logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №3, мод. 55; с. 1997, №9, мод. 117, фасли ХХIII; с. 1998, №10, мод. 119,    фасли ХII; с. 2001, №7, мод. 475; с. 2003, №8, мод. 452; с. 2009, №3,        мод. 93; №12, мод. 817; с. 2011, №12, мод. 834; с. 2012, №7, мод. 713) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба Қонун муқаддима бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муносибатҳои онҳоро бо мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо, ки аз будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, инчунин ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.».
2. Ба моддаи 1 қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Шахсоне, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мансубияти онҳоро ба шаҳрвандии давлати дигар надоранд, шахсони бешаҳрванд эътироф карда мешаванд.»; 
- қисми дуюм мутобиқан қисми сеюм ҳисобида шавад.
3. Дар қисми чоруми моддаи 3 калимаи «ҷумҳурӣ» ба калимаи «давлат» иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 10:
- дар қисмҳои якум ва дуюм калимаи «ёрдампулиҳо» ба калимаи «кӯмакпулиҳо» иваз карда шавад;
- ба қисми сеюм пас аз калимаҳои «тартибе, ки» калимаи «қонунгузории» илова карда шавад.
5. Дар моддаи 17:
- дар номи модда калимаҳои «занушӯӣ ва оила» ба калимаҳои «оилавӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои «занушӯӣ ва» хориҷ карда шуда, калимаҳои «ба зимма вазифаҳо доранд» ба калимаҳои «дорои ӯҳдадориҳо мебошанд» иваз карда шаванд. 
6. Дар моддаи 24:
- дар банди 3) қисми сеюм калимаҳои «қонунгузории оиди мавқеи  ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «талаботи Қонуни мазкур»  иваз карда шаванд;
- қисми чорум бо мазмуни зайл  илова карда шавад:
«Ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи маъмурӣ ронда шудаанд, ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати панҷ сол аз рӯзи қабули қарор дар бораи ронда шудан, манъ аст.». 
7. Дар моддаи 25:
- дар қисми сеюм:
- дар банди 1) калимаҳои «хатми кор аз рӯи» ба калимаҳои «анҷоми пешбурди» иваз карда шаванд;
- дар банди 4) калимаи «Қонуни» ба калимаи «қонунгузории» иваз карда шавад; 
- ба қисми чорум пас аз калимаи «мавқуф» калимаи «гузошта» илова карда шавад.
8. Дар матни моддаи 26 калимаи «визаи» ба калимаи «раводиди» иваз карда шавад.
9. Моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои амалҳои зиддиҳуқуқӣ
Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои зиддиҳуқуқӣ содир кардаанд, тибқи асосҳои умумӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.». 
10. Дар қисми якуми моддаи 30 калимаҳои «қонуни оид ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «талаботи Қонуни мазкур»  иваз карда шаванд.
11. Банди 3) қисми якуми  моддаи 31 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3) агар вай талаботи Қонуни мазкур, қонунгузории гумрук, асъор ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накарда бошад.».
12. Дар матни моддаҳои 32 ва 33 калимаҳои «Нуқтаҳои ин Қонун» ва «Нуқтаи ин Қонун» ба калимаҳои «Муқаррароти Қонуни мазкур» иваз карда шаванд.
13. Ба Қонун моддаи 35 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 марти соли 2014, № 1071

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор   мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2013, № 1397

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 27 феврали соли 2014, № 657


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2014    №: 54    Мутолиа карданд: 947
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед