logo

туризм

РОМИТ

Дараи хушманзараи Ромит, воқеъ дар болооби рӯди Кофарниҳон, яке аз мазеъҳои нотакрори сайёҳист. Дар замони шӯравӣ дар ин ҷо заводу гармхона, ҳавзҳои моҳипарварӣ ва мамнуъгоҳи табиӣ, лагерҳои пионерӣ, мурғхона, боғҳои таҷрибавӣ, истироҳатгоҳу бӯстонсаройҳо мавҷуд буд. Солҳои 90-ум маркази муҳими сайёҳӣ бар асари ҳодисаҳои маълум тахриб гашт. Аз соли 2002,  маҳз бо пешниҳоду дастгирии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корҳои барқарорсозию ободонии дараи Ромит оғоз ёфт.
Фабрикаи мурғпарварӣ, ҳавзҳои моҳипарварии деҳаи Ёс, гармхонаҳо, коргоҳҳо, боғҳои таълимӣ, истироҳатгоҳҳо барқарор шуданд. Дараи Ромит аз соли 2005 минтақаи сайёҳӣ эълон шудааст. Ва ҳоло дар фаслҳои баҳору тобистон ҳазорон нафар аз дохилу хориҷи ҷумҳурӣ ба дараи Ромит меоянд.
Манзараҳои деҳоти ду тарафи рӯди Кофарниҳон дар ин фаслҳо бинандаро мафтун месозанд. Дарёи Кофарниҳон бо 382 км. дарозӣ аз қаторкӯҳҳои Ҳисору Қаротегин сарчашма мегирад, шохоби рости дарёи Омӯ буда, билохира ба он мерезад. Обаш  дар фаслҳои баҳору тобистон зиёд мешавад.
Дар дарёи Кофарниҳон 26 намуди моҳӣ мавҷуд аст. Беҳтарини онҳо гулмоҳӣ буда, вазнаш то 5 кг. мерасад ва нисбат ба дигар моҳиҳои дарёҳои ҷумҳурӣ хушлаззат аст. Дарё ҳамчунин  мурғобӣ, муши обӣ, қундузи обӣ, саги обӣ ва ғайра дорад. Агар теъдоди ҳавзҳои моҳипарвариро афзоем, садҳо нафар соҳиби ҷойи кор мешаванду гӯшти шифобахши моҳӣ фаровон мегардад. Дараи  Ромит барои парвариши занбӯри асал низ мувофиқ аст. Хуб мешуд, ки собиқадорони соҳа аз ҳисоби ҷавонон асалпарваронро тарбия намуда, оилаҳои занбӯри асалро зиёд кунанд.
Ромит бо меваҳои шакаринаш шуҳрат дорад. Дар ин ҷо бунёд кардани корхонаи консервбарории замонавӣ ба мақсад мувофиқ аст. Миқдори гармхонаҳо зиёд гарданд, аҳолии деҳот соҳиби ҷойи кор шуда, нархи сабзавот дар фаслҳои зимистону баҳор коҳиш меёбад.
Дар дараи Ромит  чашмаҳои шифобахш зиёд аст.  Яке аз чашмаҳо Покрӯд мебошад, ки оби сарди он барои беморони диабети қанд давост. Оби гарми чашмаи Зайронро барои табобати бемории буғумдарду тарбод (ревматизм) истифода мебаранд.  Дар гармии он ҳатто гӯшти хом мепазад.
Агар дар ин дараи обу ҳавояш тоза осоишгоҳҳои хуштарҳ сохта, онҳоро берун аз кишвар муаррифӣ намоем, шумори  сайёҳони хориҷӣ дар ҷумҳурӣ меафзояд. Сайёҳии  тиббӣ дар дараи Ромит дурнамои бештар дорад.  Ромит мавзеи пурганҷ буда, аз тиллову дигар маъдани қиматбаҳо ғанӣ аст. Алҳол роҳи дараи Ромит ба таҷдид ниёз дорад ва аз ҳисоби афзудани  сайёҳон маблағи сарфшуда  даҳчанд ба хазина бармегардад.

Омодасоз Ҷумъа ҚУДДУС


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2014    №: 52    Мутолиа карданд: 2414

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед