logo

ҳуқуқ

ШИКАСТИ ТАҲДИДУ ТАЪҚИБ

ё иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятиро давлат ҳифз хоҳад кард

- Мақсади асосие, ки мо - иштирокдорони конфронс дар назди худ гузоштаем, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои қудратӣ, вазорату идораҳо, муассисаҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар самти ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ мебошад. Раванди чунин ҳамкории мутақобила барои пешгирии хавфу хатар нисбат ба шахсоне, ки дар таъмини адолати судӣ ва иҷтимоӣ фаъолона иштирок менамоянд, мусоидат хоҳад кард.

Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин матлабро дар Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ - амалии «Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ чун яке аз ҷанбаҳои муҳими ҳимояи ҳуқуқи инсон», ки бо ибтикори ин мақомот дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, ироа дошт. Дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, молия, маориф ва илм, мудофиа, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти гумрук, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Гвардияи миллӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ректорони донишгоҳҳо, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ, роҳбарони тавқифгоҳҳои тафтишотӣ, муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, олимони ҳуқуқшинос, адвокатҳо иштирок ва масоили вобаста ба ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Вазири корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба масъалаи самаранок ба роҳ мондани сиёсати давлат дар самти ҳимояи иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ҷалб намуд ва иброз дошт, ки бо ташаббуси вазорат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» 29 декабри соли 2010 ба тасвиб расид. Мутахассисони соҳа лоиҳаи 5 қарори Ҳукумат ва «Барномаи давлатии таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ барои солҳои 2013 – 2016» - ро таҳия ва мавриди амал қарор доданд. Бо иқдоми ин ниҳод лоиҳаи Дастурамал «Дар бораи тартиби ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳо ҳангоми амалӣ намудани чораҳои амниятӣ нисбат ба шахсони ҳимояшаванда» омода гардида, барои омӯзиш ба мақомоти дахлдори давлатӣ ирсол шудааст.

Худоёрзода Бахтиёр, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз баргузории чунин як конфронси сатҳи баланд истиқбол намуда, гуфт, ки масъалаи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ҳам миллӣ бармеояд, ки дар муқобили кӯшишҳои фаъоли давлат дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд унсурҳои ҷиноятпеша низ ба хотири дур мондан аз таъқибҳои ҷиноятӣ, дар маҷмӯъ монеъ шудан ба адолати судӣ аз шеваҳои гуногуни ғайриқонунӣ истифода мебаранд. Дар баъзе ҳолатҳо агар усулҳои багапдарорӣ ва ё порадиҳӣ истифода шаванд, дар дигар мавридҳо нисбат ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ аз воситаҳои таҳдиду зӯроварӣ ва ҳатто таъсиррасонии рӯҳию ҷисмонӣ кор мегиранд. Аз ин лиҳоз, зарурат ба миён омад, ки иштирокдорони мурофиаи судии ҷиноятӣ, дар сатҳи давлатӣ, зери ҳимоят қарор гиранд. Ба онҳо, ки бо тавакалли ҳаёт ва саломатии худ ба барқарор намудани адолати судӣ мусоидат менамоянд, бояд тавассути тарзу усулҳои муосир ёрии дахлдор расонда шавад.
Муҳимияти масъалаи мазкурро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии ҳимояи давлатии шахсоне, ки дар мурофиаи судии ҷиноятӣ иштирок ва ба адолати судӣ мусоидат мекунанд, тадбирҳои муассир андешида истодааст. Аз ҷумла, бо мақсади танзими ҳуқуқии ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, таъмини чораҳои амниятӣ ва дастгирии иҷтимоии онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» қабул гардид.
Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент зикр сохт, ки барои коркарди механизми самарабахши татбиқи қонуни мазкур Ҳукумат бо қарори худ «Барномаи давлатии таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ барои солҳои 2013 – 2016» - ро тасдиқ намуд. Бо фароҳам овардани заминаҳои қонунгузории ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ салоҳият, вазифа ва уҳдадории мақомоти ваколатдори давлатӣ дар татбиқи ин самти сиёсати давлат ба таври мушаххас муайян гардид.

Ба назари Салимзода Шерхони Одина, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарти муҳими таъмини адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳимояи иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, бахусус ҷабрдидагон ва шоҳидон аз таҳдиду фишор, зӯроварӣ ва дигар оқибатҳои ногувор вобаста ба иштирокашон дар мурофиаҳои судӣ мебошад. Дар бисёр ҳолатҳо шахсони аз ҷиноят ҷабрдида, аз тарси мавриди таъқиб қарор гирифтан ё ба андешаи он ки шоҳидони ҷиноят аз додани нишондод даст мекашанд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намекунанд.
Дар Тоҷикистон оид ба теъдоди ҳолатҳои аз муроҷиат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ худдорӣ кардани ҷабрдидагон ва ё тағйир додани нишондодҳо аз ҷониби шоҳидон то ҳанӯз таҳқиқоти ҷиддӣ анҷом нагирифта бошад ҳам, таҷрибаи амалии дар ин самт андӯхтаи кормандони мақомоти прокуратура ва кишварҳои ҳамсоя мураккабии ин вазъиятро собит менамояд. Чунончи, тибқи як тадқиқоти сотсиологӣ, ки дар Федератсияи Русия анҷом дода шудааст, 60 фоизи шахсони аз ҷиноят ҷабрдида ба мақомоти дахлдор муроҷиат накардаанд. 90 дарсади шоҳидон изҳор доштаанд, ки дар ҳолати пайдо шудани хатар ба ҳаёт ва саломатиашон аз додани нишондод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даст мекашанд ва ё онро тағйир хоҳанд дод. Ин ҳолатҳо, бешубҳа, таъмини адолати судиро хеле душвор мегардонанд.
 Мувофиқи маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ соли гузашта дар мамлакат 18336 ҷиноят сабт шудааст, ки нисбат ба 4 соли пеш қариб 6 ҳазор зиёд мебошад. Ба андешаи Салимзода Шерхони Одина, барои сабти ҳар як ҷинояти содиршуда бояд тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Зеро таъмини ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, бахусус ҷабрдидагон ва шоҳидон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти давлатӣ маҳсуб меёбад.

Абдуфаттоҳи Ғоиб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки тибқи талаботи моддаи 3 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» татбиқи чораҳои амниятӣ ба уҳдаи агентӣ низ ҳамчун мақоми таъминкунандаи ҳимояи давлатӣ гузошта шудааст. Қонуни мазкур воҳидҳои тафтишотию оперативии мақомотро ҷиҳати татбиқи амалии меъёрҳои он ва таъмини ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ дар раванди гузарондани чораҳои оперативӣ - тафтишотии парвандаҳои ҷиноятии коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд вазифадор намудааст, ки дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун ҳимояи давлатиро таъмин намоянд.
Воҳидҳои тафтишотӣ - оперативии агентӣ дар якчанд ҳолат доир ба парвандаҳои ҷиноятии алоҳида, ки ба категорияҳои ҷиноятҳои вазнин мансубанд, дар асоси аризаи иштирокчиёни мурофиа ва ба хотири анҷом додани чораҳои оперативӣ, яъне санҷиши аризаҳои иштирокчиёни мурофиа, тибқи талаботи моддаи 16- и қонуни мазкур, қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Мувофиқи ин санадҳо баҳри ҳимояи иштирокчиёни мурофиа ба онҳо дар агентӣ аз ҳисоби кормандони воҳидҳои оперативӣ муҳофиз ҷудо карда шудааст.
Зикр гардид, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самтҳои пешгирии мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии характери коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд, ҷинояткории муташаккилона, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои пулию молӣ ва маводи мухаддир, расмикунонии молу мулки бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ки дар ҷараёни онҳо ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ басо муҳим мебошад, Созишнома дар бораи ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши муҳим мебозад.

- Шоҳидон ва дигар иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ танҳо ҳамон вақт бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ошкор намудани ҷиноятҳо ёрӣ мерасонанд, ки агар аз ҷониби давлат ҳаматарафа ҳимоят шаванд, - тазаккур дод Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» ба ин раванд такони ҷиддӣ бахшид. Он акнун асосҳои ҳуқуқии ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, низоми чораҳои ҳимояи давлатии онҳо, аз ҷумла чораҳои амниятие, ки ба ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва молу мулкашон равона гардидаанд, ба танзим медарорад. Мувофиқи талаботи қонун ҳимояи давлатӣ дар асоси принсипи қонуният, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, масъулияти мақомоти таъминкунандаи ҳимояи давлатӣ ва шахсони ҳимояшавада ба амал бароварда мешавад.
Зариф Ализода аҳамияти ҳуқуқии дастурҳои таълимии таҳиянамудаи вазири корҳои дохилии мамлакатро махсус таъкид намуда, зикр сохт, ки онҳо на танҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониши тахассусии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки шахсони ҳимоятшаванда низ хеле муҳим мебошанд. Ба бовари ӯ, агар тавассути баргузории чунин семинару конфронсҳо дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба мардум мазмуну муҳтаво ва талаботи қонунҳои амалкунанда фаҳмонда шавад, иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ бо дили пур бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ робитаи мустақим барқарор мекунанд.

Бино ба иттилои Умедхоҷаи Зоир, раиси ноҳияи Ҷиргатол, мувофиқи банди 10- и «Барномаи давлатии таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ барои солҳои 2013 – 2016» мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар қатори дигар вазорату идораҳои дахлдор дар чорабиниҳои вобаста ба таъмини ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, яъне кӯчондани шахсони ҳимоятшаванда ба маҳалли дигари истиқоматии муваққатӣ, ҳимояи шахсӣ, манзил ва молу мулк, татбиқи дигар чораҳои дастгирии иҷтимоӣ ҷалб карда мешаванд. Бо мақсади татбиқи ин барнома қарори ҳамсони раиси ноҳия таҳти рақами 307, аз 6 декабри соли 2012 қабул гардида, иҷрои он таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Мавсуф зикр намуд, ки то ба имрӯз аз ҷониби мақомот ё шахсони мансабдори таъминкунандаи ҳимояи давлатӣ нисбат ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ қарор ё таъинот ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ирсол нашудааст.

Абдуманон Холиқов, муовини аввали вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба нақши мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар таъмини ҳимояи давлатии айбдоршавандагон ва маҳкумшудагон маърӯза намуда, аз ҷумла гуфт, ки аз тарафи хизматчиёни ҳарбии бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия аз лаҳзаи эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ » ягон муроҷиат ҷиҳати андешидани чораҳои амниятӣ ворид нагардидааст. Вале, айбдоршудагон ва судшавандагоне, ки дар 6 тавқифгоҳи тафтишотии тобеи вазорат нигоҳ дошта мешаванд, дар давоми се сол беш аз 60 муроҷиат оид ба таъмини бехатарии худ ба маъмурияти ин тавқифгоҳҳо фиристодаанд. Масалан, дар соли 2013 ба маъмурияти тавқифгоҳи тафтишотии рақами 1- и шаҳри Душанбе 26 нафар оид ба таъмини чораҳои амниятӣ муроҷиат намуд, ки тибқи талаботи қонунгузорӣ барои таъмини бехатариашон ба дигар бино ва камераҳо гузаронда шудаанд.
Дар 13 муассисаи ислоҳии тобеи вазорат дар давоми се соли охир беш аз 500 муроҷиат оид ба таъмини бехатарӣ ба маъмурияти муассисаҳои ислоҳӣ ворид гардидааст, ки қариб ҳамаи онҳо тибқи талаботи моддаи 20- и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардонда шуданд.Таҳлили аксари муроҷиатҳо нишон дод, ки сабаби асосӣ муносибатҳои шахсии байни маҳкумшудагон мебошад. Мавсуф аз он изҳори нигаронӣ кард, ки пас аз қабули қонуни мазкур ҳисоботи омории алоҳида вобаста ба масъалаи дахл доштани таъмини бехатарӣ бо мурофиаи судии ҷиноятӣ анҷом дода нашудааст.
Бино ба гуфтаи ӯ, мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» бояд 7 санади зерқонунӣ қабул мешуд. Аз ин 5 санад таҳия ва мавриди амал қарор гирифта, 2 санади дигар то ҳол қабул нагардидааст. Ин дар ҳолест, ки мутобиқи қисми 1, моддаи 7- и қонун муҳофизони шахсӣ, муҳофизати манзил ва молу мулки шахси ҳимоятшаванда аз ҷониби мақомоте, ки чораҳои амниятиро татбиқ менамоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд таъмин гардад. Ҳамзамон, тибқи қисми 2, моддаи 10 дар ҳолатҳои истисноӣ мумкин аст ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахси ҳимоятшаванда бо тағйир додани ном, номи падар ва насаби ӯ ва дигар маълумот дар борааш, инчунин симои зоҳирии шахси ҳимоятшаванда аз ҷониби мақомоте, ки чораҳои амниятиро татбиқ менамоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати мамлакат иваз карда шаванд. Вале, мутаассифона, то ба имрӯз ин кор иҷро нашудааст. Ба андешаи муовини аввали вазири адлия, таҳия ва қабул нагардидани санадҳои зикргардида барои пурра татбиқ шудани меъёрҳои қонуни мазкур монеа эҷод карда, механизми дар амал пиёдасозии чораҳои онро мушкил мегардонад.
 Дар ҳамоиш инчунин перомуни масоили вобаста ба стратегияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимояи иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, ҳимояи шахсон дар мурофиаи судии ҷиноятӣ: татбиқи таҷрибаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, моделҳои институти ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ дар баъзе мамлакатҳои хориҷӣ, асос ва тартиби махфӣ нигоҳ доштани маълумот нисбат ба шахсони ҳимоятшаванда мубодилаи афкор сурат гирифт.

Сафиало Девонаев, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ, пешниҳод кард, ки дар сохтори ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсат ё шуъбаи махсус барои ҳимояи шоҳидон, ҷабрдидаҳо ва дигар иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ таъсис дода шавад.
Ба назари иштирокдорони ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ, дарёфти шеваҳои муассири таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ барои пешгирии амалҳои таҷовузкоронаи онҳое, ки кӯшиши дахолат кардан ба ҷараёни тафтиши ҷиноят ва номуътадил гардондани адолати судиро доранд, мусоидат менамояд. Гузашта аз ин, ҳамоиши мазкур баҳри такмили қонунгузории мамлакат, такмили амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ аз ҷониби мақомоти судию тафтишотӣ ва оперативӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои ваколатдори ҳимояи иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ нақши калидӣ хоҳад бозид.

 Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2014    №: 53    Мутолиа карданд: 802

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед