон солҳо хеле меҳнат карданд.
Саодат Амиршоева то соли 2009 дар шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолият дошт. Аз соли 2008 то ҳол вакил, узви Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқї, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олї мебошад.
- Шумо аввалин маротиба ҳамчун вакили порлумон масъалаи манъи издивоҷи хешутабориро тавассути қонунгузорї ба миён гузоштед, ки чанд муддат дар воситаҳои ахбори омма баҳсҳои тезутундеро ба миён овард. Бигӯед, ки гузориши ин масъала аз куҷо оғоз шуд ва ба чї анҷом ёфт?
- Дар ҳақиқат он лоиҳае, ки дар бораи манъи никоҳ дар байни хешу табори наздик пешниҳод кардам, дар байни мардум дастгирї ёфт ва баҳсҳои зиёдеро низ ба миён овард. Ҳангоми сардори раёсати адлияи вилояти Хатлон буданам, дар маҳаллаи ургутиҳои шаҳри Қӯрғонтеппа истиқомат мекардам. Дар ин ҷо издивоҷи хешутаборї ба таври васеъ роиҷ буд. Дар аксари хонаҳо кӯдакони ноқису маъюб ба дунё меомаданд. Аҳволи онҳоро дида, дилам реш-реш мешуд. Ҳарчанд насиҳат мекардам, ки ба издивоҷи хешутаборї роҳ надиҳанд, вале он одатро, ки солҳои зиёд давом дорад, шикастан нашуд. Ҳангоми вохӯрї бо интихобкунандагон дар шаҳри Қӯрғонтеппа зане ба ман муроҷиат карда гуфт, ки барои манъ кардани издивоҷи хешутаборї ягон қонун пешниҳод кунед. Охир рӯз ба рӯз кӯдакони носолим дар оилаҳои мо – тоҷикон зиёд мегарданд. Соли гузашта ба Вазорати тандурустї муроҷиат кардам, то дар ин хусус маълумоте пайдо намоям. Мувофиқи маълумоти вазорат дар ҷумҳурї то оғози соли 2012 шумораи кӯдакони маъюб 30460 нафарро ташкил медод. Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои солимгардонї зиёда аз 7864 нафар кӯдак солим гардонда, аз гурӯҳи маъюбї бароварда шуданд. То 1 январи соли 2013 теъдоди кӯдакони маъюби то 18 - сола 25 429 нафарро ташкил медиҳад. Дар давоми се моҳи аввали соли гузашта 1034 кӯдаки маъюб солим гардонда, аз маъюбї бароварда шуданд.
Мувофиқи таҳлилҳои мутахассисон ба гурӯҳи бемориҳое, ки ба маъюбї оварда мерасонанд, дар ҷои аввал бемориҳои системаи асаб (29,9 %), баъдан бемориҳои рӯҳї (13,6 %), раддодї (10,5 %), чашм (10,1 %), гӯшу гулӯ ва бинї (9,0 %), нуқсонҳои модарзодї (5,7 %), бемориҳои ҷарроҳї (4,7 %) ва дигар бемориҳо меистанд.
Сабаби асосии маъюбии кӯдакон дар 30-35 % ҳолати никоҳи хешутаборї мебошад. Хусусан, ин нишондод дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд: Зафаробод - 64,2%, Айнї - 44,6%, Ғончї - 41%, Кӯҳистони Мастчоҳ - 44,2 %, Исфара - 32 %, ноҳияҳои вилояти Хатлон: Ҷалолуддини Румї - 50 %, Қубодиён - 33,4 %, Абдураҳмони Ҷомї – 23 %, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурї: Файзобод – 33 % ва Ҳисор – 22 %-ро ташкил намуданд.
Аз рӯи маълумоти шуъбаи машваратии тиббию генетикии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерї - гинекологї ва перинатологии Тоҷикистон аз соли 2005 то соли 2011 аз шумораи умумии бемориҳои дарёфтшуда, аз оилаҳои бори аввал муроҷиаткунанда маълум гардид, ки фоизи бемориҳои ирсии вобаста ба никоҳи хешутаборї баланд гардидааст. Бемориҳои ирсї ва модарзодї теъдоди зиёди беморї ва фавти кӯдаконро ташкил медиҳанд. Бояд зикр кард, ки издивоҷи хешутаборї дар дигар давлатҳо, аз ҷумла Эрону Ӯзбекистону Русия хеле кам ба чашм мерасад. Бинобар ин, пешниҳод кардам, ки издивоҷи хешовандон, бахусус издивоҷи хешатубори хунї сурат нагирад.
Ҳоло ин лоиҳаи қонун пешниҳод шудааст. Аз тариқи шабакаҳои телевизиони ҷумҳурї низ ин масъала бардошта шуд ва мутахассисони соҳа андешаҳои худро баён намуданд. Ба андешаи ман, аллакай 80 дарсади мардум ин масъаларо дарк кардаанд. Ҳоло аксари ҷавонон аз издивоҷи хешутаборї худдорї мекунанд. Ҳарчанд ин лоиҳа то ҳол қабул нашуда бошад ҳам, хушбахтона, иддаои масъалаи мазкур ба аҳолї таъсири худро расонд ва он мавриди амал аст.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2014    №: 51    Мутолиа карданд: 787

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед