logo

суханрониҳо

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТӢ

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Афғонистон, 26 марти соли 2014

Ҷалолатмаоби гиромӣ,
Намояндагони муҳтарами расонаҳои ҳамагонӣ,
Дӯстони азиз,
Сафари расмии кунунии мо ба рӯзҳое рост омад, ки кишвару мардуми бародари Афғонистон мизбони ҷашни байналмилалии Наврӯз мебошанд ва таҷлили ин ҷашни хуҷаста ва рӯҳангези муштаракро дар сатҳи баланд созмондиҳӣ намудаанд.
Мехоҳам Шумо, Ҷалолатмаоб, дӯстон ва тамоми мардуми бародари Афғонистонро бо Наврӯзи ҷаҳонӣ сидқан табрик гӯям ва ба ҳамагон рӯзгори наврӯзӣ орзу намоям.
Наврӯз дар суннати бостонӣ ва арзишманди мо сароғози ҳама некиҳо ва хубиҳо, созандагӣ, ободӣ ва сарсабзӣ, ниятҳо ва ормонҳои бузург аст.
Ва ин рӯҳи Наврӯз дар силсилаи мулоқоту музокирот ва муколамаи дӯстонаи мо бо Ҷалолатмаоб ҳар лаҳза эҳсос мешуд.
Меҳвари онҳо – баррасӣ ва таъйини роҳҳо ва шеваҳои густариш ва рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстонаи мо ва тақвияти дӯстии таърихии мардумони бародари мо буд.
Мо аз рушди босуръати ҳамкории ду кишвар, қабл аз ҳама дар арсаҳои зербиноӣ, энергетика, иқтисод, тиҷорат, маориф, фарҳанг, ҳунар ибрози ризоият намуда, зарурати истифодаи имконоти амалан номаҳдуд ва шеваҳои навину муассирро таъкид намудем.
Бо ин ҳама, дар мулоқоту музокирот таваҷҷуҳи хос ба татбиқи барномаҳои таърихӣ ва ниҳоят судовар, қабл аз ҳама хати бузурги барқи КАСА-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон сурат гирифт.
Мо хоҳони талоши фаъол ва ҳадафманд дар татбиқи ин тарҳҳо мебошем, зеро онҳо на танҳо нақши транзитӣ ва стратегии кишварҳои моро, балки муносибатҳои дӯстонаи моро низ ба сатҳи сифатан нав боло хоҳанд бурд.
Мо ҷонибдори иқдомоти муассир дар таъмини Афғонистон бо барқ мебошем ва дар ин росто омодаем тамоми кумаку мусоидати имконпазирро анҷом диҳем.
Мо дар шароити хуруҷи қариб-ул-вуқӯи неруҳои Эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон ба тақвияти бештари равобити сохторҳои амниятӣ, марзӣ ва низомӣ, ҳамчунин сохторҳои адлӣ ва додгоҳии кишварҳоямон ба манзури посухи усулӣ ва муассир ба таҳдиду хатарҳои муштарак ва таъмини амнияту субот ва пешрафти ҳамагонӣ таъкид намудем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон субот, амният ва пешрафти Афғонистонро омили бунёдии суботу амнияти пойдор ва пешрафти минтақа арзёбӣ менамояд. Мо хоҳони ширкати васеътар ва фаъоли Афғонистон дар ҳамкории минтақавӣ ва созмони муассир ва бонуфуз – Созмони ҳамкории Шанхай мебошем. Мо имсол раёсати ин созмонро ба дӯш дорем ва дар тақвияти нақши он мусоидати фаъол хоҳем намуд.
Ба ақидаи мо ҳамкории ҳамаҷониба ва муассири Тоҷикистону Афғонистон, саъю талоши фаъол ва ҳамоҳанги ду кишвар имкони онро муяссар месозанд, ки ҳамкории минтақавӣ густариш ёбад ва суботу амният дар минтақа тақвият гардад.
Ҳар ду ҷониб хоҳони густариши ҳамкории босамар ва дарозмуддати кишварҳои исломӣ мебошанд. Мо бар онем, ки кишварҳои дорои имконоти саршор ва ҳатто изофии молӣ метавонанд бо сармоягузорӣ дар барномаҳои бузурги зербиноӣ ва иқтисодӣ ҳам амали хайру исломӣ анҷом диҳанд ва ҳам суди бузург ба даст оранд.
Тоҷикистон ҷонибдори идома ва тавсеаи бештари кумаку мусоидатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кишвари бародари Афғонистон мебошад.
Мо тақвияти бештар ва такмили стратегияи мубориза бо терроризмро амри ҳаётӣ барои субот ва амнияти минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ менамоем.
Мо ҳамагон хуб огоҳ ҳастем, ки баъди чанд рӯз дар Афғонистон интихоботи Раисҷумҳури кишвар баргузор хоҳад шуд. Бо изҳори орзуи муваффақият ба ин рӯйдоди муҳиму тақдирсоз мо таъкид карданӣ ҳастем, ки сарнавишти афғонҳоро бояд худи мардуми Афғонистон муайян намояд. Орзумандем, ки ин раванд ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва тақвияти давлатдории бародарони мо мусоидати фаъол намояд.
Мехостам таъкид намоям, ки тамоми мулоқоту музокироти мо дар фазои эътимоди комил, самимият, ҳусни ният ва созандагӣ анҷом гирифтанд. Мо роҷеъ ба ҳама мавзӯот ва масоил дидгоҳи ягона ва ё ниҳоят наздик доштем.
Мехоҳам бори дигар аз даъвати сафари расмӣ, мулоқоту музокироти басо судманд, пазироии ниҳоят дӯстонаи Ҷалолатмаоб Ҳомид Карзай ва тамоми мардуми бародари Афғонистон ибрози сипос намоям. Ман ба дурнамои неки Афғонистони бародар итминони комил дорам ва орзумандам, ки тамоми фарзандони ин хиттаи бостонӣ барои пешрафту саодати он талоши созанда ва ҳадафманди ҳаррӯзӣ намоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2014    №: 57    Мутолиа карданд: 438

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед