logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул гардидааст  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №9, мод. 68;   мод. 69; №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149;    мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675; мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456; мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346; №7, мод. 452; мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126; №7, мод. 399;  №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3; №6, мод. 444; мод. 447; №10, мод. 803; №12, қ. 1, мод. 986, №12, қ. 2,    мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80; №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155; №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161; №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258; №7, мод. 694; с. 2013, №6, мод. 403; мод. 404; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2013, №1028), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба Кодекс моддаи 1302 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 1302. Истифодаи меҳнати ғуломона
1) Истифодаи меҳнати инсон, ки нисбат ба он ваколатҳои ба ҳуқуқи моликият хосбуда амалӣ мешаванд, дар ҳолате, ки агар шахс бо сабабҳои аз вай вобастанабуда иҷрои корро (хизматрасониро) рад карда наметавонад, -
бо маҳрум сохтан  аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ  сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, ки:
а) нисбати ду ё зиёда шахсон;
б) нисбати маъюбон;
в) нисбати зане, ки ҳомила будани ӯ барои гунаҳгор аён аст ё нисбати шахси баръало ноболиғ;
г) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
д) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш;
е) бо роҳи истифодаи иръоб (шантаж), зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;
ж) бо кашида гирифтан, пинҳон намудан ё нобуд кардани ҳуҷҷатҳои  тасдиқкунандаи  шахсияти  ҷабрдида   содир  шудааст, -
бо маҳрум  сохтан  аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт  сол  ҷазо дода мешавад. 
3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида, агар онҳо:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошанд;
б) аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошанд,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол  ҷазо дода мешаванд.».
2. Моддаи 241 дар таҳрири  зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 241. Ғайриқонунӣ тайёр кардан ва муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ
1) Ғайриқонунӣ тайёр кардан ва (ё) гузаронидан тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё реклама кардан ва ё паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё  рекламаи мавод ё предметҳои порнографӣ,-
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешаванд. 
2) Паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё рекламаи мавод ё предметҳои порнографӣ дар байни ноболиғон ва ё ҷалб намудани ноболиғ ба муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ, ки аз ҷониби шахси ба синни ҳаждаҳ расида содир шудаанд, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян  ба мӯҳлати то панҷ  сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд. 
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки:
а) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил;
б) бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ (инчунин шабакаи Интернет);
в) бо ба даст овардани даромад ба миқдори калон содир шудаанд,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ  ба  мӯҳлати аз  панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян  ба мӯҳлати то панҷ  сол ҷазо дода мешаванд. 
Эзоҳ: Таҳти мафҳуми даромад ба миқдори калон дар моддаи мазкур, инчунин дар моддаи 2411 ҳамин Кодекс даромад ба андозаи бештар аз дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо фаҳмида мешавад.».
3. Ба Кодекс моддаҳои 2411 ва  2412 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«Моддаи 2411. Тайёр кардан ва муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ бо акси ноболиғон
1) Тайёр кардан,  соҳиб шудан, нигоҳ доштан ва (ё) гузаронидан тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё реклама кардан ва ё паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё рекламаи мавод ё предметҳои порнографӣ бо акси ноболиғон,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол  бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян  ба мӯҳлати то панҷ  сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.
2) Ҳамин кирдорҳо, ки:
а) аз ҷониби  падару модар ё дигар шахси қонунан ба зиммааш тарбияи ноболиғ гузошташуда, ҳамчунин омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ, тарбиявӣ ё муолиҷавӣ;
б) нисбати шахси баръало ба синни чордаҳ нарасида;
в) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил;
г) бо ба даст овардани даромад ба миқдори калон;
д) бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ (инчунин шабакаи Интернет) содир шудаанд,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол  бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ  сол ҷазо дода мешаванд.
Моддаи 2412. Истифодаи ноболиғ бо мақсади истеҳсол намудани мавод ё предметҳои порнографӣ
1) Суратгирӣ, наворбардории кино ё видеоии ноболиғ бо мақсади истеҳсол ва (ё) паҳн намудани мавод ё предметҳои порнографӣ ва ё ҷалб намудани ноболиғ ба сифати иҷрокунанда барои иштирок дар чорабиниҳои намоишии хусусияти порнографӣ, ки аз ҷониби шахси ба синни ҳаждаҳ расида содир шудаанд,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян  ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд. 
2) Ҳамин кирдорҳо, ки:
а) нисбати ду ё зиёда шахсон;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил;
в) нисбати шахси  баръало ба синни чордаҳ нарасида;
г) бо  истифодаи  шабакаҳои  иттилоотию телекоммуни-катсионӣ (инчунин шабакаи Интернет) содир шудаанд, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.».
4. Ба моддаи 2591 эзоҳ бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Эзоҳ: 1) Дар моддаҳои 258, 259 ва 2591-и Кодекси мазкур таҳти мафҳуми даромад ё зарар ба миқдори калон, даромад ё зараре фаҳмида мешавад, ки он аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд мебошад ва таҳти мафҳуми даромад ба миқдори махсусан калон даромаде фаҳмида мешавад, ки андозаи он аз ду ҳазор  нишондиҳанда  барои  ҳисобҳо  зиёд мебошад.
2) Таҳти мафҳуми даромад, ки дар боби мазкур  пешбинӣ шудааст, фоида аз фарқи байни маблағи сарфшуда ва дохилшуда  фаҳмида мешавад.
3) Дар моддаҳои боби мазкур зарар ба миқдори калон ба манфиати шаҳрвандон чунин зараре ҳисобида мешавад, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо  панҷсад маротиба зиёд мебошад.».
5. Моддаи 260 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«Моддаи 260. Ташкили (таъсиси, азнавташкилдиҳии)  ғайриқонунии шахси ҳуқуқӣ
1) Ташкили (таъсиси, азнавташкилдиҳии) шахси ҳуқуқӣ ба воситаи шахсони дигар,-
бо ҷарима ба андозаи то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдорҳо, ки:
а) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш;
б) аз ҷониби  гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шудаанд,-
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати  то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ  ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол  ҷазо дода мешаванд.
Эзоҳ: Дар моддаи мазкур таҳти мафҳуми шахсони дигар  шахсоне фаҳмида мешаванд, ки  муассисони (иштирокчиёни) шахси ҳуқуқӣ ё мақомоти идоракунии шахси ҳуқуқӣ буда, бо роҳи гумроҳ намудани онҳо шахси ҳуқуқӣ ташкил (таъсис, азнавташкилдиҳӣ)  шуда буд.».
6. Ба Кодекс моддаи 2601 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 2601. Истифодаи ғайриқонунии ҳуҷҷатҳо барои ташкили (таъсиси, азнавташкилдиҳии) шахси ҳуқуқӣ
1) Пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ё додани ваколатнома, агар ин ҳаракатҳо барои ташкили (таъсиси, азнавташкилдиҳии) шахси ҳуқуқӣ бо мақсади содир намудани як ё якчанд ҷиноятҳо вобаста ба амалиёти молиявӣ ва ё аҳдҳо бо маблағи пулӣ ё дигар молу мулк содир шуда бошанд,-
бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то як сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешаванд.
2) Соҳиб шудан ба ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ё истифодаи маълумоти шахсӣ, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, агар ин кирдорҳо барои ташкили (таъсиси, азнавташкилдиҳии) шахси ҳуқуқӣ бо мақсади содир намудани як ё якчанд ҷиноятҳо вобаста ба амалиёти молиявӣ ё аҳдҳо бо маблағи пулӣ ё дигар молу мулк содир шуда бошанд,-
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсаду чилу ҳашт  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешаванд.
Эзоҳ: Таҳти мафҳуми соҳиб шудан ба ҳуҷҷати тас-диқкунандаи шахсият дар моддаи мазкур дар асоси музднок ё ройгон ба даст овардани он, азонихудкунии ҳуҷҷати ёфтшуда ё тасарруфшудаи тасдиқкунандаи шахсият, инчунин бо роҳи фиреб ё сӯиистифода аз боварӣ соҳиб шудан ба  он фаҳмида мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 марти соли 2014, № 1066


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагониМаҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2013, № 1393

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 27 феврали соли 2014, № 652


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2014    №: 54    Мутолиа карданд: 977

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед