logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ СУҒУРТАВӢ»

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА  ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ СУҒУРТАВӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, № 12, қ. 1, мод. 840) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаҳои 2, 4, 8, 13, 14, 17 ва 22  калимаҳои «ҳаҷми»,  «ҳаҷмҳои», «Ҳаҷми», мувофиқан ба калимаҳои «андозаи», «андозаҳои», «Андозаи» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 4:
- дар матни модда калимаҳои «масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқии» ва «масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ» мувофиқан ба калимаҳои «ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқии» ва «ҷавобгарии гражданӣ - ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 8:
- сархатҳои панҷум ва дувоздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- суғурта ҳангоми беморӣ маҷмӯи намудҳои суғурта ба ҳисоб меравад, ки амалигардонии пардохти суғуртавиро ба маблағи муқарраршуда ва (ё) ба андозаи қисман ё  пурра ҷуброн намудани хароҷоти суғурташуда бо сабаби беморӣ ё иллати дигари саломатӣ, ба истиснои суғуртаи гурӯҳҳои дар сархати якуми қисми 3 моддаи мазкур нишондодашуда пешбинӣ менамояд;
- суғуртаи ипотекӣ намуди суғуртае ба ҳисоб меравад, ки амалӣ намудани пардохти суғуртавиро ба андозаи қисман ё пурра ҷуброн намудани зарари ба манфиатҳои молумулкии қарздор дар натиҷаи аз тарафи қарзгиранда иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои мувофиқи шартномаи қарзи манзилии ипотекии ба зимма гирифтааш бинобар паст шудани нархи бозории манзиле, ки молу мулки барои қарзи манзили ипотекии багаравмондашуда мебошад, расонида шудааст, пешбинӣ  менамояд;»;
- дар сархати понздаҳум калимаҳои «тафтишоти судӣ»  ба  калимаҳои «муҳокимаи судӣ» иваз карда шаванд.
3. Дар сархати дуюми қисми 2 моддаи 5 калимаҳои «масъулияти шаҳрвандӣ» ба  калимаҳои «ҷавобгарии гражданӣ»  иваз карда шаванд.
4. Сархати сеюми қисми 2 моддаи 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ташкилоти суғуртавие, ки дар сармояи оинномавиаш ҳиссаи сармоягузори хориҷиро дорад, ӯҳдадор аст, ки оид ба зиёд намудани андозаи сармояи оинномавии худ аз ҳисоби воситаҳои сармоягузорони хориҷӣ, дар бораи ба манфиати сармоягузори хориҷӣ бегона кардани (аз ҷумла ба сармоягузорони хориҷӣ фурӯхтани) саҳмияҳои худ (ҳиссаҳо дар сармояи оинномавӣ), саҳмгузорони (иштирокчиёни) ватанӣ бошанд оид ба харидани саҳмияҳои ба сармоягузорони хориҷӣ тааллуқдошта (ҳиссаҳо дар сармояи оинномавӣ) пешакӣ мақоми давлатии назорати суғуртаро огоҳ намоянд;».
5. Дар қисми 1 моддаи 9 ва моддаи 20 калимаҳои «мақомоти давлатии ваколатдор» ба калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 1 моддаи 10 калимаи «шаҳрвандии» ба калимаи «граждании» иваз карда шавад.
7. Дар моддаи 13:
- дар қисми 5 калимаҳои «масъулияти шаҳрвандӣ» ба калимаҳои «ҷавобгарии гражданӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 8 калимаи «сармоявиро» ба калимаи «сармоягузориро» иваз карда шавад.
8. Дар қисми 3 моддаи 16 калимаи «Суғурташавандагон» ба калимаи «Суғуртакунандагон» иваз карда шавад.
9. Дар моддаи 22:
- ба қисми 5 сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- назорати аз тарафи суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) риоя шудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии  (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм;»;
- ба қисми 6 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» доир ба ҳамагуна аҳд ва амалиёти шубҳанок оид ба анҷом додани пардохти суғурта ё гирифтани он хабар диҳанд;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 марти соли 2014, № 1079

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру
иловаҳо ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2013, № 1395

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 27 феврали соли 2014, № 665


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.03.2014    №: 55    Мутолиа карданд: 953

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ 53 НАФАР УНВОНҲОИ СОҲАРО ГИРИФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ КАРАНТИНИ КОРОНАВИРУСӢ 87 НАФАРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ЧИН БА ИСТЕҲСОЛИ НАХУСТИН ДОРУИ ЭҲТИМОЛӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОҒОЗ НАМУД

ЛЕ ДРИАН: «БАРРАСИИ МАСОИЛИ АМНИЯТ БО РОССИЯ ЗАРУР АСТ»

ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВАССУТИ ИНТЕРНЕТ ҚАБУЛ МЕКУНАНД

НАФАҚАХӮРИ СЕРБ БА ПАРАДИ ҒАЛАБА ПИЁДА РАФТАНИСТ

Ҷаҳон дар як сатр

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед