logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН

26 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз вориди шаҳри Кобул, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шуд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кобул меҳмони олимақомро муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Юнус Қонунӣ, вазири корҳои хориҷии кишвар Зарор Аҳмад Усмонӣ, мушовири амнияти миллӣ Рангин Додфар Спанто, вазири иттилоот ва фарҳанг Саид Махдум Раҳин, волии Кобул Абдулҷаббор Тақво ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни қасри Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо шукӯҳи хоса баргузор гардид.
Масоили вобаста ба муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя дар мулоқоти хоса оғоз гашта, зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб идома ёфт.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Муносибатҳои дӯстонаи мо реша дар қалбҳои мардумони ду кишвар доранд. Аз ин хотир, вазифаи сиёсӣ ва инсонии мо аст, ки чунин равобитро ҳамаҷониба тақвият ва таҳким бахшем”.
Аз густариши робитаҳо ва ҳамкории судбахши ду кишвар ва ҳамчунин аз сатҳи баланди эътимод ва ҳусни ният дар муколамаи сиёсии сатҳи олӣ изҳори хушӣ шуд.
Барои ҳалли саривақтии мушкилоти сармоягузорон, коршиносону мутахассисон ва муҳоҷирон ҳамкории босамартар ва мунтазами сохторҳои сиёсӣ ва давлатии ду кишвар, пеш аз ҳама порлумонҳо, додситониҳои кулл, додгоҳҳои олӣ ва мақомоти адлия зарур шумурда шуд.
Ҳар ду ҷониб аз рушди босуръати ҳамкории энергетикӣ, зербиноӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ изҳори хушнудӣ карда, тақвияти ҳамгироиро ба татбиқи зудтару босифати барномаҳои калонмиқёси минтақавӣ мисли хати бузурги интиқоли барқи CASA-1000 ва роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон амри зарурӣ номиданд.
Ба манзури тақвияти бештари неруҳои низомӣ ва амниятии Афғонистон ҷониби Тоҷикистон бори дигар омодагии худро ба саҳмгузорӣ дар омӯзиши кадрҳои ин соҳаи кишвари ҳамсоя таъкид дошт.
Боло бурдани нақши Комиссияи муштараки ҳамоҳангии сохторҳои амниятӣ ва марзӣ матлуб дониста шуд.
Дар робита ба таҳкими фазои сулҳи саросарӣ дар Афғонистон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Тоҷикистон хостори созмондиҳии раванди сулҳ аз ҷониби худи афғонҳо ва бо раҳбарии афғонҳо мебошад. Дигарон бояд фақат мусоидати беғаразона ва дӯстона намоянд”.
Доир ба интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ дар Афғонистон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳори назар кард: “Мо самимона ҷонибдор ҳастем, ки афғонҳо сарнавишти худро худашон муайян созанд, то ин интихобот ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ, ба ободиву сарсабзии ин кишвар, ба ояндаи зебову дурахшони шумо мусоидат намояд”.
Ҳамчунин доир ба ҳамгироии минтақавию ҷаҳонӣ дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ табодули назар шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба нақши фаъоли Ҳомид Карзай дар рушди муносиботи Тоҷикистону Афғонистон чунин гуфт: “Тайи 12 сол мо ҳамкории самимии бародарона ва дӯстона доштем ва инро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард. Ҷалолатмаоб ҳамеша дар кадом маснаде набошанд, дар дили ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ маскан ёфтаанд ва ҳамеша меҳмони азизи Тоҷикистон хоҳад буд”.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ санадҳои нави ҳамкории дуҷониба ба имзо расиданд:
Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба;
Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати умури дохилаи Афғонистон;
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ;
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доир ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ;
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соҳаи фарҳанг, ҳунар ва нашрияҳои савтӣ, тасвирӣ ва чопӣ;
Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати умумии радио ва телевизиони миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон.
Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай аз натиҷаҳои мулоқоту музокирот, фазои дӯстию ҳамкорӣ ва дурнамои робитаҳои судбахши ду кишвари ҳамсоя изҳори қаноатмандӣ карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2014    №: 57    Мутолиа карданд: 430

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед