logo

илм

ЭҲЁГАРИ МАРҶУ ВА «ТИЛЛОИ СУРХ»-И ТОҶИКӢ

Ҳолнома
Гулаҳмад Раҳмихудоев соли 1961 мактаби миёнаи ба номи Дзержинскийи деҳаи Тусёни Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшонро хатм карда, солҳои 1961-1963 дар курси омодасозии омӯзгорони забони русӣ таҳсилашро идома додааст. Соли 1971 факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, дар кафедраи химияи биоорганикӣ ва биохимияи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба кор меояд. Бо ҳамин ихтисос солҳои 1972-1976 аспиранти Академияи илмҳои Тоҷикстон мешавад. То соли 1980 ба ҳайси ходими илмӣ дар Институти физиология ва биофизикаи он ба тадқиқот шуғл меварзад. Соли 1976 бо роҳбарии акдемик Юсуф Носиров рисолаи номзадӣ дифоъ менамояд ва солҳои 1981-1985 чун муаллими  фанни биохимия дар Донишкадаи тибби Тоҷикистон кор мекунад. Аз соли 1985 то имрӯз аввал дотсент, баъдан – профессори Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аст. Дар ин миён дар Академияи кишоварзии ба номи К. Тимирязеви шаҳри Москва бозомӯзӣ намуда, солҳои 1992 – 1994 дар Донишгоҳи давлатии навтаъсиси шаҳри Хоруғ ба тадриси илмҳои табиӣ машғул будааст.
Зиёда аз 130 мақола ва рисолаҳои илмӣ таълиф намудааст, ки қисми зиёди онҳо ба таҳқиқи яке аз шохаҳои навтарини илми табиатшиносӣ – биотехнология ва истифодаи он дар кишоварзӣ бахшида шудаанд.

Навовариҳо
Доктор Гулаҳмад Раҳмихудоев дар ҳамдастӣ бо олимони барҷастаи соҳаи табиатшиносӣ Ю. Носиров ва К. Алиев корҳои зиёди илмӣ-тадқиқотӣ анҷом дода, барои донишҷӯён ва пажӯҳишгарон дастурномаҳои таълимии зиёде таълиф намудааст. Вале муҳимтарин корҳои тадқиқотии ӯ «Технологияи парвариши зироати марҷумак (гречиха) дар Тоҷикистон» ва «Парвариши заъфарон дар Тоҷикистон» мебошанд, ки бо онҳо ӯ ба сафи олимони навовар дохил шудааст.

Натиҷаҳои навоварӣ
Марҷу ё марҷумак, ки бо номи русиаш – гречиха дар байни мардум маъмул аст, то бист соли пеш дар Тоҷикистон кишт намешуд. Сабабаш он буд, ки зироати мазкур дар ҳудуди Осиёи Марказӣ вуҷуд надошт ва деҳқонон фикр мекарданд, ки он дар шароити кишварҳои Осиё ҳосил намедиҳад. Доктор Гулаҳмад Раҳмихудоев ба тадқиқи ин рустанӣ машғул шуда, дар муддати кӯтоҳ исбот кард, ки марҷу на танҳо ҳосили хуб медиҳад, балки барои таъмини амнияти озуқавории кишвар чун хӯроки серғизо ва осонкишт мусоидат мекунад.
Заъфарон низ рустаниест нодиру шифобахш. Дар ҷаҳон ду навъ тиллои маҷозӣ маъруф аст: «тиллои сафед» - пахта   ва «тиллои сиёҳ» - нафт. Пас аз омӯхтани хосияти заъфарон ва таҷриба кардани он дар тиббу истеҳсолот доктор Раҳмихудоев ба хулосае омад, ки ин гиёҳ барои барқарор намудани саломатии инсон хеле василаи муҳим аст. Он ба дараҷае арзиш дорад, ки чун «шоҳи доруҳо»-яш эътироф намудаанд ва «тиллои сурх» ном ниҳоданд. Дар Тоҷикистон то соли 2007, яъне то кишт шуданаш дар замини таҷрибаваии Донишгоҳи давлатии кишоварзӣ аз ҷониби Гулаҳмад Раҳмихудоев ва ҳамкорони ӯ, кишти ин зироат маъмул набуд. Дар бозори ҷаҳонӣ заъфарон қимати ниҳоят баланд дошта, хосиятҳои аҷиби техникӣ ва табобатӣ дорад.

Супориши деҳқони норозӣ
Падараш Раҳмихудо деҳқони одии хокпоше буд дар деҳаи Тусёни ноҳияи Роштқалъа. Дар киштзорони доманаи пуштакӯҳҳо ғалла мекорид ва дарахтони мевадор мешинонду оилаи калонашро таъмин мекард. Фарзандонаш низ ҳамагӣ ба деҳқониву молдорӣ рағбат доштанд. Аммо амаки Раҳмихудо онҳоро ҳидоят мекард, ки хонанду соҳиби ихтисос гарданд. Писари калониаш ронанда шуд. Вале падар аз писари хурдиаш – Гулаҳмад умеди дигар дошт: мехост ӯ олим шавад, олими соҳаи кишоварзӣ. Он солҳо бо фармони котиби аввали ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ Никита Хрушёв дар тамоми заминҳои Бадахшон, аз ҷумла деҳаи Тусён низ ҷуворимакка кишт карданд. Мардум ба гандуму зироатҳои лубиёӣ эҳтиёҷ доштанд, зеро пас аз ҷанг бо фашизм нон намерасиду гушнагӣ ҳамаро азоб медод. Ҷуворӣ ҷойи гандумро гирифта наметавонист, аммо ба Раҳмихудои деҳқон иҷоза намедоданд, ки ғалла бикорад. Аз ин сабаб аз сиёсати беадолатонаи Хрушёв норозӣ буд. Борҳо ба идораи колхоз рафта, бо раису агроном ҷанҷол кард, вале касе ба додаш намерасид. «Ин чӣ аҳвол аст, ки ман гандум дошта бошаму онро кишт карда натавонам ва бачаҳоям гушна гарданд?» - мегуфт ӯ. Бинобар ин, ягона умедаш ба Раҳмихудои хушсавод буд, ки нағз хонаду олим шавад ва ба калоншавандаҳои колхоз исбот кунад, ки дар деҳаашон кишт кардани ҷуворимакка кори бефоида асту ба ҷойи он гандуму боқило коридан лозим аст.
- Падарсӯхтаҳо «хӯроки чорво» гуфта, одамро фаромӯш кардаанд.- дарди дил мекард падар ба Раҳмихудои ҷавон, ки дар синфи даҳум мехонд.- Туро акнун ба Душанбе мефиристам. Хону деҳқони маълумотдор шав. Гандумро ҳам хону арзанро ҳам, тавонӣ, зардолую себро ҳам хон. Ману бародаронат тамоми шароитро бароят муҳайё мекунем.
Бародарон бо суханҳои баланд касби деҳқониро ситоиш намуда, барои таҳқир намудани деҳқон аз ӯ узр мехоҳанд.
Ҳамин тавр, Гулаҳмад Раҳ-михудоев ба мақсади «деҳқони таҳсилдида» шудан ба факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд ва бо тамоми вуҷудаш мустағрақи уқёнуси бекаронаи илм гардид.

Бист соли такопӯ барои марҷу
Профессор Раҳмихудоев соли 1993 ҳангоми кор дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба кишти марҷу шурӯъ кард. Дар таркиби дони он қанд, равғанҳои гуногун, сафедаҳо, крахмал, витаминҳо, кислотаҳои органикии лимон, себ, рабо, ҳамчунин намакҳои минералӣ мавҷуданд, ки барои барқарор намудани қобилияти кори инсон аҳамияти калон доранд. Аз орди марҷу шоколад, чалпакҳои гуногун ва кулчаҳои қандин тайёр мекунанд. Марҷу барои истеҳсоли асал низ василаи беҳтарин мебошад. Аз як гектари кишти он 80 - 100 кг асал гирифтан мумкин аст. Пас аз тоза карданаш, партови марҷуро чун хӯроки пурқимати парандагон, бахусус чӯҷа, мурғ, мурғобӣ ва мурғи марҷон метавон истифода кард. Ба сабаби аз витамини Р (рутин) саршор буданаш, он рагҳои хунгузарро тақвият дода, касалиҳои қанд, диққи нафас ва бемориҳоеро, ки бар асари нурҳои ренгенӣ ва дигар нурҳо ба вуҷуд меоянд, даво мебахшад.
Дар шароити иқлими Тоҷикистон марҷу дар як мавсим ду бор ҳосил медиҳад. Агар онро пас аз ҷамъоварии ҳосили гандуми тирамоҳӣ коранд, боз ҳам беҳтар аст. Барои ба кишт омода кардан, тухмии онро аввал дар об меандозанд. Донҳои пучро, ки рӯйи об мебароянд, як тараф кашида, донҳои пурмағзро дар даруни об мемонанд. Дар киштбоб намудани тухмӣ ба муддати 2 шабонарӯз офтоб додани он аҳамияти калон дорад, зеро ин амал нешзании майсаро якчанд маротиба метезонад. Марҷу зироати намталаб аст, бинобар ин, пеш аз кишти он сатҳи заминро пурра ҳамвор кардан лозим аст. Чуқурии шудгори замин бояд 27-30 см бошад. Агар намии замин 40 дарсад бошад, кишт комилан бомуваффақият анҷом меёбад. Киштбоб шудани заминро чунин муайян мекунанд: Як мушт хокро фишурда, аз баландии як метр ба замин мепартоянд. Агар хок пош нахӯрад, пас нами замин зиёд буда, вақти шудгораш ҳоло нарасидааст; агар хок ба замин расида пош хӯрад, замин ба кишт омодааст. Барои ба даст овардани ҳосили фаровони марҷу ин панҷ усулро ҳатман бояд ба кор бурд: мола кашидани шудгор, коркарди байниқатории киштзор, хишова, озуқадиҳии хок ва озуқадиҳии иловагӣ, гардолудкунӣ тавассути занбӯри асал (дар ҳар гектар шинондани 2-3 қуттӣ) ва гардолудкунии сунъӣ. Агар занбӯри асал набошад, гардолудкунии сунъиро ба ин тариқ ташкил мекунанд: канаберо, ки ба он латта баста шудааст, дар сатҳи ниҳол маҳкам мекунанд ва пагоҳии барвақт онро ҷунбонда, гардашро меафшонанд.
Вақте 2-3 қисми хӯшаҳои марҷу ранги хокистарӣ мегиранд, онро дарав кардан лозим аст. Набояд интизор шуд, ки хӯшаҳои дигар пухта расанд. Чанд муддат хӯшаҳоро намебанданд, вақте ки хушк шуд, ҳарчи зудтар дарза мебанданд ва дар хирмангоҳ кӯфта, тоза карда, мехушконанд. Барои беосеб мондани ҳосил, марҷу дар анбор бояд бо оксиген таъмин бошад. Агар ба он ба миқдори ночизе гармӣ расад, барои хӯрдан нобоб мегардад.
Барои тоза кардани дони марҷу аз пӯчоқ механизми махсуси муосир ихтироъ карда шудааст, ки он кори деҳкононро бағоят сабук мекунад.

«Тиллои сурх»
- Омӯхта нашудани хосияти заъфарон ва дурнамои истифодаи онро дар истеҳсолоти кишвар ба назар гирифта, дар наздамон вазифа гузоштем, ки парвариши ин зироат дар Тоҷикистон ба роҳ монда шавад, - мегӯяд профессор Гулаҳмад Раҳмихудоев.- Ба ин мақсад аз соли 2007 то кунун дар майдончаи таҷрибавии Донишгоҳи кишоварзӣ ба таҷрибаҳои илмӣ машғулем. Номи заъфаронро ҳама шунидаанд, зеро дар замонҳои қадим он дар қаламрави Қубодиёни кишвари мо кишт мешудааст. Сабаби аз байн рафтани он маълум нест. Ватани он нимҷазираҳои Балкан буда, ҳоло дар ҷануби Фаронса, Италия, Туркия, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Хитой, Озарбойҷон ва Доғистон корида мешавад ва даромади ҳангуфт медиҳад. Чун олими набототшинос маро таваҷҷуҳи масъалаи ташкили кишти ин гиёҳ зиёд ба худ кашид ва ҳамроҳи шогирдам Савриноз Давлатмамадова қарор додем, ки ба эҳёи он дар Тоҷикистон камар бандем. Таҷрибаҳои мо нишон доданд, ки дар сурати нигоҳубини дуруст заъфарон дар ноҳияҳои гуногуни кишварамон хуб нашъунамо мекунад.
Заъфарон ба хотири гардгири сурхаш кишт карда мешавад, ки арзиши гарон дошта, моли серхаридор аст. Гардгир накҳати форам дошта, барои рангубори матоъҳои катонӣ, пахтагин, пашмин истифода мегардад. Дар тибби халқӣ заъфаронро ба сифати таскинбахши дарди пешоб, бар зидди табларза, бемории дилу раг, сулфа, сулфаи кабутак, дарди меъда ва ҷигар ба кор мебаранд. Аз он дар ранг додани крем, яхмоси қаймоқӣ ва мармелад низ кор мегиранд ва дар баъзе мамлакатҳо ба заъфарон қаймоқ омехта, аз он моддаҳои хушбӯй ва нӯшоба месозанд. Ҳатто ба чой ва қаҳва низ илова мекунанд.
Заъфарон тобистон «ором» буда, тирамоҳ он дар муддати қариб як моҳ (октябр) гулу барг мебарорад. Он рӯшноидӯст буда, дар ҷойи шамолнорас, дар минтақаҳое, ки ҳарорати миёнаашон +12 дараҷа мешавад, хуб месабзад. Ба хушкӣ тобовар буда, агар дар ҳавои намнок бисёр истад, мепӯсад. Заъфарон рустании обталаб нест, онро дар як мавсим ду бор об диҳанд, кифоя аст. Дар зимистон то ҳарорати – 18 дараҷа тоб меорад. Рустании аз тухм баромадааш баъди 2-3 сол гул мекунад. Дар давраи нашъунамои заъфарон бояд коркарди байниқаторӣ ду маротиба гузаронда шавад. Бар замми ғизои иловагӣ, киштзорро ду-се бор хишова бояд кард. Бардоштани ҳосили ин гул кори заҳматталаб ва нозук вст. Гулҳои онро ҳар рӯз саҳари барвақт, вақте пурра шукуфтаанд, мечинанд ва гардгири сурху норанҷиашонро ҷудо карда, дар соя мехушконанд. Барои ҷамъ кардани 1 кг заъфарон 100 - 150 ҳазор гулро кишт кардан лозим меояд. Аммо чунон ки зикр кардем, аз ин меҳнат музди хубе ба даст овардан мумкин аст. Барои ҳамин ҳам месазад, ки кишти «тиллои сурх» дар саросари Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.

Деҳқон – доктори дукарата
Гулаҳмад Раҳмихудоев аслан ду рисолаи пураҳамияти докторӣ таълиф намудааст. Яке дар соҳаи биохимия ва дувум дар соҳаи кишоварзӣ. Ормону орзуи падари деҳқонашро як бар сад бароварда кардааст. Дуруст аст, ки ҳанӯз ҳангоми таҳсилаш дар аспирантура «сиёсати ҷуворимаккакории хрушёвӣ» зери интиқоди шадид қарор гирифт ва ба таври сартосарӣ коштани ин зироатро манъ намуданд. Аммо андешаи одии падари бузургвораш – ҳар зироатро дар мавқеву маҳали худ коштан дастури якумрии ӯ гардид. Ҳоло ӯ ва ҳаммаслаконаш дар такя ба таҷрибаҳои илмӣ тавсия медиҳанд, ки марҷу ва заъфаронро дар бисёр маҳалҳои Тоҷикистон кишта, ҳосилу даромади фаровон ба даст овардан мумкин аст, вале ба ҷуз аз қитъаҳои таҷрибавиашон ин зироатҳо фаротар по намениҳанд. Сарфи назар аз ин, профессор Раҳмихудоев аз навовариҳои татбиқнамудааш дилсард намегардад. Мерасад рӯзе, ки тухмиҳои офаридааш заминҳои васеъро фаро мегиранд ва рӯзгори ҳамватанонашро ободтар месозанд.

Атохоҷа МИРЗОҶАЛОЛОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2014    №: 53    Мутолиа карданд: 1690

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед